Шаҳрвандони 112 кишвар ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд
ДУШАНБЕ, 17.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти соли 2018, № 89 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017», №31, «Дар бораи қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд», тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷии то 25 сола, ки аз рӯи таваллуд шаҳрвандии дигар давлатро ба даст овардаанд ва падару модари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, раводиди навъи “ХС3” ҷорӣ карда шудааст. Дар баробари ин, барои гирифтани чунин навъи раводид барои шаҳрвандони болозикр имтиёзҳо дар шакли сода гирифтани раводид ба муҳлати се сол ҳангоми пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи шиносномаи волидайн пешбинӣ шудааст.
Инчунин ҷиҳати ташкил намудани фазои мусоид барои сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ илова ба номгӯи давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, 36 давлати дигар ворид гардида, дар маҷмӯъ номгӯи чунин кишварҳо ба 112 адад расонида шуд.
Ба рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, давлатҳои зерин илова карда шуданд:
- Албания
- Антигуа ва Барбуда
- Ҷазираҳои Багам
- Барбадос
- Белиз
- Боливия
- Босния ва Гертсоговина
- Македония
- Гайана
- Гватемала
- Гренада
- Доминика
- Ҷумҳурии Доминикан
- Колумбия
- Коста Рика
- Маврикий
- Ҷазираҳои Малдив
- Панама
- Попуа Гвинеяи Нав
- Парагвай
- Перу
- Салвадор
- Сан Марино
- Сент Винсент ва Гренадин
- Сент Китс ва Невис
- Сент Люсия
- Сербия
- Ҷазираҳои Сейшел
- Суринам
- Тринидад ва Тобаго
- Уругвай
- Фиҷӣ
- Черногория
- Шри Ланка
- Эквадор
- Ямайка








Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд






