ПАЁМИ ТАБРИКИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАХШИДА БА РЎЗИ ИЛМ ВА 140-УМИН СОЛГАРДИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону донишмандони кишварро бахшида ба иди касбиашон – Рўзи илми тоҷик ва 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин Президенти Академияи илмҳои мамлакат устод Садриддин Айнӣ табрику муборакбод намуданд.
Дар Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки «хидматҳои устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ў ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Умедворам, ки ҷашни ин шахсияти барҷастаи миллат ва омўзиши ҳарчи бештари осори ў минбаъд низ ба тақвияти ифтихори ватандорӣ ва ҳисси худогоҳиву худшиносии халқи тоҷик мусоидат мекунад»
Пешвои миллат дар Паёми табрикии худ ҳамзамон доир ба рушди илм ва мақоми он дар кишвар ишора карда, зикр намуданд, ки «дар сиёсати Ҳукумати мамлакат илм дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ғамхории Ҳукумат барои рушди илм заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла, қонунҳои дахлдор ва барномаву консепсияҳо дар соҳаи илм қабул шуданд, ки ба тавсеаи таҳқиқоти илмӣ мусоидат намуданд. Бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ паркҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо ва марказҳои иттилоотиву техникӣ таъсис ёфта, ҷиҳати ба корҳои илмиву пажўҳишӣ машғул шудани олимону донишҷўён заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Солҳои охир бо мақсади дастгирии илмҳои бунёдӣ барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар бахши илм амалӣ шуда истодаанд».
Бо назардошти ин Пешвои миллат аз олимону донишмандони кишвар даъват ба амал оварданд, ки минбаъд ба хотири ҳифзу ҳимояи давлатдории миллӣ ва таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ саъю талоши бештар намоянд ва дар оянда низ дар пешрафти илми тоҷик, рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ҳиссаи шоиста гузошта, номи пуршарафи илми тоҷикро боз ҳам баланд бардоранд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






