Имрӯз-Рӯзи умумиҷаҳонии қурбониёни БПНМ (СПИД). Ин беморӣ гарчанде табобатнашаванда бошад ҳам, аммо идорашаванда аст

Май 20, 2018 10:04

ДУШАНБЕ, 20.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии қурбониёни БПНМ — Бемории пайдошудаи норасоии масуният (СПИД) таҷлил карда мешавад. Имсол ин рӯз ба 20 май рост меояд.  Мақсад аз таҷлили ин  рӯз,  пеш аз ҳама, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти бемории БПНМ (СПИД) ва сироятёфтагони ВНМО — Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ), инчунин паҳншавии ин беморӣ дар ҷаҳон мебошад.

Тибқи иттилои Ассотсиатсияи байналмилалии тандурустӣ, дар ҷаҳон  беш аз 42 миллион нафар мубталои ВНМО мебошад, ки ин рақам ҳар рӯз аз 14 то 15 ҳазор зиёд шуда истодааст. Аксарияти одамони гирифтори ВНМО ҷавонони синни то 30-сола мебошанд. Дар давоми 25 соли охир БПНМ (СПИД) боиси марги 25 миллион нафар шудааст.

Бояд зикр намуд, ки бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) яке аз масъалаҳои мубрами на танҳо соҳаи тандурустӣ балки имрӯзи соҳаи иҷтимоию сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам ВНМО (ВИЧ) Дилшод Сайбурҳонов зикр намуд, агар бемории ВНМО аз замони пайдоиш дар як муддати начандон тулонӣ дар ҷаҳон доман паҳн намуд, вале аввалин нафари гирифтор ба ин намуди беморӣ дар Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шуд ва имрӯз ҳеҷ кишваре ё ҷамъияте  нест, ки аз ВМНО/БПНМ дар амон монда бошад. Гарчанде  пайдоиши ВНМО дар Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале ин маризӣ ё худ ин вабои замон дар ин муддати начандон тулонӣ, яъне то ба имрӯз садҳо нафарро  сироят намудаву даҳҳо нафарро қурбон сохтааст.

«Баъд аз ба қайд гирифтани ин беморӣ дар Тоҷикистон  Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам кушода шуд ва баъдан солҳои охир дар  51 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои махсус оид ба мубориза бо ин вирус ба фаолият шурӯъ намуданд»,- тазаккур дод Д. Сайбурҳонов.

Баҳри пешгирии ин беморӣ Ҳукумати мамлакат чандин барномаҳоро ба тасвиб расонидааст.  Як сол қабл  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»-ро ба тасвиб расонд.

Тавре Д. Сайбурҳонов таъкид намуд, «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020» аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин агентиҳои СММ, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, сохтори хусусӣ ва ғайраҳо таҳия гардидааст. Барнома ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020»-ро инъикос намуда, чораҳоро баҳри таъмини дастрасии  аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО дар бар мегирад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии лоиҳаи Барнома таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО ба шумор меравад. Лоиҳаи барномаи пешниҳод гардида аз 6 самти афзалиятноки фаъолият, аз ҷумла, пешгирии ВНМО, тесткунонӣ оид ба  ВНМО ва ҳамбастагӣ бо тартиби пешниҳоди кумак, табобат ва расонидани кумак вобаста ба сирояти ВНМО, бехатарии хун ва назорати сироятҳо, мустаҳкам намудани низоми тандурустӣ ва шароити мусоид иборат буда, ҳар яке аз самтҳои афзалиятноки он вазифаи асосии худро доро мебошанд.

«Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронист, ин гузаштани сироят аз модар ба кўдак мебошад. Бояд зикр кард, ки аксарияти сироятёфтагон оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Шурўъ аз соли 2011 дар ҷумҳурӣ гузаронидани ташхиси занони ҳомиладор оид ба дарёфти саривақтии вируси норасоии масунияти одам оғоз шуд. Дар солҳои охир зиёда аз 80 фоизи занони ҳомила дар ҷумҳурӣ ба тесткунонӣ фарогирифта шудаанд. Ин сабаб гардид, ки дар байни миқдори муайяни занони ҳомиладор мавҷудияти сирояти ВНМО аниқшуда, чораҳои пешгирии сирояти он аз модар ба кўдак амалӣ гарданд», — илова намуд Д. Сайбурҳонов.

Бино ба иттилои номбурда,  аз соли 1991 то ба имрӯз шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 277 ҳодисаро ташкил додааст. Аз ин шумора 2 ҳазору 450 нафарашон фавтидаанд ва 7 ҳазору 827 нафари дигар сироятёфта мебошанд, ки аз ин шумора 66,5 дарсадро мардон ва 35,5 дарсади дигарро занон ташкил медиҳанд.

Таъкид гардид, ки ин беморӣ гарчанде табобатнашаванда ҳам бошад,  аммо идорашаванда аст. Яъне, шахси сироятёфта метавонад бо истифода аз дорувориҳои ретровирусӣ сатҳи вирусро дар бадани худ кам кунад. Дар ин сурат шахс масунияти бадани худро бақувват нигоҳ дошта, имконият пайдо мекунад, ки солҳои зиёд ҳамчун шахси солим ва  аз нигоҳи эпидемиологӣ бе хатар дар ҷомеа кору фаъолияташро идома диҳад.

Бояд зикр кард, ки ҳамасола бахшида ба ин рӯз дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни фаҳмондадиҳӣ бар байни аҳолӣ ва аксияҳо гузаронида мешаванд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Май 20, 2018 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид