Телевизиони вилояти Суғд соҳиби бинои иловагии корӣ мегардад
ХУҶАНД, 14.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар назди Маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилоят бинои иловагӣ бунёд мегардад. Бинои мазкур бо истифода аз техникаву технологияҳои муосир баҳри фаъолияти кормандон шароити боз ҳам фароху беҳтар фароҳам меоварад.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дирӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи раванди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии чанд иншооти иҷтимоиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд аз Маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд боздид намуд. Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии бинои иловагӣ раиси вилоят пудратчиёну сохтмончиёнро даъват кард, ки иншооти мазкурро бо маҳсулоти сохтмонии маҳаллӣ дар муҳлати муайян ва бо сифати хуб ба истифода диҳанд.
Зикр шуд, ки телевизион воситаи муҳими тарбия буда, ҳар як барномаи он бояд ҳадаф дошта бошад, то инсонҳоро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз саҳми назарраси кормандони телевизион дар инъикоси чорабиниҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла, ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти он ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани мазмун ва мундариҷаи барномаҳо, инчунин ташкили барномаҳои махсус барои кӯдакон тавсияҳои муфид дод.
28 сол пеш дар фазои иттилоотии вилояти Суғд шабакаи телевизионӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Санаи таъсиси он 15 декабри соли 1990 ба ҳисоб рафта, он яке аз аввалин телевизионҳои вилоятӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд. Барномаҳои телевизион бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ омодаю пахш шуда, давоми фаъолияти хеш он барои инъикоси мавзӯъҳои муҳими ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва дастовардҳои ҷумҳурию вилоят саҳми назаррас дорад.
Имрӯз теъдоди тамошобинони телевизиони вилоятӣ қариб ба 2 млн нафар расида, барномаҳои он дар як шабонарӯз ҳаждаҳ соат пахш мегарданд. Барномаҳои онро на танҳо сокинони 18 минтақаи вилоят, балки дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ӯзбекистону Қирғизистон низ тамошо менамоянд.
Боиси зикр аст, ки телевизиони вилояти Суғд дар байни бинандагон яке аз маҳбубтарин ва аз ҷиҳати возеҳияти иттилоот раками якум шуморида шуда, он чун ҳамқадами истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фурсат тавонист симои ҳақиқии хешро дар мазҳари таваҷҷуҳи бинандаи худ пайдо намояд ва рисолати аслии хешро ба иҷро расонад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баробари беҳтар намудани шароити кори кормандон, инчунин сифати техникии пахш ва фарогирии он низ бомаром хубтар мегардад.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






