Таъкиди дубораи Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар мавриди рондани аъзоёни созмони террористии наҳзат аз хоки Туркия

Апрель 24, 2019 15:38

ДУШАНБЕ, 24.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чунон ки қаблан иттилоъ додем, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи муносибатҳои дӯстии Тоҷикистону Туркия бо даъвати ҷониби Туркия дар шаҳри Анқара қарор дошт.

Дар доираи сафар 22 апрели соли 2019 мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Шентоп баргузор гардид.

Дар  ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои ду кишвар, аз  ҷумла ҳамкориҳои байнипорлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалии порлумонҳои Тоҷикистон ва Туркия ёдовар шуда, онро бахши муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва заминаи мусоид барои густариши бештари  ҳамкориҳои гуногунҷанба арзёбӣ карданд.

Раиси Парлумони Туркия Мустафа Шентоп зимни мулоқот бори дигар таъкид намуд, ки ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар самти мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии амалҳои ташкилоти мамнӯи Фатҳуллоҳ Гӯлен чораҳои дахлдор андешидааст.

Дар ин росто Раиси маҷлис бори дигар изҳор намуд, ки аъзоёни созмони террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, «Гурӯҳи 24» дигар созмонҳои террористи бинобар алоқамандӣ ба терроризм ва экстремизм аз қаламрави Туркия ихроҷ карда шудаанд.

Ҷаноби Мустафа Шентоп дубора зикр намуд, ки душмани Тоҷикистон душмани ашадии Туркия ва мардуми он мебошад. Ӯ омодагии мақомоташро дар мавриди муборизаи давомдор бо созмонҳои террористӣ зикр намуд.

Апрель 24, 2019 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» тамринҳои амалӣ доир гардиданд
Роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ намуданд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд
Дар Душанбе дар мавзуи нақши занон дар фаъолияти милитсияи тоҷик ҳамоиш доир гардид
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!»
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуданд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор шуд
БА ПРЕЗИДЕНТ ВА БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! 29-солагии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосии ин ниҳод аст