«Ҳадафи чорум. Зиндагӣ ранги тоза мегирад!», «Второй агрегат Рогунской ГЭС на старте» -шарҳи матбуоти даврӣ

Сентябрь 5, 2019 16:17

ДУШАНБЕ, 05.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта хабару гузоришҳо дар бораи иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сархати расонаҳои даврӣ қарор доштанд.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (№167-168 аз 02.09.19) таҳти сарлавҳаи    «Пешвои миллат: «Мо бо таърих ва маънавиёту фарҳанги бостонии худ ифтихор мекунем»  суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ, ки 1 сентябр   дар  Донишкадаи идоракунии давлатӣ  баргузор гардид,  ба нашр расидааст.

Президенти мамлакат зимни ин суханронӣ иброз доштанд, ки «ҷанги шаҳрвандӣ ҷумҳурии  моро аз масири рушд даҳсолаҳо ба ақиб партофт. Дар робита ба ин, ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон менамоям, ки иддае аз хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати мо то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи мамлакат  бо кумаки хоҷаҳои берунии худ ба тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома дода истодаанд. Дасисаву тӯҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан, Модар, миллат, давлат ва зодгоҳи худ, яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст, хусусияти зотӣ ва хислати пасти инсонии чунин шахсони хиёнатпеша мебошад. Лекин онҳо набояд фаромӯш созанд, ки халқи мо, яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги онҳо гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Такроран хотирнишон месозам, ки барои чунин хоинон мафҳумҳои муқаддаси Ватан, Модар, миллат, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ягон арзиш надоранд».

Ҳамзамон Сарвари давлат  аз мардуми сарбаланди Тоҷикистон даъват ба амал оварда, таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди дастовардҳои то ба имрӯз ноилшудаамон, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем».

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаҳои «Ялдамич. Мардум ба қадри ободӣ мерасанд», «Ҳадафи чорум. Зиндагӣ ранги тоза мегирад!», «Тарҷума. Бузургонро бузургон зинда медоранд», «Ноҳияи Темурмалик. Ояндаро аз имрӯз бояд сохт», «Сарчашмаи саодат», «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад», «Нақлиёти ҳавоӣ- чанд паҳлуи як проблема», «Деваштич. Нуҳ даҳсолаи як ноҳия»  ва дигар мақолаҳои ҷолиб, ки  аз рӯйдодҳои навин дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  ҳикоят мекунанд, ба чоп расидаанд.

Дар нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№106 аз 03.09.2019)  дар баробари хабару гузоришҳои  расмӣ бахшида ба Рӯзи китоб, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола 4 сентябр таҷлил мегардад,  мусоҳибае таҳти сарлавҳаи «Қурбоналӣ Бӯризода: «Унвони Китобдори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад»  рӯи чоп  омадааст.

Дар  мусоҳибаи мазкур Директори МД «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб –Хонаи китоби Тоҷикистон Қурбоналӣ Бӯризода доир ба рушди соҳаи китобдорӣ чанд пешниҳод манзур намудааст. Аз ҷумла, номбурда пешниҳод намудааст, ки  барои беҳтарин кормандони махзанҳои маърифатӣ  унвони «Китобдори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шавад.

Дар шумораи навбатии нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» (4.09.2019,№37) мавод  бо сарлавҳаи «Глава государства Эмомали Рахмон провел Урок мира» рўи чоп омадааст. Инчунин хабару гузоришҳо аз  иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар кушодашавии бинои нави Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншооти муҳим дар пойтахт нашр гардидаанд. Ҳамзамон дар ин шумора Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» нашр гардидааст.

Маводи дигари ин шумораи рӯзномаи «Народная газета»   «Рафика Мусоева: «Наша сила – в консолидации, наши победы – в прочном единстве»  ба 28 –умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ҳамзамон мавод таҳти сарлавҳаи «Второй агрегат Рогунской ГЭС на старте» чоп шуд, ки ба кушодашавии агрегати дуюми НОБ-и Роғун дахл дорад.

Дар ин шумора зери рубрикаҳои «30-солагии Истиқлолияти давлатӣ», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Амният» гузориш ва мақолаҳои ҷолибу хонданбоб ба хонандагон пешниҳод гардидаанд.

Инчунин маводи дигар  таҳти сарлавҳаи «95 лет Гражданской авиации», «Характер закаляется в бурях жизни», «Борьба с танснациональной преступностью», «Дорога жизни»  ба  нашр  расидаанд.

Дар Нашрияи  марказии  ҲХДТ  «Минбари халқ» (№36 аз 04.09.19) дар баробари нашри хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ, мақолаҳои таҳлилӣ таҳти сарлавҳаҳои  зерин ба нашр расидаанд:  «Хирмани ёдҳо. Андешаҳо перомуни фаъолияти эҷодии Сайф Раҳими Афардӣ», «Тасвири симои Муҳиддин Кабирӣ», «Ободии деҳ — ҳусни диёр», «Дар ҷустуҷӯи зар», «Хонаи Хуршед», «Мо зӯр нестем, ҳақиқат зӯр аст», «Ман соҳибмулкам, на қарздор» ва  «Нашри  русии «Мусулмонон» дар Россия».

Муаллифи мақолаи «Тасвири симои Муҳиддин Кабирӣ» Саломиддин Мирзораҳматов зери мақоли русии «Ба ман бигӯ, дӯстат кист ва ман мегӯям, ки ту кӣ ҳастӣ»  симои аслии 7 нафар  ҳаммаслакони Муҳиддин Кабириро  тасвир намуда, дар фарҷоми мақола  чунин иброз намудааст: «Инҳо танҳо баъзе аз ҷузъиёт буданд. Ман ҳайрон шудани хонандагонро дидам — симои Муҳиддин Кабирӣ куҷост? Ман ба савол бо савол посух медиҳам-магар ман симои ӯро тасвир накардам?».

Хотиррасон менамоем, ки дигар нашрияҳо низ мақолаи мазкурро бознашр намудаанд.

Нашрияи  КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  «Мароми пойтахт» (№33)    махсус ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуда, дар саҳифаи аввали он Дарси сулҳи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидааст. Дар саҳифаҳои баъдии он гузоришҳо аз ифтитоҳи 4 муассисаи таълимӣ  ва дигар навгониҳои пойтахт   рӯи чоп омадаанд.

Дар ин шумора ҳамчунин андешаҳои раиси   КИ   ҲХДТ   дар шаҳри  Душанбе   Зоир    Раҳмонзода  зери сарлавҳаи «Истиқлолият – ҷавҳари пурифтихори давлатдории миллӣ» дарҷ  гаштаанд, ки дар он аз ҷумла,  чунин омадааст: «Метавон гуфт, ки дасто­вардҳои давлату давлатдории тоҷикон тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат қобили мулоҳиза ва зикри махсус мебо­шанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо дарки сабақи ибра­томӯзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сар­замини аҷдодиямонро ба ҷой орад.  Ҳар як тоҷикистонӣ бояд ба  қадри ин  неъмати бебаҳои умумимиллӣ – Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва ба­рои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро   гузорад».

Хонандагон ҳамчунин метавонанд дар саҳифаҳои баъдии нашри махсуси «Мароми пойтахт» дар  мавзӯъҳои ҷолиб   мақолаҳои таҳлилии омоданамудаи мухбирони рӯзномаро  мутолиа намоянд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2019 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид