Дар Душанбе Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони кувайтию тоҷик доир гардид

Октябрь 16, 2019 16:57

ДУШАНБЕ, 16.10.2019 АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони кувайтию тоҷик баргузор  гардид.

Дар намоишгоҳ шоири машҳури қувайтӣ Иброҳим ал- Холидӣ ва шоирони шинохтаи тоҷик Гулназар Келдӣ, Гулрухсори Сафӣ, тарҷумон ва шоири арабзабони тоҷик Нарзуллоҳи Назар, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз беҳтарин осори нашри Шӯрои фарҳанги  Давлати Кувайт, аз қабили рӯзномаву маҷалла ва ашъори шоирони кувайтӣ  ба маъраз гузошта шуд.

Шоири машҳури кувайтӣ Иброҳи шеъри калом қироат намуд, ки тарҷумон муҳтавои онро  ба иштирокдорон тарҷума намуд. Инчунин  шоирони тоҷик аз ашъори худ шеърҳо қироат намуданд.

Муҳтавои ашъори шоиронро саропо васфи муҳаббат ба Ватан, дӯстиву рафоқат ва ормонҳои инсондӯстонаи башарӣ ташкил медод.

Ёдовар мешавем, ки Иброҳим ал- Холидӣ шоир, муҳаққиқ ва рӯзноманигори шинохтаи Кувайт буда, соли 1971 тавввалуд шудааст.

Маҷмӯаҳои ашъораш таҳти унвонҳои  «Суратгири бадавӣ», «Суҳбати саҳро», «Кишваре бо номи Кувайт» ва «Шояд монанди ман аст» ба чоп расидаанд.  Ӯ ҳамчунин муаллифи чандин мақолаву тадқиқот оид ба фарҳанги мардуми  Кувайт мебошад.

Дар фарҷом донишҷӯёни факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо бо қироати шеърҳои шоирони кувайтӣ бо забони асл ба ин маҳфил  ҳусни тоза бахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 18 октябр идома меёбанд.

Октябрь 16, 2019 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид