Бахтиёр Ҳамдамов раиси нави Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид

Ноябрь 30, 2019 13:51

ДУШАНБЕ, 30.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Шӯрои ВАО доир гардид. Дар он Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири  ҳафтаномаи  «Минбари халқ» (нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар». 

БахтиёрҲамдамов, адабиётшинос ва рӯзноманигор, номзади илмҳои филология 2-юми январи соли 1968 дар деҳаи Сӯфи-Орифи шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст.

Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм карда, солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хидмат  намудааст.

Аз соли 1992 то соли 1993 ба ҳайси сармутахассиси Бунёди забони тоҷикӣ фаълоият  дошт.  Солҳои  1993 — 1996 дар аспирантураи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил карда, соли 1997 дар мавзӯи  «Падидаҳои маънавӣ ва ҳунарӣ дар ашъори Бедил» рисолаи номзадӣ  дифоъ  намудааст. Солҳои 1997 — 2002 ба ҳайси устоди кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷики ДДХ, сармутахассиси Идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳамзамон мухбири махсуси ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» фаъолият кардааст.

Солҳои 2002-2006  Б. Ҳамдамов дар вазифаи сармутахассиси Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ҳамоҳангсози Комиссияи миллии Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, солҳои 2006-2008 дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2008 инҷониб  ба ҳайси сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ»  ифои вазифа мекунад.

Бо медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Муаллифи силсилаи мақолаҳо ва китобҳои илмиву публисистӣ мебошад.

Ноябрь 30, 2019 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид