САРАЗМ: АЗ КАШФ ТО ҶАҲОНИШАВӢ. Андешаҳои директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар робита ба ҷашни 5500-солагии ин шаҳри бостонӣ

Декабрь 21, 2019 08:35

ДУШАНБЕ, 21.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ёдгориҳои ниёгони тоҷикон, ки сарчашмаи ифтихори миллату давлат ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, Саразм мебошад. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ далели ин гуфтаҳо буда, ифодагари арҷгузорӣ ба таъриху маданияти гузаштагон аст. Ин матлабро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ ШАРИФЗОДА дар як нигоштаи худ таҳти унвони «Саразм: Аз кашф то ҷаҳонишавӣ», ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намуд, баён доштааст.   

 

Агар ёдгории палеолитии Кулдараи минтақаи Кӯлоб бо таърихи қариб як миллионсолааш қадимтарин ёдгории Осиёи Миёна бошад, Саразм ҳамчун яке аз марказҳои қадими ташаккули фарҳанги кишоварзию ҳунармандӣ ва меъморию шаҳрсозии тоҷикон қариб 6000 сол таърих дорад.

Агар мо ба таърихи кашф шудани ин ёдгорӣ назар афканем, он ба фаъолияти осорхонавӣ марбут мебошад. Тавре муҳаққиқи асосии Саразм- шодравон Абдуллоҷон Исҳоқов менависад, «13 сентябри соли 1976 духтараки 8-сола Ҷамила Бобомуродова аз падараш Ашуралӣ Тайлонов, ки сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакант буд, хоҳиш менамояд, ки ӯро ба шаҳри Панҷакант барад. Вақте Ашуралӣ Тайлонов бо духтарчааш Ҷамила ба шаҳри Панҷакант меоянд, Ҷамила аз падараш хоҳиш мекунад, ки онҳо аз осорхонаи шаҳри Панҷакант дидан намоянд. Онҳо ба тамошои осорхонаи ба номи устод Рӯдакӣ меоянд, дар онҷо Ашуралӣ Тайлонов нусхаи гаҷии як табари қадимаро дида, ба кормандони осорхона изҳор мекунад, ки вай як табари қадимаи фулузӣ ёфтааст, ки ба ин нусхаи табари биринҷӣ монанд аст ва агар кормандони осорхона зарур донанд, омодааст табарро ба осорхона ҳадя намояд».

Аз ин иттилои муҳим устод Абдулло Исҳоқов хеле хушнуд шуда, худи ҳамон рӯз- 13 сентябри соли 1976 ба хонаи Ашуралӣ Тайлонов мераванд ва ин оғози таҳқиқ ва кашфи яке аз бузургтарин ёдгории давр мегардад.

Завқи тамошои осорхона сабаби кашфи Саразм мебошад, ки ташаббускори асосии тамошои осорхона ҳам худи Ҷамилаи 8-сола буд.

Дар Осиёи Миёна ҳанӯз ибтидои асри XX баъзе ёдгориҳои хеле қадимӣ кашф шуда буданд, ки онҳо ба ҳазораи VI пеш аз мелод мансуб мебошанд. Муҳаққиқи амрикоӣ Пампелла дар ибтидои асри XX дар ҳудуди имрӯзаи Туркманистони Ҷанубӣ ёдгориҳои хеле қадимаро кашф ва таҳқиқ карда буд.

Бояд зикр кард, ки дар замони энеолит ва баъдан дар асри биринҷ мардуме, ки дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Миёна зиндагӣ мекарданд, махсусан дар қисмати ҳудудҳои имрӯзаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, онҳо аврупоитабор буда, аз ниёгони тоҷикон мебошанд.

Тавре ки гуфтем, таҳқиқу омӯзиши Саразм аз соли 1976 шурӯъ гардида, то имрӯз дар сатҳи гуногун идома дорад. Таҳқиқот нишон дод, ки Саразм яке аз нодираҳои таърихии офаридаи ниёгони тоҷикон мебошад. Дар як муддати кӯтоҳ Саразм ва бозёфтҳои нодири он тавонистанд, ки диққати олимони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб намоянд. Аз ҷумла, аз соли 1984 то соли 1997 барои таҳқиқи Саразм экспедитсияи якҷояи тоҷикию франсузӣ ташкил карда шуд, ки беҳтарин натиҷаҳо ба даст овард.

Дарвоқеъ, мо имрӯз ба таври ҷамъбастӣ дар бораи бузургии Саразм  гуфта наметавонем, чунки аз 100 гектар ҳудуди умумии он ҳамагӣ як гектараш таҳқиқ шудааст.

Яъне таҳқиқоти ояндаи Саразм метавонад боз ба арсаи ҷаҳонӣ бозёфтҳои нодири нави таърихӣ пешниҳод намояд. Агар дар бораи нодирияти Саразм ҳарф занем, бояд ҳаминро зикр намоем, ки дар муддати зиёда аз чил соле, ки Саразм аз ҷониби олимони ватанию хориҷӣ таҳқиқ шудааст, дар ин ҷо намунаи офаридаҳои ҳанурҳои гуногуни аҳди энеолит ва асри биринҷ кашф шудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки Саразм яке аз қадимтарин марказҳои ташаккули фарҳанги меъморию шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандии ниёгони тоҷикон мебошад.

Ниёгони тоҷикон қариб 8 ҳазор сол пеш ҳам ёдгориҳоеро боқӣ мондаанд, ки агарчанде ин ёдгориҳо имрӯз берун аз ҳудуди Тоҷикистон воқеъ бошанд ҳам, вале онҳо моли фарҳангии ниёгони тоҷикон ва тоҷикистониён мебошанд. Ёдгории Саразм идомаи ҳамон фарҳанги қадимтари ниёгони тоҷикон аст, ки боқимондаҳои намунаҳои ин фарҳанг (Намозгоҳ, Анау, Олтинтеппа ва Геоксюр) берун аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон кашф шудаанд.

Албатта, Саразм боз вижагиҳои худро дорад. Аз ҷиҳати мансубияти таърихӣ қисмати қадимтарини Саразм ба ҳазорсолаи IV пеш аз мелод мансуб аст, яъне қариб 6000 сол таърих дорад ва имрӯз олимон таърихи мавҷудияти Саразмро ба 4 давра тақсим кардаанд, ки ин давраҳо Саразми I, II, III, IV номида мешаванд, ки аз ҳама қабати қадимтарини он Саразми якум мебошад.

Бозёфтҳои гуногун далели рушди кишоварзии обӣ ва лалмӣ дар Саразм мебошад. Бори нахуст соли 1978 аз ҷониби олими шинохтаи тоҷик Усмонҷон Эшонқулов дар Саразм намунаи маҳсулоти кишоварзӣ- ҷав кашф карда шуд. Минбаъд зимни ковишҳои археологӣ аз Саразм боқимондаҳои гандум, нахӯд, мош ва ашёи мансуб ба истеҳсолу истифодаи ин донагиҳо ба даст омаданд. Саразмиҳо дар кишт асбоби сангӣ, устухонӣ ва баъд тарфулузиро истифода менамуданд.

Саразмиҳо дорои фарҳанги захиранамоӣ буданд. Кашфи анбору зарфҳои гилию сафолӣ аз ин шаҳодат медиҳад. Бозёфти зарфу зарфпораҳои баландсифати гилию сафолӣ ва кураҳо-хумдонҳо далели рушду нумуи кулолгарӣ дар Саразм мебошанд.

Шоистаи зикр аст, ки албатта, кулолгарӣ таърихи хеле қадим дорад ва ҳоло қадимтарин зарфи гилии дунё дар яке аз осорхонаҳои Аврупо маҳфуз аст, ки таърихи 30000- сола дорад. Зарфҳои сафолии Саразм ба давраи асри биринҷ мансуб буда, ба он далолат менамоянд, ки бошандагони Саразм як қисми ҳосилро захира менамуданд. Мунаққашии зарфҳои сафолӣ ҷолиб мебошад.

Саразм ягона ёдгории давраи энеолиту биринҷи Тоҷикистон мебошад, ки дар он зарфҳои мунаққаши сафолӣ кашф шудаанд. Дар зарфҳои сафолии ин ёдгорӣ бештар нақшҳои ангобии амудию уфуқӣ ва геометрӣ (секунҷа) ба назар мерасанд, ки ин нақшҳо аз ҷониби олимон маънидод карда шудаанд. Масалан, муҳаққиқони маданияти триполӣ, ки ёдгории давраи энеолиту асри биринҷ дар Украина ва Молдова (ҳазораҳои V-II пеш аз милоди Масеҳ) мебошанд, нақшҳои амудиро ифодакунандаи борон ва нақшҳои мавҷноки уфуқиро оби равон маънидод намудаанд. Дар як бозёфти Саразм нақши свастико ҳам ба хубӣ намоён аст.

Яке аз сабабҳои асосии рушди кулолгарӣ дар Саразм- ин истифода шудани чархи кулолгарӣ мебошад. Зеро дар чархи кулолгарӣ истеҳсоли зиёд ва бо сифати зарфҳо имконпазир буд. Ин дар навбати худ талаботи рӯзафзунро ба зарфҳо, ки ба зиёдшавии аҳолӣ, баландшавии ҳосил ва инкишофи мубодилоту тиҷорат марбут буд, қонеъ менамуд.

                                                                      Абдувалӣ ШАРИФЗОДА,
                                           Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон

                                                                                 (Давом дорад)

Декабрь 21, 2019 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид