САРОҒОЗИ ТАМАДДУНИ ВАРОРӮД. Ба муносибати 5500-солагии ин шаҳри бостонӣ

Декабрь 18, 2019 08:33

ДУШАНБЕ, 18.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дорем, 12 сентябри соли 2020  ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон таҷлил  мешавад. Дар робита ба ин андешаҳои муаррихони тоҷикро пешниҳоди хонандагон мегардонем. 

Мадракҳои бостоншиносӣ собит намудаанд, ки Саразм  беш аз панҷуним ҳазор сол қабл  нишемангоҳи гузаштагони мо  буда,  таърихи шаҳри Панҷакенти бостонӣ низ аз он ибтидо мегирад. Аз соли 1977 зимни сарварии нахустмуҳаққиқи Саразм, доктори илмҳои таърих Абдуллоҷон Исҳоқов ва аз соли 1997 таҳти роҳбарии номзади илмҳои таърих  Абдурауф Раззоқов дар ин ёдгорӣ корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ бурда мешаванд.

Абдуллоҷон Исҳоқов муайян карда буд, ки ёдгории Саразми бостонӣ аз чор қабати маданӣ иборат буда, ибтидои маскуншавӣ ба  нимаи дуюми ҳазораи IV қабл аз милод (яъне 5500 сол муқаддам) рост меояд. Ҳаёти маданӣ дар ин мавзеъ қариб 1500 сол идома дошта, дар ибтидои ҳазораи II қабл аз милод бо сабабҳои мухталиф рӯ ба таназзул мениҳад.

Оид ба пайдоиши ин маданият аз сабаби пурра омӯхта нашудани ёдгориҳои неолитии саргаҳи Зарафшон алҳол маълумоти мукаммале дар даст надорем. Вале қиёси маводи моддӣ нишон медиҳад, ки заминаи пайдоиши маданияти Саразм як дараҷа ба ёдгориҳои неолитии Ҳисор, Сазаган (воқеъ дар вилояти Самарқанд) ва бозёфтҳои ҷудогонаи шаҳри бостонии Панҷакент шабоҳат дорад. Дар асоси омӯзиши мадракҳои бостонии қабилаҳои ҳамҷавор ба хулоса омадан мумкин аст, ки саразмиён охири ҳазорсолаи III қабл аз мелод ба ду самт – як гурӯҳ қад — қади дарёи Зарафшон ба самти ғарб, ки баъдан шаҳрҳои бузурги Самарқанду Бухороро ибтидо гузоштанд (далели боварибахши ин ақида бозёфтҳои бостоншиносии мавзеи Тӯқаи Боғи Зоғони Самарқанд мебошад), гурӯҳи дигар ба самти Шарқ- ба дараҳои хушманзари саргаҳи водии Зарафшон рафта, сукунат ихтиёр карданд. Исботи ин гуфтаҳо бозёфтҳои тасодуфан ба дастомада, аз қабили табари биринҷии сойи Ёрӣ, зарфи биринҷии деҳаи Фатмев ва инчунин тасвирҳои рӯисангии Сойи Сабағи Кӯҳистони Мастчоҳ, табари биринҷии деҳаи Арақчини ноҳияи Варзоб мебошанд.

Давраи шукуфоии ҳаёти мадании Саразм пурра ба ҳазорсолаи III  пеш мелод рост меояд. Ҳафриёти гузаронидашуда нишон доданд, ки  дар он ҷойҳо иморатҳои монументалӣ, ки то 130–200 метри мураббаъ масоҳат доранд, сохта шуда, атрофи онҳоро хонаҳои маъмурӣ, хоҷагӣ ва растаҳои ҳунармандӣ ва ибодатхонаҳо иҳота карда буданд.

Бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов масоҳати ёдгориро то 90 га ва шумораи аҳолии онро аз 5 то 8 ҳазор  меҳисобид. Бузургии масоҳати ёдгорӣ ва шумораи зичии аҳолии Саразм далели яке аз шаҳрҳои аввалини Шарқ будани он аст.

Мадракҳои бостоншиносӣ собит сохтаанд, ки  инсоният ҳанӯз ҳазорсолаҳои VII–VI қабл аз мелод, ки дар таърих бо номи «инқилоби энеолитӣ» маълум аст, танҳо аз истеъмоли неъматҳои табиӣ ба тарзи хоҷагидории истеҳсолӣ мегузарад ва баъдтар ҳаёти муқимнишиниро ихтиёр намуда, нахустин деҳшаҳрҳоро месозад.

Маданияти шаҳрсозӣ ва шаҳрнишинӣ дар Шарқи Наздик пасу пеш ва бо  хусусиятҳои ба худ хос ба амал омадааст. Нахустшаҳрҳо ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои IV–III қабл  аз мелод дар Шумеру Акад, Ҳиндустону Миср, дар ҳазорсолаи III–II дар Чин, дар ҳазорсолаи I мелодӣ дар Аврупои Шарқӣ, дар ҳазорсолаи I то мелод дар Амрикои Марказӣ ба вуҷуд омадаанд.

Дар Осиёи Марказӣ аввалин шаҳрҳо дар нимаи дуввуми ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III қабл аз мелод арзи вуҷуд доштаанд.

Дар ёдгории Саразм  якчанд  аломатҳои пайдоиши нахустшаҳрҳо мушоҳида карда мешаванд: биноҳои монументалӣ, ибодатхонаҳо, кӯчаҳои сангфарш, растаҳои ҳунармандӣ, ба соҳаҳо тақсимшавии меҳнат– кишоварзӣ, чорводорӣ, чармгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заршӯиву заргарӣ, бофандагиву ресандагӣ, сангтарошӣ, нобаробарии молумулкӣ ва ба  табақаҳо ҷудошавии ҷомеа, ки яке аз  асоситарин маданияти шаҳрсозӣ аст.

Феномени (ҳориқаи) ёдгории Саразм дар он аст, ки мо ин ҷо пойгоҳи моддиву мадании омехташавиву такомулёбии якчанд маданиятҳои кабилаҳои ориёнинажодро дучор меоем. Ва бузургии мавқею мақоми ёдгории Саразми Панҷакент дар байни ёдгориҳои аҳди қадими тамаддуни кишоварзии  Шарқи Миёна маҳз дар ҳамин аст.

Пас чӣ сабаб дошт, ки Саразм ҳамчун ҳалқаи пайвасткунандаи якчанд маданиятҳои ҳамҷавори ҳиндуаврупоӣ аз ҷануби Балуҷистон сар карда, то соҳили баҳри Арал қарор гирифт? Дар ин кор, пеш аз ҳама,  заминҳои шодобу ҳосилхез, сарватҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданок мусоидат намуданд.

Дар Саразм якчанд ибодатхонаҳои боҳашамат ҳаффорӣ карда шуд, ки оид ба ақоиди мазҳабии сокинонаш – бузургдошти оташ дарак медиҳад. Саразмиён баробари тоҷири моҳири замони хеш будан, инчунин заминаҳои маънавиро ба мисоли оини меҳрпарастӣ, дар симои бузургдошт ва муқаддас донистани оташ ба вуҷуд оварданд, ки дар асрҳои сонӣ ба пайдоши дини зардуштӣ асос гузоштааст.

Сокинони Саразми бостонӣ, ки ниёгони бевоситаи Суғдиён ҳастанд, дар давраҳои минбаъдаи таърихӣ,  дар кулли паҳнои Варорӯд заминаи фарҳанг ва тамаддуни маҳаллӣ меофариданд. Аз ин рӯ, илми ховаршиносии ҷаҳон, сарзамини Суғд ва мардуми онро, ки аҷдодони новобастаи  тоҷикон мебошанд, офарандагони асосии таърих ва тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ мешуморанд.

Ёдовар мешавем, ки 2-4 сентябри соли 1994 ба муносибати 10-солагии Экспедитсияи муштараки Тоҷикистону Франсия дар шаҳри бостонии Панҷакент дар мавзӯи «Водии Зарафшон ва нақши он дар тамаддуни Шарқи Қадим» Конфронси байналмилалӣ баргузор гардида буд. Дар кори конфронс олимони Тоҷикистон, Франсия ва Ӯзбекистон ширкат варзида, қарордод ба имзо расонида буданд.

Абдурауф РАЗЗОҚОВ,
номзади илмҳои таърих
Саидмурод БОБОМУЛЛОЕВ,
 доктори илмҳои таърих

Декабрь 18, 2019 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад