ИМРӮЗ – РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Дар арафаи ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанд савол ба Прокурори генералии Тоҷикистон муроҷиат намуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 март дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон таҷлил мегардад. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, тибқи он вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Қаблан он 14 декабр ҷашн гирифта мешуд. 8 апрели соли 2015 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ҳамасола дар мамлакат 14 март иди касбии кормандони мақомоти прокуратура таҷлил мегардад.
Бахшида ба иди касбии кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф РАҲМОН суҳбат анҷом дод.
АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Юсуф Раҳмон, бигӯед, ки соли сипаригардида мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи манфиатҳои давлат, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа кадом корҳоро ба анҷом расонид?
Юсуф Раҳмон: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида барои таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Диққати асосӣ ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019 «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» дода шуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратруа 13 марти соли 2018 ҷиҳати баланд бардоштани нақши маҷлисҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Дар маҷлисҳои ҳайати мушовараи мақомоти прокуратура ва ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъи ҷинояткорӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, қочоқи молу маҳсулот, ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон, қонунгузории замин, ҳифзи саломатии аҳолӣ мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуданд.
АМИТ «Ховар»: Мақомоти прокуратура дар самти ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони мамлакат чӣ тадбирҳо меандешад?
Юсуф Раҳмон: Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф гардидааст, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, алалхусус дар рафти таъқиби ҷиноятӣ диққати хосса дода, 73 ҳолати ғайриқонунӣ ва бармаҳал оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, 5 ҳолати ғайриқонунӣ дастгир намудан, 3 ҳолати ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтан ва 5 ҳолати ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон ошкор гардида, дар маҷлисҳои васеи ҳайати мушовара мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуданд.
АМИТ «Ховар»: Дар самти риояи иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҷумҳурӣ кадом қонунвайронкуниҳо ошкор ва бартараф гардиданд?
Юсуф Раҳмон: Назорати риояи иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои мамлакат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳо, яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, прокуророн ҳолати иҷрои қонунҳоро 5338 маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонувайронкуниҳо ва сабабу шароити ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда 11041 амр, 5680 пешниҳод ва 7485 эътироз оварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 9144 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 4098 ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 23089 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2688 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Бо дахолати прокуророн 598 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст, ки аз ин 303,1 миллион сомонӣ ба манфиати давлат мебошад.
Аз натиҷаи санҷиши қонунгузории бонкӣ 320 қонувайронкунӣ ошкор гардида, 198 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 12 амр ва 21 пешниҳод ирсол гардида, 6 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Санҷишҳои ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бозгӯи он аст, ки то ҳанӯз ҳолатҳои сари вақт баррасӣ накардан ва бе баррасӣ мондани муроҷиатҳо ҷой доранд. Барои роҳ додан ба қонунвайронкуниҳо дар ин самт 1005 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ ва 20 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Инчунин аз ҷониби прокуророн барои пардохти саривақтии музди меҳнат, рӯёнидани қарздории истифодаи оби полезӣ ва имстифодаи неруи барқ, ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунӣ, дуздӣ ва талафоти аз меъёр зиёди он корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 142 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат ба манфиати шаҳрвандон ва 20 миллион сомонӣ қарзи оби полезӣ ба манфиати идораҳои хоҷагии об рӯёнида шудааст. Санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои аз ҷониби масъулини соҳа азонихудкунии маблағҳоро ошкор сохтанд. Таҳлили вазъи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ қарзи умумии муштариён ба ҳолати 1 декабри соли 2019 ба 2 миллиарду 713 миллион сомонӣ расидааст. Барои роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар ин самт 1014 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбати гунаҳгорон 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 64,1 миллион сомонӣ, аз ин 5 миллион сомонӣ ба таври нақдӣ ва 59,1 миллион сомонӣ ғайринақдӣ барқарор карда шудааст.
АМИТ «Ховар»: Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф кардани вайронкунии талаботи ду қонуни миллӣ -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кадом корҳоро анҷом додаст?
Юсуф Раҳмон: Аз натиҷаи санҷиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 314 пешниҳод ва 113 амр бароварда, 405 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 494 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ду нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳолати иҷрои он мунтазам таҳти санҷиш қарор гирифта, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 516 санади эътиноии прокурорӣ оварда, ба баррасии онҳо 917 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 2188 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 145 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
АМИТ «Ховар»: Қонунгузории замин дар ҷумҳурӣ чӣ гуна риоя мегардад?
Юсуф Раҳмон: Аз 874 эътироз, ки ба қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оварда шудааст, 682 адад ва ё 78 фоизи он ба қонунгузории замин вобаста аст. Дар ин замина прокуророн фаъолияти худро пеш аз ҳама ба фаҳмондадиҳии талаботҳои қонунгузории замин, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва баланд бардоштани масъулияти заминистифодабарандагон равона намуда, нисбат ба ин масъала 978 суҳбату вохӯриҳо гузаронидданд. Санҷишҳои прокурорӣ бозгӯи он аст, ки базе раисонишаҳру ноҳияҳо талаботи қонунгузории заминро риоя накарда, то ҳол қарорҳои беасос ва ғайриқонунӣ қабул менамоянд.
Қабули қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба замин дар фаъолияти раисони шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ 39, Б. Ғафуров ва Деваштич 29 ададӣ, Мастчоҳ 27, Хуҷанд 26, Ҳисор, Шаҳринав, Кӯшониён, Фархор,Хуросон ва Вахш 25 ададӣ, Шоҳмансур ва Варзоб 21, Рӯшон ва Ашт 18, Панҷакент, Восеъ, Шуғнон ва Рашт 17 ададӣ, Ҷ. Расулов ва Айнӣ 15, Исфара, Истаравшан, Фирдавсӣ, Қубодиён, ва Роштқалъа 14 ададӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ ошкор ва барои бекор кардани онҳо эътирозҳо оварда шудаанд. Инчунин баъзе масъулини замин бо мақсади ба даст овардани аромад худ бевосита ба тақсимоти ғайриқонунии қитъаҳои замин даст мезананд. Дар маҷмӯъ, аз натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузории замин барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 740 пешниҳод, 1229 амр ва 1064 эътироз оварда, бо баррасии санадҳои эътиноӣ 893 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида, 3245 парвандаи маъмурӣ, 883 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо талаби онҳо 1,3 милион сомонӣ зарар барқарор ва 8196,4 га замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони муосир- терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва коррупсия дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Кормандони мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаришуда дар самти пешгирии ҷиноятҳои марбут ба терроризму ифротгароӣ ва коррупсия аз кадом тадбирҳо истифода намудаанд?
Юсуф Раҳмон: Экстремизм ва терроризм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию терористӣ чун пештара аз зумраи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи мардум боқӣ мемонад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонида 1029 ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро ошкор ва ба қайд гузоштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашата 296 адад зиёд аст. Дар ин давра нисбат ба 395 нафар барои шомил шудан ба ташкилотҳои фаромиллии террористӣ ва иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин нисбати 214 нафар пайравони фаъоли равияи экстремистии «Салафия» парвандаҳоим ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудаанд. Ҷиноятҳои хусусияти террористӣ- экстремистидошта, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ содир гардидаанд, марвиди тафтиши пурраю ҳамаҷониба қарор дода шудаанд. Бо анҷоми тафтишоти пешакӣ 29 нафар саркардагон ва аъзоёни фаъоли иттиҳоди ҷиноятии мазкур ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии судӣ қарор дорад.
Дар самти мубориза бо коррупсия 788 парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, аз ҷумла оид ба азонихудкунӣ 232, қаллобӣ 169, суистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ 40, гирифтани пора 43, додани пора 15 ва 276 дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ оғоз карда шуданд.
Ҳамзамон оид ба истирдоди ҷинояткорон ба мақомоти марубтаи кишварҳои хориҷӣ 139 дархост ва 69 нафар дархостшудагон истирдод гардиданд.
Гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар самти омӯшиши масъалаҳои мубориза бо ҷинотякорӣ ваз ҷониби Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинотякорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.
АМИТ «Ховар»: Солҳои охир содир гардидани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон нигарониро дар ҷомеа ба бор овардааст. Барои ҷилавгирии ҷиноят бо иштироки ноболиғон Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқи мамлакат чӣ тадбирҳо меандешад?
Юсуф Раҳмон: Ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон 574 маротиба санҷида шуда, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 1103 амр, 997 эътироз, 820 пешниҳод оварда, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 3492 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шуда, 2708 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 393 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 26, 8 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Сатҳи содиркунии ҷиноят дар байни ноболиғон дар ҷумҳурӣ рӯ ба пастравӣ ниҳода, дар соли 2019 (873) дар қиёс ба соли 2018 (907) 34 адад камтар ҷиноят содир шудааст.
АМИТ «Ховар»: Рушду пешрафти ҳар як соҳа ба мутахассисони ҳирфаӣ марбут аст. Рафиқ генерал–полковник, дар масъалаи ҷалби мутахассисони касбӣ ба мақомоти прокуратура ва дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, поквиҷдонона ва содиқона хизмат кардани онҳо ба давлату миллат роҳбарияти Прокуратураи генералии мамлакат кадом корҳоро анҷом медиҳад?
Юсуф Раҳмон: Зимни интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба ба ҷавонону духтарони лаёқатманди дорои донишу малакаи баланди касбӣ, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир дода шуда, қабули кормнадон ба мақомоти прокуратура дар доираи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади тақвияти интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия «Барномаи таҳкими интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020» қабул гардид.
АМИТ «Ховар»: Муроҷиатҳои шаҳрвандони мамлакат дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар кадом сатҳ баррасӣ мегарданд?
Юсуф Раҳмон: Ба қабулу баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва барқаросозии ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи онҳо диққати хоса дода шудааст. Дар ин давра ба мақомоти прокуратура 43114 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ворид гардида, аз ин 25882 муроҷиат аз рӯи тобеият фиристода шуда, 13740 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 2731 адад ва ё 19,8 фоизи онҳо қоенеъ карда шуданд.
АМИТ «Ховар»: Саҳми кормандони мақомоти Прокуратураи генералии мамлакатро дар тарғиби қонунҳо ва пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Юсуф Раҳмон: Баҳри тарғибу ташвиқи қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо кормандони мақомоти прокуратура 12224 вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, тавассути ВАО-матбуот, радио, телевизион 2901 маротиба баромадҳо анҷом доданд. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ барои таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакта чораҳои зарурӣ андешад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».
P.S: Бо истифода аз фурсати муносиб АМИТ «Ховар» кормандони мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо дар роҳи таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барору комёбӣ орзу менамоянд!