БАР ВАТАН СОДИҚЕМ! Дар шаҳри Хуҷанд наваскарон савганд ёд намуданд

Ноябрь 10, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд расми савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид. Зимни он наваскароне, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастаанд, ваъда доданд, ки дар ҳифзи марзу бум ва пойдории сулҳу субот саҳм гузошта, ба халқу Ватан содиқона ва садоқатмандона хизмат менамоянд. Дар  ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти мабуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ҷамъомад муовини Раиси вилояти Суғд ба наваскарон барои иҷрои қарзи фарзандиву шаҳрвандӣ комёбиҳо орзу намуд. Гуфта шуд, ки аскарону афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш ба хотири ҳимояи марзу буми мамлакат ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон содиқонаву ҷавонмардона хизмат менамоянд.

Дар фазои тантанавӣ ба наваскарон, афсарону сарбозон Сипоснома ва Раҳматнома тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар савганди ҳарбӣ ҳама талаботи муҳим ва вазифаҳои асосие, ки халқу Ватан ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди хизматчии ҳарбӣ мегузоранд, хеле мушаххас ва нишонрас ифода ёфтааст. Сарбоз савганд ёд мекунад, ки ба Ватани азизаш-Тоҷикистон содиқона хизмат менамояд.

АКС: Хадамоти мабуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 10, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!