ИНТИХОБОТ-2020. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ эълон мегардад

Март 1, 2020 20:14

ДУШАНБЕ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пагоҳ, 2 марти  соли 2020 пас аз нисфирӯзӣ дар брифинг, ки дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, эълон карда мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода иттилоъ дод.

«Интихоботи навбатии вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон аз соати 6-и субҳ то 20:00  шаффоф ва ошкоро гузашт. Иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 236 мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи САҲА, Комиссияи интихоботии дигар давлатҳо, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва 4910 мушоҳидони миллӣ дар раванди интихобот далели ин гуфтаҳо мебошад», – зикр кард Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода.

Номбурда илова намуд, ки баъди соати 20:00 овоздиҳӣ ба охир расид ва Комиссияи участкавӣ ба ҳисоби овозҳои интихобкунандагон шурӯъ менамояд. Натиҷаи ин ҷамъбаст бо протоколи комиссияи участкавӣ ба расмият дароварда мешавад ва ба ҳавзаҳои якмандатии интихоботии дахлдор пешниҳод мегардад.

Бино ба маълумоти Раиси КМИР, дар ҷараёни овоздиҳии интихобкунандагон ягон арзу шикоят ва муроҷиат ворид нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки то соати 09:00 дар саросари мамлакат 1 млн 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4%, то соати 12:00 дар миқёси ҷумҳурӣ 2 млн 323 ҳазору 516 нафар ё 47,1 % ва то соати 15:00 3 млн 703 ҳазору  969 нафар ё 75,1 % интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд ва интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргашта эълон шуд.

АКС аз бойгонӣ

Март 1, 2020 20:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсума Муинӣ бо ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Узбекистон вохӯрии роҳбарони дастгоҳи парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбанд
Маҳмадтоир Зокирзода: «Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зарурати воқеӣ мебошад»
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар Форуми дуюми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд
ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ХОНАИ ҲАР ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИРО РӮШНОӢ МЕБАХШАД. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҷашни муқаддаси давлатиро таҷлил намуданд
САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Имрӯз зани тоҷик вазир, сафир ва хеле кабир аст
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд
Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд