Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар ҳошияи Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбоева мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи ғанӣ гардонидани робитаҳои байнипарлумониро бо мазмуни нав мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки натиҷаҳои дар минтақа бадастомада, бешубҳа, саъю кӯшиши Сарони давлатҳо барои таҳкими ҳамкорӣ мебошанд. Инчунин дар мулоқот масъалаи истифодаи самараноки назорати парлумонӣ дар татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда ва зарурати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Дар вохӯрӣ дар бораи такмили заминаи ҳуқуқӣ дар самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва табодули таҷриба байни мақомоти намояндагии маҳаллӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда, мардумони ду давлат аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд






