«Саразм — намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон»-таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ суҳбати илмӣ баргузор гардид

Март 14, 2020 10:06

ДУШАНБЕ, 14.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Саразми бостонӣ бо бозёфтҳои нодиру нотакрораш дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хоссаро соҳиб гаштааст. Аз ин рӯ ҳамасола мавриди назару ковишҳои бостоншиносон ва сайёҳон қарор мегирад. Саразм то имрӯз муаммоҳои зиёде дорад, ки тамоми асрори нуҳуфтаи миллати тоҷикро мо аз онҷо  ҷустуҷӯ менамоем. Зеро Саразм хазинаи тиллоии миллати тоҷик мебошад. Ин нуктаро ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурииии Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад 13 март зимни суҳбати «мизи мудаввар», ки таҳти  унвони «Саразм-намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, баён дошт.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат гузориш медиҳад, ки суҳбати мазкур тибқи нақшаи  чорабиниҳои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 5500-солагии Саразм бостонӣ  гузаронида шуд.

Дар суҳбати «мизи мудаввар»-и илмӣ донишмандон аз Академияи илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои илмии ҷумҳурӣ иштирок намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни нодиртарин ёдгории аҳди энеолит ва биринҷии Тоҷикистон- Саразми бостонӣ маърӯза намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода иброз намуд, ки «13 сентябри соли 1976 духтараки 8-сола Ҷамила Бобомуродова аз падараш Ашуралӣ Тайлонов, ки сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакант буд, хоҳиш менамояд, ки ӯро ба шаҳри Панҷакент барад. Вақте Ашуралӣ Тайлонов бо духтарчааш Ҷамила ба шаҳри Панҷакент меоянд, Ҷамила аз падараш хоҳиш мекунад, ки онҳо аз осорхонаи шаҳри Панҷакент дидан намоянд. Онҳо ба тамошои осорхонаи ба номи устод Рӯдакӣ меоянд ва табарчае мебинанд, ки намунаи онро дар хонаи худ доранд ва инро ба кормандони осорхона мегӯянд. Худи ҳамон рӯз — 13 сентябри соли 1976 устод Абдулло Исҳоқов ба хонаи Ашуралӣ Тайлонов меравад ва ин рӯз санаи оғози таҳқиқ ва кашфи яке аз бузургтарин ёдгории давр мегардад».

Мавсуф иброз дошт, ки  яке аз ёдгориҳои ниёгони тоҷикон, ки сарчашмаи ифтихори миллату давлат ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, Саразм мебошад.

Саразм ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои аси биринҷӣ дар Варорӯд буда, ба миёнаи ҳазорсолаи 4 ва ибтидои ҳазорсолаи 3 то мелод мансуб аст. Маҳз аз ҳамин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон оғоз мегирад. Ахамияти шаҳри Саразми бостониро ба инобат гирифта, ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри оли 2000 шаҳри Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон-чун  Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид.

Мояи ифтихори миллати мост, ки шаҳри Саразми бостонӣ ҳамчун нахустин ёдгорӣ аз мероси таърихии тоҷикон 21 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шуд.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳои «Саразм- ёдгори нодири аҳди энеолит ва биринҷӣ», «Саразм- намунаи олии фарҳанги шаҳрсозии аҳди бостон», «Ташаккули фарҳанги шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон», «Шаҳрҳои аҳди қадим ва бостон ва шаҳрҳои асримиёнагии тоҷикон» мавриди таваҷҷуҳи олимон қарор гирифтанд.

Ҳамчунин гузориши илмии академик Юсуфшоҳ Ёқубов дар мавзӯи «Унсурҳои шаҳр дар Саразм», гузориши директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Саидмурод Бобомуллоев- «Саразм-оғози шаҳрсозии тоҷикон», сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашоносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Давлатхоҷа Довудӣ- «Дини сокинони Саразм» ва маърӯзаи илмии сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев-«Ҳулбук намунаи барҷастаи шаҳрсозии замони Сомониён» манзури ҳозирин гардонида шуданд.

Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурииии Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад зикр намуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдгориҳои бостонию таърихӣ, ки таҷассуми таърихи  тӯлонию ғанӣ ва тамаддунофарии тоҷикон мебошанд, ниҳоят зиёданд. Доштани табиати зебову иқлими муътадил, таърихи ғанӣ ва ёдгориҳои нодири бостонӣ, анъанаву суннатҳои фаровони мардумӣ Тоҷикистонро ба сифати мамлакати сайёҳии ҷаҳони имрӯза муаррифӣ менамоянд.

Март 14, 2020 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид