Дар Хатлон ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус баргузор гардид

Апрель 3, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Айни ҳол   1734 масҷид,  510 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Бохтар ва 424 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Кӯлоб, дар маҷмӯъ 934 адад муассисаҳои тарбиявию таълимӣ тамиз (дезинфексия) карда шуданд. Инчунин аз ҷониби масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои маҳаллӣ 531 адад толорҳои варзишие, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба тамрин  машғуланд, бо ҷалби кормандони соҳаи тандурустӣ тибқи талаботи санитарӣ тоза карда шуданд.

Ин  матлаб зимни ҷаласаи навбатии  ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти намуди нави коронавирус (COVID-19), ки   2 апрел дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид, баён шуд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Зимни ҷаласа раиси ситоди вилоятӣ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки вазъи эпидемологии сирояти коронавирус дар миқёси ҷаҳон ниҳоят ҷиддӣ боқӣ монда, рӯз то рӯз ташвишовар мегардад.

Дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, то ин муддат 9 ҷаласаи ситод дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб доир гардиданд.

Тибқи иттилои масъулини раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят катҳо ва рахти хоб омода карда шуда, маводи безараргардонӣ ва доруворӣ ба миқдори зарурӣ захира шудаанд.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ иттилоъ дод, ки тавассути фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 423 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, ба Ватан баргардонида шуда, ба муҳлати 14 рӯз зери назорати мутахассисони соҳаи тиб қарор гирифтаанд.

Мавсуф зикр намуд, ки то 1 феврали имсол дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 624 нафар шаҳрвандони воридшуда бистарӣ гардиданд, ки баъд аз  тамом шудани муҳлати карантин  112 нафарашон рухсат дода шуданд.

Хушбахтона, то имрӯз дар ҳудуди вилоят ягон ҳолати ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре дар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ изҳор гардид, бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории мазкур аз ҷониби кормандони раёсатҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо усули «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ бо ҷалби волонтёрон гузаронида шуданд ва ин тадбир идома меёбад. Ҳамчунин аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят 5 ҳазор маводи таблиғотӣ омода гардидаанд, ки бо мақсади огоҳии аҳолӣ аз ин беморӣ тақсим карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки айни замон бемории мазкур дар аксари давлатҳои дунё ба қайд гирифта шудааст. Ин вазъ муносибати ҷиддиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории мазкур аз ҳар як фарди мамлакат тақозо мекунад.

Апрель 3, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад