Дар Россия ба табобати коронавирус бо усули нав оғоз намуданд

Апрель 28, 2020 10:56

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Россия ба тадқиқоти клиникии усули  нави табобати коронавирус оғоз намуданд. Ин табобат  бо омехтаҳои унсурҳои химиявӣ ва оксиген тавассути  буғ  ба роҳ монда шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Известия» хабар медиҳад, дар ин бора 28 апрел  роҳбари Институти иммунология ва физиологияи  бахши  Урали  АИР,  академик Валерий Черешнев  эълон намуд.

«Табобат бо усули нав дар Коми ва Санкт — Петербург дар худи  беморхона ба роҳ монда шудааст. Он ҷо аллакай ба табобати  беморон шурӯъ намудаанд. Акнун ба беморон дар баробари табобати анъанавӣ, яъне ба таври  сунъӣ дохил намудани ҳаво ба  шуш, ҳамзамон бо усули нави болозикр  низ мадад мерасонанд»,- ин гуфтаҳои олимро иқтибос меорад ТАСС.

Қаблан Черешнев изҳор намуда буд, ки табобат бо буғ метавонад ба ҷараёни беморӣ таъсири мусбат расонда, шиддати онро камтар кунад. Ҳамин тариқ,  омехтаҳои болозикр  даҳонро пур аз оксиген карда,  забон ва ҷоғро  мулоим месозанд. Ба ҷуз ин, дар гармӣ бо ҳарорати  100 дараҷа вирусҳо нобуд мешаванд. Агар буғ танҳо аз ҳавои муқаррарӣ иборат  мебуд,  метавонист даҳони беморро сӯзонад.

27 апрел муовини шаҳрдори Москва Анастасия Ракова дар бораи натиҷаҳои муолиҷаи беморони коронавирус бо истифода аз плазма  сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳолати маризон хеле беҳтар  гаштааст.

АКС: агентии ахбори шаҳрии Москва /Андрей Никеричев

 

Апрель 28, 2020 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад