COVID-19. Бонки Осиёии Рушд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 100 ҳазор доллар грант ҷудо намуд

Май 13, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси нав  COVID-19 ва дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар доираи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон   100 ҳазор доллар грант ҷудо намудааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар марҳилаи хариди маводи мавриди  ниёзи аввал барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди COVID-19 12 май аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат маводи тиббӣ супорида шуд.

Дар маросими супоридани маводи тиббӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Шодихон Ҷамшед иштирок намуда, кумаки Бонки Осиёии Рушдро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди вазорат бо ин ниҳоди молиявӣ арзёбӣ намуд.

Маводи тиббии тақсимшуда аз антисептик барои дастон, термосканери электронӣ, маводи гигиенӣ (собун, салфетка, сачоқ), маводи безараргардонӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, комбинезонҳои тиббӣ, хилъатҳои тиббӣ, бахил, сарпӯшҳои тиббӣ, дастпӯш ва ниқобҳои тиббӣ иборат мебошанд.

Май 13, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад