COVID-19. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо гирифторони бемории коронавирус суҳбати телефонӣ анҷом дод

Май 22, 2020 13:40

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми 21 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз марказҳои  саломатии № 9, 10 ва 14-и пойтахт боздид намуда,  бо якчанд бемороне, ки дар рӯйхати марказҳои саломатии мазкур  қарор дошта, дар хонаҳояшон табобат мегирифтанд,   суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар суҳбати телефонӣ беморон ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои он ки худ шахсан ба онҳо занг зада, аз вазъи саломатияшон пурсон шуд, изҳори сипос намуда, зикр намуданд, ки аз ҷониби табибони марказҳои саломатӣ ба онҳо сари вақт хизмати тиббӣ расонида мешавад.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода бо мақсади бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои пойтахт аз наздик шинос шудан гаштҳои шабона роҳандозӣ намуда,  бо масъулини марказҳои саломатӣ  масъалаҳои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, таъмини беморон ва марказҳои мазкур бо маводи тиббӣ,  назорати беморони дар хона табобатгиранда ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Май 22, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон