Дар ҳошияи имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд

Апрель 12, 2025 09:18

ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имзои Эъломияи «Дӯстии абадӣ» аз чанд ҷиҳат барои давлатҳои минтақа аҳамияти сиёсию таърихиро соҳиб аст. Аз нигоҳи консепсияи тамаддунию ҷуғрофии геополитикӣ ҳудуди Осиёи Марказӣ воҳиди тому ягонаи геополитикиро ташкил дода, инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амниятии он бояд дар натиҷаи ҳамгироӣ ва ҳамзистии осишта таъмин карда шавад. Яъне давлатҳои минтақа ҳам аз нигоҳи ҷуғрофӣ  ва ҳам аз нигоҳи тамаддунӣ ба ҳам вобаста буда, танҳо дар натиҷаи ҳамгироӣ ва сулҳу дӯстии абадӣ таъмин карда мешаванд.

Ин матлабро 11 апрел ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода зимни ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ман дӯсту дӯстӣ гуфтам» дар ҳошияи имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ баён намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунӣ хабар доданд.

Даврон Сафарзода иброз дошт, ки «Эъломияи «Дӯстии абадӣ» ба якчанд баҳсҳои минтақавии марзӣ хотима гузошт. Махсусияти дигари ин Эъломияро бе миёнарав — давлат ва ё созмони дигар имзо гардидани он ташкил медиҳад, ки ҳолати камназир дар муносибатҳои минтақавии ҳалли баҳсу низоъ ба шумор меравад. Бе миёнарав гузаштани раванди Эъломияи «Дӯстии абадӣ» бозгӯи он аст, ки дар доираи имзои он манфиатҳои миллии давлатҳои аъзо ва халқи ҳамин минтақа ба инобат гирифта шуда, ҳимоя мегарданд».

Дар ҳамоиш устодони академия  доир ба аҳамияти Эъломияи дӯстии абадӣ,  таҳдиду хатарҳои навини геополитикии олам, рушду инкишофи ояндаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ сухан намуда, Эъломияи Хуҷандро дорои аҳамияти муҳими сиёсиву  таърихӣ дониста, онро дар масири таърих заминаи асосии рушду инкишофи минтақаи Осиёи Миёна  арзёбӣ намуданд.

Барномаи рангини консертӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагони мамлакат пешкаши иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 12, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро дар муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонию интизоми меҳнат риоя намегардад?
«ТОБИСТОН-2025». Барои кӯдакону наврасон 30 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ омода карда мешавад
Зиёда аз 50 муассисаи таълимии вилояти Суғд бо таҷҳизоти рақамӣ таъмин гардид
НАХУСТИН МАРОТИБА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар Тоҷикистон Сурдоолимпиадаи фаннӣ оғоз гардид
Омӯзгори фанни химия аз Варзоб дар даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» сазовори ҷойи якум гардид
Дар шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни шаҳрии «Хонандаи сол-2025» баргузор гардид
Байни Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва коллеҷу марказҳои таълимии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм ҷамъбаст гардид
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs 60 медал ба даст оварданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «BRAINIECS-2025» соҳиби 37 медал гардиданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи дуюми математикии Туркманистон сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм шуданд
Хонандаи тоҷик Алиҷон Убайдуллоев ғолиби озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» гардид