Масъалаи омодагӣ ба Форуми навбатии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд

Апрель 14, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Қунғуротбой Шарипов дар Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Мусоҳибон ташкили равандҳои омӯзиши мутақобил, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ифтитоҳи намояндагиҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Узбекистон ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маорифро муҳокима намуданд.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми навбатии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон изҳори назар карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

 

Апрель 14, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОБИСТОН-2025». Барои кӯдакону наврасон 30 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ омода карда мешавад
Зиёда аз 50 муассисаи таълимии вилояти Суғд бо таҷҳизоти рақамӣ таъмин гардид
НАХУСТИН МАРОТИБА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар Тоҷикистон Сурдоолимпиадаи фаннӣ оғоз гардид
Омӯзгори фанни химия аз Варзоб дар даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» сазовори ҷойи якум гардид
Дар шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни шаҳрии «Хонандаи сол-2025» баргузор гардид
Байни Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва коллеҷу марказҳои таълимии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм ҷамъбаст гардид
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs 60 медал ба даст оварданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «BRAINIECS-2025» соҳиби 37 медал гардиданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи дуюми математикии Туркманистон сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм шуданд
Хонандаи тоҷик Алиҷон Убайдуллоев ғолиби озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиш баргузор шуд