Ҳ. Қурбонова: «Мартабаи занҳои оқиларо бояд баланд бардошт»

Март 3, 2012 11:57

Мусоҳибаи Фирӯза Давлатова бо муовини аввали раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонова- Аввало Шуморо ба муносибати «Рӯзи модар» ва фарорасии Наврӯзи хуҷаста шодбош мегӯям!Мехоҳам, ки хонанда дар бораи шарҳи ҳоли Ҳилолбӣ Қурбонова аз забони худи ӯ огоҳ шавад?- Ман Қурбонова Ҳилолбӣ Ҷумъаевна, 2 июни 1969 дар деҳаи зебоманзари Ғарғараи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудаам. Мактаби миёнаи №3 ҳамин деҳаро хатм намуда ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи таърихи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон супурдам ва дар соли 1999 барои дарёфти унвони номзади илми таърих рисолаи илмӣ ҳимоя кардам. То ба ин замон чандин зинаҳоро тай намуда ва ҳоло ҳамчун муовини аввали раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунам. Оиладор, соҳиби хонаи обод.-Шумо гуфтед, ки фаъолияти кории худро аз зинаҳои паст шурӯъ намудаед. Пас мегуфтед, ки он зинаҳо аз кадом давра оғоз гардиданд?-Фаъолияти кории худро ман аз даврони донишчӯиям оғоз намудаам, яъне аввал ба сифати лаборант кор кардам ва баъд дар Донишгоҳи аграрӣ ҳамчун лаборанти калон, асисстенти кафедра, пас аз хатми аспирантура дар Пажӯҳишгоҳи Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба сифати ходими илмӣ дар Кумитаи кор бо ҷавонон ба ҳайси сармутахассис фаъолият кардам ва аз соли 2002 то соли 2004 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал сармутахасиси шӯъба, аз соли 2004 то 2008 сардори шӯъбаи илм ва экспедитсияи илмию техникӣ фаъолият намудаам ва соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидам ва аз 2 ноябри соли 2011 то ҳол ҳамчун муовини аввали раиси ин Кумита адои вазифа мекунам. Барои ҳар шахс чӣ зану чӣ мард набояд мартаба муҳим бошад. Афзалтар аз ҳама рисолати як ватандори асилро ба ҷо овардан аст. Банда чун ин зинаҳоро тай намудаам, бароям хидматгузорӣ ба Ватан мояи ифтихор аст.-Дар баъзе ҳолатҳо ташвиши коргоҳ инсонро асабонӣ ва хаста мегардонад. Шумо ба хона омада, ҳолати афсурдагиро чӣ гуна бартараф мекунед?-Албатта, аз субҳ то шом мо дар коргоҳ чандин масъалаҳои оилавиро ҳал мекунем ва ин ба асаби мо сахт таъсир мерасонад.Дар баробари ин мо оилаи хешро дорем, ки бояд рисолати онро фаромӯш насозем.Ба андешаи ман, ҳолати афсурдагии инсонро муомила ва қабули хуш бартараф месозад. Ин ҳама дастгирӣ дар оила аз якдигарфаҳмӣ сарчашма мегирад. Барои ҳар инсон оила муқаддас аст ва набояд инро фаромӯш сохт, ки кор низ дар баробари он муқаддас ба шумор меравад. Вақте ки ба Шумо бовар менамоянд ва вазифаро ба дӯшатон мегузоранд, ба он сазовор шудан лозим меояд. Аз ин рӯ аз инсон сабру таҳаммул ва чолокиро тақозо мекунад. Рисолати роҳбар пеш аз хама дар он мебошад: он чизе, ки дар хона аст, бигзор дар хона монад ва он чизе, ки дар ҷои кор аст, бигзор дар ҷои кор бошад. Бояд он ҳама асабоният ва он ҳама ноҷӯриҳое, ки дар ҷойи кор ҳаст, ба хонаамон набарем ва он чизе, ки дар оила аст, ба ҷойи кор наорем. Махсусан барои ман коргох муқаддас аст ва оила низ дар баробари ин ҷойгоҳи махсуси худро дорад ва ин ду мукаддасотро мо бояд ҳама вақт пок нигоҳ дорем.-Рисолати ҳар як зан дар зиндагӣ ҳамсари меҳрубон будан аст ва дар баробари ин кадбонуи моҳир низ бояд бошад. Пас Шумо дар ин чода то кадом андоза муваффақ ҳастед?-Зани тоҷик дар кадом мартабае, ки бошад, пеш аз ҳама соҳиби бахти накӯ ҳаст. Итминон дорам, ки тамоми занони тоҷик рисолати ҳамсари меҳрубон буданро афзалтар мешуморанд. Кадбонуи моҳир будан хоси бонуи тоҷик аст. Бештари вақтамро дар коргоҳ гузаронам ҳам аммо барои аҳли байти хеш имконият меёбам, ки фармоиши онҳоро ба иҷро расонам. Агар шавқи кадбонугӣ дар дили зан рӯз аз рӯз афзун шавад, ин бозгӯйи он аст, ки ӯ оилаи хешро дӯст медорад.-Аз таомҳои миллӣ кадомашро хуб пухта метавонед?Бовар мекунед, ки таомҳои миллиамонро хеле дӯст медорам. Пас агар дӯст дорам, ҳатман аз ӯҳдаи омода кардан низ мебароям. Қурутоб ва шакаробро аз дигарҳояш зиётар дӯст медорам, қурутобро дар зимистон ва шакаробро дар баҳор.-Оё суманак пухта метавонед?Омодакунии суманакро то пухтанаш аз модари азизам (рӯҳашаон шод бод) ёд гирифтаам. Кӯшиш мекунам дар фасли баҳор суманак пазам.-Ҳар инсон дар ҷавонӣ аз рӯй шавқ ва илҳом тарона ва ё лавха менависад. Шумо боре худро дар ин ҷода озмудаед?-Албатта, дар зиндагӣ бисёранд хушиву нохушиҳо ва илҳому шавқ дар ин ду ҳолат ба инсон ҳамрох мешаванд. Барои инсон дар ин лаҳза аз қалам дида, дӯсти беҳтар пайдо намешавад. Вақте ки умри инсон ба ҷое мерасад, дигар он илҳоми ҷавонӣ нопайдо мегардад ва фикр мекунам, ки ҳар чиз, ки инсон ифшо мекунад, вобаста аст ба эҳсосоти ҳамон лаҳзае, ки ӯ хурсандии зиёдро эҳсос мекунад.-Чун дар арафаи ҷашни Наврӯз қарор дорем, бештари бонувон барои худ либоси миллии идона омода мекунанд. Шумо низ дар тараддуди пӯшидани либоси миллӣ ҳастед ё чун ҳамеша расмӣ ?—Бароям писандидатарин либос либоси миллист. То ба ҳол ман либоси миллӣ ба бар мекунам, барои ҷашни Наврӯз дар қатори дигар бонувон барои худам куртаи чакан омода карда истодаам. Се либоси миллиро бештар меписандам: гулбаст, атлас ва чакан.-Симои зани тоҷикро чӣ гуна дидан мехоҳед?-Симои зани тоҷикро ҳамеша чун Гурдофарид ва дар баробари ҷасурӣ чун зани нексиришт, поктинат, беолоиш тасаввур мекунам. Чӣ тавре ки гуфтаанд: Гарчи гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст, Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.Фикр мекунам, ки пеш аз ҳама занону духтарони тоҷик бояд боиффат бошанд. Тавонанд бо донишу малака, маҳорат ва ҷасурии хеш симои зани тоҷикро ба имрӯзиёну ояндагон муаррифӣ намоянд.-Баробарии гендериро дар оилаи тоҷик чӣ гуна арзёбӣ мекунед?Вақте ки ба саҳифаҳои Қуръони маҷид назар меафканем, дар он ҷо рисолати занро мебинем, айнан он чизеро, ки баробарии марду зан аст. Пас чаро баробарии марду занро эътироф накунем.Бо вуҷуди он, ки дар оила баробарии марду зан аст, бояд пеш аз ҳама эҳтироми якдигар волотар аз ҳама чиз бошад. Ин аст баробарӣ-Дар мавриди нақшаҳои минбаъдаи Кумита, дастгирии занон, ҳалли мушкилоти онҳо ва сабук гардонидани рӯзгори онон чӣ гуфтан мехостед?-Албатта, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама вақт кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи он салоҳияту ваколате, ки дорад, ба тамоми бонувони кишвар ёрии худро расонад ва барои рафтъи мушкилоти онҳо мусоидат кунад.Тавонад он ҳама норасоию нофаҳмиҳои оилаи тоҷикро аз байн барад ва мартабаи зани оқиларо болотар бардорад. Ҳамин аст мароми Кумита.—Бори дигар Шумо ва дар шахси Шумо тамоми модарони тоҷикро бо Рӯзи модар самимона шодбош мегӯям ва барори кору тансиҳатӣ, хонаободию хушрӯзӣ таманно дорам.-Ташаккур, ман низ ба тамоми бонувони кишвар, пеш аз ҳама ба тамоми модарон умри дароз хоҳонам ва ҳамаи он орзую омоле, ки зани тоҷик дорад, Худо кунад, ки ҷомаи амал пӯшад.

Март 3, 2012 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд