Тӯраҷонзода – дурӯяи дин ва сиёсат

Май 21, 2012 17:08

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар»). — А.Тӯраҷонзода фаъолтарин ходими дин аст, ки дар бораи масоили ҳамкории ҷомеа ва дин ва мақоми дин дар ҳаёти мардум зуд — зуд мегӯяду менависад. Суханронии охирини (то кунун) ӯ, ки дар ҳафтавори «Нигоҳ» (№5 (222), 9 марти с. 2011) дарҷ гардид, маро бепарво нагузошт. Ба фикри ӯ, ягона муҳофизу соҳиби фарҳанги миллӣ уламост. Дар ин маврид бо вай қатъан набояд розӣ шуд. Фарҳанге, ки ӯ мегӯяд, фарҳанги халқи тоҷик аст, на фарҳанги фақат уламо. Соҳибу муҳофизи ин фарҳанг халқи тоҷик аст. Агар Тӯраҷонзода дар бораи «фарҳанги гузаштаи» тоҷикон тасаввуроти оддитарин дошта бошад, пас бояд донад, ки уламо якҷоя бо соҳибони араби худ ин фарҳангро нест карданд. Ман дар ин маврид фарҳанги пешазисломии тоҷиконро дар назар дорам. Вале Тӯраҷонзода хомӯширо ихтиёр карда, намегӯяд, ки уламо маҳз кадом фарҳангро ҳифз карда ва рушд бахшидаанд. Тӯраҷонзода ба таври мавҳуму нофаҳмо сухан ронда, шикоят мекунад, ки дар давраи шӯравӣ «дар марказҳои илмиамон мардумро аз ислом дур карданд» (Аз ин бармеояд, ки «марказҳои илмӣ» ҳам аз они уламо, яъне «марказҳои илмии уламо» будаанд ва ин дар давраи шӯравӣ). Аз марказҳои илмӣ берун чӣ? Дар ин ҷо Тӯраҷонзода солимона сухан намеронад, зеро ҳамаи «мардум» ягон вақт дар «марказҳои илмӣ» зиндагӣ ва кор накардаанд, чунон ки ҳамин «мардум» наметавонист ва имрӯз ҳам наметавонад, ки дар «марказҳои илмӣ» зиндагӣ кунад ва дар онҳо бошад. Домулло мафҳумҳои «марказҳои илмӣ» ва «мардум» — ро аз якдигар фарқ карда наметавонад, ки ин хуб нест. Ва ман мехостам, ки ҳамаи «мардум» дар «марказҳои илмӣ» бошанду дар онҳо кор кунанд. Мехостам, ки илм ҳам зиёд бошад. Вале, афсӯс! «Мардум» бояд дар бахшҳои дигари рӯзгор ҳам кор кунад. Уламои ломакон ва ҳамасозу ҳамафаҳм, ки «ҳамеша» дар марказҳои илмӣ қарор доранд, «мардум» — у худро хӯронда наметавонанд. Тӯраҷонзода ба ҷуз сиёҳ кардани гузаштаи на он қадар дури шӯравии мо, кори дигаре надорад, бинобар ин маҳкум кардани баъзе «майда – чуйдаҳои ҳаёти» давраи шӯравиро пеш гирифтааст, ки дар айёми ҷавониаш онҳоро мушоҳида мекарду бо онҳо рӯ ба рӯ шуда буд. Масалан, ӯ мегӯяд: «Дар яке аз мавзеъҳои Бухоро пахта мечидем, мардуми маҳаллӣ «инҳо муллоҳо» гуфта аз мо гурехтанд.(«Нигоҳ», №1 (222) 9 марти с. 2011). Албатта, илоҷе нест, Тӯраҷонзодаро бо муллоҳои дигар бо ин тарз пешвоз гирифтани бухороиҳо воқеаи нофорамтаринест. Ин боз як айбномаи Тӯраҷонзода зидди ҳукуматдорон ва сохти ҷамъиятии пештара мебошад, ки дар ин бора бе табассум гуфтан имкон надорад. Маълум мешавад, ки «он замон бо дасти рост хӯрданро ҷоиз намедонистаанд. Барои замонавӣ будан бо дасти чап нон мехӯрдӣ. Имрӯзам таъсираш ҳаст». Ин чист?! Ин барои Тӯраҷонзода ҷиддан айбдор намудани тарзи шӯравии зиндагист, ки гӯё зӯран барои тоҷикон ҷорӣ карда шудааст, вале ин барои ман, фикр мекунам, барои бисёр дигарон ҳам, умуман хандаовар аст. Ва «он замон» ва «имрӯзам» аксарияти мутлақи тоҷикон, ба истиснои андаке, бо дасти рост мехӯрданду ягон манъи хӯрдан бо дасти рост набуд. Вале ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки «он замон» ва «имрӯзам» Тӯраҷонзода ва уламо фақат бо дасти рост мехӯрданд ва мехӯранд. Агар, умуман гӯем, чизи асосӣ будани таъом аст ва онро метавон ҳатто бо ду даст хӯрд. Шахсони маҳрум аз дасти рост таъомро бо дасти чап мехӯранду боз ҳамон одаманд. Чапдастон дар байни ҳамсафони домулло чанд нафар бошанд? Боз як озурдагии Тӯраҷонзода аз «он замон». Маълум мешавад, ки «он замон» «ин қадар муҳитро заҳрлоуд карда буданд, ки муллобачаҳоро… ҳеҷ одам ҳисоб намекарданд». Аҷаб даҳшат! Вале ҷаноби Тӯраҷонзода ин сафсатаро аз минбари конфронс баён сохт. Аҷаб аст, ки ӯ ва дигар уламо — иштирокдорони конфронс ҷамъомади худро конфронси «илмӣ» меноманд. Чун онҳо конфронси худро «илмӣ» қаламдод карданд, дар он ба кадом масоили илм дахл намудаву онҳоро ҳал кардаанд? Хотираи ду ҳамтои худ – Саид Абдулло Нурӣ ва Маҳмадшариф Ҳимматзодаро ёд карданд, Тӯраҷонзода дар бораи озурдагӣ ва норозигиаш аз гузашта сухан ронд, ки онро бо «қарори илмӣ» — и «Конфронси илмӣ» — и уламо пас гардонидан ва чорпора кардан барои аламе, ки дар овони ҷавонӣ ба ҷаноби Тӯраҷонзода ва ҳамтоёни ӯ расидааст, амри маҳол аст. Гӯё акнун ҳар чорабиние, ки ҷаноби Тӯраҷонзода ва уламо роҳандозӣ намоянд, мақоми «илмӣ» пайдо мекунад. Дар робита бо ин мехоҳам бигӯям, ки муллоҳо бо роҳбарии пешво ва сарвари ғоявии худ Тӯраҷонзода дар амри муҳокимаи масоили мухталифи ҳаёти ҷомеа аз олимону ходимони фарҳанг хеле фаъолтаранд. Онҳо дар ғами ҳар гуна унвону рутба, мукофотҳои фахрӣ ва муборизаи байни авлодӣ бештар месӯзанд. Магар касе аз аввалиҳо ба уламо эътироз намуда ва бо онҳо мубоҳиса кардааст, вақте уламо фарҳанги як халқро аз они худ мешуморанд, дину тасаввуфро «илм» мекунанд, вақте уламо аз илм дин ва аз дин илм сохтанӣ мешаванд. Як худи Тӯраҷонзода дину тасаввуфро фаъолонатар ҳифз мекунад, назар ба даҳ академик – илму фарҳангро. «Пешоҳангони соҳаи илм», «маъруфтарини маъруфҳо», «мардумитарини мардумиҳо», «шоистатарини шоистаҳо» ва «академикҳои барҷаста» ҳангоме ки уламо, пайравони уламо ва ҳар гуна «тоифаи муқаддаси роҳибон» ба илму фарҳанги имрӯза ҳамла меоранд, ба хотири он ки илму фарҳанги имрӯза хилофи догмаю дастурҳои динианд ва ҳоказо. Онҳо кӯшиш ва талаб мекунанд, ки дину тасаввуф ба илму фарҳанги дунявӣ ворид карда шаванд, то илму фарҳанг ба дину тасаввуф, ки гӯё онҳо ҳам «илм» бошанд, мутобиқ карда шаванд. Албатта, ҳайф аст, ки эҷодкорони илму фарҳанг хомӯш меистанду уламо самараи меҳнати онҳоро «аз они» худ мешуморанд. Ё онҳо мехоҳанд ба ҳамон даврае баргарданд, ки илму фарҳанг канизаки дин буданд? Муллоҳо ва рӯҳониёни дигар фаъоланд, вале ин фаъолии онҳо ҳамчун мухолифин зидди ҷаҳонбинии илмӣ ва фарҳанги дунявӣ, барои ҷалби тамоми ҷомеа ба доираи нуфузи худ нигаронида шудааст. Бинобар ин онҳо худро «эҷодкорони фарҳанг» меноманд, аммо зиёиёни илмию техникӣ ва бадеиро тавре маънидод мекунанд, ки гӯё онҳо ба илму фарҳанг дахл надошта бошанд. Магар ба чунин беадолатӣ тан додан мумкин аст? Баъзан онҳо чунон фаъолу даъвогаранд, ки ҳатто ба «умури кайҳон» дахолат карда, онҳоро ба замин фуроварда ва тавассути онҳо на фақат масоили илму фарҳанг, балки корҳои давлатиро низ ҳал мекунанд. Онҳо на фақат иштиҳои исломӣ, балки иштиҳои фурӯбарандаи ҳама чиз, аз қабили дар ҳама ҷо комрон будан, ҳама ҷоро дидан ва ҳама чизро барои ҳама ҳал карданро доранд. Яке аз «масоили илмӣ» — и ҷиддӣ, ки домуллои ҳамадон Тӯраҷонзода дар конфронси «илмӣ» перомуни он сухан карду аз афташ он ӯро кайҳо боз ором намегузошт, масъалае буд, ки чаро фарзандони Мирзо Турсунзода ва Мӯъмин Қаноат ба забони русӣ ҳарф мезаданд. «Сутун» — ҳои (?) фарҳанги миллӣ Мӯъмин Қаноат бо фарзандонаш русӣ ҳарф мезанад… Писараш ба набераи Мирзо Турсунзода хонадор аст. Ӯ бо писари худ ва келинаш, ки набераи Мирзо Турсунзода аст, аз манзили ман (дар Эрон – Э.Ш) телефон мекарду бо забони русӣ сӯҳбат менамуданд». Бинобар ин домуллои бо нияти бад фикркунанда ба чунин «хулосаи илмӣ» — и муҳим меояд: «Ҳатто сутунҳои фарҳангу адабиёти мо ба ояндаи забони миллии худ боварӣ надоштанд, гумон доштанд, ки ин забон ба зудӣ аз байн меравад. Ва ин уламо буданд, ки ин забонро ҳифз карданд». Ана «қаҳрамонони даврони мо»!!! Дар ин ҷо, ба назари «маликушшуаро» Тӯраҷонзода, уламо чун тамоми халқ ҷилва мекунад ва соҳибу муҳофизи ҳақиқии забонест, ки забони тоҷикӣ ном дорад, на «забони уламо». Офарин ба «ин уламо», офарин! Дар ин маврид нисбат ба онҳое, ки забонҳои арабӣ, англисӣ, хитоӣ ва забонҳои дигарро омӯхта ва бо ин забонҳо муошират мекунанд, чӣ бояд кард? Магар аз ин «гуноҳ» забони тоҷикӣ зарар мебинад? Магар худи уламо ғайр аз забони тоҷикӣ аз забонҳои дигар истифода намекунанд? Ёфтанд чизи дар «конфронси илмӣ» — ашон муҳокимашавандаро. Чунин бармеояд, ки уламо тоҷиконро аз фалокати бузург — талафи забонашон, ки онро «сутунҳои фарҳангу адабиёт» ҳифз накарда ва ба ояндаи он боварӣ надоштанд, наҷот додаанд. Тӯраҷонзода қасдан савдогарона аз худ ва уламо қаҳрамон месозад. Мантиқи Тӯраҷонзода хандаовар аст: чун Мирзо Турсунзода ва Мӯъмин Қаноат бо фарзандони худ ва фарзандонашон байни якдигар ба забони русӣ ҳарф мезаданд, пас онҳо соҳибу муҳофизи фарҳанги миллӣ нестанд. Вале ин бофтаи худи Тӯраҷонзода ва фақат баҳонаест барои сиёҳ кардани шоирони бузурги мо. Тӯраҷонзода аз куҷо инро дарак дорад, охир дар ин мавзӯъ бо ӯ на М.Турсунзода сухан кардаасту на М.Қаноат, яъне онҳо ба ӯ нагуфтаанд, ки ба ояндаи забону фарҳанги миллӣ надоранд. Дар ин маврид, вақте мегӯяд, ки М.Турсунзода ва М.Қаноат ба ояндаи фарҳанги миллӣ бовар надоштанд, Тӯраҷонзода чун тӯҳматгар амал мекунад, ки ин ба шаъни рӯҳонӣ намезебад. Чунин рафтор ҳатто аз рӯи меъёрҳои динӣ ҳам гуноҳ дониста мешавад. Донистани забонҳои дигар ҳанӯз ба касе халал нарасонидааст, ки соҳиби забону фарҳанги миллии худ бошад. Дар замони мо ягон фарҳанги миллӣ «дар шакли тоза» вуҷуд надорад ва аносири фарҳангҳои дигарро ба худ мегирад. Бинобар ин Тӯраҷонзода дар ин маврид сафсата мегӯяд. Аммо вақте худи ӯ ба забони арабӣ, русӣ (ё ба забони дигар) ҳарф мезанад, маълум мешавад ки ӯро аз забону фарҳанги миллӣ дур кардан мумкин набудааст. Вале аз рӯи кадом мантиқ? Танҳо аз рӯи сафсатаи уламою Тӯраҷонзода. На М.Турсунзода ва на М. Қаноат ягон сатри назмашонро, ба ҷуз ба забони миллии худ, ба забони дигаре нанавиштаанд. Тӯраҷонзода аз куҷо медонад, ба ҷуз он ки фолбин фол мебинад, ки М.Турсунзода ва М.Қаноат «ба ояндаи забони худ боварӣ надоштанд»? Магар домулло ба худ саволе додааст, ки М.Турсунзода ва М.Қаноат кистанд, чӣ кардаанд, барои халқу фарҳанги мо чӣ арзиш доранду худи Тӯраҷонзода кист, дар бораи илм, санъат, ҷамъият чиро медонад ва барои халқу фарҳанги мо чӣ арзиш дорад? Ба ин савол метавон бо суханони Нусратулло Рофиев посух дод: «Ҳақиқат он аст, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода боре сарчашмаҳои таърихию адабии тоҷикро нахондааст. Танҳо пораҳо аз Қуръонро қориёна аз худ кардааст» (ҳафтавори «СССР» №22 (143) 2 июни с.2011). Ва ин рӯҳонӣ шарм намедорад, ки худро «донандаи» ин фарҳангу адабиёт метарошад. Беҳтараш ба ягон кори муфид машғул мешуд. Охир ӯ дар ин маврид ҳам худбинӣ мекунад. Саволе, ки муаллифи мақолаи «Тӯраҷонзода бузургони миллатро таҳқир кард!» (ҳамон шумораи рӯзномаи «СССР») Ҳокими Сафар ба вай додааст, ҷавобест ба ӯ: «Шумо ба миллат чӣ хизмат кардаеду чӣ унвону медал доред??? Агар мардед, ба матлаби ман посух гӯед». Магар «мусулмони ҷасур» ҷасорат пайдо мекунад, ки ба ин саволи Ҳокими Сафар ҷавоб диҳад? Баъд Ҳокими Сафар менависад, ки Тӯраҷонзода «рӯирост ба шоҳсутунҳои миллат… устод Мирзо Турсунзода ва Мӯъмин Қаноат тӯҳмату таҳқирро равона кардааст», ки ба ин розӣ бояд шуд. Аз худ илова мекунам, ки Тӯраҷонзода тамоман беҳаё шуда, оддитарин шарму ҳаёи инсониро гум кардааст. Баъд Ҳокими Сафар ба руҳонии, агар ҷоиз бошад, беҳаё, муроҷиат карда, мегӯяд: «То ба кай дар пои шоҳсутунҳои миллат теша мезанед? Ҳар гоҳ рӯзномаро дастрас мекунем, расму нигоштаҳои шуморо мебинам, аз хондани рӯзнома даст мекашам». Бигузор худи Тӯраҷонзода қазоват кунад, ки маънои ин калимаҳоро мефаҳмад, ё не. Магар метавон чунин гуфтори бардурӯғу тӯҳматангези Тӯраҷонзодаро мусулмонаву поквиҷдононаю шаффоф шумурд, ки «сутунҳои фарҳанги миллӣ» забону фарҳанги миллиро хароб кардаанд, ба қобили ҳаёт будан ва ояндаи онҳо бовар надоштанду «ин уламо буданд, ки ҳам забонро ҳифз карданд ва ҳам фарҳангро»? Тӯраҷонзода бешармона дурӯғ гуфта, бардурӯғ аз худ ва уламо қаҳрамон сохта, ҳамаи дастовардҳои фарҳанги миллиро мансуби онҳо медонад. Вай аз чунин дурӯғу таҳрифкорӣ бояд шарм кунад! Илова бар ин, ӯ дар ин маврид сафсатаву ҳарза мегӯяд! Шоирони бузурги дар боло зикршуда ва дигар «сутунҳои фарҳанги миллӣ» ки ифтихор, тавоноӣ ва шарафи ин фарҳанганд, чӣ тавр метавонистанд ба он хиёнат намоянду ба қобили ҳаёт будану дурнамои мавҷудият ва рушди он бовар накунанд? Куҷост виҷдони шумо, ҷаноби Тӯраҷонзода, агар умуман онро дошта бошед? Барои чӣ ба Тӯраҷонзода лозим буд, ки М.Турсунзода, М.Қаноат ва дигар «сутунҳои фарҳанги миллӣ» — ро тӯҳмату таҳқир намояд? Охир худи ӯ дар қиёс бо онҳо ба фарҳанги миллӣ чизе надодааст, ба ҷуз он ки яке аз асосгузорони ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат буда, тоҷиконро ба гирдоби ҷанги бародаркуш партофта, дар баробари ин беҷазо монда, мунтазам ба дасисаю иғвогариҳо машғул мешавад. Охир ӯ дар қиёс бо М.Турсунзода, М.Қаноат ва дигар арбобони фарҳанги тоҷик ягон чизи нав ба он илова накардаасту надодааст. Шубҳае нест, ки М.Турсунзода, М.Қаноат ва бисёр эҷодкорон дар хотираи халқи тоҷик боқӣ мемонанд, эҳтироми халқ ба онҳо низ боқӣ мемонад, вале Тӯраҷонзода дар гумон аст. Агар боқӣ монад ҳам, фақат дар хотири мисли худаш уламо ва ба муддати кӯтоҳ, зеро ин уламо маънои ҳамаи халқи тоҷикро надорад. Таърих Тӯраҷонзодабаринҳоро зуд фаромӯш мекунаду ба қаъри худ мефиристад. Дар дини дигар чунин, агар раво бошад, рӯҳониро, радди маърака мекарданд, зеро вай ба дин хидмат накарда, балки худро бо дин пардапӯш карда, ба дасисаю иғвогариҳо машғул мешавад ва чун авомфиреби сиёсӣ амал мекунад. Ҷаноби Тӯраҷонзода интихоб кунед: дин ё сиёсат! Маслиҳат медиҳам, ки дар дин истед, на дар сиёсат, шумо чун сиёсатмадор худро кайҳо бадном ва ҳамаи имкониятатонро адо кардаед. Имкониятҳои сиёсие, ки гузаштаи наздик ба шумо дода шуда буд ва имкониятҳои сиёсие, ки шумо намоиш додед, басо дақиқ нишон доданд, ки шуморо наздик гузоштан ба сиёсату ҳукумат нашояд. Шумо бо такаббуру даъвоҳои ҳарисонаи худ динро бо сиёсат ва сиёсатро бо дин тамоман омехта кардаед. Ҳузури шумо дар сиёсат равшан нишон дод, ки шумо на рӯҳонии ба қадри кофӣ мӯътақиду на сиёсатмадори ба қадри кофӣ собитқадам, балки дурӯяи дину сиёсат ҳастед. Чунин дурӯяҳо на ба дин лозиманду на ба сиёсат. Худатон қазоват кунед, ки магар чунин дурӯяҳо сазовори эҳтироми ҷомеа аст? Шумо бошед, орзу доред, ҳатто мӯи сар меканед, ки боз ба сиёсат баргардед. Вале ин чун орзуи ширини шумо боқӣ мемонад. Бедор шавед, ҷаҳон дигар шудааст. Наметавонам нагӯям, ки ҷаноби Тӯраҷонзода дар идомаи сӯҳбат боз ҳам аҷибтар андеша меронад. Маълум мешавад, ки ӯ «дар мавриди муносибати ҷомеа ба уламо тадқиқот гузаронидааст». Чунин тадқиқот мебоист тадқиқоти басо муҳим мешуд, вале «тадқиқот» — и Тӯраҷонзода ҳаргиз чунин тадқиқот набуда, боиси ханда мегардад. Моҳияти тадқиқоти ӯ дар он аст, ки «вақте китобхонаи миллии Фирдавсӣ меравад, дар бораи ҳашарот ҳам китоб ҳаст, дар бораи ҳайвоноту растанӣ рисолаҳои номзадӣ вуҷуд дорад, вале дар бораи қишри уламо ҳеҷ гуна адабиёт нест». Албатта, афсӯс, ки илму ҷамъият «қишри уламо» — ро «ноодилона» аз доираи таваҷҷӯҳи худ дур андохтаанд. Худи Тӯраҷонзода тадқиқоти басо ҷолиб гузаронидааст: — рафтан ба китобхона ва дар он ҷо фаҳмидани он ки китобу рисолаҳо дар бораи ҳашарот, наботот ва ҳайвонот ҳастанду вале дар бораи «қишри уламо» ягон асаре нест – ин ҳам тадқиқот аст, вале ба тарзи тӯраҷонзодагӣ. Аммо ҷаноби домулло намегӯяд, ки ин чи гуна тадқиқоти ӯст — илмӣ ё уламоӣ ? Ман, албатта, алами домуллоро мефаҳмам: дар бораи ҳашарот ва набототу ҳайвонот китоб нависию дар бораи «қишри уламо» чизе нанависӣ, ки ин бетартибии том аст. Мебоист «айбдорон» — ро пайдо намуда, онҳоро барои уламоро инкор карданашон сахт ҷазо медоданд, охир чаро онҳо аз хусуси уламо ҳамчун пурмаҳсултарин ва «соҳибону муҳофизони асосии фарҳанг» чизе нанавиштаанд. Хайр, бало ба паси онҳое, ки дар бораи ҳашарот ва набототу ҳайвонот китобу рисола менавиштанду менависанд, вале на дар бораи уламо. Вале чӣ бояд кард бо ихтилофоте, ки Тӯраҷонзода ба онҳо роҳ медиҳад. Вақте ӯ мегӯяд, ки дар бораи ҳашарот… навиштаанду дар бораи уламо нанавиштаанд, бо ин гуфтааш илму олимонро сарзаниш мекунад, ки ба уламо таваҷҷӯҳ накардаанд ва ҳангоме мегӯяд, ки уламо «қишри сермаҳсултарини ҷомеа» ва муҳофизону соҳибони асосии фарҳанги миллианд, ду фикри худро бо ин мутобиқат намекунад ва ба ихтилофоти ҷиддӣ роҳ дода, худаш дар он дармемонад. Илму олимон дар бораи уламо барои кадом қаҳрамонӣ ва корномаҳояшон бояд нависанд? Охир, агар холисона бигӯем, фаъолияту ақоиди уламо ва илм хилофи якдигаранд. Аз рӯи мантиқи Тӯраҷонзода гӯё илму олимон вазифадоранд, ки дар бораи уламо нависанд, гарчи онҳо ҳаргиз вазифадор нестанд, ки дар бораи уламо нависанд, зеро мақсадҳои онҳо мухолифанд. Илму олимон қонунияти холисонаи олам, ҷомеа, фаъолияту тафаккури инсонро таҳқиқ менамоянд, вале уламо ба чизи мавҷуда ва ба он чизи дар воқеият вуҷуднадошта бовар карда, дигаронро ҳам талқин мекунанд, ки бовар кунанд. Тӯраҷонзода ҳамчун рӯҳонӣ илму олимонро айбдор мекунад, ки дар бораи уламо нанавиштаанду наменависанд, вале касе аз олимон ва ягон илм (агар ин «илми» Н. Одилов, Ш.Абдуллозода, З. Наботов, Абдуллои Раҳнамо ва амсоли онҳо набошад) уламоро сарзаниш намекунад, ки дар бораи илм (Худо нигоҳ дорад) ва олимон наменависанд. Хайр, бошад, ором мегузорем онҳоеро, ки дар бораи ҳашарот, наботот ва ҳайвонот китобу рисолаҳо навиштаанду менависанд, на дар бораи «қишри уламо». Вале ман фикр мекунам, ки ин «хатои» дар ҳаққи уламо содиркардаи илму ҷамъиятро метавон ислоҳ кард. Фақат ба шарте ки ҷаноби Тӯраҷонзода тадқиқоти худро дар бораи «қишри уламо» рӯи кор орад. Вале на ба гунаи «тадқиқот – китобхонаравӣ» — и дар боло зикршудаи ӯ ва хотима бахшидан ба «беадолатии бузурги таърихӣ» — и ҷомеа ва илм нисбат ба уламо, яъне нисбат ба «қишри пурмаҳсултарин» — и ҷомеа ва, албатта, аз ҳашарот ва набототу ҳайвонот болотар гузоштани онҳо. Бигузор Тӯраҷонзода дар тадқиқоти ояндаи худ, албатта, на илмӣ, балки уламоии худ, агар он ҷараён гирад, фаромӯш накунаду нишон диҳад, ки набототу ҳайвонот ба одамон, аз ҷумла ба уламо ҳам, чӣ фоида меоранду уламо – чӣ гуна. Ва бигузор боз фаромӯш накунад, ки хӯронидани уламо бе набототу ҳайвонот имконнопазир мегардаду онҳо аз ғизои муҳимтарини таъминкунандаи фаъолияти организм маҳрум мешаванд. Ва бигузор боз фаромӯш накунад, ки уламо, чун ҳамаи мардуми зинда, «арвоҳи пок» не, балки мавҷудоти зиндаи дорои ҷисми физикӣ буда, талаботи гуногун ва мӯҳтоҷ ба маҳсулоти набототу ҳайвонотанд, ки на фақат бо зоҳидии худ зиндагӣ мекунанд ва худро бо он хӯронида наметавонанд. Дар мавриди озурдагии Тӯраҷонзода аз ҳашарот, яъне дар бораи онҳо менависанду дар бораи уламо – не, бояд гуфт, ки ҳашарот на ҳамеша ва на дар ҳама ҷо зараровар аст, аввалан, олимон дар бораи онҳо бо мақсади муҳофизати одамон, аз ҷумла уламо аз ҳашарот ҳангоми хавфнок будани онҳо менависанд, зеро онҳо фарқ намекунанд, ки ту кистӣ: муллои ришдарози тасбеҳбадаст, кӯдаки хурди беҳомӣ, диндор ё бедин ва ё ягон мансабдори баландмақом. Сониян, на ҳамаи ҳашарот зараровар аст, одамонро бо истифодаи онҳо табобат мекунанд, аз онҳо барои муолиҷаи бемориҳо доруҳои гуногун месозанд ва ғайра ва ҳоказо. Ана барои ҳамин олимон дар бораи ҳашарот менависанд. Сипас Тӯраҷонзода бо истинод ба Абдуллои Раҳнамо аз номи ӯ, аз афташ на бо супориши ӯ, мегӯяд: — «Рӯзгори уламои мо ва афкорашон (!) ҳарчи бештар мавриди таҳқиқ бигардад. Яъне уламо қишри таҳқиқнашудаанд. Вале дар айни замон ин ба маънои он нест, ки уламо вуҷуд надошта бошанд. Қишри мавҷуд, воқеӣ, пурмаҳсул (?), вале таҳқиқнашуда». Дар ин ҷо мехостам диққатро ба «уламо – қишри пурмаҳсул» ҷалб намоям, ки Раҳнамо ва Тӯраҷонзода онро такрор намуда, мақоми уламоро дар ҷомеа муболиға карда, онҳоро қишри «пурмаҳсули» ҷомеа мешуморанд. Маҳсулнокӣ ва маҳсулоте, ки гӯё уламо истеҳсол намудаанду истеҳсол менамоянд, иборат аз чист ва Раҳнамою Тӯраҷонзода онро дар чи сурате мебинанд? Маҳсулнокии уламо чи гуна аст, моддию истеҳсолӣ ё динию маънавӣ, (ки онро ба маънавияти инсон, ки иборат аз маънавияти динӣ набуда, зуҳуроти гуногуншаклии беохирро дорост, набояд монанд кард). Агар фаъолияти динию маънавии онҳо ба назар гирифта шавад, пас он тафсирист, гарчи на ҳамеша ба ҳам мувофиқ аст, агар «фаъолияти моддию истеҳсолӣ ва бунёдкоронаи» онҳоро ба назар гирем, пас он баробари сифр аст. Раҳнамою Тӯраҷонзода беҷо аз онҳо «қаҳрамонони даврони мо» месозанд. Халқ хуб медонад, ки онҳо дар омодагирӣ ва роҳандозии ҷанги шаҳрвандии ба қарибӣ рӯйдодаи мамлакат чи гуна қаҳрамонон буданд. Куҷост он мошину дастгоҳ ва олоти дигари меҳнат, ки уламо тавлид кардаанд, кадом техника ва технологияи дигареро ихтироъ кардаанд, ки меҳнати одамонро осон ва маҳсули меҳнатро афзун мекарда бошад, онҳо дар пахтазору ғаллазор кадом ҳосили 20 – 30 сентнериро ҷамъоварӣ намудаанд, ба ҳайси чӯпону чорводор кор карда чӣ қадар шири гову чорворо дӯшида, ба мағозаҳои хӯрокворӣ ва кӯдакистону ширхорагоҳҳо супурдаанд, кадом конҳои маъданро иктишоф намуда, аз онҳо газ, нафт ва нуриҳои минералӣ истихроҷ кардаанд?… Уламо, ки Тӯраҷонзода дар мавридашон бо ҳасад ҳарф мезанад, бо воситаҳои кимиёвии истеҳсолкардаашон, дар куҷо ва чӣ қадар ҳашароти зарароварро нест кардаанд? Ҳама медонад, ки уламо чӣ кор мекунанд ва ба чӣ кор машғуланд, чӣ тавр ва аз ҳисоби кӣ зиндагӣ доранд ва дар ин ҷо ҳатто ҳоҷат ба гуфтане нест. Бигзор Раҳнамою Тӯраҷонзода дурӯғ нагӯянд ва уламоро намунаи қувваи истеҳсолкунандаи ҷомеа нишон дода, мардумро гумроҳ насозанд. Уламо аз рӯи ҳамаи қонунҳои назарияи иқтисодӣ ва иқтисод қувваи истеҳсолкунандаи ҷомеа набуданд ва нестанд, зеро ба меҳнати фоидабахши моддию истеҳсолӣ машғул намешаванд. Тӯраҷонзода, уламои амсоли ӯ ва думравонаш ба халқи поквиҷдони меҳнаткаш талқин мекунанд, ки ҳамеша дар сафи пеши рушди ҷомеаю ҳаётанд, вале дар асл бо ҷаҳонбинию кирдорашон дар қаъри он буда, дар паси ароба қарор доранд. Тӯраҷонзода ба «обрӯи» Раҳнамо истинод карда, суханони ӯро дар бораи он меорад, ки «дар Олмон барои тарбияи уламои динӣ барнома ва буҷаи махсус муқаррар карданд. Зеро барои онҳо муҳим аст, ки насли нави уламо дар чӣ мактаб мехонад, чӣ мехонад ва ба мардум чӣ мегӯяд… Ин масъала масъалаи давлатӣ, сиёсӣ, амниятӣ аст». (Росташро гӯям, ман намедонам, ки Тӯраҷонзода дар ҳақиқат суханони Раҳнаморо меорад ё фикри худашро баён мекунад, зеро манбаъ ва аз куҷо гирифта шудани ин суханонро нишон намедиҳад). Шояд ягон асосе дар мавриди он бошад, ки «насли нави уламо дар чӣ мактаб мехонад, чӣ мехонад ва ба мардум чӣ мегӯяд», вале насли куҳансоли уламо аз қабили Тӯраҷонзода ба тарбияи давлатӣ тан медода бошад, чун худи онҳо мехоҳанд ва даъво доранд, ки «мураббиҳои» мураббиён, «мураббиҳои» ҳам давлат, ҳам ҷомеа ва ҳам халқи меҳнаткаш ва, зиёда аз ин, ягона соҳибу муҳофизи фарҳанги миллӣ бошанд. Дар мавриди нигоҳубини уламо аз ҳисоби буҷаи давлат ягон имконияти розӣ шудан ба хоҳиши Тӯраҷонзода вуҷуд надорад, зеро ин маънои аз ҳисоби давлату халқ хӯронидани онҳоеро дорад, ки худашон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ, яъне дар истеҳсоли воситаҳои таъмини рӯзгор иштирок намекунанд. Нигоҳубини чунин салмаи сақат аз ҳисоби буҷаи давлат ҳеҷ имкон надорад. Он чиро, ки Олмон ва буҷаи давлатии он раво мебинад, Тоҷикистон ва буҷаи давлатии он ба худ раво дида наметавонад. Бинобар ин Тӯраҷонзода бояд иштиҳои худро маҳдуд сохта, уламоро нашӯронад, ки бидуни меҳнати самаранокӣ худ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ зиндагӣ кунанд. Агар дар Олмон уламоро барои ягон хел фаъолияти созандагӣ ва садоқаташон ба давлат аз ҳисоби буҷаи давлат нигоҳубин мекарда бошанд, пас уламои моро дар кадом асос бояд аз ҳисоби буҷаи давлат нигоҳубин кард? Барои мухолифаташон ба давлат, барои он ки онҳо бо кӯмаки хӯҷаинони хориҷиашон дар кишвари орому осоишта ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуда, барои ҳалокати беҳтарин фарзандони халқи худ мусоидат карданд, барои дигар кирдорҳои манфиашон…??? Агар давлат уламоро аз ҳисоби буҷаи худ нигоҳубин кунад, пас ҳамаи одамони босаводу бесавод ва аз нигоҳи дин камсавод роҳи рӯҳоният пеш мегиранду нигоҳубини чунин салмаи сақат ҳам барои давлат ва ҳам умуман барои ҷомеа гарон меафтад. Ҳол он ки бе ин ҳам майли рӯҳониён – уламо барои рӯзгузаронӣ бе меҳнати худ ва аз ҳисоби ҷомеа ва халқ зиёд аст. Бисёр масҷидҳо намехоҳанд, ки пули истифодаи барқ, об ва дигар хидматрасониро пардохт кунанд. «Дар ҳамин ҳол бисёре аз рӯҳониёни шинохтаи минтақа ( минтақаи Қӯрғонтеппа – Э.Ш.) бар он ақидаанд, ки масҷидҳо бо сабаби ибодатгоҳ ва хонаи Худо буданашон на танҳо аз пардохти ҳаққи нерӯи барқ, балки аз андоз ҳам озод карда шаванд» («Нигоҳ», №40 (211), 22 декабри с.2010). «Баъзе рӯҳониёни шинохта» умуман беҳаё шудаанд, онҳо мехоҳанд қишри имтиёзноктарини ҷомеа бошанд, чунон ки Тӯраҷонзода фикр ва исрор мекунад. Вале ин тавр нахоҳад шуд. Боҷу хироҷе ки аз диндорони қаторӣ ҷамъ меоваранд ва он хайроте, ки тоҷирон ва мансабдорони дуздмаром барояшон мекунанд, басанда аст. Дар мавриди аз андоз озод кардани масоҷид бояд гуфт, ки ин талаби беҳаёёнаи «баъзе рӯҳониёни шинохта» аст. Бошандагони «хонаи худо» метавонанд андози «хонаи худо» — и худро пардозанд. Тааҷҷубовар аст, ки чаро ҳамаи шаҳрвандон, ҳамаи муассисаҳо (ҳатто муассисаҳои таълиму тарбия), корхонаю ташкилотҳо бояд андозҳоро супоранду масоҷиду бошандагони онҳо – не. Шояд фардо онҳо боз талаб кунанд, ки барояшон салла, ҷойнамоз, тасбеҳ, зарфи таҳорат ва мошинҳои хидматии шахсӣ харида шавад, ки қарзи муқаддаси худро дар назди Худо ба ҷо оранд. Гӯё ки фақат онҳо дар масоҷид бад зиндагӣ мекунанду одамони дигар аз бекоргардӣ равған мебаста бошанд. Коре ки рӯҳониён мекунанд, бояд беғаразонаю муқаддас бошад, на тайёрхӯрию муфтхӯрӣ. Охир инро худи дин талаб менамояд, ки ба он ҳам диндорони қаторӣ ва ҳам «баъзе рӯҳониёни шинохта» хидмат мекунанд. Бубинем, ки уламо ва «баъзе рӯҳониёни шинохта» боз чӣ гуна нозу даъвоҳо доранд. Аз маводҳои дар рӯзнома чопшудаи конфронси дар боло зикршуда бармеояд, ки ба Тӯраҷонзода чунин савол додаанд: «Шумо, ки, ба истилоҳ, ба ҳукумат наздик ҳастед, имкониятҳои бештаре дар даст доред. Оё вақти он нарасидааст, ки бархе аз уламои исломии Тоҷикистон ҳадди ақал соҳиби унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон гарданд?». Тавре рӯзнома хабар медиҳад, Абдунабӣ Сатторзода «бо ханда гуфт: — Хидмататон арз кунам, ки ман тақрибан 40 сол дар донишгоҳ дарс додам, вале ҳанӯз мушарраф ба унвони аълочӣ нагаштаам. Ин худ ҷавоб аст». Вале ин ҷавоби Сатторзода ба саволест, ки ба Тӯраҷонзода дода шудааст, на ҷавоби худи Тӯраҷонзода. Чаро Сатторзода ба унвони Аълочии маориф мушарраф нашудааст – ҷавобашро бигзор худаш ҷӯяд. Чаро?… Дар атрофи масъалаи дар конфронс бамиёномада гуфтан мумкин аст, демократияи пурраи уламоӣ ва табодули шахсиятҳо ҳукмронӣ дошт: савол ба яке аз уламо дода мешаваду ба он шахси дигар на аз «қишри уламо» ҷавоб медиҳад. Акнун дар бораи асли савол перомуни додани унвони Аълочии маориф ба баъзе уламои «пешбаришуда». Савол аслан хандаовар аст. Агар ба моҳияти он сарфаҳм рафта, ба чӣ кор машғул будани уламо ба назар гирифта шавад, он гоҳ ба савол саволи дигаре пайдо мешавад: ба уламо барои чӣ, барои кадом хизматҳояшон, ки бахши фаъолияти маорифи кишварро пеш бурда, ба қуллаҳои нав бароварда бошанд, унвони Аълочии маориф дода шавад? Агар масъала аз рӯи принсип ва холисона ба миён гузошта шавад, пас фаъолияти аксарияти томи уламо нисбат ба низоми мавҷудаи фаъолияти таълимии давлат манфӣ аст, на мусбат, ки мақолаҳои сершумор дар ВАО, чорабиниҳои ошкорою пинҳоние, ки уламо ва роҳбарону муқаллидони онҳо роҳандозӣ мекунанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Онҳо нақшаҳоеро тарҳрезӣ мекунанд, ки на фақат дар дин, балки дар соҳаи маориф ҳам қувваи асосӣ бошанду онро илоҳиётӣ гардонанд, ҳокимони рӯҳи ҳамаи одамон бошанд, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти маънавии ҷомеа ва хусусан соҳаи маорифро тасарруф намоянд, зеро маориф бахши асосии рақобаткунандаи фаъолияти ҷомеа бо фаъолияти онҳост. Бигзор Тӯраҷонзода ва уламои дигар лаҷоми аспи иштиҳои худро каме кашанд. Дар давлат ва ҷомеа ба қадри кофӣ қувваҳои солиме ҳастанд, ки намегузоранд чунин уламо нақшаҳои худро бобати илоҳиётӣ гардонидани ҳаёти ҷамъиятию муносибатҳои ҷамъиятии мо дар амал татбиқ намоянд ва хоҷагони ин ҳаёту ин муносибатҳо бошанд. Агар кор дар ихтиёри уламо вогузор шавад, онҳо мехостанд, ки низоми мавҷудаи маорифро бо низоми динӣ иваз кунанд. Аслан, барои кадом хидматҳо ба уламо унвони Аълочии маориф дода шавад, магар барои зидди маориф фаъолият карданашон? (Дар ин ҷо, албатта, ман маорифи дунявӣ, илмию табиатшиносӣ, иҷтимоию гуманитарӣ, фарҳангсозиро дар назар дорам). Кадоме аз уламо ё магар Тӯраҷонзода дар низоми маорифи дунявӣ кор кардаанд, ки барои худ унвони Аълочии маорифро талаб мекунанд? Кадоме аз онҳо муддати даҳсолаҳо дар мактаби таҳсилоти умумӣ аз кимиё, физика, физиология, ботаника, математика ё геометрия дарс додааст, кадоме аз онҳо дар донишкадаҳои мамлакат аз ин илмҳо дарс гуфтааст, чанд мутахассиси дорои маълумоти олӣ, дорои дараҷаю унвонҳои илмӣ тайёр кардааст, ки барои худ унвони Аълочии маорифро талаб мекунанд? Оё Тӯраҷонзода ва уламои вай — муддаиёни унвони зикршуда, медонанд, ки ин унвон унвони фахрии соҳавӣ буда, онро Вазорати маорифи ҶТ барои комёбию хидматҳо дар соҳаи маорифи халқ медиҳад, на умуман барои диндорию эътиқоди динӣ. Медонанду бо вуҷуди ин барои худ унвонҳои фахриеро талаб мекунанд, ки барои фаъолияти динӣ, ифротталабии динӣ, дасисаҳои динӣ ё сиёсӣ ва мухолифат дода намешаванд. Дар робита ба ин мехостам як мисол орам. Тӯраҷонзода зимни кадоме аз суханрониаш рози дил кардааст: «Хонумам дар манзил хӯҷаини мутлақ аст. Дар хонадорӣ ва рӯзгор, ҳатто дар таъмири манзил ҳамсарам роҳбарӣ мекунад. Яъне мегӯяд, ки ин корро бикунем ва он корро на», ки барои ин луқмаи хандаовари «Нигоҳ» — ро сазовор гардид: «Мебахшанд, янгамулло дар хусуси вазъи сиёсии кишвар ягон супориш надодаанд?» («Нигоҳ», №7 (230), 5 майи с. 2011). Аз ин беҳтар гуфта намешавад. Худи домулло мехоҳад худро ба ҳайси «роҳбари мутлақи» ислом дар Тоҷикистон бинад. Мақолаҳои сершумори дорои дастуру насиҳатҳои ӯ на фақат ба диндорон, балки ба роҳбарияти мамлакат дар бораи ину он корро кардан ё накардани «масъулини кишвар», ба ин дастуру насиҳатҳои «неки» ӯ пайравӣ намудани ҳама набошад ҳам, аққалан аксарияти мардум, ва дар зиндагию фаъолияташон ба сифати «мақомоти охирин» мувофиқи онҳо амал кардани одамонро хостани ӯ аз ин далолат мекунанд. Ба фикри ман, чунин тақсимот байни ӯ ва ҳамсараш басо одилона аст: хонаро хӯҷаинзан идора мекунаду руҳу қабли одамонро — худи ҷаноби домулло. Аз мақолаҳои сершумор, суханрониҳо ва фаъолияти босуръати Тӯраҷонзода ва ҳамтоёни дигари ӯ чунин бармеояд, ки онҳо дере нагузашта барои аз худ кардани ҳамаи фазои сиёсии Тоҷикистон ва динӣ намудани ин бахши ҳаёти ҷамъиятиамон занони худро ҳам ҳамроҳ мекунанд. Боз як фикри кооперативӣ, яъне муштараки Тӯраҷонзода ва А.Раҳнамо. Домулло Тӯраҷонзода (бори дигар бе нишондоди манбаъ) ба Абдуллои Раҳнамо истинод карда, мегӯяд, ки Раҳнамо «дар он ақида аст, ки модоме давлат миллӣ аст ва давлатдории миллиро бунёд мекунем, сохтан (?), парваридан ва ташаккули уламои муосир, огоҳ ва босавод яке аз масъулиятҳои (?) низоми сиёсӣ ва давлат аст». Мутобиқи ин ақидаи кооперативи хилофи мантиқ барои давлат вазифаи нав – «сохтани уламо» ва «ташаккули уламо» вогузор мешавад. Акнун давлат «уламосоз» ҳам мешавад, зеро «нобиғаҳои муосир» Тӯраҷонзода ва А.Раҳнамо ҳаминро мехоҳанд, чун ҷиддан фикр мекунанд, ки «сохтани уламо» «яке аз масъулиятҳои низоми сиёсӣ ва давлат…» аст. Чи хел уламои танбаланд, ки мехоҳанд давлати дунявӣ онҳоро созад. Вале ин чӣ тавр ба даъвои зикршудаи Тӯраҷонзода мутобиқат мекунад, ки «уламо қишри мавҷуд, воқеӣ, пурмаҳсул. Ҳама онро мебинем, ки ба зиёраташон меравем, андешаҳояшонро мешунавем, вале ҳаёту афкорашон таҳқиқ нашудааст» («Нигоҳ», №51 (222), 28 майи соли 2011). Агар ҳамин тавр бошад, пас чаро боз уламо созем? Охир уламосозӣ кори басо мушкил аст, ҳамин тавр нест? Вале илоҷаш ҳаст: тавре мегӯянд, «танҳо шайтон ноумед». Ман фикр мекунам, ки сохтмони ахлоқию маънавӣ ва сиёсии уламоро давлат ба дӯши худ мегирад, зеро он, мувофиқи фатвои Тӯраҷонзода, «яке аз масъулиятҳои низоми сиёсӣ ва давлат…» буда, сохтмони ҷисмонии уламоро метавон ба Тӯраҷонзодаи «ислоҳотчӣ» супурд. Ва ин бузургтарин бозсозии уламо бо усули Тӯраҷонзода мегардад, чун ӯ на фақат рӯҳонию сиёсатмадор, балки боз саркори уламосоз ҳам мебошад. Акнун дар бораи моҳияти панди ҷаноби Тӯраҷонзода, ки «мо ҳам одамем». Моҳияташ на дар он аст, ки дар Бухоро ӯро ва ҳамсабақони мадрасавиашро одам ҳисоб накарда, худро аз вай канор мегирифтанд (аз афташ, бе асос не) ва на дар «муҳити заҳролуди» замони шӯравист, ки ба фикри ӯ «калимаи рӯҳонӣ… истилоҳи ҳақорат буд, ки дар ҷамъият «ту рӯҳонибача» гуфта, мисле ба дуздбача, ҳаромӣ барин ҳарф мезаданд. Яъне ин қадар муҳитро заҳролуд карда буданд, ки ин хел бачаҳоро ҳеҷ одам ҳисоб намекарданд». Шояд ҳамаи ин вуҷуд дошт, ҳамаи ин гузашт ва ҳамаи инро пас намегардонӣ. Албатта, баъди беш аз 70 сол барои ёдовар шудани онҳо, бардурӯғ ашк рехтан ва ба ҳамаи ин додани тобиши сиёсӣ ҳоҷат нест. Вале чаро имрӯз Тӯраҷонзода ҳамаи инро актуалӣ намуда, ба ҳамааш тобишу рангубори сиёсӣ мебахшад, ки гӯё барои замони мо аҳамияти азалӣ дошта бошад? Вале ҳукуматдорони имрӯза барои ҳамаи он чизе, ки дар гузашта буд, барои ҳамаи он чизе, ки ҷаноби Тӯраҷонзода ва «авлиёҳо» — и амсоли ӯро дар овони кӯдакию ҷавониашон озурда ва таҳқир кардаанд, ягон масъулият надоранд. Ва ман дар ҳамаи он чи, ки Тӯраҷонзода дар ин бобат мегӯяд, муҳимиятеро намебинам. Моҳияти гуфтори «мо ҳам одамем» — и Тӯраҷонзода тамоман дигар аст. Гап сари он аст, ки «мо ҳам одамем» пазмони он мансабҳои баланде шудаанд, ки ӯ аз рӯи тақсимот баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ гирифта, то вақтҳои охир онҳоро ишғол менамуд. Баъди аз даст додани онҳо доираи фаъолияти сиёсиаш ба андозае танг гардид. Аслан гирем, танҳо фаъолияти динӣ барои вай тамоман кам аст, бинобар ин «мо ҳам одамем» басо мехоҳанд, ки боз дар сари ҳокимияту сиёсат бошаду халои сиёсии барояш бамиёномадаро бо ягон роҳ пурра гардонад. Вале, аз афташ, эҳёи эътибори «мо ҳам одамем» аз эҳтимол дур аст. Бо вуҷуди ин ӯ ба ин эҳё умед мебандад, ки сӯҳбати интернетиаш бо хонандагони рӯзномаи «Нигоҳ» (ниг: «Нигоҳ», №10 (233), 25 майи соли 2011) аз ин гувоҳӣ медиҳад. Яке аз хонандагони ин рӯзнома, шояд эҳтиромкунанда – муриди вай, ба ӯ чунин муроҷиат мекунад: «Ҷои Шумо дар сиёсат холист. Баргардед, устод! Боварии комил дорам, ки агар ба ҲНИТ омадед, Шуморо, ҳадди ақал ба ҳайси роҳбари маънавӣ қабул мекунанд. Исломи сиёсии Тоҷикистон ба Шумо ниёз дорад ва бубахшед, аммо назди Худованд посухи инро, ки раиятро во гузоштаед, чӣ гуна хоҳед дод?». Саволи аҷибест, ки мутобиқи он гӯё худи худованд ба сиёсатмадор шуданаш ҳидоят кардааст, агар сиёсатмадори тамоми ҷаҳон набошад ҳам, ақаллан сиёсатмадори «исломи сиёсӣ (дар) Тоҷикистон». Дар робита ба ин саволе ба миён меояд, ки ислом дин аст, ё сиёсат? Агар он дин бошад, пас мафҳуми он чун сиёсат дар чист ва агар он сиёсат бошад, мафҳуми он чун дин дар чист? Аз саволи ба Тӯраҷонзода додашуда мувофиқати аҷибе бармеояд: ислому дин – ислому сиёсат, ки дар натиҷа исломдину исломсиёсат ба даст меорем, монанди исломилм, ки рӯҳониёни ҳозира дар ин бора бисёр менависанду бо исрор мегӯянд. Агар кишвари мо аз нигоҳи техникӣ рушдёфта мебуд, уламо ва пайравони онҳо ҳам исломтехника, ҳам исломтехнология ва ҳам исломуниверсиумро мебофтанд. Наход Тӯраҷонзода намефаҳмад, ки сиёсат чисту дин чист? Дар як вақт ҳам дар сиёсату ҳам дар дин будан, комрон шудан ҳам дар ину ҳам дар он, шӯҳрат ёфтану қаҳрамон шудан ҳам дар ину ҳам дар он имконнопазир аст. Ҷаноби Тӯраҷонзода бояд имкониятҳои воқеии худро ба назари эътибор гирифта, ба вазифаи муқаддаси диндори ҳақиқӣ будани худ бо садоқат хидмат кунад, вале ӯ худро рӯҳонӣ ва сиёсатмадори ортодоксалӣ, асили модарзод ва аз рӯи қавму қабила мешуморад. Вале муллои сиёсатмадор, муллои дасисакори сиёсӣ будан ба шаъни ӯ барин рӯҳонӣ намезебад. Аслан, дини бо сиёсат олудашуда аллакай ба маънои аслии ин мафҳум дин нест, чунон ки ходими сиёсатбози дин ходими носуботи дин аст, зеро дар фаъолияташ чизҳои ба ҳам номувофиқ – дин ва сиёсатро меомӯзаду дар натиҷаи ин на ходими собитқадами дин ва на сиёсатмадори собитқадам, балки ким – кадом таркиби мавҳуми ину он мегардад. биноан дар назди умум тавба мекунад, ки назди Худо гунаҳкор аст. Ҷаноби Тӯраҷонзода аз дину сиёсат «шавлаи муқаддас» — е омода карданӣ мешавад, ки пухтани он ҳам барои ӯ ва ҳам барои уламои дигари пайраваш душвор мегардад. Тӯраҷонзода ба саволи хонандаи рӯзнома чунин ҷавоб медиҳад: «Ман сар то по гунаҳкор ҳастам ва умед аз лутфу раҳмати Худованд дорам, ки гуноҳҳои маро мағфират намояд. Оид ба ин масъала (масъалаи баргаштан ба сиёсат ва ҲНИТ – Э.Ш.) ман намехоҳам ошкоро сӯҳбат кунам. Умед мекунам, ки Шумо маро… мефаҳмед». Ин чӣ маъно дорад? Маънои онро дорад, ки домулло, гарчи дар назди Худо тавба карда, барои гуноҳҳояш аз вай узр мехоҳад, чунон ки инро худи ӯ мегӯяд, вале умеди боз ба сафи ҳокимияту сиёсат омаданро дорад. Ӯ ҳамчун «мусулмони ҷасур» намехоҳад, ки нияташро ифшо намояд, аз афташ, инро барои худ хатарнок мешуморад. Кош Худо чунин «ҷасурон» — ро зиёд ва шояд кам мекард. Муллобаҳсҳое, ки чор сол пеш байни Тӯраҷонзодаю Неъматзода ва ҷонибдорони онҳо ҷой доштанд, бо ташаббуси аввалӣ оғоз ёфтанд. Тӯраҷонзода номи Неъматзодаро нагуфта, роҳбари онвақтаи муфтиётро ба таври истиора таъна мезад, ки ӯ таҳсилоти махсуси динӣ надорад ва бо ин мехост бигӯяд, ки тайёр аст ба роҳбарияти муфтиёт баргардад, зеро таҳсилоти махсуси динии маҳаллӣ не, балки хориҷӣ дорад, ки онро аз худи арабҳои муассиси ислом гирифтааст. Акнун, тавре аз суханрониҳои ӯ дар конфронси зикршуда мушоҳида мешавад, талаб мекунад, ки дар кишвар донишкадаҳои олии динӣ таъсис дода шаванд. Мехост, ки худро чун муллои маърифатноктарини аҳли дин ба ҳайси роҳбари яке аз онҳо бинад. Ин ва далелҳои дар боло овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дили домулло ба мансабҳои баланди ҳам бахши дин ва ҳам бахши сиёсат кашол аст. Дар ниҳоди Тӯраҷонзода чунин тафаккуре ташаккул ёфтааст, ки ба ҳар масъалае, ки даст занад, устувории аз худ мантиқӣ надорад.Тавре дар боло дидем, ӯ уламоро бидуни тақсими онҳо ба гурӯҳҳҳову анвоъ ба ҳар роҳ ҳифз мекард, чунин мепиндошт, ки «ҳуқуқҳояшон поймол мешаванд». Акнун ба тарафи тамоман дигар нақора зада, онҳоро «уламои заиф, хурофотӣ, авомназар ва мактабнагузашта, барои ҷомеа як манбаи бесуботӣ ва низоъ ҳастанд» меномад («Нигоҳ», №51 (222), 9 майи соли 2011). Худи Тӯраҷонзода чӣ гуна аст? Аз ҳамтоҳояшро арзёбӣ намудани ӯ чунин бармеояд, ки вай дар байни онҳо ягона шахсест, ки аз ҳар лиҳоз бар онҳо бартарӣ дошта, хусусияту сифатҳоеро аз қабили («заиф», «хурофотӣ», «авомназар», «азмактабнагузашта») ба онҳо нисбат медиҳад, ки барои худи ӯ (ягона) мутлақо бегонаанд. Ӯ дар байни онҳо махсусу нодиртарин буда, ҳаққи қазоват намудани ҳама чиз ва мавриди баррасӣ қарор додани ҳамаро дорад, ки гӯё Фалак ба вай додааст. Аз афташ, азбаски ӯ ҳамакор, ҳамафаҳму ҳамабин аст, барои ҳамин гуноҳҳои зиёде кардаву акнун тавба мекунад: «Ман сар то по гунаҳкор ҳастам ва умед аз лутфу раҳмати Худованд дорам, ки гуноҳҳои маро мағфират намояд». Вале кӣ ӯро маҷбур сохтааст, ки ин қадар гуноҳи зиёд содир намояд, барои гуноҳҳои ӯ кӣ айбдор аст? Ҳеҷ кас, ба ҷуз худи ӯ. Ба ин иштиҳои носерами вай ҷиҳати даст задан ба ҳама чиз, аз ҳама болотар гузоштани худ, аз ғалбери диди худ гузаронидани ҳама ва ҳамаи масоили динӣ, сиёсӣ ва ғайра айбдоранд. Барои ҳамин ҳам гуноҳи зиёд кардааст. Вале чаро ҳангоми содир намудани ин қадар гуноҳи бисёр аз Худо натарсиду акнун баъди гузаштани вақт тавба мекунад?! Бовар кунед, аслан ҳамаи ин пургӯӣ самараи каҷравиҳои тафаккури бардурӯғи ӯ буда, ба тафаккури мусулмони асил шабоҳат надорад. Дар конфронс аз забони роҳбари ҳизби дин Кабирӣ чунин фикр ба гӯш расид: «Омода кардани сад Ҳимматзода вазифаи танҳо як ҳизб нест. Ҷомеаи мо дар фикри тайёр кардани Ҳимматзодаҳо бошад ва ин Ҳимматзодаҳо дар хизмати давлату (!) миллат». Аввалан, чаро маҳз «сад Ҳимматзода» ва на зиёду на кам? Дар ин маврид маҳак иборат аз чист? Дар омади гап, чаро на «сад Хайём» ё ин ки «ҳазор Сино»? Сониян, оё ин «Ҳимматзодаҳо», агар онҳо тайёр карда шаванд, ба давлат хизмат мекунанд ва чӣ тавр хизмат мекунанд? Аз суханони дар конфронс гуфташуда ва дар рӯзнома дарҷгардида, аз он чизе, ки дар конфронс гуфта шуду Тӯраҷонзода мегӯяд, чунин бармеояд, ки онҳо мехоҳанд «давлат ва миллат» хизмати онҳо ва уламои амсоли онҳоро баҷо оранд, зеро, тавре ки мо дар боло дидем, маҳз онҳо «муҳофизону соҳибони фарҳанги миллӣ» — анд, на каси дигар. Баъд Кабирӣ нуқс доштани фикрашро пай бурда, онро ба таври зайл ислоҳ кард: «Дуруст гуфтанд, ки дигар Ҳимматзода намеояд, на сад, ҳатто як. Манзур дигар чиз буд. Манзур он буд, ки сад нафаре бошад, ки чун Ҳимматзода андеша дошта бошад. Вале аҷиби кор ин аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳам не, дар тамоми дунё доираҳоро ҳукуматҳое идора карда истодаанд, ки як Ҳимматзода (?!) ҳам надоранд. Вале мо бояд аввал садто чунин шахсият омода кунем». Ва, чунон ки мебинем, Кабирӣ боз ба ҳамон фикри аввалааш бар мегардад. Чунинанд уламо ва пайравони онҳо – каҷравиҳои фикр ва тарзи тафаккурашон. Чаро Ҳимматзода барои «тамоми ҷаҳон» зарур аст, охир на ҳамаи ҷаҳон мусулмон аст, Ҳимматзода бошад, фақат дар Тоҷикистон роҳбари мусулмонон буд. Кабирӣ аз куҷо медонад, ки тамоми ҷаҳон ва ҳукуматҳое, ки ин ҷаҳонро идора мекунанд, «як Ҳимматзода ҳам надоранд»? Худи роҳбари ҳизби динӣ Кабирӣ чӣ гуфтанашро намедонад. Ин хандаовар аст. Аз ин бармеояд, ки ба вай муяссар шудааст ҳайати ҳамаи ҳукуматҳои ҷаҳонро омӯзаду аз байни сарварони онҳо ягон Ҳимматзодаро пайдо накардааст. Албатта, сад афсӯс! Тӯраҷонзода зимни мусоҳибааш («Холигиҳои фазои динӣ (??) ба мазҳабҳои дигар (???) роҳ кушод» («Нигоҳ», №8 (234), 11 май с.2011) бо таассуф мегӯяд: «Мутаассифона, аксари занҳои тоҷик дар замони шӯравӣ ва имрӯз низ машғули кор ҳастанд», Вале магар ин бад ё ҷиноят аст, ки занон кор мекунанд? Ин на фақат тааҷҷубовар, балки нафратовар аст! Чаро, аз рӯи кадом қонуну ҳуқуқ занон набояд кор кунанд? Маълум мешавад, ки кадом муллое хоҳиши кор кардани онҳоро надоштааст. Мулло мутлақо ноҳақ аст ва сафсата мегӯяд. Дар тамоми ҷаҳони мутамаддин кору меҳнат кардан ҳуқуқи табиию конститутсионии зан аст. Ба иллати ин хел аз қонун берун ба миён гузоштани масъала, яъне занон набояд кор кунанд, — даҳҳо масъалаҳои дигари дорои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавию ахлоқӣ ва сиёсӣ ба миён меоянд, ки дар ин ҷо, мутаассифона, имконияти муфассал мавриди баррасӣ қарор додани онҳо нест. Тӯраҷонзода ва пайравони ӯ фаромӯш кардаанд, ки дар асри ХХ1, дар давлати дунявӣ зиндагӣ доранду боз мехоҳанд занонро аз ҳуқуқи асосиашон — ҳуқуқ ба меҳнат маҳрум созанд. Оё худи занҳо мехоҳанд, ки меҳнат накунанд? Тӯраҷонзода ҳарчанд дар сухан саршори эҳсон нисбат ба занон бошад ҳам, ҳазорон заноне ҳастанд, ки мехоҳанд меҳнат кунанд ва муҳимаш ин, ки кор накарда наметавонанд. Охир меҳнат кардан талаботи табиӣ ва амалӣ намудани имконоти худ, зуҳуроти ҳаёти инсон аст. Тӯраҷонзода ба занон чӣ гуна зиндагӣ карданро фармон медиҳад, вале оё ӯ метавонад бе меҳнат барои онҳо ҳаёти мӯътадилро фароҳам орад, онҳоро бе меҳнати шахсиашон хӯронад, модом талаб мекунад, ки онҳо меҳнат накунанд. Вай мехоҳад аз худ ҳомии «муқаддас» — е созад, ки онҳоро гӯё бо «рӯҳи муқаддас» хӯронида, ҳаёту фаъолияташонро фароҳам оварда метавониста бошад. Тӯраҷонзода бемантиқ мулоҳиза ронда ва худашро ҳам рад мекунад. Тавре дар боло дидем, ӯ, аз як тараф, таассуф мехӯрад, ки «занҳои тоҷик дар замони шӯравӣ ва имрӯз низ машғули кор ҳастанд, ҳол он ки онҳо набояд кор кунанд», аз ҷониби дигар, исбот мекунад, ки исломро беҷо тӯҳмат мекунанд, вақте мегӯянд, ки «тибқи шариати ислом… занон ҳаққи кор надоранд». Охир, ба кадоме аз ин гуфторҳои Тӯраҷонзода бовар кунем? Дар ин ҷо ӯ ё худро ба ислом шабоҳат медиҳад, ё ҳарза мегӯяду бояд ба бемантиқии худ иқрор шавад. Баъд мегӯяд, ки «тибқи шариат занҳо ҳаққи кор кардан доранд». Агар ҳамин тавр бошад, пас чаро Тӯраҷонзода зидди кор кардани занон мебарояду мегӯяд, ки «касе ҳақ надорад, ки онҳоро ба кор кардану пул ёфтан маҷбур намояд». Хуллас, Тӯраҷонзода побанди бемантиқии худ шуда, аҳли ҷамъият, хусусан занонро ба роҳи иштибоҳ меандозад! Тӯраҷонзода умуман бо мантиқ созиш надорад. Аз як тараф, худро ҳомию муҳофизи ҳуқуқҳои занон нишон дода, аз тарафи дигар, ба кору меҳнат кардани занон муқобил мебарояд. Хуллас, ҳам мебураду ҳам медӯзад. Аммо, худи ӯ чун мулло, нисбат ба дӯхтан бештар мебурад. Мебурад ҳамаи он чиро, ки ба нуқтаи назар, эътиқод ва иштибоҳҳои шахсиаш мутобиқ нестанд, медӯзад ҳамаи он чиро, ки мувофиқ ба ақидаю эътиқоди шахсиаш ҳастанд ва онҳоро аз номи ислом қаламдод мекунад. Вале магар ислом меҳнатро инкор мекунад? Тасаввур кунем, ки зан (занон) бидуни хоҳиши худ бо фарзандони ғайри қобили кораш бева мондаасту Тӯраҷонзода барин ҳомӣ надорад. Дар чунин ҳолат ва ҳазорҳо чунин ҳолатҳо чӣ тавр метавон зидди меҳнати зан баромад? Агар Тӯраҷонзода чунин унсурҳои воқеъияти ҳаёти одамонро ба назар нагирад, бигзор ҳарзагӯӣ накунад. Тӯраҷонзода аз кор кардани занон таассуф мехӯрад, вале ӯ ҳарчанд худро ҳомии ҳуқуқҳои занон тарошад ҳам, бе меҳнат ва фаъолияти худи онҳо ягон проблемаи рӯзгорашонро ҳал карда наметавонад, ба ҷуз ҳарзагӯии пучу беҳуда, ки боз як оқилтарошии «муқаддас» — и ӯ аз ин шаҳодат медиҳад: «Дар замони мо мубориза бар зидди ислом аз тарафи душманони он ва ҳатто аз тарафи мусулмонон (?), дӯстони нодони ислом хеле зиёд шудааст». («Нигоҳ», №8 (231), 11 майи с.2011). Домулло мантиқи аҷиб дорад: «дӯстони исломи… зидди ислом муборизабаранда», вале ин оқилтароширо дар мавриди «дӯстони ислом – душманони ислом» чӣ хел бояд фаҳмид? Шояд бо усули тӯраҷонзодагӣ, на дигар хел. Танҳо дар ҳамин мантиқи уламоӣ аз дӯстон метавон душман сохт, на дар ягон мантиқи дигари солим.Барои мо шавқовар аст бидонем, ки Тӯраҷонзода киҳоро «душманони ислом» эълон кардааст ва чаро ӯ ба унвони «мусалмони ҷасур» аз ин душманон ном намебарад? Ҷасорати вай куҷо шуд? Наход фикр мекунад, ки ҳамаи касоне, ки бо ақоиди вай мувофиқ нестанд, мунофиқанду «душмани исломанд»? Вале ҳанӯз ислом Тӯраҷонзода ва Тӯраҷонзода ҳанӯз ислом нест. Мутобиқи теъдоди зиёди мақолаҳою мусоҳибаҳо ва суханрониҳои Тӯраҷонзода, вай байни худу ислом айният мегузорад, ба ҳар ҳол байни худу исломи роиҷ дар Тоҷикистон фарқе намебинад. Ин ҳам боз яке аз гумроҳии «муқаддаси» ӯст, ки аз назари мусалмонӣ низ қобили қабул нест. Вақте Тӯраҷонзода худро «мусалмони ҷасур» меномад, хешро дар як ҳолати ноҳинҷор қарор медиҳад. Бино бар аҳкоми дин ҳамаи мусалмонон дар пеши Худо баробаранд ва фармонбардори Худованданд. Аммо Тӯраҷонзода бо илҳоқи таъбири «мусалмони ҷасур» ба шахси хеш, худро аз дигарон бартар медонад, ҷойгоҳи хешро нисбат ба дигарон волотар меҳисобад, зеро дигарон мусалмонҳои оддию қаторианду танҳо ӯ миёни онҳо ҷасуртарин аст. Албатта, дар ин ҳол ҷасорати ӯ чун инсон, чун шаҳрванд бо худхоҳиву ҳавобаландӣ табдил мешавад. Оё Худованд чунин густохии вайро мебахшад? Охир ӯ байни бандагони Худованд ягона «мусалмони ҷасур» аст. Таъбири «мусалмонзодагон», ки Тӯраҷонзода дар суханрониҳо кор мефармояд, низ аҷиб аст. Домулло як нуктаи оддиро намефаҳмад, ки инсонҳо аз батни модар мусалмону насрониву калимиву саҳёнисту буддоӣ ва ғайра таваллуд намешаванд, балки дар раванди ҷамъиятиву таърихии ҳаёт ва бино бар шароит ҳамчун намояндаи ин ё он дин ташаккул меёбанд, метавонанд бо зӯр ва ҷабран аз дине ба дини дигар гузаранд. Тоҷикон хам қабл аз зуҳури ислом мисли халқҳои дигаре, ки исломӣ шуданд, мусалмон набуданд, балки дини худ — зардуштияро доштанд. Бигузор Тӯраҷонзода ҳар гуна нуқтаи назарҳои носолиму «хеле фарох» — и худро як сӯ гузорад. Ҳофизаи таърихии мардуми мо ханӯз зинда аст. Ҳеҷ як бовару эътиқод, бовару эътиқод ба дин ё ғайридин, аз тариқи шири модар ба мағзи инсонҳо ҷой намегирад ва авлод ба авлод интиқол намеёбад. Домулло бояд бидонад, ки аҷдоди дури вай мусалмон набуданд, балки иродатманди оини дигар буданд. Бале, ислом ба домулло ва ҳамдиёрони ӯ аз тариқи хун мунтақил нашудааст, балки динест, ки онҳо таърихан қабул кардаанд. Тӯраҷонзода таърихро бо хун иштибоҳ мегирад ва бо истифодаи таъбири «мусалмонзодагон» гуфтанист, ки тоҷикон аз рӯзи азал мусалмон будаанду мусалмон зода шудаанд, гӯё ҳеҷ гуна Осиёи Марказиро забт кардани арабҳо ҳеҷ гоҳ набудааст. Тӯраҷонзода воқеаҳои таърихан маълуми ҳуҷуми аъробро ба Хуросону Мовароуннаҳр, ки дар тасвири он даҳҳо китоб дар он солҳо тасниф шуда буданд, фаромӯш мекунад ё амдан ба назар намегирад ва хешро ба сифати «назарияпардоз» — и ҷадиди дин дар Тоҷикистон намоён месозад. Агар Тӯраҷонзода ҳақиқати таърихии он замонро эътироф мекард, ба шаклу тарзи густариши ислом аз ҷониби аъроби истилогар тан медод, ки бадавиён аз назари фарҳанг аз аҷдоди дури ӯ ба маротиб дар зинаҳои поин қарор доштанд, имрӯз аз номи онҳо ба мардуми тоҷик «панду андарз» намегуфт. Ҷанги бародаркушии солҳои 90 – уми асри гузашта дар кишвари мо яке аз кӯшишҳои Тӯраҷонзода ва уламое амсоли вай, ҳамчунин пуштибонони хориҷии онҳо буд, ки бисёре аз манотиқи кишварро ба вайрона табдил доду боиси марги бештар аз дусад ҳазор нафар тоҷик ва мӯҷиби оворагии садҳо ҳазор нафар ҳамдиёрон шуд. Ба ин домуллои дурӯя, ки гоҳе чун сиёсатмадор, гоҳе чун мубориз, гоҳе чун рӯҳонии сулҳҷӯй зуҳур мекунад ва дар айни замон мехоҳад, ки ҳам рӯҳонӣ, ҳам сиёсатмадор, ҳам «назарияпардоз» бошад, мардум дар фурсати муносиб ба тарзе гуноҳашро ёдовар мешаванд ва гуноҳони уламоро низ. Дар ин робита ман бори дигар изҳори пушаймонии домуллоро иқтибос меорам: «Ман сар то по гунаҳкор ҳастам ва умед аз лутфу марҳамати Худованд дорам, ки гуноҳҳои манро мағфират намояд» («Нигоҳ», №9 (232), 19 майи с.2011). Зимнан, домулло ба шакли мавҳум хоҳиши мағфират мекунад, гуноҳҳои худро мушаххасан баён намесозад, намегӯяд, ки барои кадоме аз онҳо аз Худованд мағфират мепурсад. Шояд баёни мушаххаси гуноҳҳо барояш шармовар бошад? Аҷибаш ин, ки домулло чунин мағфиратхоҳиро дар ду шумораи «Нигоҳ» иброз доштааст. Худованд гуноҳони ӯро мебахшад ё намебахшад, ин кори Худои мутаъол аст, аммо оё мардум, ҳамватанон ӯро барои ҷанги шаҳрвандӣ, ки яке аз саркоронаш буд, мебахшанд? Тӯраҷонзода мехоҳад дину сиёсатро ба ҳам омезад ва аз махлути онҳо чизе ягона созад, ки ин гумроҳист. Рӯҳонӣ — сиёсатмадор ё сиёсатмадор — рӯҳонӣ, инҳо ба ҳам ҷӯр намеоянд, на ин ва на он сиёсату динро ба ҳам омехта, на дар дин ва на дар сиёсат пайгир буда наметавонад. Дар таърих дине набудааст, ки бо сиёсат ҳамаҷониба ҳамрадиф бошад ва сиёсате ҳам вуҷуд надоштааст, ки бо дин аз ҳар нигоҳ муодил буда бошад, чунки вазифаву ваҷиба ва аҳдофи онҳо дигаргун будааст. Аммо Тӯраҷонзода бар ин бовар аст, ки ӯ метавонад омехтаи дину сиёсатро ба вуҷуд орад. Чунин сиёсат ва орзуи ӯ рӯёб нахоҳад шуд. Рӯҳонӣ — сиёсатмадор Тӯраҷонзода, ки дар ҳаққи худ суханони «мусалмони боғайрату бономус» — ро ба забон гирифтааст, гилаву шикоят мекунад, ки дар Тоҷикистон «меъёрҳои шариатро аз ҳаёти ҳаррӯзаи мо дур кардаанд» ва агар «духтарони мо ва амсоли мо дар донишгоҳҳои мо таҳсил намекунанд, айби мо нест, айби масъулини кишвар аст (?!), ки ба хотири ҷорӣ намудани анъана ва расму оини ғарбиҳо шуда ва ба хотири розӣ кардани онҳо (?) аз худ садҳо, шояд ҳазорҳо духтарони мусулмони тоҷикро аз таҳсил маҳрум кардаанд (?)»; «Имрӯз… ҳуқуқҳои диниашон поймол мешавад… Хусусан имомхатибони бечора. Ҳар ҳафта як бор дар маҷлисҳои се — чор соатаи шаҳру навоҳӣ дар қатори дигар «чиновникҳо» иштирок мекунанд ва баъзан мавриди таҳқиру масхара қарор мегиранд, … вақтҳои охир дар бораи бесаводиашон масъулин онҳоро мазаммату таҳқир мекунанд. Ба муҷарради зикри номашон (дар ҷаласа – ред.) бояд рост хезанд ва то иҷозаи шиштан ба онҳо надиҳанд, ҳаққи нишастан надоранд»; «мансабдорони мо фикр намекунанд, ки имомхатибон корманди давлат, маошхӯр ва зердасти онҳо нестанд, ки онҳоро ҳар вақт се – чор соат дар маҷлисҳои худ нигоҳ доранд». Насиҳатфурӯшии «хирадмандона» — и Тӯраҷонзода, ки дар боло зикр шуд, замзамаи «худ бо худ» аст. Дар мавриди мазмуну оҳангҳои ин гуфтаҳои рӯҳонии сиёсатмаоб аз мусоҳибаи ӯ таваққуф намекунем. Аммо ба баъзеи онҳо, ки аз ҳадди эътидол берун рафтаанд ва бо воқеият мутобиқат надоранд, ҳамчунин даъвиҳои шахсии домуллоро, ки аз номи тамоми уламо зикр мекунад, ифода месозанд, муносибати худро баён менамоям. Аз даъвоҳои домуллои мазкур ин иддао, ки гӯё садҳо, шояд ҳазорҳо духтарон аз таҳсил маҳруманд, зеро «масъулини кишвар» ба анъанаи Ғарб пайравӣ мекунанду онҳоро аз худ розӣ кардан мехоҳанд, ситезакорона ва тоқатфарсост. Ба домулло барои сиёҳ кардани «масъулини кишвар» дар ин мавзӯъ истидлоли бештар гирд овардан лозим аст, то имтиёзҳои зиёди сиёсӣ ба даст орад ва сафсатагӯӣ накунад. Тӯраҷонзода – «мусалмони боғайрату бономус» чӣ мехоҳад? Ӯ мехоҳад, ки давлат нисбат ба уламо бетарафии комилу бетарафовутиро ихтиёр намояд. Яъне, бигузорад, ки ба онон ҳатто дар сурати қонуншиканӣ ҳам чизе нагӯяд ва дар кишвар дар муносиботи давлату дин харҷу марҷ ҳукмфармо бошад ҳам, касе аҳамият надиҳад. Аммо ин «нонсенси муқаддас» мутобиқ ба сабки тафаккури Тӯраҷонзода аст. Масалан, чаро дар сурате, ки уламо бар хилофи меъёрҳои қонун мактабҳои пинҳонии ибтидоии динӣ таъсис мекунанду ба онҳо кӯдакони маъсумро ҷалб менамоянд ё мадрасае бидуни сабти ном ва гувоҳномаи давлатӣ созмон медиҳанд, давлат аксуламал нишон надиҳад ва тадобири марбута қабул нанамояд? Хар як мулло, қатъи назар аз сатҳи дониши динӣ, дар он минтақае, ки муллоӣ мекунад, ба сифати ҳокими рӯҳу дили инсонҳо рафтор менамояд, дар ин ё он мавзӯъ фатво медиҳад, сарфи назар аз усулу меъёрҳои ҷомеа ва ҳаёти дунявӣ дастур медиҳад ва мефармояд: «он чиро, ки ман мегӯям, иҷро намоед ва танҳо ба гуфтаҳои ман гӯш фаро диҳед». Дар чунин ҳолат чӣ бояд кард? Ҳеҷ яке аз уламо ба одамон, бахусус ба ҷавонон талқин намекунад, то донишҳои илмию фанниро фаро бигиранд. Бар акси ҳол, ҳар яке аз онҳо манфиатдор аст, ки ҳамаи мардум бо иродат ё бидуни иродат кӯр-кӯрона диндор бошанд ва ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмии динӣ меъёри ҳокими ҷаҳонбинӣ дар тамоми бахшҳои зиндагиву фаъолияти аксари мардум бошад. Пӯшида нест, ки 70 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот иқомат дорад ва дар иҷтимоъ, умуман, дар рӯзгори рӯзмарра муллопарастиву муллосолорӣ ҳукумфармост. Кормандони ниҳодҳои давлатӣ вақте бар зидди чунин муллосолорӣ тадбирҳои қонунӣ қабул мекунанд, кори дурустеро анҷом медиҳанд. Чаро дар чунин ҳолатҳо, ки дар бораи онҳо рӯзномаҳо низ зиёд менависанд, уламо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ даъват намешаванд ва аз эшон бозпурсӣ намекунанд, ки чаро қонуну қоидаҳои ҷомеаро риоят наменамоянд, ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд? Чаро онҳоро ба ҷаласаву машваратҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияву шаҳрҳо даъват намудан ва масъалаҳои марбут ба фаъолияти масҷиду мадрасаҳо ва вазъияти динӣ дар маҳалҳоро баррасӣ кардан имкон надошта бошад? Тӯраҷонзода дар ин замина вазъиятро пуршиддат ҷилва медиҳад, ҳамкасбони худро пуштибонӣ мекунад ва чунин мешуморад, ки онҳо аз сӯи ниҳодҳои ҳукуматӣ тазъиф ва таҳқир шудаанд. Ба андешаи ман, ӯ дар ин маврид ба сӯиистифода даст мезанад. Аммо дар мавриди дигар дурӯғ мегӯяд ва ҷомеаро раҳгум месозад, зеро чунин мефармояд: «Духтарони мо ва амсоли мо дар донишгоҳҳои кишварамон таҳсил намекунанд, айби мо нест, айби масъулини кишвар аст (?), ки ба хотири ҷорӣ намудани анъана ва расму оини ғарбиҳо шуда (?) ва ба хотири розӣ кардани онҳо (?) аз худ садҳо, шояд ҳазорҳо духтари мусулмони тоҷикро аз таҳсил дар донишгоҳҳо маҳрум кардаанд (?), уболи нахонданашон дар гардани онҳо аст». Он чи ин ҷо «мусалмони покиза ва ҷасур»- ҷаноби Тӯраҷонзода изҳор медорад, касеро бетафовут намегузорад, зеро ӯ дар ин гуфтаҳо аз доираи одобе, ки ба ҳар мусалмон, хусусан бо уламо бояд хос бошад, берун меравад ва бидуни истидлол ба таҳрифкорӣ мегузарад. Вақте Тӯраҷонзода мегӯяд, ки масъулини кишвар «садди роҳи таҳсили духтарони тоҷик мешаванд», киро дар назар дорад? Ба гумони ӯ «масъулини кишвар» киҳоянд ва чаро ин «мусалмони ҷасур» ҳеҷ нафареро аз ин масъулин ном намебарад ва ба онҳо бо суханони хушку холӣ ҳамлавар мешавад? Худо аз чунин «ҷуръат» нигоҳ дорад. Кадоме аз «масъулини кишвар» барои таҳсили духтарони тоҷик дар донишгоҳҳо монеъа эҷод мекунад? Дар донишгоҳ таҳсил кардану соҳиби тахассус шудан ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванд аст ва ҳеҷ яке аз он «масъулин» садди ин роҳ нашудааст ва дар тамоми бахшҳои низоми таҳсилоти кишвар ба духтарон дониш омӯхтанро манъ накардааст. Чунонки аз мусоҳибаи Тӯраҷонзода бармеояд, ӯ ин низоми таҳсилиро ба сурати исломӣ дидан мехоҳад ва аз сӯи дигар, мехоҳад, ки дар ин низом фармонраво ва қонунгузор бошад. Тӯраҷонзода «сабаб»-и онро, ки чаро «садҳо ва ҳазорҳо духтари тоҷик аз имкони таҳсил дар донишгоҳҳо маҳруманд», ба таври худ ҷустуҷӯ намудаву дарёфтааст. Аз назари вай «сабаб» чунин аст: «ҳукуматдорон (духтаронро) маҷбур мекунанд, ки бе ҳиҷобу бе сатр бошанд». Бубахшед, Тӯраҷонзода ба сифати дасисакори ҳирфавӣ мардумро ахмақ мешуморад. Ҳар фарде, ки бихоҳад ва лаёқати онро дорад, метавонад бо сатру бо ҳиҷоб ва бидуни онҳо ҳам дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил кунад ва соҳиби таҳсилоти олӣ шавад. Баҳсу мунозираҳое, ки аз тарафи рӯҳониён, аз ҷумла Тӯраҷонзода ба миён меоянд, дур аз ҳоҷату маънианд. Ҳазорҳо ва ҳазорҳо духтарони тоҷик бидуни сатру ҳиҷоб ҳам машғули таҳсиланд ва дар риштаву тахассусҳои гуногун соҳиби таҳсилоти миёнаву олӣ мешаванд. Зимнан, онҳо отифаи хоси зан ва моҳияти инсонии худро гум накардаанд. Моҳияти таҳсил дар шакли либоси толиба ё донишҷӯ ифода намеёбад, балки дар мазмуни воқеӣ ва равиши ҳадафманди таҳсил муҷассам мегардад. Ин ҳадаф аз таълиму тарбия ва бомаърифат кардани инсон ба сифати ходиму хидматгузори ҷомеъа, парвариши фард ва ҳомили муносибатҳои ҷамъият, ки моҳияти ин муносибатҳоро дарк мекунад ва тибқи усулу меъёрҳои он зиндагӣ менамояд, иборат аст. Касе, ки танҳо дар доираи тасавуроти динӣ зиндагӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ фарди аз ҳар нигоҳ комили ҷомеа ва ҳомили муносибатҳои иҷтимоӣ буда наметавонад, зеро ин муносибату равобит танҳо аз муносиботи динӣ иборат нестанд. Аммо Тӯраҷонзода муносиботи диниро дар раъси муносиботи ҷамъиятӣ ва ҷомеа дидан мехоҳад. Ҳатто дар кишварҳои сирф мусалмонӣ ё исломӣ давлат ба шаҳрвандони худ имкони таҳсили илмҳои дунявии табиатшиносӣ, дақиқ, фаннӣ, технологӣ, ҷомеъашиносӣ ва ғайраро фароҳам меорад. Зимнан, чунин таҳсилот дар ин гуна давлатҳо нисбат ба таҳсилоти динӣ бартар маҳсуб мешавад, чунки ин давлатҳо хуб мефаҳманд, ки бидуни чунин фаъолияти таҳсилотӣ, яъне парвариши мутахассисон наметавонанд рушд намоянд. Як лаҳза ба худ тасаввур кунед, ки таҳсилот, чунонки Тӯраҷонзода ва шариконаш меҳоҳанд, фақат аз таҳсилоти динӣ иборат бошад. Пас чунин таҳсилот дар роҳи рушди ҷомеаи муосир чи пайомаде метавонад дошта бошад? Ба андешаи ман, посухи ин суол барои ҳама фаҳмост, аммо ба ҷуз Тӯраҷонзода ва амсоли ӯ. Худи онҳо ба нозукии ин масъала чандон сарфаҳм намераванд. Домулло Тӯраҷонзода, ҳамчунон ки аз мусоҳибаи ӯ «Мо ҳам одамем» бармеояд, мехоҳад бар сари тамоми Тоҷикистон динро бинишонад, кишварро бо он сер кунад, рушди замонавии иҷтимоӣ, илмиву фаннӣ ва фарҳангии ҷамъиятро таъмин намояд. Аммо ин ҳарзагӯӣ ба сабки Тӯраҷонзода аст. Тӯраҷонзода ба занону духтарони тоҷик пӯшидани либоси замонавиро манъ менамояд, дастур медиҳад, ки онҳо дорои сатру ҳиҷоб ва пероҳани халтамонанде бошанд, ки аз замони истилои Осиёи Марказӣ аз тарафи аъроб боқӣ мондааст. Аъроб маҷбуран ба рӯзгори мо ва қавмҳои дигар баробари чизҳои ғайр шакли либосро низ ворид кардаанд. Тӯраҷонзода мехоҳад занҳои кишвари мо ҳиҷобу сатру пероҳанҳои ниҳоят дароз дошта бошанд… Аммо худаш палто, костюм, кулоҳи аврупоӣ, галстук мепӯшаду дар мошинҳои хориҷӣ сайр мекунад, мехоҳад, ки аз ин мошинҳо чандто дошта бошад, дар назди дурбини синамову телевизион худнамоӣ кунад, хешро дар оинаи ҷаҳоннамо, дар саҳфаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бубинад, дар манзари шохаҳои шукуфони дарахтон акс бигирад. Ё худ, чунонки дар рӯзномаи «Нигоҳ» (№ 10, 25 майи с.2011) ба назар мерасад, домулло дар ҳоли нишастан дар чавки гаронбаҳо бо либоси аврупоӣ ва дар манзари гулдастаи зебо акс гирифтааст, вале ба дигарон талқин менамояд, ки либоси хоси асри 6-уми мелодиро ба тан кунанду бо кӯмаки мафҳумҳои замони зуҳури ислом андеша ронанд, ба усуле, ки миёни тоҷикон маҷбуран ҷорӣ намуда буданд. Тӯраҷонзода, аз як сӯ, мехоҳад худро дар ҳама ҷиҳат шахси ниҳоят замонавӣ нишон бидиҳад, вале аз сӯи дигар, ба дигарон тарзи зиндагии архаистии арабҳои асри 7-8-ро талқин мекунад. Пас ин «эшон» аз риёкор чӣ камӣ дорад?! Мунофиқии ӯ дар он зоҳир мегардад, ки домулло ҳамаро ба парҳез аз фарҳанги аврупоӣ даъват менамояд, аммо худ аз ҳар чизи аврупоӣ рӯй наметобад: на аз телефону радиою телевизион, на аз телефони мобиливу электроникаву барқу интернет, на аз мошинҳо. Дар асл ҳамаи ин унсуру дастгоҳҳо нишонаҳои фарҳангу тамаддуни Ғарб аст. Домуллои «ҷасур» — и мо сафари ҳаҷро савори маркаб ё шутуре анҷом намедиҳад ё ба ин тариқ ба кишварҳои арабӣ назди пешвоёни худ намеравад, балки аз ҳавопаймо истифода мекунад. Маълуми ҳамагон аст, ки худи Тӯраҷонзода, уламо ва аъроб, ки ӯ ихлосманди эшон аст, амсоли он чиро, ки зикр шуд, ихтироъ накардаанд, ба мардум чунин кашфиётро эҳдо нанамудаанд ва чунин чизҳоро ихтироъ карда ҳам наметавонанд. Тӯраҷонзода менолад, шиква мекунаду ашк мерезад, ки «дар солҳои ахир дунявигароёни мо … аз воситаҳои давлатӣ (?) истифода бурда, онро (?) ба мардум таҳвил мекунанд. Баъзеашонро аз қабули қонунҳо ва баъзеи дигарро аз тариқи супоришҳои шифоҳии ғайриқонунӣ». Хандаовар аст. Чаро давлат набояд қонунҳо қабул кунад, охир қабули қонунҳо вазифаи муҳимтарини давлат аст. Магар домулло намедонад, ки агар чизе ба манфиати давлат таҳдид намояд, давлат бояд ин хатарро дур кунад ва дур накарда наметавонад, дар сурате, ки ин хатар хавоси динӣ дошта бошад, зеро дар акси ҳол вазифаи муҳимтарини худро наметавонад иҷро намояд. Албатта, домулло ин нуктаро дарк мекунад, вале ин ҷо ҳам ба ҳилаву найранг рӯй меорад. Боз ба яке аз муҳокимарониҳои Тӯраҷонзода диққат мекунем: «ҳукуматдорон (духтаронро) маҷбур мекунанд, ки бе ҳиҷобу бе сатр бошанд. Табиист, ки дар ин ҳолат духтари боимон ҳиҷобро аз таълим боло медонад», Агар ин ҳол «табиист» ва агар ин духтар «сатру ҳиҷобро аз таълим боло медонад», пас ин ҷо ҳукумат чӣ ҷурм дорад? Дар воқеият ин духтар ва духтароне амсоли вай ин тасмимро бино бар иродаи худ ва бар асоси эътиқоди хеш қабул мекунанд. Мехостам бори дигар зикр намоям: ин «мусалмони ҷасур ва поквиҷдон» оё дарку эҳсос мекунад, ки набарди интиқодии ӯ бо давлат ва ҷомеаи дунявӣ тамоман натиҷаи аксро ба бор меорад, оё медонад, ки қоидаи танқид робитаи ҷавобӣ ё худ акси садо дорад ва барои вай ҷаннатро ваъда намедиҳад. Домулло аз матои дин барои тамоми бахшҳои зиндагию фаъолияти инсон ва ҷомеа, хусусан барои соҳаи омӯзишу парвариш, Қонуни асосӣ тадвин кардан мехоҳад. Мусоҳибаи Тӯраҷонзода нуктаву андешаҳои дигари барғалат низ дорад, ки зимнан онҳо мухолифи ҳамдигаранд ва ман пас аз ин аз таҳлили васеи онҳо парҳез менамоям. Дар робита бо чанд андешаву муҳокимаронии домулло, ки пеш аз ин иқтибос овардам, баъзе хулосаҳоро баён медорам. Тӯраҷонзода аз фаҳмиши ҳар гуна тарзи дигари зиндагиву фаъолияти инсон ба андозае озод аст, ки дар ин фаъолияту зиндагӣ ба ҷуз динӣ будан, диндорӣ ё ҷанбаи динӣ чизи дигарро пайдо кардан наметавонад ва танҳо дар андешаву назарҳои динии худ тамоми мазмуни зиндагии инсон ва моҳияти онро дармеёбад. Вай тамоман ба тарзи нодуруст фикр мекунад, ки бар заминаи гумроҳии ӯ кадом як воқеият вуҷуд дорад, аммо дар асл чунин чиз дар ақидаҳои вай мавҷуд нест, балки фақат гунаҳкорсозии беистидлоли ҳама кас ва ҳар чиз ба мушоҳида мерасад. Бале, ин гунаҳкорсозӣ аз ҳамин қабил аст: аз ҷаноби домулло ҳеҷ ҳақиқатеро, ки ба кадом чизи воқеӣ мутобиқат дошта бошад, интизор будан ғайримкон аст. Вай танҳо худ ва амсоли худро қонунгузор ва донандаи тамоми ҳақиқат мешуморад, гӯё фақат онҳо «офарандагони фарҳанг», «ҳомилон ва посдорон» — и маданияти тамоми мардуманд, Албатта, ин хатои маҳзи ӯст. Мутаассифона, домулло дар ниҳоди худ неру ва ҷасорате пайдо карда наметавонад, то гумроҳи «қудсии» хешро эътироф намояд. Агар мо бо гуфтаву андешаҳои Тӯраҷонзода мувофиқа намоем, фарҳанг дар чӣ ҳол қарор мегирад? Агар бо ӯ мувофиқ бошем, фарҳангро ба ихтиёри уламои дин бисупорем? Посух ё хулоса худ аз худ равшан аст. Ин фарҳанг ба ҷуз дини уламо чизи дигаре нахоҳад буд, чунки барои Тӯраҷонзода дин танҳо марбути уламост. Ӯ фикр мекунад ва мутмаин аст, ки бо кӯшиши вай динро дорандаи ҳама чиз, ҳама арқом, ҳамаи ҷараёнҳо ва қонунмандиҳо кардан мумкин аст, ки дар табиат, таърих ва ҷомеа ба назар мерасанд. Тӯраҷонзода гуногуншаклӣ ва гуногунтаркибии тазодҳоро дар ҳаёти ҷомеа ва муносиботи ҷамъиятӣ дарк карда наметавонад, аз сӯе ба сӯе мекалавад, ҳеҷ наметавонад аз доираи гумроҳиҳои «қудсӣ» — и хеш берун барояд ва зимнан ин гумроҳиҳоро ба сифати «ҳақиқати охирин» ё «хотимат – ул – ҳақиқат» муаррифӣ мекунад. Албатта, аз мулло чизи бештар аз инро интизор будан маҳол аст. Барои Тӯраҷонзода тамоми ҳаёти инсон, фаъолият ва муносибатҳои инсонӣ намои динии ҳаёт, фаъолият ва муносибот аст. Ӯ дар фаҳмиши ғайримутобиқи худ ҳаёт, фаъолият ва муносиботи ҷамъиятиро маҷбур месозад, то дин бошанд. Дар назари «қудсӣ» — и домулло инсонҳо ба «рӯҳҳои муқаддас» табдил меёбанд ва ӯ ба мо шаҳодати эътимодбахш медиҳад, то бидонем, ки аз нигоҳи «қудсӣ» — и вай, яъне нигоҳи муллосолорӣ одамони воқеӣ, инсонҳои эмпирӣ онҳое, ки эҳтиёҷманди ҳамаи неъматҳои ҳаётанд, мӯҳтоҷи арзишҳои фарҳангианду фақат бо эътиқоди динӣ зиндагӣ намекунанд, дар назди «рӯҳҳои муқаддас» ба маротиб пасту хору залиланд. «Мусалмони ҷасур» Тӯраҷонзода аз дин ҳастии бевоситаи инсон ва инсониятро месозад, динро ба меъёри асосии ҳаёти инсон ва ҳастӣ табдил медиҳад ва инро комилан табиӣ ва аз нигоҳи уламо комилан қонунӣ меҳисобад. Вай тафовути байни ҳастии воқеиву рӯзмарраи инсонҳо ва динро бо эҳсоси бисёр ногувор дарк мекунад. Дин (манзурам: дини ислом) ҳамон тавр, ки 15 қарн пеш аз ин буд, ҳаст ва моҳиятан ( ба ҷуз баъзе аз ислоҳҳои ворида тибқи талаби замон) усулу аҳкоми он бидуни тағйир боқӣ мондааст. Лекин ҳаёти башар, фаъолияти инсон ва муносиботи байни инсонҳо дар тӯли ин муддат дар роҳи такомули мутлақ ва дигаргуниҳо қарор доштанд. Дар қарни инқилоби илмию фаннӣ ва дигаргуниҳои ҷаҳонӣ, ки ҳаёт ва фаъолияти инсонҳоро ба таври бунёдӣ тағйир додаанд, одамонро ба тарзи зиндагии 15 қарн пеш аз ин ва тибқи меъёрҳои он ба зистан маҷбур кардан кори оқилона нест. Тӯраҷонзода фарқу тафовути байни ҳастӣ ва динро ба тарзи ногувор эҳсос менамояд. Аз ин рӯ, бисёр мехоҳад, ки тамоми раванди ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дин мутобиқат намояд ё худ аз дин иборат бошад. Худатон қазоват кунед, оё хостаи Тӯраҷонзода имконпазир аст? Шумо ӯро дар доираи дин маҳдуд кунед, маҷбур кунед, ки фақат дар дин ва барои дин зиндагӣ намояд, ҳастии худу ҷаҳони худро аз дин бисозад. Дере намегузарад, ки дар ниҳоди вай рӯҳу рӯҳоният, қобилияти додани дастурҳои «қудсӣ» ба танг омадаву ӯро тарк мекунанд, худи ӯ низ шояд тарки дунё намояд. Дар иртибот ба теъдоди зиёди мақолаҳои Тӯраҷонзода дар саҳифаҳои рӯзномаҳо, суханрониҳои вай дар мавриди муносибатҳои байни давлату дин, дину ҷомеа, ӯ худро дар ин мавзӯъву масъалаҳо салоҳиятманди беназир меҳисобад, гоҳе ба таҳлилгари «қудсӣ» мубаддал мешаваду ба сифати тоҷири дин зуҳур мекунад, зеро вай дар ҳар инсон фақат фардеро мебинад, ки бо фиреб ҷалб карданаш осон аст, ҷараёни зиндагии ӯро бо дин марбут сохтан мумкин аст, вале домулло дар ниҳоди ин фард ягон чизи дигари воқеӣ, муҳим ва мушаххасро ба ҷуз дин намебинад. Тӯраҷонзода шикоят мекунад, ки уламо ва имомхатибонро ба ҳар гуна идораҳои давлатӣ даъват мекунанд ва мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд. Уламо ва имом — хатибон «ҷонишинони Аллоҳ дар Замин» нестанд, балки қабл аз ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонанд ва давлат ҳақ дорад, то онҳоро ба сабаби баъзе рафтори онон, ки муғойири манфиатҳои давлат аст ё мухолифи қонунгузории давлатӣ дар масоили динист, бозпурсӣ намояд. Домулло Тӯраҷонзода мехоҳад аз худ, уламо ва имомхатибон дар дохили давлат давлати муллосолорӣ бисозад. Лекин ӯ ва шариконаш бояд ҷойи худро бидонанд ва ба сифати афроди рӯҳонӣ бо кори худ машғул шаванд, мисли Тӯраҷонзода ба сиёсатмадорӣ шуғл наварзанд, ба мисли касе, ки бар асоси андешаву фикрҳои барғалат ва бар заминаи радди он чи ба ин ақоид мувофиқат надорад, мехоҳад ҷамъияту давлати нави муллосолории тоҷикиро бунёд намояд. Барои ӯ дарднок ва ранҷнок аст, зеро тамоми он чизе, ки вай дар борааш сухан меронад ва ҷаҳд мекунад, на дар воқеият, балки дар ақоид ё тасаввури ӯ рух медиҳад, дар ақоиде, ки дар фарози воқеият муаллақанд ва сарфи назар аз ҷаҳду ҷидоли вай ба ҳеҷ тарзе ба воқеият мубаддал намешаванд. Домулло дар ҳар зуҳуроти наве, ки дар зиндагии ҷомеаи муосири тоҷик ба вуҷуд меояд, тазодеро бо дину мухолифатеро бо ақоиди худ мебинад, чизеро мушоҳида мекунад, ки гӯё ғайриҳақиқиву бегона аст; ба назари ӯ гӯё ин падидаҳои нав дар мубоқибили ислом қарор мегиранд, дар муқобили исломе, ки барои домулло тамоми ҳақиқати ҷаҳон аст. Оё дар замони мо тоҷикон ба насиҳатҳову нишондодҳои ҷаноби Тӯраҷонзода пайравӣ намуда, дар маҳдудаи дур аз таъсири иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии дигар халқҳои ҷаҳон зиндагӣ карда метавонанд? Чаро ӯ дар ин хусус фикр намекунад ва мехоҳад, ки халқи худро дар маҳдудаи фарҳангии ҷудо аз ҷаҳони берунӣ нигоҳ дорад, мардумро дар тангнои динӣ қарор диҳад. Гарчанде ин «мусалмони ҷасур» ҳар қадар ҷасорати хешро тавсиф намояд ҳам, аммо дилу рӯҳи ҳамватанони худро дар зирбаки динӣ дам андохта наметавонад, зеро онҳо афроди зиндаву ҳушёранд, дигаргун мешаванд, рушд мекунанд. Бино бар муқобилати Тӯраҷонзода бо давлати мавҷудаи Тоҷикистон метавон хулоса кард, ки домулло ин давлатро динсолору хешро дар тахти он дидан мехоҳад. Бо ин таъбир мехоҳам бигӯям, ки Тӯраҷонзода ва шариконаш ҳеҷ гоҳ аз орзӯи деринаи худ – исломигардонии Тоҷикистон рӯй наметобанд. Тӯраҷонзода ва шариконаш барои он ки мӯъҷизае бикунанд, яъне аз дин давлат бисозанд, ба ҳар гуна найрангу чоплусӣ ва таҳрифи вазъияти мавҷудаи кишвар даст мезананд, тавсияю нишондодҳои «қудсӣ» — и худро ҷиҳати ислоҳи вазъ дар қолаби динӣ ироа менамоянд, ҳукуматро ба даст гирифтан ва дар кишвар идораи муллосолориро истиқрор кардан мехоҳанд, аммо дар зоҳир чунин вонамуд мекунанд, ки ба онҳо ҳукумате ҷуз ҳукумати илоҳӣ бегона аст, лозим нест. Бешак, дурӯғ мегӯянд. Агар ин гуна нест, пас муборизаи шадиди онҳоро дар давраи интихоботи парламент ва ниҳодҳои маҳаллии ҳокимият чи тавр маънидод кардан мумкин аст, муборизаеро, ки аз назари мусалмонӣ покизаву шаффоф шумурдан душвор аст. Тӯраҷонзода худро тақрибан фарди аввали дин дар Тоҷикистон эълон намуда, динро меъёру ченаки ҷараёни зиндагии ҳар як инсон маҳсуб мекунад. Ба ибораи дигар, аз ҳар фарде фарди дин месозад. Аммо на инсон барои дин, балки дин барои инсон вуҷуд дорад. Барои инсон ғайр аз дин фазоҳои дигари вуҷуд доштан, зиндагӣ ва фаъолият кардан мавҷуд аст, ки онҳо муҳиму таъйинкунандаанд ва бидуни онҳо дин наметавонист зуҳур кунаду арзи ҳастӣ намояд. «Инсони барои дин» инсонест, ки бояд бо худи худ бошад, вагарна дар акси ҳол моҳияти инсонии хешро гум мекунад, моҳиятеро, ки фақат бо дин муртабит нест. Тӯраҷонзода ҳатто фикр намекунад, ки инсоне вуҷуд дорад, ки бо такя ба ду пои худ рӯи замини мудаввар истодааст ва бо дин айнияте надорад. Домулло аз Одам Одамуддин месозад, дар сурате, ки он Одам дорои ҳазору як ваҷибаву вазифаву дархосту тақозову талаб аст, зиндагии вай паҳлуҳои гуногунро дорост, нисбат ба ҷаҳону амсоли худ муносибатҳое дорад, ки ҳамаи ин фақат дар доираи тафаккури динии ӯ имкони ғунҷоиш надорад. Тӯраҷонзода ба айнияти тасаввуфии дину инсон пофишорӣ мекунад. Домулло Тӯраҷонзода дар чунин гиру мони масъала, чунонки ба қаллобон (мистификаторҳо) хос аст, ҳама чизро сарозер мегузорад. Яъне динро бар сари инсон мегузораду аз мавқеи дин зиндагӣ ва моҳияти башарии инсонро муайян мекунад ва чунин як тарҳи Одамуддинро ба усули тақаллубӣ эҷод менамояд, ки Одамуддини мазкур ба «тарҳ» — и табиӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон мувофиқат надорад, яъне ба ташаккул ва рушди ҷисмонӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон мутобиқ нест. Айнияти қалбакии дин ва инсон ҳам аз нуқтаи назари илмӣ ва ҳам аз нигоҳи «ҷараёни воқеии рушди таърихии инсон» мутлақан қобили қабул нест. Инсон дар тарҳи динии Тӯраҷонзода на гузашта, на имрӯз ва на оянда дорад ва на дар гузашта, на имрӯз ва на дар оянда тағйир наёфтааст ва тағйир нахоҳад ёфт, зеро худи ин инсон дин аст. Тӯраҷонзода аз ин инсон чунин буданро тақозо мекунад. Аммо инсон дар ин гуна дин набояд мазмуну маънии ҳаёт ва моҳияти инсонии худро биҷӯяд, балки ин ҳамаро дар ҷараёни воқеии зиндагӣ, ки дар ҳамаи тағйироту падидаҳояш бо дин айният надорад, бояд ҷустуҷӯ намояд. Инсоне, ки барояш олами эҳсос ва олами инсонии шахси ӯ ба дин мубаддал шудааст, аз назари маънавият низ камбизоат аст, зеро маърифату маънавият танҳо аз дин иборат нест. Тӯраҷонзода ҳама гуна маърифатро марбути дин медонад. Дар кишвари мо озодии дину эътиқодро эълом доштаанд. Мутаассифона, барои баъзе аз «пешвоёне» мисли Тӯраҷонзода дин ба афзори ситезаҷӯӣ дар ҳаёти ҷамъиятии аҳли кишвар табдил ёфт, яъне динро ба омили бесуботии ҷомеа мубаддал сохтанд. Тӯраҷонзода дар ҷомеаи муосири тоҷикон чиро дӯст медорад? Худро дӯст медорад, андешаҳои номуносибу номутобиқи хешро дӯст медорад, даромадҳоеро дӯст медорад, ки аз корхонаҳои мутааллиқ ба ӯ ба даст меоянд. Албатта, динро ҳам дӯст медорад, аммо на он динро, ки ончунон боиставу шоиста ҳаст, балки динеро дӯст дорад, ки дар таҳайюли ӯст, ба ақидаи ӯ мувофиқ аст, ҳатто ба нишондодҳои аз назари дин бесаводонаи вай мутобиқат дорад. Ба ҳамин сабаб ҳам Тӯраҷонзода байни дину сиёсат, байни ин ҳар ду ва андешаю ақоиди «фарохдоман» — и худ доиман мекалавад. Муҳокимарониҳои Тӯраҷонзода баъзан номушаххасу бемаънианд ва ӯ ҳатто намефаҳмад, ки дар давлатҳои исломӣ ва исломигардида сиёсати давлат бар асоси соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ ва муносиботи ҷамъиятӣ, ки барои давлат моҳиятан муҳиманд, танзим мешавад. Онҳо муҳимтар аз насиҳату раҳнамудҳои Тӯраҷонзодаанд. Агар фаъолияти давлат ва сиёсати он фақат дар пояи дин сурат мегирифт, ин гуна давлат умуман аз байн мерафт. Ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷое ва ҳеҷ касе давлат ва сиёсати онро бар пояи дин насохтаву танзим накардааст. Аммо Тӯраҷонзода чунин давлат сохтан мехоҳад ва ба дигарон талқин мекунад, ки чунин кор мумкин аст. Ин танҳо таҳайюл ва дурӯғи ӯст, зеро маҳз бар пояи дин сохтани давлат имконнопазир аст. Чаро? Барои он, ки дин ҷараёни моддию истеҳсолӣ, зербинои моддию техникӣ, вуҷуди воқеии муносибатҳои ҷамъиятӣ (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар замони мушаххас) маҳсуб намешавад. Тӯраҷонзода фарқи байни ҷомеа, давлат, сиёсат ва динро бояд бифаҳмад. Ҳаёҳуйе, ки домулло дар мавзӯи муносибот миёни дину давлат ба роҳ андохтааст, дар асл ҳадафи ҳимояи динро надорад, балки ҳадафи ӯ аз ин сару садоҳо таъйини мавқеи худ чун шахси аввал дар дин ва бо истифода аз ин мавқеи баланд — таҳмили иродаи худ ба ҷомеаву давлат аз номи дин аст. Моҳияти асосии «ранҷ кашидан» — ҳои моҷароҷӯёнаи домулло Тӯраҷонзода дар ҳамин ифода меёбад. Дар робита бо ин нуктаи дигаре низ таваҷҷӯҳро ҷалб мекунад: ҳангоме ки домулло дар мақоми баланд (ҷонишини сарвазир, намояндаи парлумон) буд, аз назари дин чандон фаъол набуд, чунон ки имрӯз ҳаст. Вақте аз ин мансабу мақом канор рафт, бештар аз ҳад фаъоли динӣ шуд. Барои чӣ? Фақат барои обрӯю эътибори шахсии худ, на барои дин, балки зери ниқоби дин. Таъкиди домулло бар он, ки «танҳо уламо посдору ҳомили фарҳанги миллӣ ҳастанд», чи маънӣ дорад? Ин ба ҷуз ғалати маҳз ва гумроҳии «қудсӣ» — и ҷаноби Тӯраҷонзода чизи дигаре нест. Биёед, як лаҳза бо ин истидлоли рӯҳонии ситезакор розӣ шавему бигӯем, ки ӯ ҳақ аст ва « фарҳанги миллӣ ғайр аз уламо эҷодкорону офарандагони худро надорад». Аммо чунин «хирад» маънии онро хоҳад дошт, ки тоҷикон дар илму фан, адабиёту санъат, дар соҳаҳои дигари фарҳанги миллӣ ба ҷуз уламои дин равшанфикроне надоранд. Аммо уламои тӯраҷонзодасифат осори адабиёти бадеӣ, театру синамо, мусиқӣ эҷод накардаанд, чун Фирдавсӣ, Айнӣ, М.Турсунзода, М.Қаноат, Ш.Лоиқ, Б.Собир ва садҳо дигар офарандагони фарҳанги миллии тоҷик достон, роману қисса иншо нанамудаанд. Ҳеҷ яке аз уламо хизмате чун хизмати М.Қосимов, А.Муҳаммадҷонов, М.Собирова, Ҳошим Гадо, ки образҳои бузурги адабиёту санъати ҷаҳониро офаридаанд, анҷом надодааст. Тӯраҷонзода кадоме аз уламоро метавонад ба забон бигирад, ки ба қадри хидмати худ дар назди фарҳанги миллӣ бо ин гуна намояндагони бузурги фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ баробар шуда тавонад? Домулло мутлақо ҳеҷ касро ном бурда наметавонад, аммо бо берӯӣ, бешармӣ ва ба таври маснӯӣ худ ва уламоро ба маснади қаҳрамонони фарҳанги миллӣ ҷой медиҳад. Агар ӯ худро «мусалмони ҷасур» ва уламоро «ягона посдорону ҳомилони фарҳанги миллӣ» меномад, вале эҷодкорони ин фарҳангро шаккоку ғайриэътимод нисбат ба ин фарҳангу ояндаи он мешуморад, пас ӯ барои чунин «ифшогарӣ» шарм бояд дорад. Набарди кунунии «муқаддас» — и Тӯраҷонзода алайҳи равшанфикрони миллӣ идомаи усулии он тактикаи уламоист, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бар зидди зиёиёни миллӣ тарҳрезӣ шуда буд ва он солҳо чаҳор академик, теъдоди зиёде аз донишмандон, рӯзноманигорон ва намояндагони дигари фарҳангиён кушта шудаанд, бинои Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ду дафъа оташ зада шуд, аъмоли дигари ношоиста анҷом ёфт. Дин дар ҷомеа зуҳур кард ва вуҷуд дорад ва он дини инсон аст. Тӯраҷонзода чӣ мехоҳад? Мехоҳад аз он ҷомеа ва инсон бисозад, фарди ҷомеа ва одам офарад. Ин дар ҳолест, ки масъала тамоман дар пояи дигар қарор дорад. Фаҳмишу идроки дин, ҷомеа, давлат ва инсон аз мавқеи Тӯраҷонзода ба иллати бесаводии ӯ нисбат ба ҷомеа, давлат, инсон ва дин тамасхуре беш нест. Ҷаноби Тӯраҷонзода, бидонед, ки сиёсат адои ибодату намози ҷумъа нест, балки маҳаки ба маротиб мураккаби ҳаёти ҷамъиятист, ки онро фақат бо дин андоза гирифтан имконнопазир аст. Дин чист? Бовару эътиқод ва иродат ба Худованд, бовар ба дунёи охират ва бовар ба ҳаёти инсон дар он дунёст. Сиёсисозии бовару эътиқод ба Худованд, бовар ба ҳаёти он дунё, сиёсисозии иродати поки динии мардум аз назари дин низ амали разилона аст. Эҳсони Шаъбонӣ.

Май 21, 2012 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад