АНМН бо киҳо амалиёти минтақавии зиддимухаддиротӣ мегузаронад?

Апрель 9, 2014 10:23

Душанбе, 8.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Яке аз омилҳои муҳиме, ки барои муборизаи бомуваффақияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо қочоқи маводи мухаддир зарур аст, ин табодули доимии иттилооти фаврӣ байни сохторҳои дахлдори дигар кишварҳо мебошад. Дар ин самт диққати зиёд ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки барои рушди он заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мустаҳкам гузошта шудааст, дода мешавад. Вазорату идораҳои ҶТ, ки назорати муомилоти маводи нашъадорро амалӣ менамоянд, доимо бо ҳамкасбони хориҷии худ ҳамкорӣ мекунанд.
Дар тӯли беш аз 20-соли даврони истиқлолият, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати муомилоти маводи нашъадор бо 17 давлати ҷаҳон созишномаҳо, аз ҷумла бо ҳамаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба имзо расонида аст. Дар асоси онҳо мақомоти салоҳиятдори ҶТ зиёда аз 20 созишнома ва протоколи байниидоравӣ ба имзо расонидаанд.
Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  сарҳади тӯлонӣ дошта, дар роҳи фурӯши маводи нашъадор давлати транзитӣ ба шумор меравад ва барои барқарор намудани алоқаи устувор бо мақомоти салоҳиятдори Афғонистон диққати махсус медиҳад. Баъд аз барҳам хӯрдани низоми «Толибон» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои агентӣ яке аз аввалинҳо шуда, дар миёни кишварҳои хориҷӣ ба рушди ҳамкориҳо бо мақомоти салоҳиятдори ҶИА оғоз намуд. Соли 2002 Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои муттаҳидаи сарҳадии Вазорати мудофиаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расид.
Солҳои минбаъда Созишномаи байниҳукуматӣ (2005) ва як силсила  ҳуҷҷатҳое, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои ояндадор мусоидат намуданд, ба имзо расиданд, ки яке аз шаклҳои он давра ба давра ифтитоҳ гардидани намояндагиҳои АНМН дар шаҳри Кобул ва чор вилояти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади ҶИА мебошад.
Дар зиёда аз 10 соли давраи ҳамкорӣ тибқи иттилои афсарони алоқаи агентӣ дар Афғонистон аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҶИА 226 амалиёт гузаронида шуд. Оид ба натиҷаҳои онҳо беш аз 16 тонна маводи нашъадор, аз ҷумла 1977 кг героин, 12644 кг афюн ва 1435 кг гурӯҳи бангдона мусодира шуда, 295 шахсе, ки дар муомилоти он даст дошт, дастгир ва фаъолияти 52 лабораторияи истеҳсоли героин қатъ карда шуд.
Фаъолияти афсарони алоқа танҳо бо гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар ҳудуди Афғонистон маҳдуд намегардад.
Тибқи иттилооти пешниҳоднамудаи афсарони алоқаи АНМН дар ҶИА, дар соли 2013 кормандони агентӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ду амалиёт гузарониданд, ки дар натиҷаи онҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ 43,255 кг маводи нашъадор, аз ҷумла 20, 501 кг афюн ва 22,754 кг ҳашиш мусодира гардида, ду шаҳрванди ҶТ ва ду шаҳрванди ҶИА, ки ба қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул буданд, дастгир шуданд.
Моҳи майи соли 2013 афсарони алоқаи АНМН дар ҶИА дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо усули «Таҳвили назоратшаванда» амалиёт гузарониданд. Амалиёт дар масири «Покистон-Афғонистон- Тоҷикистон-Чин» гузаронида шуда, дар шаҳри Гуанчжоу хотима ёфт. Дар натиҷа 3,5 кг героин мусодира гардида, ду шаҳрванди Нигерия, ки аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ ба шумор мерафтанд, дастгир  шуданд.
Ҳамагӣ дар давоми ҳамкории агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон аз соли 2000 то имрӯз 26 амалиёти муштарак гузаронида шудаанд, ки дар натиҷаи онҳо 384,6 килограмм  маводи мухаддир, аз ҷумла 185,7 килограмм  героин, 96,5 киллограм афюн ва 102,3 килограм маводи мухаддири гурӯҳи бангдона мусодира шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 747 килограмм  маводи мухаддир мусодира гардид, ки аз ҷумлаи он 252 килограмм  героин ва 222 килограммашро афюн ташкил медиҳад.
Дар якчанд соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Русия 31 амалиёти муштаракро амалӣ намуданд. Дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 414, 63 кг маводи мухаддир, аз ҷумла 376,3 кг маводи афюнӣ мусодира гардид.
Дар соли 2013 кормандони ВКД ва АНМН ҶТ якҷоя бо ВКД ва ХФНМН Федератсияи Русия 9 амалиёт, аз ҷумла бо усули «Таҳвили назоратшаванда» гузарониданд. ки дар натиҷаи онҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ 110,2 кг маводи мухаддир мусодира шуд. Бояд зикр кард, ки қисмати зиёди маводи мухаддири мусодирашударо героин — 96,7 кг ташкил медиҳад.
Дар натиҷа, шурӯъ аз соли 2000, дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои минтақа бо мақомоти салоҳиятдори Афғонистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон 469 амалиёти байналмилалӣ гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 19,5 тонна  маводи мухаддир,  аз ҷумла 17,3 тонна  маводи мухаддири гурӯҳи афюнӣ мусодира шуд.
Ҳамкориҳои зиддимухаддиротии минтақавӣ дар амал самаранокии худро нишон дода, ба идомаи устувор, ки ба тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда равона гардидааст, ниёз доранд.
 
 
 

Апрель 9, 2014 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад