Интернет: ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ

Апрель 25, 2014 13:50

Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, имрӯз интернет барои рушди илму фарҳанг ва пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Имрӯз шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундгарона, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон ба таври васеъ истифода мешаванд.
Бобати ҷиҳатҳои мусбат ва таъсири манфии интернет ва истифодаи босамари он Баҳром Мирсаидов, докторанти  ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров чунин ибрози ақида намуд: Шабакаи умумиҷаҳонии интернетро ягон нафар идора карда наметавонад. Он беинтиҳо буда, ҷиҳати хубаш гирифтани дониш аст. Яъне, имрӯз ин шабака ба як манбаи бузурги дониш табдил ёфтааст. Дар он китобҳо, корҳои илмӣ, дисертатсияҳо, хабару мақолаҳо, ки фарогири мавзӯи рӯзанд, ба тарзи электронӣ ҷой дода шудаанд. Бар замми ин, дар интернет сайтҳое мавҷуданд, ки ҷиҳати экстремистӣ дошта, фарогири зуҳуроти номатлубанд. Ҳамчунин он расмҳо ва видеороликҳое, ки дар интернет ҳастанд, ба ахлоқи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд.
Маъмури Юсуфзод, роҳбари шуъбаи иттилоот ва таҳлили ДДХ пешниҳод намуд, ки: «Аз ҷониби масъулон сомонаҳои ғайриахлоқие, ки дархӯри миллати мо нестанд, ба хотири ҷилавгирӣ ва роҳ надодан ба косташавии ахлоқи ҷавонон бояд маҳдуд шаванд. Дар кори мақсаднок истифода намудани интернет аз ҷониби ҷавонон нақши ҷомеа ва давлат низ бояд муассир бошад. Хуб мешуд, дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ як марказ таъсис ёфта, фаъолияти шабакаи интернет зери назорат қарор гирад».
 Тоҷибой Султонӣ, ки омӯзгор аст, чунин андеша дорад: «Ҳангоми дарс аз як гурӯҳ донишҷӯён пурсидам, ки бештар аз кадом сомонаҳо истифода менамоянд,  80 фисад дар посух гуфт, бо «Одноклассники» бештар сару кор доранд». 
Аммо ҳастанд ҷавононе, ки шабакаи интернетро ҳамчун воситаи хубу қулай ва фаврии ба даст овардани иттилоот истифода менамоянд. Ҳар чизе, ки ба вуҷуд меояд, ҳам ҷиҳати мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Дар интернет баробари расм ва видеороликҳои бемазмун, инчунин китобҳо, корҳои илмӣ ва маълумоте мавҷуданд, ки донишҷӯён метавонанд ба китобхона нарафта, барои омода намудани супориши устодон аз он истифода намоянд. Пас саволе ба миён меояд, ки оё ҷои китобро интернет гирифта метавонад?
Нилуфар Бобоева, донишҷӯи курси 4-и факултети молия ва қарзи ДПДТТ дар ин бора чунин гуфт: «Хамагон медонем, ки шабакаи интернет бо қувваи барқ фаъол аст ва вақте ки барқ хомӯш мешавад, он низ хомӯш мешавад. Аммо китоб ҳама вақт дар ҳар шароит дӯсту мададгори мост ».
Рухшона Тоирова, муҳассили Коллеҷи тиббии шахри Хуҷанд мегӯяд: «Агар дар кишварҳои Аврупо тавассути шабакаи интернет маблағ дарёбанд, дар кишвари мо як тоифа шахсон барои истифодаи интернет маблағ сарф мекунанду ба худ чизе намегиранд. Имрӯз ҷавонон баробари нишастан дар нақлиёт тавассути телефони мобилӣ ба интернет пайваст шуда, суҳбат мекунанд».
Вақти он расидааст, ки ҷиҳатҳои манфии шабакаи интернетро ба мардум фаҳмонем ва роҳҳои истифодаи дурусти онро омӯзем. 
 
 
 
 
 

Апрель 25, 2014 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст