Номаи саркушодаи Абдунабӣ Сатторзода ба Мӯъмин Қаноат

Апрель 17, 2014 17:09

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Номаи саркушодаи Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик, ба Мӯмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон.
«Устоди гиромӣ, салом.
Азбаски ба шахсият ва фаъолияти адабии Шумо барои хидматҳои бузургатон дар нав кардани шеъри муосири тоҷикӣ ва рушди минбаъдаи он эҳтироми хос дорам, солиёни дароз аст, ҳар чизе, ки менависеду мегӯед ва ё дар бораатон дигарон менависанду мегӯянд, мутолиа мекунам ва гирд меоварам. Шунида будам, ду сол пештар китоби наватон “Ёддоштҳо ва бардоштҳо” (2012) чоп шудааст, вале онро бо вуҷуди пурсуҷӯ дар китобфурӯшиҳои Душанбе пайдо накарда будам. Ба наздикӣ онро аз дасти дӯсти донишманде барои чанд рӯз ба орият гирифтам ва хондам.
Китоби “Ёддоштҳо ва бардоштҳо”, бидуни таоруф, китоби хонданист ва сарчашмаи боэътимодест барои шинохти дурусти шахсият ва фаъолияти густурдаи адабию фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Шумо, муҳити маънавию табиӣ ва таърихи мулки зебоманзари Дарвоз, ки бино бар гуфтаатон, “шеър дар он аз мақоми мумтоз бархӯрдор буд” (Маҷ. “Истиқбол”, № 07-09 (703), 2013) ва Шуморо ҳамчун шоир ба воя расонидааст, ҳамчунин муҳимтарин падидаву равандҳои адабие, ки дар 50 — 60 соли охир дар адабиёти тоҷикӣ зуҳур намудаанд. Ин китоб шоистаи он аст, ки ба таври ҷудогона нақд ва баррасӣ шавад.
Аммо ман ҳоло танҳо дар бораи як навиштаатон дар он китоб мулоҳиза ронданиям. Шумо навиштаед, ки: “Дар Панҷакент, водии Зарафшон, ки хостгоҳи Одамушшуаро Рӯдакӣ аст, баъд аз устод Рӯдакӣ то замони Шӯравӣ танҳо як шоир баромадааст – Туғрали Аҳрорӣ. Як шоире, ки девон дорад. Ман дар аҷабам, ки чаро ин тавр аст? Ин падида як амри ғайритабиӣ нест, ки дар ватани Одамушшуаро дар тӯли ҳазор сол шоир набошад? Мардум як дафъа бояд андеша кунанд, ки сабаби ин амр чист? Албатта, суханварони кӯтоҳдасттаре буданд, вале ин ҷо сухан аз бузургони шеър аст. Дар аҳди шоҳони Дарвоз дар ин водӣ шаст шоири соҳибдевон буд. Ҳар кадомашон дар ҳунари шеъру суханварӣ ҳампояи Туғраланд… Ҳар кадомашон бо се сабк – сабки хуросонӣ, сабки бухорӣ ва сабки ҳиндӣ шеър гуфтаанд. Сабки чорумаш ба лаҳҷа ва шеваи худашон. Бо чор сабк шеъри озода ва содда мегуфтанд, ки ин дар муҳити адабиёти мо як падидаи нодир аст. Сабки ҳиндиашон аз Зуфархони Ҷавҳарӣ, аз Туғрал кам нест, сабки хуросониашон ҳам дар баробари шоирони хуросонӣ аст, сабки бухороияшон ҳам дар пояи Шавкати Бухориву Ҳайрату ҳамон шоирони Бухоро аст. Сабки маҳаллишон сабки ҳуввият ва асолати худашон аст. Кадом шоир дар як замон бо чор сабк шеър гуфта метавонад?” (С. 49 – 50).
Ду сол пештар аз чопи китоби ёдшудаи Шумо пажӯҳишгари ҷавон, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Маҳмадшо Маҳмадшоев дар асоси сарчашмаҳои адабию илмии мӯътамад, монанди “Тазкиратушшуаро”–и Мутрибии Самарқандӣ, “Тазкиратушшуаро”–и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, “Афзалуттазкор фӣ зикри шуаро валашъор”–и Афзал Махдуми Пирмаст, “Намунаи адабиёти тоҷик”–и Садриддини Айнӣ ва ғайра, “Тазкираи шоирони Зарафшон”–ро дар Хуҷанд ба табъ расонда буд. Дар он ӯ ғайр аз Туғрали Аҳрорӣ аз шоирони соҳибдевоне чун Мулло Юсуф мутахаллис ба Мазмуни Зарободӣ (тав. 1774), Қорӣ Масеҳои Тамҳиди Самарқандӣ ибни Муҳаммадсолеҳ ибни Муҳаммадзиё Ҳайрат ибни Муҳаммадзамон ибни Муҳаммадризои Фалғарии Похутӣ (тав. 1788), Мулло Бобури Ишқӣ (тав. 1792), Камолии Рашнагӣ (тав. охири а.18 ва ибтидои а. 19) ва Мулло Абдулҷалили Фозил ном мебарад. Инҳо танҳо он шоирони соҳибдевоне мебошанд, ки дар асрҳои 18 ва 19 зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Ҳамзамон фаромӯш набояд кард, ки водии Зарафшон танҳо бо Масчоҳу Фалғару Панҷакент маҳдуд намешавад, балки қаламрави Самарқанду Бухороро низ дар бар мегирад. Миқдори шоирони соҳибдевони зарафшониасле, ки нисбаи самарқандию бухороиро доранд, ба садҳо мерасад. Ва ҳамаи онҳо, барҳақ, номбардорони сазовори Одамушшуаро Рӯдакӣ ва ҳамватанони ростини ӯ ба шумор мераванд.
Шумо дар тааҷҷуб мондаед, ки дар ватани Одамушшуаро дар тӯли ҳазор сол танҳо як шоир – Туғрали Аҳрорӣ зуҳур намудааст ва таъкид кардаед, ки ин падида ҳаргиз амри ғайритабиӣ набояд бошад ва аз мардум даъват намудаед, ки онҳо дар ин бора ва сабаби он биандешанд. Агар ошкортар бигӯем, шумо ба он ки Одамушшуаро аз водии Зарафшон аст, шак овардаед. Ба он маънӣ, ки ин тавр набояд бошад, Панҷакент, водии Зарафшон хостгоҳи Рӯдакӣ бошаду дар тӯли ҳазор сол пас аз ӯ то даврони шӯравӣ танҳо як шоири соҳибдевон ба вуҷуд биёяд. Шумо гуфтаниед, ки ватани Одамушшуаро мулке бояд бошад мисли Дарвоз, ки дар аҳди шоҳони Дарвоз шаст шоири соҳибдевон дошт, ҳар кадомашон дар ҳунари шеъру суханварӣ ҳампояи Туғраланду дар сабк аз Зуфархони Ҷавҳарӣ кам нестанду дар пояи Шавкати Бухорию Ҳайрат мебошанд.
Боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист, ки ҳар гӯшаи сарзамини бостониамон, чи дар гузашта ва чи имрӯз, маркази илму адаб, аз ҷумла шеъру шоирӣ буд ва ҳаст. Аммо барои Шумо беҳтар аз дигарон маълум аст, ки соҳибдевону соҳибкитоб будан ҳаргиз маънои онро надорад, ки онҳо шеъри нағз гуфтаанд ва ҳар он чи онҳо навиштаанд, моли адабиёти асил мебошад. Дар таърихи адабиёти сеҳазорсолаамон ингуна шоирони соҳибдевону соҳибкитоб кам набуданд, аз он ҷумла дар замони устод Рӯдакӣ низ, вале на ҳамаи онҳо ба пояи Одамушшуро ва ё шоирони соҳибдевоне мисли Саъдию Ҳофиз расидаанд.
Имрӯз ва дар гузаштаи на чандон дур адибоне буданд ва ҳастанд, ки ҳама чизро дороанд: тамоми унвонҳову ҷоизаҳои бударо гирифтаанд, соҳиби чандин девону куллиётҳои “фарбеҳ” ҳастанд, вале чизи аз ҳама асосӣ – эҷоди асари асили бадеӣ насибашон нагардидааст. Аз ин ҷиҳат ман ташвишу нигарониҳои Шуморо аз вазъи имрӯзаи адабиёти тоҷикӣ, хосса шеъри он, фазои адабию фарҳангӣ ва илмии кишварамон, ки дар китоби “Ёддоштҳо ва бардоштҳо” ва мусоҳибаҳоятон дар рӯзномаву маҷаллаҳо дар чанд соли охир дарҷ гардидаанд, хуб дарк мекунам. Аз ҷумла ман бо Шумо мувофиқам, ки “имрӯз шеър зиёд аст, аммо шеъри рӯз ниҳоят кам мебошад” (“Ёддоштҳо ва бардоштҳо”, с.228), “шеъри ҳозира ағлаб тақлидӣ аст. Шоирони безавқ равнақи шеърро аз байн бурда, асолати суханро ба бод доданд” (Ҳамон ҷо, с. 199). Шумо комилан дуруст мегӯед, ки “тақлидкориҳои хом (онҳое, ки ба ирфон тақлид мекунанд, вале фалсафаи ирфонро намедонанд, ба ислом тақлид мекунанд ва шеъри динӣ менависанд, вале фалсафаи исломро намедонанд, ба фалсафаи воқеъии Гегелу Фейрбаху Маркс тақлид мекунанд, вале ҳамон фалсафаро намедонанд) ба ҷуз зоеъ кардани вақти худу зеҳну замони дигарон самаре надорад” (Ҳамон ҷо, с. 218).
Чунин вазъи таассуфангез на танҳо дар шеъри тоҷикӣ, балки дар наср, намоишноманависӣ, адабиёти кӯдак ва нақди адабӣ низ вуҷуд дорад. Дар тӯли 15–20 соли охир ин қадар роману повесту намоишномаҳо ва маҷмӯаву китобҳое навишта шуданд, ки дар зарфи 70 соли “адабиёти шӯравии тоҷикӣ” ба вуҷуд наомада буданд. Агар ҳар яке аз повесту роман, драмаву маҷмӯъаи шеърҳои бачагона ва мақолаву рисолаҳои устодон Садриддини Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ғанӣ Абдулло, Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Раҷаб Амонов ва дигарон дар вақташ аз марҳала ва зинаи нави рушди адабиёти тоҷикӣ гувоҳӣ медод, инро наметавон дар бораи аксарияти кулли навиштаҷоти рӯзҳои мо гуфт.
Аммо ин ташвишу нигарониҳои мову Шумо, устоди муҳтарам, ҳаргиз маънои онро надорад, ки мисли баъзеҳо, аз ҷумла шоири хубамон Сиёвуш бигӯем, ки “аслан ҳеч гуна ҷараёноти адабӣ дар Тоҷикистонро намебинем”, “дар адабиёти тоҷик ҳеч чизе намегузарад, раванде ё ҷараёне нест”, падидаҳои ҷолиби адабӣ нест ва ғ. (Рӯз. “Миллат”, №21, 26 майи 2011). Инсоф он аст, ки мо дар шеър имрӯз Шумо, Бозор Собир, Гулназар, Фарзона, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Доро Наҷот, Сиёвуш, Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммадалии Аҷамӣ ва дар наср Кӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Баҳманёр, Қодири Рустам, Абдуҳамид Самадов, Юнуси Юсуфӣ, Равшани Ёрмуҳаммад ва дигаронро дорем, ки дар даврони истиқлолият як сислсила асарҳои шоиста ва арзишманди адабӣ офариданд.
Ташвишу нигарониҳои мову Шумо ҳамчунин бояд аз фаъолияти онҳое бошад, ки ин навиштаҷоти ба ном адабию илмиро чоп мекунанд, ба мукофоту ҷоизаҳо пешбарӣ мекунанд, дар бораашон таърифномаҳо менависанд ва тарғибу ташвиқ мекунанд. Ин чиз аз муҳити носозгоре дарак медиҳад, ки имрӯз дар ниҳодҳои адабию фарҳангии ҷумҳурӣ ба “шарофати” масъулони аксар беҳунар, вазифаношинос ва манфиатҷӯ ба вуҷуд омадааст. Ба мушоҳидаи пажӯҳишгаре, ин “гурӯҳ ба якдигар унвон мебахшад аз номи халқ ва аз номи адабиёт” (Рӯз. “Озодагон”, №38, 2 октябри 2013). Дар натиҷа, тавре ки муовини муҳтарами раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар шаҳодат додааст, “асарҳои беҳтарин ва адибони беҳтарини мо ҳамин тавр беҷоиза ва ноком монданд” (Рӯз. “Фараж”, №41, 12 октябри 2011).
Устоди иззатманд!
Мардум ба Шумо бовар доранд, бинобар ин ба ҳар чи мегӯеду менависед, эътимод мекунанд. Аз ин рӯ хурдтарин лағзиш ва носаҳеҳие, ки дар гуфта ва навиштаҳоятон роҳ меёбад, ба хатои ом табдил мегардад. Хосса, бадии кор дар ин аст, ки он баҳонае барои тоифаи тангназарон ва мутаассибоне мешавад, ки солҳои охир тамоми кӯшиши худро ба он равона намудаанд, ки ҳамаи дастовардҳои адабӣ ва фарҳангиро бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо “далелҳои” сохтаю бофтаи хеш ба маҳалли худ, ба “зодбуми мисли чашми буми худ” (Лоиқ) нисбат бидиҳанд. Дар тасаввури бемори онҳо забони асили тоҷикӣ маҳз забони онҳост, меъёри дурусти имло маҳз талафузи онҳост, хостгоҳи адабиёти асил, мусиқии асил маҳз деҳи онҳост, ҳунармандони асил маҳз ҳамватанони онҳост. Ва дар ниҳоят тоҷики асил танҳо ва танҳо худи онҳо мебошанд. Ҳар кӣ аз маҳалли онҳо, аз “зодбуми мисли чашми буми” онҳо нест, дар ҳақаш аз хусумату таассуб бадгӯӣ мекунанд, чунонки устод Лоиқро шоири маҳал хонданд, ишора ба туркӣ будани номи хонаводагии муаллифи суруди миллӣ Гулназар карданд, ба академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ қозизода буданашро ёд оварданд ва ғайраҳо.
Шумо хуб дар ёд доред, ки аз номи Шумо чӣ тавр як гуфтаи тавҳиномезро дар ҳаққи забони устод Айнӣ ва асарҳои ӯ паҳн карданд, ки боиси сӯъитафоҳум ва баҳсҳои тезутунде шуд ва Шумо маҷбур шудед, ки ба он ҷавоб гӯед, “шарҳи илмӣ” диҳед ва он иштибоҳро рафъ созед ва арз бикунед, ки Шумо “танҳо оммавӣ будани забони Айниро” гуфтед, на он чиро ки аз номатон дар рӯзнома оварда буданд. Дар воқеъ, он вақт ҳеч боварам намеомад, ки шахсе мисли Шумо гуфта бошад, ки асарҳои Айнӣ “ҳамааш бо лаҳҷа аст, ки намояндагони дигар лаҳҷаҳо қариб намефаҳмиданд”, “забонаш ғализ” ва гӯиё дар садсолагии Устод “кӯшиш кардаед, ки ягон асари ӯро то охир бихонед, натавонистаед” (Рӯз. “Миллат”, №39, 29 сентябри 2010).
Ман намехоҳам, ки аз ном ва обурӯю эътиборататон истифода намоянд. Барои ҳамин, Шумо бояд дар гуфтану навиштан беш аз дигарон боэҳтиёт бошед. Ман бар он боварам, ки дар бораи устод Рӯдакӣ, Садриддини Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷикӣ, фарҳанги тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошанд, беҳурматӣ кардан, носипосӣ намудан, бо назари таҳқир нигаристан гуноҳи кабира аст ва нобахшиданист. Афсӯс, ки баъзе аз худиҳо гоҳо ошкорову пинҳонӣ то ба ҳол ба устод Айнӣ неш мезананд, ки ӯ дар вақташ лаҳҷаҳои Бухоро ва Самарқандро барғалат асоси забони адабӣ қарор дод, зеро дар онҳо унсури туркӣ, ӯзбакӣ зиёд аст. Аммо дигарон, мисли муҳаққиқ ва ношири эронии “Ёддоштҳо” Саъиди Сирҷонӣ, навиштаанд, ки “аз насри бетакаллуф ва лаҳни форсии нависанда хушам омад”.
Баъзе “мухлисонатон” кӯшиш карданӣ шудаанд, ба мардум талқин намоянд, ки устод Айнӣ ҳам “мисли ҳамаи нобиғагон… як инсонӣ хокӣ буд ва мусаллам аст, ки инсони хокӣ наметавонад бурун аз саҳву хато бошад … Агар нуқсу ғалатҳои осори устод Айниро имрӯз устод Қаноат намегуфт, фардо каси дигар мегуфт. Аз ин рӯ аз он ки як шоири номвари миллат андешаҳои хешро холис ва дӯстона дар бораи забони асарҳои устод Айнӣ гуфтааст, набояд онро чун фоҷиаи миллӣ талаққӣ бикунем” (Рӯз. “Миллат”, №48, 1 декабри 2010). Аммо ҳамаи ин кӯшишҳои онҳо кӯшишҳои беҳуда мебошад. Зеро “таҳқиқу бознигарӣ ва таҳлилу баррасии” “осори гаронмоя ва забони асарҳои устод Айнӣ”, “аз дидгоҳи танқидӣ” нигаристан ба онҳо дигар асту инкору иттиҳоми боғарази онҳо дигар аст.
Шумо дар миёни аҳли адаби имрӯзаи тоҷик аз ҷумлаи чанд нафари шумурдаед, ки қудрати таҳқиқ доред, донишманд ҳам ҳастед. Интихобатон ба сифати узви вобастаи Академияи илҳои ҶТ тасодуфӣ нест. Ман то ҳол гузоришҳои таҳлилии Шуморо дар анҷуману пленумҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи вазъи адабиёти муосири тоҷикӣ (“Вазъияти назми имрӯзаи тоҷик” (1971), “Панҷ эҳсоси шоир ва шаш ҷиҳати зиндагӣ” (1976), “Қаҳрамони замон ва инкишофи наср” (1980), “Барои шеъри асил” (1981), “Андешаҳо оид ба шеъри имрӯз” (1982) ва ғ.), тақриз, нақду баррасӣ ва мусоҳибаҳои таҳлилиатонро хуб дар ёд дорам (зимнан онҳоро дар як маҷмӯъа гирд овардан ва ба чоп расондан аз манфиат холӣ нахоҳад буд). Аммо солҳои охир, махсусан дар мусоҳибаҳоятон, ки, ғолибан, бадоҳатан сурат гирифтаанд, чунин ба назар мерасад, ки дар ҷавоби саволҳои “баҷоӣ ва ғофилгири” рӯзноманигорони ҳангоматалаб бидуни таҳқиқ ва бе омодагии пешакӣ дар бораи масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва илмӣ андеша меронед.
Ман аз зикри намунаҳои ингуна мулоҳизаҳои тасҳеҳталабу зидду нақиз ва гоҳо эҳсосотии Шумо дар заминаҳои мухталиф сарфи назар мекунам, вале дар бораи яке аз онҳо, ки дар бораи вазъи имрӯзаи илми тоҷик ва фаъолияти муассисаи асосии он Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мебошад, сухан карданиям. Махсусан, ки ман низ мисли Шумо дар маҷлиси солонаи он иштирок доштам. Шумо дар як мусоҳибаатон гуфтаед, ки “дар маҷлиси солонаи АИ иштирок доштам. Як кашфиёту навигарӣ дар илм нест” ва дар тааҷҷуб мондаед, ки “кай боз дар таърих президенти Академияро бо фармон таъин мекунанд?! Дар ягон ҷойи ҷаҳон мумкин нест ин кор! Президенти Академияро бо райъпурсии пинҳонӣ олимон интихоб мекунанд! Ин нафар дар илми ҷаҳонӣ бояд чеҳраи шинохташуда бошад!” (Рӯз. “Ҳафта”, №1, 15 январи 2014).
Дуруст аст, ки, дар маҷмӯъ, вазъи илми тоҷик низ мисли адабиёту фарҳанги он аст ва беҳбудӣ мехоҳад. Вале агар аз сари инсоф нагузарем, бояд бигӯем, ки дар илми тоҷик дастовардҳо низ ҳастанд. Барои мисол, агар танҳо дар заминаи илми адабиёт ва нақди адабии он, ки ба Шумову ман наздиктар аст, қазоват карданӣ шавем, бояд аз корҳои арзишманди донишмандони маъруфи тоҷик, ки дар муассисаҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолият доштанд, мисли академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ “Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист” (Душанбе, 2003, Теҳрон, 2005) ва “Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист” (2006), Р. Ҳодизода “Тасаввуф дар адабиёти форс–тоҷик” (1999), Р. Ҳодизода, Алии Хуросонӣ “Таърихи адабиёти форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ) (Кобул, 2009), академик Раҷаб Амонов “Адабиёт ва бачагон” (2004), Х. Отахонова “Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик” (1999), Аълохон Афсаҳзод “Одамушшуаро Рӯдакӣ” (2003), Абдухолиқ Набавӣ “Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷик” (2004) ва “Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср” (2009), Валӣ Самад “Шоҳнома”–и Фирдавсӣ ва Чернишевский” (Душанбе, 2004, Теҳрон, 2012)), Мирзо Муллоаҳмад “Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон” (2012), Шоҳзамон Раҳмонов “Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик” (2010), Тоҷиддин Мардонӣ “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” (2010), Шамсиддин Солеҳов “Роман дар адабиёти тоҷикии асри 20” (2011), Ҳоким Қаландаров “Рӯдакӣ ва исмоилия” (2012), ҳамчунин аз таҳияи матнҳои илмию интиқодии “Девон”–и Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), “Девони ашъор”–и Носири Хусрав (2009), “Мантиқ-ут-тайр” (2006) ва “Девон” (2012) – и Фариддуни Аттор, “Девони кабир”–и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (2007) ва ғ. ёд бикунем.
Вобаста ба тааҷҷубатон дар бораи бо фармон таъин кардани президенти нави Академия ҳаминро ёдовар мешавам, ки дар вақташ Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ ва Маҳмадшо Илолов низ бо ҳамин роҳ сарвари илми Тоҷикистон шуда буданд ва Шумо ҳамчун узви вобастаи собиқадори АИ ҳеч мумкин нест, ки аз ин бехабар бошед. Зимнан, тавре ки бисёре аз ходимони собиқадори ин муаcсисаи илмӣ гувоҳӣ медиҳанд, онҳо нисбат ба он нафаре, ки аз ӯ ном гирифтаед, беҳтар ва босамартар кор кардаанд.
Президенти нави Академияи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов, доктори илмҳои физикаю математика, барандаи Ҷоизаи далатӣ барои олимони ҷавон ва Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология аз дастпарварони мактаби машҳури физикдонони русӣ буда, малакаи хуби фаъолияти босамарро дар муассисаҳои илмию таълимии кишвар дар сатҳҳои баланди роҳбарӣ дорад. Аз ин ҷиҳат ман имони комил дорам, ки ӯ дар рушди минбаъдаи илми тоҷик ва эътибори байналмилалӣ пайдо намудани он саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Устоди арҷманд!
Маълум, ки Шумо озурдаед аз муносибати баъзе аз масъулон. Ба эътирофи худатон “дилатон аз ҳама чиз мондааст” ( Рӯз. “Фараж”, №28, 13 июли 2011). Ба дараҷае, ки замоне эълом дошта будед, ки “ба Дарвоз меравед ва дигар намеоед”. Ва ба баъзе аз сабабҳои озурдагиҳоятон ишора кардаед: ба суханҳоятон, маслиҳату машваратҳоятон эътибор надодаанд, ба маҷлисҳо даъват накардаанд ва ғайра. Ман аз Шумо, Устоди меҳрубон, хоҳиш мекунам, ки бо бузугвориатон ин чизҳоро ба дил наздик нагиред. Онҳо ҳаргиз ба обрӯву эътибори сазоворе, ки дар назди мардум доред, халале ворид нахоҳанд кард. Мардум Шуморо мисли пешина дӯст медорад ва Шумо барояшон бегона нестед.
Саломат бошед. Мунтазири шеъру мақолаву китобу мусоҳибаҳои нави Шумо ҳастам.
Бо иродат ва ихлос Абдунабӣ Сатторзода»
 
Бознашр аз сомонаи ozodagon.tj

Апрель 17, 2014 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд