Рушди шабакаҳои радиоӣ дар замони истиқлол

Апрель 9, 2014 17:03

Душанбе, 09.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Истиқлолият ба тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон тағйирот ворид кард. Муҳимтар аз ин, афкори мардум дигаргун шуд. Барои ба вуҷуд овардани ҷаҳонбинии нав, шикастани қолабҳои куҳна ва шахшудаи замони шўравӣ ҷомеа ба воситаҳои навини таъсиррасон- матбуот ва воситаҳои электронии нав ниёз дошт. Бо дарки ин матлаб, ҳанўз солҳои 70-уми қарни ХХ олими рус В. Г. Афанасйев гуфта буд, ки: «Матбуот, радио ва телевизион муҳимтарин яроқи таъсиррасон ба афкори одамон мебошанд, ки онҳоро бо ягон воситаи дигар муқоиса кардан мумкин нест», зеро тафаккури инсон ба таври эволютсионӣ, зина ба зина ва давра ба давра ташаккул меёбад ва барои навсозии идеяҳо, фикрҳо, маслакҳо ва дар маҷмўъ, ҷаҳонбинии инсоният васоити ахбори омма нақши бориз доранд. Дар ҷомеаи шўравӣ матбуот, радио ва телевизион ҳизбӣ ва давлатӣ буд. Низоми матбуот зери назорати давлат қарор дошт. Раёсати сирри давлатӣ маводи нашрро қаблан бозбинӣ мекард ва барои пахшу интишор иҷозат медод. Ба ин васила аксаран маводи ВАО якранг  ва қолабӣ буданд. Бозсозӣ марҳилаи муҳимро барои тақвияти  афкори нав ба вуҷуд овард. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» асосҳои нави фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ дар Тоҷикистонро муайян кард ва маҳз дар ҳамин давраи истиқлолият пояи ҳуқуқии инкишофи ВАО ба вуҷуд омад. Қонун ва санадҳои дар замони истиқлол қабулгардида, агар аз як тараф, барои дар низоми нав фаъолият намудани ВАО-и Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда бошанд, аз ҷониби дигар, аз миён рафтани яккаҳизбӣ боиси он шуд, ки ҳизбу созмонҳои нав арзи ҳастӣ намоянд, шаклҳои нави моликият зуҳур кунанд. Демократия, ки рукни асосияш озодии расонаҳо аст, ба гуногунандешӣ роҳ кушод. Ҳизбу созмонҳои нави сиёсиву ҷамъиятӣ барои тарғиби ақида ва идеяҳои худ ба расонаҳои нав ниёз доштанд, зеро расонаҳои давлатӣ на ҳама вақт мавқеи онҳоро ифода карда метавонистанд. Ин омилҳо боиси он шуданд, ки дар журналистики тоҷик чун дар дигар ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол таҳаввулоти куллӣ ба миён ояд ва он аз низоми умумишўравӣ раҳо гардида, ҷанбаи миллӣ касб кунад. Дар ВАО-и ин давр тағйироти мавзўӣ, жанрӣ, сифатӣ ба амал омад.
  Тағйирот дар низоми расонаҳои электронии замони истиқлол аз соли 1991 ба ин сў тадриҷан, давра ба давра ба вуҷуд омад. Нахустин телевизион ва радиоҳо бо шакли нав на дар пойтахти мамлакат, балки дар музофотҳо ба фаъолият пардохтанд ва ба андешаи мо, дар солҳои аввали истиқлол нисбат ба матбуот дертар ташаккул ёфтани бозори расонаии Тоҷикистонро аз ҳамин ҷиҳат ҷустан бамаврид аст. Аз ин рў, андешаи муҳаққиқони таърихи журналистикаи тоҷик профессор Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов дар хусуси он ки: «Тағйирот дар соҳаи радио, махсусан радиои шахсӣ дар он зоҳир мешавад, ки барномаҳои (радиоҳои -С.Х.) шахсие, ки хислати минтақавӣ доранд, зиёдтар шудаанд», дуруст аст. Бо фаъолияти радиои «Тироз» марҳилаи навини радиоҳои замони истиқлол шурўъ гардид. 
«Тироз» — ширкати радио -рекламавии мустақилест, ки аз 1-уми марти соли 2001 дар шаҳри Хуҷанд пахши мунтазами барномаҳоро ба роҳ мандааст. Аввалин радиои мустақил дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Аввалин радиои мустақил  дар шаҳри Душанбе, 9 сентябри соли 2002 бо номи «Азия — Плюс» ба мавҷ баромадааст (FM). Радиои ғайридавлатӣ, иттилоотию фароғатии «Ватан»  сеюмин радиое буд, ки зуд дар фазои расонаии мамлакат мавқеъ пайдо кард. Он 7-уми майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе ба кор сар кардааст. Дар фазои расонаии мамлакат 15 — уми сентябри соли 2004 нахустин расона бо номи ширкати радиои «Ориёно» ба вуҷуд омад, ки барномаҳои он пурра ба забони русӣ мебошанд. Он бо ибтикори сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст. 
Радиои дигари мустақиле, ки дар фазои расонаии мамлакат солҳои 2007-2011 мавқеи муҳим дошт, «Имрўз» аст. Қароргоҳаш дар шаҳри Душанбе буда,  9-уми августи соли 2007 ба кор оғоз кардааст.  
Ҳамчунин дар ин давра дигар радиоҳои мустақил дар минтақаҳои ҷумҳурӣ арзи вуҷуд карданд, ки то ҳол фаъолият доранд ва дар фазои иттилоотии кишвар саҳм мегузоранд.
 
Саидмуроди Хоҷазод
номзади илмҳои филология
 

Апрель 9, 2014 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд