Риштаҳои устувори ҳамкорӣ — омили шукуфоии кишварҳоямон

Август 25, 2014 14:11

Душанбе, 25.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Равобити ду халқҳои бародари Тоҷикистону Чин аз давраҳои Роҳи бузурги абрешим, ки тавассути муносибатҳои тиҷоратӣ таҳкурсии ҳамкории наслҳои оянда гузошта шуда буд, манша мегиранд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин давлатҳои ҷаҳон аст, ки истиқлолияти давлатии кишвари моро расман эътироф намуда ва бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда буд. Тайи давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҳар ду кишвар баъди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ дар соҳаҳои асосии ҳамкории дуҷониба натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Рушди ҳамкории бисёрҷониба ва мутақобилан муфид бо Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор рафта, заминаи қавии шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, ки қариб 200 ҳуҷҷатро дар бар мегирад, асоси боэътимоди таҳкими минбаъдаи мушорикати стратегӣ дар ҳамаи самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистону Чин маҳсуб меёбад. Таҳкурсии муносибатҳои дуҷониба дар Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (соли 1993) гузошта шуда, Шартнома дар бораи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки моҳи январи оли 2007 дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин имзо шуд, дараҷаи баландтарини асосҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва такягоҳи мустаҳками сиёсии он ба шумор меравад.Ҷолиби диққат аст, ки аввалин сафари расмии Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷа (7 — 11 марти соли 1993) ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт. Равобити эътимодомезу дӯстонаи сиёсӣ дар сатҳи баланд чун анъана аз бисёр ҷиҳат рушди муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунанд. Мулоқоти чандинкаратаи роҳбарони Тоҷикистону Чин ва сафарҳои мутақобилаи онҳо таҳкурсии мустаҳками ҳамкории муфиди минбаъдаро гузоштанд. Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2013 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин марҳалаи муҳиме дар амри таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва рушди фаъолияти дуҷониба дар заминаи эҳтироми якдигар ва ба назар гирифтани манофеи ҷонибҳо гардид. Аз рӯи натиҷаи сафару мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Чин Си Сзинпин бархе ҳуҷҷатҳои дуҷониба имзо шуданд, ки мақсад аз онҳо рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф мебошад. Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи барқарор намудани муносибатҳои стратегиро бояд ба таври махсус таъкид намуд. Имзои ин ҳуҷҷат саҳифаи нави таърихи ҳамкории дуҷониба гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ба шумор меравад. Соли 2013 ҳаҷми муомилоти моли ҳар ду кишвар қариб ба 2 миллиард доллари ИМА расид. Сохтмони роҳҳои мошингард аз ҳисоби қарзи имтиёзноки Чин, аз ҷумла роҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ — Мурғоб – Қулма – шоҳроҳи Карокурум кишвари моро бо роҳи шабонарӯзии мошингард бо Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваст.Бо дастгирии молиявию техники ҶМЧ якчанд лоиҳаҳои аз нигоҳи стратегӣ барои кишварамон муҳим дар амал татбиқ шуданд. Сохтмони роҳи умумимиллии мошингарди Душанбе — Чаноқ ва нақбҳои Шаҳристон, Шар –шар ва Чормағзак хатти интиқоли барқ — 500 кВ «Ҷануб – Шимол» ва хатти интиқоли барқ – 220 кВ «Лолазор – Хатлон» аз ҷумлаи онҳоанд.Ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқ, маориф, фарҳанг ва дар бахшҳои дигар муваффақона рушд меёбад.Масъалаи мураккаби сарҳад, ки аз таърих мерос мондааст, ба таври мусбат ҳал шуд. Дар мавриди танзими ин масъала саҳми роҳбарони ҳар ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Сзян Сзэминро, ки саромадҳои раванди гуфтушунид ба шумор рафта, аслан роҳбарии онро ба дӯш доштанд, бояд эҳтиром дошт.  Ҷолиби диққат аст, ки баъди имзои созишномаҳои дахлдор ва тасдиқи онҳо дар парлумонҳои ҳар ду мамлакат ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо миёни кишварҳоямон бемайлон рушду тақвият меёбад.Ҳалли масоили сарҳад бо Чин имкон дод, ки «Равзана ба Шарқ» — Бунгоҳи назоратии «Қулма – Қарасу» дар сарҳади Тоҷикистону Чин кушода шавад, ки аз бисёр ҷиҳат ба рушди равобити дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар сарҳадот мусоидат мекунад. Ҳамкории муваффақонаи кишварҳоямон дар бахшҳои маорифу фарҳангро бояд ба таври махсус қайд намуд. Беш аз ду ҳазор нафар донишҷӯёни Тоҷикистон дар 112 донишгоҳҳои олии Чин таҳсил менамоянд. Ҳар сол ҳукумати Чин дар асоси созишномаҳои қаблан имзошудаи дуҷониба дар соҳаи маориф барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишкадаҳои олии Чин квотаҳо ҷудо мекунад. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳангу маърифатии Конфутсий фаъолият дорад, ки дар он ҷавонони Тоҷикистон метавонанд фарҳанг, анъанот ва забони халқи бузурги Чинро омӯзанд. Ҳамчунин донишҷӯёни Чин дар донишкадаҳои олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳанги Чин таъсис ёфтааст. Дар ҳар ду кишвар доимо чорабиниҳои фарҳангӣ роҳандозӣ мешаванд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин на фақат дар қолаби дуҷониба, балки дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ ҳамкории зич доранд. Аз ҷумла, Тоҷикистон якҷоя бо Чин ва ҳамтоёнаш дар Созмони Ҳамкории Шанхай зидди се адоват — терроризм, ҷудоихоҳӣ ва моҷароҷӯӣ муборизаи қатъӣ мебарад. Ҳар ду ҷониб баҳри сулҳу амният самарабахш саъю кӯшиш намуда, ба таҳкими боварӣ ва рушди ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат мекунанд. Манофеи ҳар ду давлати ҳамсоя дар бисёр соҳаҳои ҳаётан муҳим яканд, ки сабаби он на фақат арзишҳои умумии сиёсию фарҳангӣ, балки нақшаҳои муштарак барои татбиқи лоиҳаҳои ҳаҷман калони иқтисодию гуманитарӣ низ мебошад. Шубҳае нест, ки мушорикати стратегии давлатҳоямон дар оянда ҳам босуръат рушд ёфта, ҳамкории бисёрҷонибаро густариш медиҳад ва устувории принсипҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳамфикриро тасдиқ менамояд. Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай раёсат мекунад. Шиори раёсатии мо иборат аз «Ҳамкорӣ, Рушд ва Рифоҳи муштарак» мебошад. Кишвари мо дар ҳошияи раёсати худ чандин чорабиниҳои муҳим – ҷаласаю мулоқотҳо дар сатҳи роҳбарони вазорату идораҳо, ҳамоҳангсозони миллӣ, коршиносон, аҳли тиҷорат ва ғайраро созмон дод. Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СҲШ – ро, ки 30 – 31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ, дабири кулли СҲШ ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ ширкат доштанд, бояд ба таври махсус қайд намуд. Ин мулоқот хусусияти басо судманд дошт. Дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масоили такмилу рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи фаъолияти Cозмон, баланд бардоштани мақому мартабаи СҲШ дар умури байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, ҳолати вазъияти ҷаҳон дар фазои СҲШ, ҳамчунин рушди равобити СҲШ бо давлатҳои манфиатдор ва созмону сохторҳои дигари байналмилалӣ мубодилаи афкор баргузор гардид. Ҳамчунин қарорҳои дахлдор қабул шуданд. 11 – 12 сентябри соли 2014 пойтахти Тоҷикистон меҳмонони олимақомро мепазирад, ки онҳо барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Душанбе меоянд. Дар ҳошияи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ ҳамчунин сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.Мо аминем, ки сафари пешорӯи Раиси Чин Си Сзинпин ба Тоҷикистон ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ ба рушди равобити дуҷонибаю бисёрҷониба, баланд бардоштани обрӯи СҲШ дар арсаи ҷаҳон нерӯи дучанд мебахшанд. Изҳори умедворӣ мекунем, ки натоиҷи чорабиниҳои пешорӯ на фақат ба рушди Тоҷикистон, балки ба шукуфоии тамоми минтақа ҳам мусоидат хоҳанд кард.
 
Вазири корҳои хориҷииҶумҳурии ТоҷикистонСироҷиддин Аслов

Август 25, 2014 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд