Сарқонун — неъмати бебаҳо

Август 23, 2014 10:32

Душанбе, 23.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-   Халқи тоҷик пас аз чандин солҳои талош барои ба даст овардани мустақилияти давлатӣ, таъсиси давлати тоҷикон ва аз номи миллати тоҷик сухан гуфтан 9 сентябри соли 1991 неъмати бебаҳо — Истиқлолиятро ба даст овард ва ҳамчун давлати мустақил — Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд ва бо ин орзуи деринаи мардум амалӣ гардид. Пас аз соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик соҳиби Конститутсияи худ гардид. Бахшида ба 20-солагии Конститутсия Файзулло Раҷабов -раиси суди ноҳияи Сино чунин ибрози андеша намуд:
-Солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои давлати ҷавони Тоҷикистон аз санҷишу масъалаҳои ҳалталаби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ иборат буда, ҷанги шаҳрвандӣ, талоши ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби як гурӯҳ шахсоне, ки мақсади ғаразнок доштанд, боиси қурбон гардидани ҳазорҳо нафар шаҳрвандон гардид.
     Дар давлатдории муосир нишони асосии Истиқлолияти давлатӣ — ин соҳиби Конститутсия будани ҳар як давлат буда, он ҳамчун шиносномаи миллат фаҳмида мешавад.
Барои боз ҳам мустаҳкам намудани Истиқлолият, муайян намудани сиёсати пешгирифтаи давлат, ба низоми ягона даровардани муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ, 6 ноябри соли 1994 Конститутсия (Сарқонун)-и давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки соли ҷорӣ 20- солагии ин санаи фархунда ботантана ва дар фазои воқеан идона ҷашн гирифта мешавад.
     Зарурияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони ҷавон бо мақсади дигаргун кардан ва ба талаботи замон мутобиқ сохтани он, дар заминаи он мутобиқгардонии қонунгузории ҷории кишвар ба миён омад. Конститутсияи то соли 1994 амалкунандаи кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти сиёсати собиқ давлати Шўравӣ, аз ҷумла сиёсати яккаҳизбиву банақшагирии самтҳои мухталифи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии онвақта таҳияву қабул шуда буданд ва акнун бо  дигаргуниҳои солҳои даврони истиқлол мувофиқ буда наметавонистанд. Барои ҳамқадаму ҳамрадиф ва ҳамдўшу ҳамнафас будани ҷумҳурӣ бо мамолики мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин, бо мақсади дар ҷомеа рушду равнақ бахшидан ба равандҳои демократӣ, ба мисли ҳуқуқбунёдиву дунявӣ, ба халқ тааллуқ доштани ҳокимият ва ба шохаҳо таҷзия гаштани он, гуногунандешии сиёсӣ, арзишҳои олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў, инчунин гуногуншаклии моликият, аз ҷумла рушди иқтисоди бозаргонӣ ва соҳибкорӣ, эътироф намудан  ва ба таври озод амал намудани моликияти хусусӣ бояд иқдомҳои амиқу босамар анҷом дода шаванд ва аз ин лиҳоз Констиутсияи нав бевосита аз ҷониби халқ қабул гардид.
      Конститутсия — Қонуни асосии давлат буда, он эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
      Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, асосҳои низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатро муйаян намуда, мақом (статус)-и давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намудааст. Тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонад, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк менамояд, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.
      Яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо мебошад. Мувофиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ таҷзия шудааст. Дар иртибот ба ин дар    Конститутсия бобҳои алоҳида ба сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти ин шохаҳои ҳокимият бахшида шудаанд.
       Тибқи Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
    Ин меъёри давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар тасдиқ намуда, ҳокимияти олии давлат ба халқ тааллуқ дорад, халқ — ҳар як шаҳрванд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ҳокимияти олии давлатӣ аз ҷониби халқ бевосита интихоб шуда, барои манфиатҳои он хизмат менамояд.
      Бунёди давлати абарқудрат аз кўшиши шаҳрвандони давлат вобастагӣ дорад. Ҳар як шаҳрванд вазифадор мебошад, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром намуда, меъёрҳои онро риоя намояд, барои мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, пешрафти иқтисодиёт ҳиссагузор бошад.
     Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бебаҳо, Конститутсия — меваи ин неъмати бебаҳо мебошад, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ доштан зарур мебошад.
      Аз ин рў, ин Конститутсия барои мардуми мо —  санади тақдирсоз аст.  Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад. Ва умед аст, ки он бардавому поянда барои Тоҷикистону тоҷикистониён хизмат мекунад ва дар навбати худ халқи шарифи Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гаштани ин орзуи нек саҳиму саъйгар хоҳанд буд.

Август 23, 2014 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад