М.Хидирзода: “Маърифати зан- муваффақияти ҷомеа”

Сентябрь 5, 2014 16:53

 
Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Занону модарони тоҷик дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нақши бузург доранд. Дар арафаи 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои занону духтарони тоҷик бо  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода суҳбат оростем.
 
-Мегуфтед, ки дар 23 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ чӣ корҳоро ба анҷом расонид?
 -Соҳибистиқлолии кишвар, ки мо имсол 23-юмин солгарди онро таҷлил мекунем, дар ҳақиқат ҳам ҷашнест, ки ифодагари эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватансозию ватандорист. Ин беҳтарин дастовард дар таърихи миллат буда, бо шарофати он сарҷамъию ягонагӣ ва вуҷуди миллат ҳамчун  миллати соҳибтамаддуну давлатдор ва соҳибтоҷ таъмин мешавад. Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд. Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд, зеро маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ, рисолати ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд. Таҳлили фаъолияти занон дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ нишон медиҳад, ки имрўз раванди рушди демократикунонии ҷомеа бечунучаро тақозо менамояд, ки чӣ дар идора ва чӣ дар масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсиятҳо гардад.
Аксар коршиносони масоили гендерӣ бар он ақидаанд, ки татбиқи самараноки сиёсати гендерӣ  дар дилхоҳ давлат, пеш аз ҳама, аз мавҷудияти иродаи сиёсии роҳбарияти он вобаста аст, яъне то кадом дараҷа роҳбарияти давлат ба  таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии  онҳо  ҳавасманд аст. Дар робита ба ин  зикр намудан зарур аст, ки иродаи сиёсии роҳбарияти давлати мо, бахусус Президенти кишвар хусусияти устувор дорад. Ин пеш аз ҳама нишона аз эътимоди Роҳбари давлат ба неру, ақлу заковат, садоқату самимият ва ҷуръату ҷасорати занону модарони тоҷик аст. Ҷаноби олӣ занонро ба нигини пурҷилои тоҷи миллат шабоҳат дода буд, ки ин беҳтарин баҳо аз ҷониби Сарвари давлат аст, чун фарру зебоии ҳама гуна тоҷ аз нигини он вобастагӣ дорад.
 
 -Пас аз ба даст овардани истиқлолият занону духтарони тоҷик ба кадом комёбиҳо ноил гардиданд?
-Маълум аст, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали мустақилият мушкилоти беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дошт. Аз ин рў, Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хос кор карда баромад.       Моҳи сентябри соли 1998 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид ва  барои амалӣ гардидани ҳадафҳои он 14 вазорату кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд.    
    Хушбахтона, бо дастгирии бевоситаи  Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст.
Боз як падидаи хурсандиовар дар он аст, ки соли ҷорӣ Тоҷикистон ба ҳайси узви Комиссияи СММ оид ба мақоми занон пазируфта шуд, ки ин боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи сиёсати гендерии давлат мебошад. Бояд тазаккур дод, ки аз диди баррасӣ ва натиҷагирии масъалаҳои гендерӣ дар сатҳи байналмилалӣ солҳои 2014 – 2015 давраи хеле муҳим аст, зеро соли 2015 аз қабули Эъломияи Пекин ва Барномаи амалиёт, ки дар чорумин конфронси байналмилалӣ оид ба занон қабул шуда буд, 20 сол пур мешавад. Вобаста ба ин давлатҳо фаъолияти анҷомдодаи худро дар ин самт натиҷагирӣ карда истодаанд. Дар ин замина дар сатҳи ҷаҳонӣ конфронсу мулоқотҳои гуногун баргузор шуда истодаанд. Новобаста ба мавҷудияти мушкилиҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар ин давра дар самти татбиқи нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳим ба дастовардҳои назаррас дар самти таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ноил шавад, ки доир ба он аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва дафтари тоҷикистонии СММ-“Занон, маълумотномаи умумӣ”  омода шудааст.
Ҳамчунин бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи миллии амал оид ба татбиқи қатъномаҳои 1325 ва 2122  Шўрои амнияти СММ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ки ба масъалаҳои зан ва сулҳофарӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои занон дар шароити низоъ бахшида шудаанд.

-Дар ин 23 сол чанд нафар духтарони тоҷик аз тариқи квота барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристонида шуданд?      
        -Давлатеро,  ки занонаш  бомаърифату таҳсилдидаанд, ҷомеаи он метавонад пешрафтаву муваффақ бошад. Вобаста ба ин зикр бояд кард, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, баҳри рушди он тамоми имкониятҳоро истифода бурда истодаанд. Таъсиси квотаҳои президентӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарон аз ноҳияҳои дурдаст нишони амиқи ин гуфтаҳост. Имрӯзҳо ҳазорҳо нафар духтарон тавассути ин квотаҳо соҳиби маълумоти олӣ гашта, садҳо нафари дигар таҳсил намуда истодаанд. Тибқи маълумоти омори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хориҷи кишвар 2359 нафар таҳсили илм доранд, ки 97 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳад.
   -Дар даврони истиқлол сафи занони соҳибкор ба чанд нафар расид?
-Зикр намудан лозим аст, ки дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳим дар сиёсати гендерӣ ба шумор меравад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар айни замон 30%-ро аз шумораи умумии соҳибкорон занон ташкил медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 инҷониб барои дастгирии соҳибкории занону духтарон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани онҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ  ҷудо гардида истодаанд. Дар ин давра 96 ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 4 шахсони воқеӣ ва 210 бонуи соҳибкор соҳиби 6 300 000 сомонӣ маблаѓҳои грантӣ гардидааанд.  Дар раванди татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар тули 8 сол зиёда аз 23 000 нафар занону духтарон бо касбомўзӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои беҳдошти вазъи зиндагонии онҳо ва назаррас гардидани саҳми бонувон ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудааст. Дар раванди татбиқи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2006 —  2013 4229 ҷойҳои кории  доимӣ барои занону духтарон таъсис дода шудааст.
 Лозим ба ёдоварист, ки имсол бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2011, №185»   бо  мақсади  рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва таъсиси  ҷойҳои нави корӣ ду баробар, яъне аз як миллион сомонӣ ба ду миллион  сомонӣ ва теъдоди грантҳо аз 40 адад ба 80 адад боло бардошта шуд.    
Грантҳои президентӣ дар  воридшавии бештари  занҳо ба соҳаи тиҷорати хурду миёна, мусоидат намудан дар ташаккули симои зани соҳибкор, фароҳам овардани имконияти бештар барои касбомузии занону духтарони минтақаҳои гуногун, баҳри ба шуғл фаро гирифтани онҳо,  дар беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии оилаҳо таъсири мусбат расонид. Дар назар аст, ки баробари амалӣ гардидани лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби соҳибкорзанон 692 ҷойҳои корӣ ташкил  мешавад, аз ҷумла барои ҳунарҳои миллӣ, 43 ҷойи корӣ, дўзандагӣ 195, қолинбофӣ 55, соҳаи боғпарварӣ 54, соҳаи паррандапарварӣ 23, соҳаи чорводорӣ 89, соҳаи занбўриаслпарварӣ 86, хонакорон 100, соҳаи кишоварзӣ 121, соҳаи қаннодӣ ва пазандагӣ 77 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Дар баробари ин 469 нафар ҷавондухтар ба курсҳои омўзишии соҳаҳои мазкур фарогир шуда, омўзонида мешавад. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур, дар соли 2014 1161 нафар занон бо шуғл фаро гирифта мешаванд.
-Имрўз таваҷҷуҳи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба занони роҳбар бештар гашта истодааст, мегуфтед, ки дар айни ҳол дар Тоҷикистон чанд нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд ва Кумитаи Шумо бо ин занон ҳамкорӣ мекунад?
 -Чун дар оғоз сухан сари шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик рафт, дар назар бояд гирифт, ки сиёсат ҳамчун қисми таркибии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва самти фаъолият  аз ҳар як шахсе, ки вориди он шудан мехоҳад, донишу малака, азму талош, масъулияту ташаббус ва иродаи мустаҳкамро талаб менамояд. Аз ин рў, ҷинсият дар он метавонад нақши дуюминдараҷа дошта,  нақши асосиро қобилияти фитрии инсон мебозад. Баробарҳуқуқии мардону занонро Конститутсия (Сарқонун) –и кишвар кафолат дода, баҳри татбиқи самараноки ин принсипи конститутсионӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки  раванди амалишавии онҳо ба пешрафти иҷтимоии занон, устуворшавии мавқеъ ва мақоми онҳо дар ҷомеа такони ҷиддие гашта истодааст.
Мутобиқи маълумоти Агентии хизмати давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти нуфузи фаъолияти занон дар мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ,  ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Дар айни ҳол дар мақомоти давлатӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ аз шумораи 18728 нафар хизматчиёни давлатӣ 4 393 нафарашонро, ё 23, 4% ро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2003 2436  нафар зиёд мебошанд. То ба имрӯз  дар мақомоти маркази ҳокимияти давлатӣ 11459 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 2837 нафар ва ё 24,7%  занон мебошанд. Чунин рақамҳо дар афзоиши теъдоди занон дар мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 528 (17,1%)  нафар, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  320 (22,0%)  дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 266 (22,3) нафар  ба мушоҳида мерасанд.
Ҳамзамон дар самти ба даст овардани намояндагии баробарии занон дар мақомоти иҷроия ва намояндагии ҳокимият дар ҳама самтҳои идоракунӣ муввафақиятҳои назаррас ба даст омадааст.
Дар айни ҳол ду нафар аъзои ҳукумат, ду нафар раиси Кумитаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар сардори Агентии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зан буда, се нафари он соҳиби унвони илмии доктори илм ва ду нафар  профессор мебошад.
       Дар айни замон 4 нафар зан раиси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 20 нафар ба вазифаҳои муовинони кумитаю вазоратҳо, 8 нафар зан раиси суд, 4 нафар муовини раис, 68 нафар ба сифати судя дар Судҳои олӣ, олии иқтисодӣ ва судяҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолият мекунанд, ки дар қиёс ба соли 2002  48 нафар зиёд мебошанд.
       Имрўз дар мақоми қонунгузори кишвар  4 нафар зан узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 517 нафар зан вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  мебошад.

-Таманиёти Шумо ба мардуми тоҷик ва бахусус ба занону духтарон дар рўзҳои таҷлил аз 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ.
 
-Бо камоли эҳтиром ва бо таманнои сарсабзиҳои ҳамешагӣ фарорасии ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо орзуҳои навину тоза ба кулли мардуми сарбаланду шарафманди кишвари азизам аз самими қалб табрику таҳният мегўям. Орзуманди онам, ки тандурустиву саодати рўзгор, фардои неку пурбор, барору комёбӣ, пирўзӣ ва сарбаландӣ насибашон бошаду офтоби дурахшони Истиқлол  ҷовидон нурафшонӣ намояд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Сентябрь 5, 2014 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад