О. Убайдов: “Мо барои эҳёи соҳа кӯшиш дорем”

Сентябрь 5, 2014 15:20

Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- “Имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад”-таъкид намудааст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон. 
Дар робита ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сардори  Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Орифҷон Убайдов ҳамсуҳбат гардидем. Мавсуф дар мавриди истиқлолият ва аҳамияти он аз ҷумла чунин гуфт:  
-Барои миллати мо Истиқлолият неъмати бебаҳо  мебошад. Хушбахтона, мо имсол  23-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамонро ҷашн мегирем. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ  нақша дорад бахшида ба ин рӯз  чорабиниҳоро дар сатҳи баланд доир намояд. Рӯзи 8 сентябр мо ният дорем дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ  ва марказҳои таълими калонсолон чорабиниҳои идона баргузор намоем. 
  Имрӯз ҳар як сокини мамлакат бояд дарк намояд, ки маҳз бо шарофати истиқлолият метавонад  дар хориҷи кишвар фаъолият намуда, барои саёҳат ба хориҷа сафар кунад ва дар  донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи давлатҳои хориҷӣ таҳсил намояд. 
Мо доимо саъю кӯшиш мекунем, ки хонандагони муассисаҳоямонро ба роҳи ватандӯстӣ,  ваҳдат,  ифтихор аз миллат,  майлу хоҳиши донишандӯзӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ, ҳисси зебоипарастӣ  ҳидоят намоем.  Ҳар як ҷавон бояд донад, ки истиқлолият-  ин ифтихори миллати тоҷик буда, дар оянда танҳо бо соҳиб будан ба истиклолият шахс худро дар хориҷи кишвар муаррифӣ карда метавонад.
 
-Муасисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар рушди кишвар чӣ нақш доранд? 
-Зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон яке аз зинаҳои муҳим ба ҳисоб рафта,  барои иқтисодиёти кишвар мутахассисони соҳибихтисос омода намуда, дар рушди иқтисодиёти миллӣ, ҳаёти иҷтимоию маданию фарҳангӣ саҳм мегузорад. Соҳаи таҳсилоти  ибтидоии касбӣ аз  марти соли ҷорӣ ба сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.  Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҶТ имрӯз 63 ададро ташкил менамоянд, ки он дар 14 самт ва аз рӯи беш аз 100 ихтисос  мутахассисони коргар омода менамояд.  Имсол бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷории соҳа ворид гардид. Яке аз тағйирот ин гузариш  аз таҳсили 3 сола ба 2 сола мебошад . 
Муасисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ қариб  дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.  Имрӯз дар Душанбе 10 муассиса, дар вилояти Суғд  22, дар вилояти Хатлон 18 ва дар ВМКБ 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дорад. 
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соли 2014 ро соли “Сифати таълим” эълон намудааст. Дар айни замон мо ба эҳёи ин сохтор шурӯъ намудем. Солҳои тӯлонӣ биноҳои таълимӣ, хобгоҳу озмоишгоҳи ин муассисаҳо таъмирталаб гаштаанд. Барои ин маблағи зиёд  зарур аст. Соли 2014 танҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ба соҳаи мазкур 42 миллион сомонӣ ҷудо гардид.  Дар баробари ин аксари литсейҳо заминаи таълимию истеҳсолӣ доранд, ки  ин ҳам як сарчашмаи даромади муассисаҳои мазкур маҳсуб меёбад.  Инчунин   дар ҷумҳурӣ имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо сармоягузорони дохиливу хориҷӣ мавҷуд аст, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои мухталиф ва таъсиси минтакаҳои таълим мусоидат мекунанд. Дар айни замон дар муассисаҳои      таълимии мазкур 21 ҳазору 850 хонанда таҳсил менамояд, ки аз ин 4 ҳазору 370 нафарро духтарон ташкил менамоянд.  Теъдоди омўзгорон  2 ҳазору 272 нафар ва устоҳои таълими истеҳсолӣ 738 нафарро ташкил менамояд. Аз ин 605 омӯзгор ва зиёда аз 250 нафар устои таълими истеҳсолиро занон ташкил менамоянд. 
 
-Мегуфтед, ки барои рушди соҳа чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?  
-Имрӯз  вазорат барои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳамкориро бо Бонки рушди Осиё ва Бонки рушди исломӣ хуб ба роҳ мондааст.  Аз  ҷониби Бонки рушди Осиё ва Фонди махсуси Ҷопон аз соли 1999 то ба имрӯз ба маблағи   7 миллион  доллари амрико кумак расонида шудааст. 
Аз соли 2015 лоиҳаи Бонки рушди Осиё шурӯъ мешавад ва  мо ният дорем якчанд бинои таълимии худро аз таъмири ҷорӣ барорем. Таҷҳизоту техникаи имрӯзаи муассисаҳои мо аз собик шӯравӣ боқӣ монда, мо бояд барои  беҳтар намудани сифати таълим таҷҳизоту техникаи наву замонавӣ ворид намоем, вале барои ин иқдом маблағи зиёд лозим аст. 
Ҳамкориҳо зиёданд ва дар оянда мо бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, соҳибкорон,  худи муассиса ва барномаҳои байналмилалӣ метавонем ин соҳаро, ки ба иқтисодиёти мо хеле зарур аст,  эҳё намоем, зеро  бе ихтисосҳои коргарӣ иктисодиёти кишвар пеш намеравад ва дар рушду такомули давлат ҳамаи соҳаҳо ба касбҳои коргарӣ ниёз доранд. 
Бояд гуфт, ки хонандагоне, ки  муассисаҳои моро бо баҳои  хубу аъло хатм мекунанд, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба онҳо барои дохил шудан ба коллеҷи муҳандисии омӯзгорӣ ва барои идома додани хониш ва баъдан бо ҷои кор таъмин намудани онҳо сафарбар мешаванд.  Дар оянда мо нақша дорем дар литсейҳои соҳавӣ ихтисосҳои ҳамин соҳаро, аз қабили сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра омода намоем. 
 
-Муассисаи Шумо барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ чораҳоро амалӣ месозад? 
-Имрӯз муассисаҳои мо ва маркази таълими калонсолон барои омода намудани шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар доранд, курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис намудаанд. Тавре ки маълум аст, аз 1 январи соли 2015 муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, бояд забони давлатӣ, таърихи Русия, ҳуқуқ ва фарҳанги онро донанд.  Мо тестҳоеро, ки аз рӯи он муҳоҷирон имтиҳон месупоранд дастрас намуда, курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил намудаем, ки дар онҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси ин тестҳо дарс  дода мешавад. Ҳоло кор дар ин самт идома дорад. 
-Имрӯз кадом мушкилӣ садди роҳи пешрафти соҳаи Шумо гаштааст?
-Дар соҳаи ТИК мо проблемаҳои зиёд дорем. Хусусан дар ноҳияҳои дурдасти вилоятҳои ҷумҳурӣ норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ба чашм мерасад. Барои ин дар назди вазорат муассисаи давлатии маркази таълими методӣ ва мониторинги сифати таълим таъсис дода шуд, ки он ба нақшаю барномаҳои таълимӣ, кумак барои омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим равона карда шудааст.
Ба хатмкунандагони мо дар Федератсияи Русия талабот ҳаст. Бояд зикр намоям, ки намояндагии вазорати  мо дар шаҳри Маскав бозори меҳнати Маскавро омӯхта, ихтисосҳоеро, ки дар бозори меҳнати он ҷо ниёз доранд,  ирсол намудааст ва мо аз рӯи ин талабот кадрҳоро тайёр менамоем. Бе чуну чаро дипломи муассисаҳои мо  дар ФР ба кор меравад. 
 
-Дар ояндаи наздик барои пешрафти соҳа чӣ нақшаҳо доред?
-Мақсади таҳсилоти  ибтидоии  касбӣ на танҳо баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии мутахассисон, балки ҳаматарафа баланд бардоштани шахсияти хонандагон мебошад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки хонандагони мо фикру андешаҳои худро озодона баён карда тавонанд, зеро онҳо дар давлати демократӣ кору зиндагӣ мекунанд. 
Мақсади асосии мо таҷдиди соҳа мебошад. Таҷдид- ин гузаштан аз  системаи ҳозира ба системаи рушд аст, ки он танҳо бо маблағгузорӣ  ба роҳ  монда мешавад. Имрӯз агар мо бо роҳи таҷдид қадам назанем, рақобат моро маҷбур месозад, то дари  муассисаҳои худро бандем. 
Баъд аз супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, вазорат  бевосита вазифадор гардид, ки омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофии дастиро эҳё намояд. Мо дар бисёр муассисаҳои таълими ибтидоии касбӣ ва маркази  таълими калонсолон  дар Душанбе, Хуҷанд, Ҷиргатол, Конибодом, Ёвон ва ғайра аллакай касбомӯзонро барои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  фаро гирифтем. Зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯз аллакай барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофии дастӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ  4 ҳазору 23 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиш ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 1 ҳазору 669 нафар ба ҳунарҳои зардӯзӣ, бофандагӣ, ҷомадӯзӣ, қолинбофӣ ҷалб гардидаанд.  Дар  Хатлон   2 ҳазору 095 нафар ин касбҳоро аз худ карда истодаанд. Барои беҳтар намудани сифати кор мо  аз ширкатҳои хориҷӣ таҷҳизот низ дастрас  намудем. 
-Таманниёти Шумо ба мардуми тоҷик. 
-Ман ба мардуми кишварамон  сарбаландӣ ва  сарфарозиро таманно дорам. Мардуми  тоҷик бояд аз истиқлолияти миллатамон фахр намуда, дар пешрафти мамлакати худ саҳмгузор бошанд.  
 

Сентябрь 5, 2014 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад