Ҳамаи комёбиҳо аз манзалати волоияти қонун аст

Октябрь 4, 2014 10:40

 
Душанбе, 4.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 20 сол муқаддам, аниқтараш 6 ноябри соли 1994 дар кишварамон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он самараи неки даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қабули ин санади муҳими сарнавиштсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории муосири тоҷикон заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ,таъмини волоияти қонун, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намуд. 
Дар робита ба ин котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Файзобод   Муъминшо Давлатёров чунин ибрози андеша намуд:
-Тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 19 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва заковати азими халқи Тоҷикистон ҳисобида мешавад, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳалли масоили умдаи байналмиллалӣ ба инобат мегиранд.
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби  Конститутсияи сазовор мебошад.
Дар  баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.
Зарурати муайян намудани заминаи ҳуқуқии таъмини истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ шуда буд. Аммо гирдиҳамоиҳое, ки моҳҳои август ва сентябри соли 1991 оғоз гардиданд, таҳияи лоиҳаи Конститутсияи навро ба таъхир гузоштанд.
Тибқи Фармони Президенти ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ таъсис дода шуд. Охири моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи Қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандон дар матбуот нашр гардид. Вазъи ба вуҷудомадаро ба эътибор  гирифта, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    “Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳлати муҳокимаи лоиҳа то 1 июли соли 1992 дароз карда шуд. Аммо бинобар оғоз гаштани низои байни тоҷикон раванди ислоҳоти конститутсионӣ ба таъхир афтод.
Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид. Иҷлосияи мазкур дар барқарор гаштани сохти конститутсионии кишвар нақши бузург бозид.
Дар иҷлосияи мазкур қарор  “Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  аз 23 августи соли 1990  “Дар бораи Ташкили комиссияи оид ба тайёр намудани Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар асоси он комиссияи нави конститутсионӣ таҳти сарварии раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав ташкил намуд.  Дар давоми 6 моҳ гурӯҳи корӣ 2 лоиҳаи конститутсиониро омода кард. Як лоиҳа ба шакли идораи парламентӣ ва лоиҳаи дигар ба шакли идораи президентӣ бахшида шуда буд. Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокима лоиҳаи Конститутсияро, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, маъқул дониста, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард.
Дар муддати зиёда аз 2 моҳи муҳокимаи лоиҳа аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ба Шӯрои Олӣ ворид гардид. Ҳамзамон бо ин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як зумра мутахассисони кишварҳои чаҳон, ба мисли Иёлоти Мутаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Русия ва чанд кишвари дигар баҳои сазовор гирифт. Коршиносони СММ, САҲА ва созмонҳои дигари байналмилалӣ низ ба лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати Тоҷикистонро чун давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад (моддаи 1).
Конститутсия давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад.
Дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ ҳадафҳо, мазмун ва самтҳои сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян шудаанд, миқдори зарурии қонунҳо, барномаҳо қабул шуда, дигар чорабиниҳои дахлдори давлати амалӣ шуда истодаанд.
Конститутсияи амалкунанда нахустин қонуни асосии давлати Тоҷикистон аст, ки дар он таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ифодаи қонунӣ ёфтааст.
26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ду маротиба таъғйиру иловаҳо ворид шуданд.
Дар асоси ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 дар кишвар парламенти касбии доимӣ таъсис ёфт, муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 7 сол, муҳлати ваколатҳои судяҳо ба 10 сол расонида шуд. Дар натиҷаи таъғйиру иловаҳои соли 2003 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуданд: раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид. Ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд: ҳуқуқи ҳар шахс ба баррасии парванда дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардид: асосҳои демократии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мустаҳкам шуданд.
Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон аст. Ҳар сокини соҳибҳукуқи кишвар бо ин ҳуҷҷати муҳим ифтихор карда метавонад ва дилпурона гуфта метавонад, ки бо номи азизи Тоҷикистон як кишвари соҳибистиқлол дорад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ собитқадамона пеш рафта, чун узви ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар ҳалли монеаҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ  иштироки фаъолона дошта, бо таъсиси кишвари озоду демократӣ давра ба давра дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкамтар месозад. Ин аст, ки таклифу пешниҳодҳои дурандешонаи Сарвари давлати тоҷикон аз ҷониби ҷаҳониён якдилона пазируфта шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари хостгори сулҳу салоҳ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ эътироф гардидааст. Асоси ҳамаи ин комёбиҳои ба дастомада аз манзалати волоияти қонун дар кишвар ва эҳтироми сокинон ба давлату давлатдорӣ маншаъ мегирад. 
 

Октябрь 4, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд