Ҷаласаи сайёри НТҶ ва ва Душанбе оид ба зимистонгузаронӣ

Октябрь 10, 2014 16:25

 
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи нақшаи кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 4 октябри соли ҷорӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сайёр бо иштироки раисони ситоди зимистонгузаронии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷиҳати омодагӣ барои зимистонгузаронии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои 2014-2015 баргузор гардид. 
Муовини Сарвазир аз ҳамаи масъулини зимистонгузаронӣ даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо аҳолӣ пайваста вусъат бахшанд, хусусан дар самти самаранок истифода бурдани барқ дар фасли зимистон ва васеъ истифода бурдани чароғакҳои каммасраф. Корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути роҳбарон ва муовинони мақомоти иҷроия дар ноҳияҳо ва раисони ҷамоатҳо ба роҳ монда шаванд. Масъулияти кормандони соҳаи барқ дар фасли зимистон нисбат ба кормандони дигар соҳахо бояд, ки бештар бошад, чунки дар симои ҳар як корманди барқ, ҷиҳати иҷрои реҷаи муқарраргардидаи барқ, мардум ҳукумати кишварро мебинад. Дар ин замина ба Бобоев Ҷ.Қ., — муовини аввали раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» супориш дода шуд, ки масъуле, ки реҷаи барқро дар ноҳияи Шаҳринав риоя накардаасту ба халқ бо бемасъулиятии худ мушкилот пеш овардааст, танбеҳ дода шавад ва дар сурати бори дигар такрор шудани ин амал масъалаи дар вазифа монданаш баррасӣ шавад. 
Муовини Сарвазири кишвар зикр намуд, ки  масъалаи зимистонгузаронӣ яке аз  масъалаҳои мубрами рўз барои тамоми кишвар, алалхусус барои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор оид ба омодагии зарурии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ қабул мегардад. Сари вақт ва бо сифати хуб иҷро намудани муқаррароти он барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҳатмӣ мебошад. Аз ҳамаи иштирокчиён даъват карда шуд, ки имсол ба масъалаи зимистонгузаронӣ муносибати ҷиддӣ намоянд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омодагиҳои зимистонгузаронӣ дар сатҳи хуб қарор доранд, аммо на ҳамаи масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, системаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Иттифоқи Тоҷикматлубот ва корхонаҳои таъминкунандаи барқӣ корро дар сатҳи лозимӣ  ба роҳ мондаанд. 
Маблағҳои зарурӣ барои иҷрои нақшаҳо дар соҳаҳои зикргардида, аз ҳисоби  буҷети маҳалии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷиҳати омода намудани соҳаҳои буҷетӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш барои фасли тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ пешбинӣ шуда, пардохти онҳо мунтазам идома дорад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии омодагии зимистонгузаронӣ барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, алалхусус барои он  ноҳияҳое, ки оғоз аз аввали октябри соли ҷорӣ маҳдудияти барқ ҷорӣ мегардад ин омода намудани ҳаҷми зарурии ангишт, ҳезум, гази моеъ, солярка, сўзишвории табиӣ, маводҳои зиддилағжиш, тибқи нақшаҳои тасдиқгардида мебошад. 
Мутобиқи маълумотҳои пешниҳодгардида, нақшаи таъмини муассисаҳои маориф бо ангишт ва ҳезум дар тамоми ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 1 октябри соли ҷорӣ пурра таъмин гардидааст, аммо дар соҳаи тандурустӣ нишондиҳандаҳои иҷро барои ин намуди маводи зимистонгузаронӣ дигаргун мебошанд. Таъмини ангишт дар 10 ноҳия пурра иҷро гардида, дар ноҳияҳои Нуробод 54,5%, Тавилдара 70%, Ҷиргатол 78% ва Тоҷикобод 82%-ро ташкил медиҳад. Нақшаи таъмини ҳезум бошад дар 8 ноҳия иҷро гардида дар ноҳияҳои Нуробод 44%, Рудакӣ 42,5% Ҷиргатол 50%, Ҳисор 68% ва Тоҷикобод 70%-ро ташкил медиҳад. 
Дар самти таъмини барқ мушкилотҳо хеле зиёданд ва нигаронии асосии шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ин захираи трансформаторҳои 630-1000 кВт мебошад. Албатта дар ин самт як қатор корҳои муҳим ба анҷом расонида шудаанд, аммо ин басанда нест. Муҳим аст, ки корҳоро дар ин самт ба маротиб вусъат бахшем. Ба назар чунин мерасад, ки омодагии имсолаи шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе нисбат ба соли гузашта сусттар мебошад. Бояд қайд намуд, ки иқтидорҳои нав ба кор шурўъ намуда истодаанд (Чархаи дуюми Сангтуда -2 ва   МБГ-2), эҳтимолияти беҳтар таъмин намудани барқ низ зиёдтар аст, аммо инфрасохтори ҷорӣ ҷавобгўи талабот нест. Аз 70 ҳазор адад симчўби шаҳр зиёда аз 50 ҳазораш аз солҳои 1950-1960-ум мебошад, Сохторҳои истеҳсолкунандаи барқ қобилияти куллан иваз кардани симчӯбҳоро надоранд, ҳамзамон дар назди таъминкунандагони симчӯбҳо қарздор мебошанд. Аз ин лиҳоз нигоҳ ба ин масъала бояд комилан дигар бошад. Тибқи маълумотҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъмири ҷории трансформаторҳо ва аз шохи дарахтон тоза намудани хатҳои интиқоли барқ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо иҷро гардидааст. Зикр кардан  ба маврид аст, ки новобаста аз омодагии ҳамаҷонибаи таъмини маводи гармидиҳӣ, манбаи асосии бо равшанӣ ва гармӣ таъмин намудани қишри асосии аҳолии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва умуман кишвар- барқ боқӣ мемонад. Вобаста ба ин ба муовини якуми ширкати «Барқи Тоҷик» супориш дода шуд, ки омодагии ҳамаҷонибаро дар самти риоя намудани реҷа ва маҳдудиятҳои тасдиқгардида барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пурра иҷро намояд. Захираи иловагии трансформаторҳо, равған барои онҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, муҳофизакҳо ва оиқҳо барои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, хусусан барои он шаҳр ва шаҳракҳое, ки аҳолӣ зич зиндагӣ менамояду  барқ манбаи асосии равшанӣ ва гармидиҳӣ ба шумор меравад. 
Дар робита ба таъмини фаъолияти нақшавии ҶСК «МБГ-1 и     ш. Душанбе» барои ворид намудани мазути камсулфур шартнома бо ширкати ТалКо дар ҳаҷми 30 ҳазор тонна  ҶСП «Ҳасан ва К» дар ҳаҷми 3000 тонна, бо ҶДММ «Капитал» дар ҳаҷми 6000 тонна баста шудааст. То 9 октябри соли 2014 захираи мазути аловӣ дар ҶСК «МБГ-и шаҳри Душанбе» 4569 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор         3140 тоннаи он захираи корӣ мебошад.
МБГ -2  аз 10 январи соли 2014 ба фаъолият оғоз намуда, истеҳсоли неруи барқро ба   66 млн. кВт.с. баробар намуд, ки хароҷоти ангишт аз рўи ҳисоби миёна  28 тонна/соат ҳисобӣ шудааст. 
Ҳолати омода намудани хўроки дурушт ва ширадор барои ҳайвонҳои калони шохдор ва моли майда дар аксарияти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пурра иҷро гардидааст. Ҳатто ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Ҷиргатол дар ин самт омодагии хубтар дида захира намудани нақшаи пешбинишударо дар сатҳи аз 190% то 242% иҷро намуданд. Дар ҳолати номуносиб омадани боду ҳавои зимистони соли ҷорӣ ва эҷод шудани мушкилот барои таъмини чорвои калону майда дар дигар ноҳияҳои кишвар, онҳо метавонанд барои кумак ба ин ноҳияҳо муроҷиат намоянд. Ҳаҷми умумии захираи хўроки чорво дар ин се ноҳия зиёда аз 87 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Мутаассифона, дар ин самт ҳам на ҳамаи шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақшаҳои пешбинишударо таъмин намуданд, ҳатто шаҳри Роғун ҳисоботи иҷрои нақшаро пешниҳод нанамудааст. Ноҳияҳои Ҳисор Тоҷикобод ва Нуробод иҷрои нақшаи захира намудани хўроки чорворо мутаносибан дар сатҳи 67,5%, 71,1% ва 76,7% иҷро намуданд. 
Ба масъулини зимистонгузаронии ҳамаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки чораҳои фаврии омода намудани фермаҳо ва кашарҳои зимистонгузарониро барои чорвои калону хурд, зери назорати қатъӣ қарор диҳанд, чунки тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида, қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҳисоботдиҳанда кор дар ин самт тибқи нақша иҷро нагардидааст. Ҳамчунин ба мутасаддиёни ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Нурободу Тоҷикобод ва дигар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки доир ба ҳолати санҷидашуда маълумоти мушахас ирсол намоянд. 
Мутобиқи маълумотҳои пешниҳодгардида аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, захира намудани маводи зиддилағжиш тибқи нақша пурра иҷро гардидааст. Аммо муовини Сарвазир ба муовини ноҳияи Ҷиргатол- масъули зимистонгузаронӣ ва муовини вазири нақлиёт супоришҳои иловагӣ дод, ки новобаста аз он, ки тибқи ҳисоботҳои Шумо, гуё, ки  Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷиргатол пурра омода мебошад, аммо барои таъмини ҳаракати нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ дар тамоми фасли сол лозим аст, ки чораҳои иловагӣ андешед. Гардиши моли тавассути ин шоҳроҳ ҳамагӣ 3,04% ро ташкил медиҳад, ин дар ҳолатест, ки мо тасмим гирифтаем, ки статуси ин шоҳроҳро баланд бардошта, онро ба яке аз шоҳроҳҳои асосӣ барои диверсификатсия кардани воридоту содироти кишвар табдил диҳем. Алалхусус корҳоро дар ду мавзеи ҳавза, ки баъди сарҳади гумрукӣ қарор доранд, муносибатро ба куллӣ тағйир диҳем ва барои ҳалли доимии ин ду мавзеъ, қарори муҳандисии оқилона бо ҷалби институти тадқиқотии назди Вазорати нақлиёти кишвар қабул намоем. Дар ин ду мавзеъ пайваста лағжиш ва кўҳфароӣ сурат мегирад. 
Дар асоси маълумотҳои пешниҳодгардидаи ҷамъиятҳои Тоҷикматлубот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Иттифоқи Тоҷикматлубот то 01 октябри соли ҷорӣ уҳдадориҳои гирифтаи худро қисман иҷро намудааст, дар ягон шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ умдадориҳои гирифтаи ҷамъияти Матлубот 100% иҷро нагардидааст. Ҳамзамон мутобиқи маълумоти Иттифоқи Тоҷикматлубот муҳлати ниҳоии иҷрои уҳдадориҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот барои захира намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ то 15 ноябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст. Вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои гирифтаи худ, ҷиҳати захира намудани  картошка, пиёз қуттиҳои шартии консерва ва афшураҳои меваҷот шартномаҳои зарурӣ бо хоҷагиҳои ноҳияҳои Ғончӣ, Зафаробод, Истаравшан, Мастчоҳ, Айнӣ, Ҷиргатол ва як силсила ноҳияҳои вилояти Хатлон ба имзо расонида шудааст. Иттифоқи Тоҷикматлубот уҳдадор гардидааст, ки дар асоси шартномаҳои ба имзо расонидашуда,  уҳдадории захира намудани маҳсулотҳои кишоварзиро дар доираи нақшаҳои тасдиқгардидаи ҷамъият барои зимистонгузаронии соли ҷорӣ пурра таъмин намояд.   
Дар айни замон дар ҳудуди тамоми ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 208  нуқтаи фурӯши ангишт ва 137 нуқтаи фурӯши гази моеъ аз ҷониби соҳибкорон ва Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил шудааст. Сол ба сол дар ин самт хизматрасониҳо хубтар гардида, дастрасии шумораи аҳолӣ ба ин нуқтаҳои хизматрасонӣ беҳтар мешавад. Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида шароити беҳтари дастрасӣ ба нуқтаҳои ангишт дар ноҳия Варзоб мебошад. 1667 сокини ноҳия метавонанд аз як нуқтаи фурӯши ангишт истифода баранд. Бо ин нишондод шароити мушкилтар дар ноҳияи Тоҷикобод мебошад. Дар ин ноҳия таносуби дастрасӣ ба як нуқтаи фурӯши ангишт 12966 нафарро ташкил медиҳад. Ҳолати хизматрасонӣ дар самти дастрасӣ ба нуқтаҳои гази моеъ манзараи дигарро пеши назар меорад. Таносуби дастрасии беҳтари аҳолӣ дар бозори гази моеъ дар ноҳияи Ваҳдат ба назар мерасад.  7212 сокини ин ноҳия метавонанд аз як нуқтаи фурӯши гази моеъ истифода баранд. Таносуби ин нишондиҳанда дар ноҳия  Ҷиргатол 31331 нафарро ба як нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил медиҳад. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби муовини Сарвазири кишвар ба ҳамаи мутасаддиёни зимистонгузаронии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки барои содатар гардидани дастрасии аҳолӣ ба нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва ангишт мусоидат намоянд.
Дар интиҳои ҷаласа муовини Сарвазир ба масъулини шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дод, ки то 15 октябри соли ҷорӣ иҷрои нақшаи тасдиқгардидаи зимистонгузарониро дар маҷмўъ таъмин намуда, ҳисобот пешниҳод намоянд. 
 
 
 
 
 

Октябрь 10, 2014 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид