Иқдомҳои созандаи Ҳукумат ҷиҳати рушди минтақаҳо

Ноябрь 13, 2014 16:28

Душанбе, 13.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раванди бунёдкориву ободонӣ, ташкили корхонаҳои наву замонавӣ, сохтани иншооти иҷтимоӣ, бахусус мактабу беморхонаҳо бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, иқдомҳои соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бо вусъат идома доранд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳру ноҳияҳои кишвар бо шарофати иқдомҳои созандаву бунёдкорона ба худ симои тоза касб карда, аз баракати истиқлолият, сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ шаҳодат медиҳанд. 
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар гуна шароит ба тамоми минтақаҳои кишвар сафарҳои корӣ анҷом дода, ба ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза мебахшад. Мусаллам аст, ки дар ҷараёни сафарҳои Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар як силсила иншооти маданию иҷтимоӣ, корхонаҳои нави саноатии  замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, таҷдиди роҳу пулҳо ва дигар иншооти инфрасохтори маҳаллӣ амалӣ мегарданд. 
Ҳамин гуна, зимни сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 12 ноябри солӣ ҷорӣ ба сохтмони якчанд корхонаи саноатӣ бо 1300 ҷойи корӣ оғоз бахшида шуд. Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ,  корхонаи тавлиди масолеҳи бастубанд ва ороиши сохтмон ва корхонаи нави семент. Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ дорои иқтидори 10 ҳазор маҳсулот дар як шабонарӯз буда, то моҳи июни соли 2015 ба кор дароварда мешавад. Муҳлати ба кор омода шудани корхонаи дуюм  моҳи декабри соли 2015 муайян гардидааст.
Ҳарду корхона аз ҷониби ширкати муштараки «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» бо харҷи 150 миллион сомонӣ сохта мешавад ва дар онҳо бо назардошти конҳои ашёи хом беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Корхонаи нави семент  иқтидори солонааш 1,2 миллион тонна хоҳад буд. Ин корхона дар муддати 1  сол аз ҷониби ширкати муштараки «Ҷунг-Сай-Моҳир» бо харҷи беш аз 600 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони дохилию хориҷӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 1000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Дар ҳудуди ҳамин корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гачкартонии сохтмонӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион метри мураббаъ ва коргоҳи халтаҳои қоғазӣ бо иқтидори 80 миллион халта дар як сол бунёд хоҳад ёфт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳия зикр намуд: «Ба ҳамагон маълум аст, ки мо бояд ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ — саноатӣ ба кишвари саноатӣ — аграрӣ табдил додани кишварамон чораҷӯӣ карда, бо ин мақсад барномаҳои дахлдорро татбиқ намоем. Вобаста ба ин, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвонро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дахлдор бо назардошти истифодаи васеи имконияту захираҳои мавҷуда, ҷиҳати дар зарфи 3-4 соли наздик ба яке аз ноҳияҳои бузурги саноатӣ табдил додани он чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд».
Инчунин дар ҷараёни сафари Президент ба Ёвон дар ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳия мактаби нави ҳамагонӣ барои 640 хонанда дар 2 баст мавриди истифода қарор гирифт. Ин мактаб аз ҷониби корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳия барои мардуми деҳаҳои Ҳасанӣ ва Дарагии ноҳия бунёд ёфтааст.
Мактаб аз 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология ва синфхонаҳои лингофонӣ барои забономӯзӣ иборат аст. Ду синфхонаи дигар барои ҳунаромӯзии духтарону писарон бо мошинҳои дӯзандагӣ ва асбобҳои дуредгарӣ ҷиҳозонида шудааст.
Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳавлии мактаби навбунёд бо сокинони ноҳия мулоқот намуда, падару модарон ва омӯзгоронро ба тарбияи насли ҷавон дар роҳи рост ҳидоят намуд. Вай афзуд, ки раванди бунёди мактабҳои замонавӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ва лавозимоти хониш бомаром идома дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва таҷрибаи омӯзгорон ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки то охири соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон 16 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 2000 нафар хонанда  ба истифода дода мешавад.
Бинои нави иловагии беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон низ зимни ин сафари Президент мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин бинои дуошёна бо таҷҳизоти муосири таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ бо харҷи 14 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҷҳизонида шудааст. 
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин дувумин чунин таваллудгоҳи муосир дар вилояти Хатлон аст. Якумаш ба наздикӣ дар ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт. Ду- тои дигар ҳамин гуна таваллудхонаҳо дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархор низ дар арафаи ба кор даромадан қарор дорад. Дар ояндаи наздик ду таваллудхонаи дигар бо мақоми вилоятӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа сохта мешавад. Тибқи барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Федеролии Олмон ҳамин гуна таваллудхонаҳо бояд дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон сохта шаванд. Бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳои муосир дар бисёр минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири парандапарварӣ бо иқтидори солонаи 1800 тонна гӯшти мурғ ба кор шуруъ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуриддин Нуралиев бунёд ёфтааст. Ин корхона аз 7 мурғхонаи парвариши чӯҷаҳои гӯштӣ, биноҳои чӯҷабарорӣ, кушторгоҳ, яхдон ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат аст. Дар як вақт дар 7 мурғхонаи он 245 ҳазор чӯҷа парвариш ёфта, давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна 1,2 кг вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешавад. Ба ин тартиб дар давоми сол дар ин ҷо зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор мурғи гӯштӣ омода мешаванд, ки баробар ба 1800 тонна гӯшти  парҳезии паранда аст. Дар ин корхона ҳоло 130 нафар, ки бештари онҳо занону духтарони маҳаллианд, бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1700 сомонӣ таъмин мешаванд. Дар оянда бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон ба зиёда аз 300 нафар расонда мешавад.
Албатта, раванди бунёдкориву созандагӣ ва ободкориҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо вусъат идома дорад. Ҳукумати мамлакат мунтазам талош мекунад, ки тамоми манотиқи кишвар баробар рушд карда, бунёди корхонаҳои нав ва иншооти маишиву дорои аҳамияти иҷтимоӣ ҳарчи бештар шавад. 
Танҳо зарур аст, ки ба хотири пешрафти рӯзафзуни иқтисоди миллӣ ва муаррифии шоистаи кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳон ҳар як фард, аз ҷумла роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, алалхусус фаъолони шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар самти ободиву оромии кишвар ва ҷомеа, таълиму тарбияи дурусти насли наврас, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои давлати соҳибистиқлоламон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.
 
 

Ноябрь 13, 2014 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд