«Талош»-андешаҳои воқеияти зиндагӣ

Ноябрь 29, 2014 11:39

Душанбе, 29.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Китоби нави адиби шинохта Султонмуроди Одина таҳти унвони «Талош» аз чоп баромад. Маҷмӯаи нави адиб асарҳои солҳои охир навиштаи ӯро дар бар мегирад. Мавзуъҳои калидии асарҳо масъалаҳои доғи рӯз аст. Нависанда ба воситаи эҷоди қисса, ҳикоя, нақли воқеаҳои таърихӣ, асарҳои саҳнавию андешаҳои аз воқеияти зиндагӣ гирифтааш инсонро ба меҳру шавқат, дӯст доштани Ватан, даст кашидан аз амалҳои номатлуб ҳидоят мекунад.
Асарҳои маҷмӯа бо забони рангин, бо танзи ниҳонӣ рӯи коғаз омадаанд.
Дар пешгуфтори китоби «Толош» Фатҳуллоҳи Азиз навиштааст: «Султонмуроди Одина нависандаест хушзавқу пуркору заҳматкаш, ки дили беқарори пур аз ҳаваси эҷодкорӣ дораду пайваста аз паси офаридани асари бадеӣ аст. Гоҳ қисса менависаду гоҳ ҳикоя, гаҳе андешаҳояшро дар қолаби нотакрор аз қаъри барии хаёлоти рангинаш марворидсон чида мерезад, гоҳе дигар дарди дилашро бо шеъё ва ё бо мақолаҳо ифода мекунад. Муҳим аз ҳама чизи гуфтанӣ дораду Худованд илҳоми саршор насибаш карда».
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз Султонмуроди Одина яке аз адибони пухтакору пурсамар мебошад, ки асарҳояш хонандаи сершумор пайдо кардаву дар аксари мавридҳо ба ҳадафи худ расидаю хонандаро ба навиштаҳояш ҷалб карда тавонистааст.
Ёдовар мешавем, ки Султонмуроди Одина (Одинаев Султон Пардаевич) 3 ноябри соли 1950 дар деҳаи Кӯҳони ноҳияи Ҳисор дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ соли 1972 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайми муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи №52-и ноҳияи Ҳисор оғоз намудааст. Солҳои 1976-1980 ба ҳайси директори мактаби №101-и ноҳия фаъолият кардааст. Аз соли 1980 то ҳол дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кор мекунад. Аввал дастурдиҳанда, аз соли 1985 котиби кумитаи иҷроия, солҳои 1990-1991 муовини раиси Шӯрои вакилони халқи ноҳия ва солҳои 1991-2007 котиби кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳия ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия буд. Чандин даъвати пешин ва алҳол низ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хисор интихоб шудааст. Ҳоло вазифаи муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор ва дар як вақт сармуҳарририи маҷаллаҳои «Ҳисори зарнисор» ва «Маорифи Хисор»-ро ба уҳда дорад.
Асарҳои Султонмуроди Одина без 40 ададро ташкил дода, «Родмарди ҳисорӣ», «Тобишҳои зиндагӣ», «Макони файзбор», «Дарёдил», Зиндагиномаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Насриддин», Санои Афсона», «Биёед, Рӯдакӣ хонем!», «Дарди дил», «Меҳроби умед», Ҳадиси роҳ» аз ҷумлаи онҳоянд ва китоби дигари нави ӯ бо ҳаммуаллифии Фатҳуллоҳи Азиз таҳти унвони «Ҳисор: аз бостон то имрӯз», ки асари таърихӣ ба ифтихори 3000-солагии Ҳисор аст, интизори нашр мебошад.
Бояд гуфт, ки Султонмуроди Одина унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистонро доро буда, аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон аст. Бо нишонҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Сухан», Аълочии маориф, фарҳанг, матбуот, ифтихорномаҳои давлатӣ ва Нишони биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР қадр шудааст.  

Ноябрь 29, 2014 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд