Таҷлили «Рӯзи байналмилалии муҳоҷир» дар Тоҷикистон

Декабрь 18, 2014 11:51

Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Аз соли 2000 то инҷониб бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СММ 18 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалиро оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо қабул намуд. Муҳоҷират ва зуҳуроти муҳоҷирӣ ҳанӯз аз давраҳои қадим ба вуҷуд омада, дар асрҳои миёна одамон бинобар касалии вабо ва қашшоқӣ аз як ҷой ба ҷои дигар муҳоҷират мекарданд. Аз ҳамон давра одамон кӯшиш мекарданд, ки барои беҳтар намудани шароити зисти худ заминҳои киштбоб, инчунин наздик ба об ва ҷои шикорро дарёфт намоянд. Маҳз бо шарофати муҳоҷирати мардум кашфиёти географӣ, шаҳру деҳаҳои нав ба вуҷуд омаданд. Имрӯз муҳоҷират як раванди муҳим гаштаасту қариб ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон муҳоҷиронро қабул мекунанд ё баръакс интиқол медиҳанд. Ҳар давлат дар ҳар давру замон ҳодисаи муҳоҷиратро ба таври гуногун гузаронидааст. Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ин як роҳи ворид намудани маблағ ба буҷаи оила буда, аз ҳисоби кор дар хориҷа муҳоҷир маблағ ба даст меоварад ва вазъи оилавии худро беҳтар мекунад, хона, мошин ва бевосита кулли лавозимоти моддии оиларо таъмин менамояд, инчунин фарзандонашро мехононаду маросими тӯйи онҳоро ба ҷо меорад.Зикр намудан бамаврид аст, ки бо роҳи муҳоҷират ҷараёни ҷаҳонишавии давлат низ суръат мегирад. Аз ҳисоботи Созмони Миллали Муттаҳид бармеояд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати таъмину тақсимшавии мутаносибан баробари қувваи корӣ дар тамоми ҷаҳон кумак намуда, аз ҳисоби мубодилаи малака ва касбу кор барои пешбурди ҷараёни рушди истеҳсолоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Яъне, муҳоҷирон ба давлатҳои пешрафтаву мутараққӣ ба кор рафта, дар ҷараёни кор технологияҳои навро аз худ мекунанд.Бояд гуфт, ки Тоҷикистон на танҳо интиқолдиҳандаи қувваи корӣ, балки қабулкунанда ҳам мебошад. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли 2012 барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон 4 800 квотаи ҷои кор ҷудо гардид ва дар ин робита ба шаҳрвандони хориҷӣ 5221 иҷозат барои кор, аз ҷумла, 2962 иҷозат ба шаҳрвандони Чин, 868 иҷозат барои шаҳрвандони Афғонистон, 267 иҷозат ба шаҳрвандони Эрон ва ғайра дода шуд. Дар замони кунунӣ муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилоти куллии ҷаҳони мутараққӣ мубаддал шудааст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзуда, дар асоси пешбиниҳои СММ то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид. Таҳлилгарони созмонҳои байналмиллалии меҳнат ва муҳоҷират таъкид кардаанд, ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ меорад. Бинобар ин мо муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули замона бояд дарк ва қабул намоем. Рӯзи байналмилаии муҳоҷирро имрӯз, 18 декабр дар Тоҷикистон низ ҷашн мегиранд. Бахшида ба ин рӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои дахлдор, мутахассисони соҳаи муҳоҷират ва намояндагони ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ мизи мудаввар баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, оид ба навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират, гирифтани иҷозатнома барои кор, супоридани тест барои донистани забони русӣ, гирифтани шаҳодатномаҳои хориҷӣ ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд. Бино ба иттилои сухангӯи хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ дар айни замон дар хориҷи кишвар беш аз 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон фаъолият дорад. Ба гуфтаи мусоҳиб қариб 300 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон дорои душаҳрвандӣ мебошанд. Имрӯз Хадамоти муҳоҷират ҳамаи ваколатҳои ба уҳдадоштаашро иҷро намуда, кӯшиш дорад дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирон саҳм гузорад.

Декабрь 18, 2014 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид
Пагоҳ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Бар асари бориши зиёд ва фурӯравии замин роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг баста шуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Дар ноҳияи Варзоб вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ вохӯрӣ доир шуд
Панҷ нафар бар асари тӯфон дар ҷануби Чин ба ҳалокат расиданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
19 кӯдак дар натиҷаи хуруҷи эҳтимолии бемории сурхакон дар шимолу шарқи Нигерия ҳалок шуданд