Маҳфили эҷодӣ бахшида ба эҷодиёти Х.Абдулло

Январь 29, 2015 14:58

Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ташаббуси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 30 январи  соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба эҷодиёти оҳангсози маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Хайрулло Абдуллоев бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар маҳфили мусиқӣ доир мегардад. 
Раиси  Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки Хайрулло Абдуллоев аз асосгузорони мусиқии касбии тоҷик буда, соли 1930 дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Ӯ соли 1953 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва соли 1958 шуъбаи композитории Консерваторияи мусиқии шаҳри Маскавро хатм кардааст. 
«Хайрулло Абдуллоев дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ, бахусус дар жанри суруд ва ҳамсароӣ (хор) оҳангҳо навишта, яке аз асосгузорони Фестивали мусиқавии «Бӯстон» мебошад.  Оҳангҳои он кас бештар ба оҳанҳои халқӣ наздик буда, ҳамзамон мусиқии халқиро бисёр моҳирона ва эҷодкорона такмил дода, оҳанг офаридааст», — илова намуд Қ.Ҳикматов.
Мавриди зикр аст, ки оҳангҳои машҳури Х. Абдуллоев  «Духтари Помир», «Душанбе», «Гулдаста», «Аскарбача», «Фалак» ва амсоли инҳо то ҳол дар байни мардум маъруфият доранд.
Қ.Ҳикматов муътақид бар он аст, ки Х. Абдуллоев дар баробари З.Шаҳидӣ, Ф.Одина, Ш.Сайфиддинов, Ҷ.Охунов, Ф.Солиев ҳамчун кадри маҳаллӣ аввалин шуда, дар ҷодаи мусиқии композиторӣ ҷиҳати густариши мусиқии касбии тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. 
 
 

Январь 29, 2015 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд