Бо кӣ оила барпо кардан дуруст аст?

Февраль 19, 2015 10:45

 
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Масъалаи никоҳи байни хешу табор солҳои зиёд аст, ки мутахассисони соҳаи тиб ва  муқобилони ин анъанаи бобоиро ба ташвиш овардааст. Ба қавли ин гурӯҳи шахсон никоҳи хешу таборӣ бар зарари ҳам навхонадорону ҳам наздикони онҳо мебошад. Вакили Парлумон Саодат Амиршоева  яке аз аввалин нафароне буд, ки аз тариқи қабули қонун мехост ин анъанаро аз байн барад. Ба қавли С.Амиршоева ҳадафи  асосии ин  пешниҳод- ҳифзи саломатӣ ва тоза кардани хуни мардуми тоҷик аст. 
Олимони Британияи Кабир дар ин самт беш аз 70 таҳқиқот гузаронида, хавфи никоҳи хешутабориро исбот намудаанд.  Маълум аст, ки  хатари тавлиди  фарзандони маъюб ва шумораи фавти кӯдакони навзод дар чунин оилаҳо бештар аст. 
Ҳамасола дар худи Британияи Кабир аз ҳисоби чунин оилаҳо беш аз 700 кӯдак бо ихтилоли генетикӣ таваллуд мешавад.  
Муовини сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат Ҷобир Ғозиев бо ин хулосаи мутахассисон розӣ буда, мегӯяд, ки соли 2014 ба хадамот 42 ҳазору 989 нафар муроҷиат намуда, аз ин ҳисоб ба 28 ҳазору 582 нафар гурӯҳи маъюбӣ муқаррар шудааст, ки аз ин теъдод  1126 нафар маъюбони  то 18 сола мебошанд.  Соли 2013 теъдоди маъюбони то 18 сола 1180 нафарро ташкил медод. 
«Имрӯз диққати махсус ба никоҳи байни хешу таборон дода шуда ва ин масъалаи бисёр баҳсталаби давраи мо гаштааст. Дар раванди кори мо тамоюлҳои маъюбшавӣ ва никоҳи хешутаборӣ вобастагии зич доранд. Чуноне ки аз тарафи олимони соҳаи генетика  кашф шудааст, агар шахс дар як пушт никоҳи хешутаборӣ дошта бошад, омилҳои маъюбшавӣ дар ин оила бештар ба назар мерасанд»,-андешаашро иброз намуд Ҷ. Ғозиев. 
Тибқи маълумотҳои оморӣ аз таъдоди кӯдакони маъюб камтаринашон дар ҳолати садамавӣ ба вуҷуд омадаанду боқимонда модарзод мебошанд. «Ҳангоми муроҷиат ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ кормандони мо пурсиш мегузаронанд, ки волидайн ягон робитаи хешутаборӣ доранд ва дар аксар маврид муроҷиаткардагон духтар ва ё писархола, амма ва ё амакдухтару тағописар мебошанд.  Аҷиб он ки ҳангоми аз назаргузаронӣ дар баъзе оилаҳо  то 2-3 ва ҳатто аз он зиёд фарзанди маъюб таваллуд шудааст»,-тааҷуб мекунад мусоҳиб. 
Кӯдаки маъюб аз бегонаҳову солим аз хешон…
Саида Холова, сокини ноҳияи Данғара ба гуфтаи мутахассисон зид мебошад. «Ман худам бо писари холаам хонадор шудаам. Имрӯз соҳиби 4 фарзанди солим мебошем. Бародарам ба ҳамкурсаш аз Ҳисор  ошиқ шуда, оиладор шуд, аввал 2 сол фарзандор нашуда, баъдан  як духтарчаи бемор таввалуд карданд. Инчунин дар деҳаи мо марде зани рус дошт, фарзандонаш ҳама камақл буданду ҳамсояи дигарамон, ки  ҳамсараш духтари амакаш буд, фарзандони солиму доноро ба воя расонидааст»,- далел овард Саида. 
Зубайдуллоҳи Розиқ, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, ки Худованд дар Қуръони карим никоҳи модару модаркалонҳо, модари падар, духтар ва набераву абераҳояш,  хоҳару набераву аберааш, амма, хола, духтари бародар, набераву аберааш, модару модаркалони ҳамсар, духтари ҳамсар, ҳамсари фарзанд, ҳамсари падар ва ҳамин гуна пайвандҳои ба сабаби ширхорагӣ пайдошударо ҳаром гардонидааст. 
“Ғайри инҳо никоҳи дигар хешу табор, аз ҷумла никоҳи духтари амак, духтари амма, духтари тағо, духтари хола, духтари амаки падар ва модар ва духтарони амма, духтари тағо ва духтархои холаи падару модар ва хешовандони дуртар аз инҳоро ҳалол кардааст. Дар мавриди мамнӯияти никоҳи ин қисмати хешовандон дар таълимоти исломӣ ягон ишорае нарафтааст. Паёмбари гиромӣ (с) бо духтари аммааш Зайнаб (р) хонадор шуд ва духтараш Фотимаро ба ҳазрати Алӣ (р), ки писари амакаш буд, ба занӣ дод ва аз эшон фарзандоне наҷиб ба монанди Ҳасану Ҳусейн (р) ба дунё омаданд”,-иброз дошт Зубайдуллоҳи Розиқ.
Тибқи маълумоти  Маркази тадқиқоти генетикии Дубай  қариб нисфи ақдҳои никоҳ, ки дар Халиҷи Форс ба қайд гирфта мешаванд, байни хешутаборон мебошанд. Масалан, дар Қатар 35 фоизи никоҳ байни хешон буда, дар Арабистони Саудӣ ин нишондиҳанда 25-42 фоиз ва дар Аморати Муттаҳидаи Араб  21-28 фоиз  мебошад. 
Ҷонибдорони никоҳи хешутаборӣ бар он ақидаанд, ки ин анъана ба суботи оила меорад. Муслим, яке аз ин ҷонибдорон мегӯяд, ки ақидае, ки волидайн маҷбур фарзандонашонро байни наздикон хонадор мекунанд –хурофот аст Дар бештар маврид ҷавонон худ ошиқ шуда, оила барпо мекунанд. Олимон ба хулоса омадаанд, ки хавфи тавлиди кӯдакони маъюб аз никоҳи хешутаборӣ на он кадар калон мебошад. Агар чунин ҳолро бо занҳое, ки пас аз 35- солагӣ фарзандор мешаванд, муқоиса кунем, хавфи дуввум бештар мебошад. 
Тадқиқот, санҷиш, омӯзиш, баъд хулосаву натиҷа 
Зубайдуллоҳи Розиқ, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, ки имрӯз мавзўи никоҳи хешутаборӣ бисёр мавриди баҳсу гуфтугў қарор гирифта, табибон атрофи он ба шиддат ҳарф мезананд, вале мутаассифона, бидуни тадқиқоти илмӣ ва далелҳои илмии исботшуда. Ҳол он ки олим бояд ҳарфи охирро баъди анҷом додани тадқиқоти илмӣ ва санҷидашуда бизанад. “Мушкил сари он аст, ки табибони муҳтарам тарзе ҳарф мезананд, ки гӯё аз никоҳи хешу таборӣ маъюб таваллуд шудани кӯдакон як қоидаи куллӣ бошад. Олимону донишмандони дигар кишварҳо ин масъаларо даҳсолаҳо қабл мавриди омўзиш қарор дода, хулосаи тадқиқоташонро эълон кардаанд. Тибқи тадқиқоти олимон сабаби танҳо 2-3 дарсади кўдакони маъюб ва ноқис ба дунё омадаро никоҳи хешу таборӣ ташкил медиҳад, на бештар аз ин. Боқӣ 97-98 дарсади онҳо бо сабабҳои дигар маъюб ба дунё меоянд, монанди норасоии хӯрокӣ, истеъмоли маводи мухаддир ва нӯшокиҳои спиртӣ, сигоркашӣ, изтиробҳои зиёди асабӣ, риоя нашудани қоидаҳои ҳамбистаршавӣ, муҳити носолими зист ва амсоли инҳо омилҳои носолим ба дунё омадани навзод мебошанд, ки ба онҳо низ бояд диққат дода шаванд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ин як қонуни умумӣ, ё қоидаи куллӣ намебошад, ки ба он такя карда шавад, балки издивоҷи хешовандӣ ҷонибҳои мусбати зиёд низ дорад. Дар баъзе ҳолатҳо, ҳатто аз нигоҳи тандурустӣ таъсири мусбат доштани он ва боиси наҷоти насли оянда аз бисёр бемориҳо гаштанаш исбот шудааст. Бинобар ин, бисёре аз табибони олам  ин ҳангомаро беасос ва зарарашро андак медонанд ва изҳор намудаанд, ки агар ин масъала зарари калон медошт, Худованд онро ҳаргиз ҳалол намегардонд”,-баён дошт З.Розиқ. 
Хуллас, бояд ба ҳар марду зан ҳақ дода шавад, ки рафиқи ҳаётии худро мувофиқи сифатҳои матлуби худаш интихоб кунад ва ба василаи қонун ин ҳаққи фитрии онҳо поймол нагардад. 
Роҳбари маркази саломатии Насл Шамсиддин Қурбонов, бобати иллатҳои модарзодӣ сухан карда,  3 ва ё 4 гурӯҳи омилҳоро, ки   сабаби иллатҳои модарзодӣ метавонанд гарданд, чудо мекунад. Яке аз ин сабабҳо дар ҳудуди 25-30 фоиз никоҳи хешутаборӣ , дар ҳудуди 20-30 фоиз омилҳои техногенӣ, аз ҷумла фазои олудаи шаҳр, ғизоҳои кимиёвӣ ва боз бемориҳое, ки дар давраи ҳомиладорӣ зан ба он гирифтор мешавад, бемориҳои сироятие, ки зан  то ҳомиладоршавӣ дошт, мебошанд. Дар  Тоҷикистон маҳз ба никоҳи хешутаборӣ такя кардану омилҳои сирояти ғизоӣ ва техногениро ба инобат нагирифтан мусоҳибро ба тааҷҷуб овардааст. 
Ҷуфти муносиб аз Бадахшону Зарафшону Хатлон…
«Барои солимгардонии оила мо бояд як барномаи махсус дошта бошем,  ки  пешгирӣ ва кам кардани издивоҷ байни хешу таборон яке аз унсурҳои ин барнома бошад. Фақат бо манъи издивоҷи хешон насли тоҷикро солим кардан ғайриимкон аст. Агар мо хоҳем, ки дар Тоҷикистон миллати солим ва воҳид таъсис диҳем, бояд шимолӣ ба ҷанубию  бадахшонӣ бо  дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ оила  барпо кунад. Имрӯз мардуми мо маҳалчӣ мебошанд, агар дар ягон маърака мардуми   Бадахшону Хуҷанду Кӯлоб ҷамъ шаванд, ҳамаи онҳо бо нафарони минтақаи худ ҷудо шуда, аз якдигар алоҳида мешинанд,  сабаби ин маҳалчигии тоҷикон ва воҳид набудан аст.  Имрӯз Сарвари Давлат барои воҳид шудани миллати тоҷик  тамоми шароитро фароҳам овардааст, ҳам шароити иқтисодӣ, ҳам коммуникатсионӣ, алоқа, телевизион, забони ягона вуҷуд дорад. Мо бояд издивоҷи чунин оилаҳоро бештар кунем. Дар чунин маврид  миллат ҳам солим мешаваду ҳам воҳид»,-таъкид дошт Шамсиддин Курбонов.
Маликаи 35- сола, сокини пойтахт ба ақидаи Ш.Қурбонов розӣ мебошад.  «Ба фикри ман анъанаи никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон бе асос нест, зеро дар шароити имрӯза хонадоршавии ду ҷавон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат мушкилоти зиёдро ба пеш  меорад. Мутахассисон мегӯянд, ки имрӯз ҷудошавӣ хеле зиёд шудааст, ба фикри ман як сабаби ин никоҳи ҷавонон аз ҳар маҳал аст.  Асли ман аз шимоли Тоҷикистон асту шавҳарам аз Хатлон, мо ошиқ шуда, хонадор шудаем. Ҳарчанд оилаи шавҳарам ҳам солҳо дар пойтахт зиндагӣ мекард, вале  аз рӯзи аввали тайёрӣ ба тӯй мухолифату маҳалчигии ду оила оғоз шуд. Оилаи шавҳарам дар мо чунин маросим нест, аз мо ин тавр нест, гӯён доим мушкилӣ ба бор меоварданд. Дӯзахи ҳақиқӣ, албатта, пас аз тӯй оғоз шуд. Хушдоманам 10 сол ба ман гоҳе тарзи хӯрокпазиам дигар, гоҳ рӯбучини хона, баъди таваллуди фарзандон бошад баҳси «ая» неву «оча» гӯяд, «дада» нею «ота» гӯён, бо ҳар баҳона  хушунат мекард. Аввалҳо ман ба ин аҳамият намедодам, зеро фикр мекардам, ки бо келин бояд чунин рафтор кард. Вале вақте ба наздикӣ хушдоманам ба писари дуввумаш ҷиянашро келин кард, ман муносибат бо келинро фаҳмидам. Бо ҷиянаш, албатта, муносибат 100 фоиз дигар буд. Умуман ин ҷо мисолҳо хеле зиёданду гуфтани ҳамаи он ҷоиз нест. Нафароне, ки ба «бегона» хонадор шудаанд, маро мефаҳманд. Бовар кунед, рӯзҳое буданд, ки ман аз зулми оилаи шавҳарам мехостам ҷудо шавам, вале боз тақдири фарзандонамро фикр мекардам. Аз ҳамин сабаб фикр мекунам оиладор шудан бо хешу табор ё аққалан дар маҳали худ хубтар аз бегонагон аст. Пеш аз қонунӣ кардани манъи никоҳи хешутаборӣ бояд аввал маърифати маҳалчигии тоҷиконро  аз байн бурд»,-баён дошт Малика. 
Дар мавриди маҳалчигии мардум раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода мегӯяд,  ки сабаби ин мушкилот пештар  набудани роҳу робитаи байни маҳалҳо буд. «Вале ин масъалаест, ки имрӯз оҳиста -оҳиста роҳи ҳалли худро ёфта истодааст. Ҳастанд баъзе одату қолабҳо ва тасаввуроте, ки садсолаҳо ташаккул ёфтаанд ва яку якбора шикастани онҳо осон нест.  Мо бояд зина ба зина  бо дарки бошууронаи мардум ва муносибати  огоҳонаи онҳо ин масъаларо  ҳал кунем ва мо умед  дорем, ки он ояндаи наздик пурра бартараф мешавад»,-изҳори умед кард Махфират Хидирзода. 
Таълими маърифат ва одоби оиладорӣ 
Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки диққати тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. 
Бо назардошти аҳамияти масъала, Сарвари давлат мувофиқи мақсад мешуморад, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шаванд.
Масъалаи никоҳи хешутаборӣ низ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба ташвиш оварда, дар Паёми имсола ба ин нукта диққати махсус дода шуд. «Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд»,-таъкид доштааст Сарвари кишвар. 
Машварати пеш аз никоҳӣ
Рохи ҳалли ин мушкилотро Шамсиддин Қурбонов, роҳбари марказии тиббии «Насл» дар додани машварат пеш аз никоҳ медонад. Мутахассисон  бояд дар ин самт малакаи касбӣ дошта бошанд, зеро на ҳар хешу табори наздик хатари  таваллуди кӯдаки маъюбро дорад, ҳол он ки аз ду нафар шахси бегона ҳам метавонад кӯдаки маъюб тавлид шавад. Аз хамин сабаб мутахассисон бояд  ин имконияти хатарро пешгирӣ карда тавонанд. “Пас аз машварат ҳамаи оилаҳое, ки  ба гурӯҳи хатар дохил мешаванд, ба машварати дуввум фиристода, чунин оилаҳоро бояд пурра аз муоинаи тиббӣ гузаронанд, то имконияти таваллуди кӯдакони маъюбро аниқ кунанд. Дар мавриди пайдо шудани хатар, никоҳи ин шахсонро метавон манъ кард”,- гуфт Ш.Қурбонов.
Тибқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Вале онҳо аз ин ҳуқуқи муқаррарнамудаи қонун истифода намекунанд.
Дар мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон  кӯдакони иллатдор таваллуд намешаванд, зеро табибон дар зинаи аввали ҳомиладорӣ бемории кӯдакро муайян карда, исқоти ҳамл  мекунанд. 
“Бояд дар мо ҳам чунин низом ба роҳ монда шавад, ҳар зани ҳомиладор аз рӯзи аввали бордоршавӣ зери назорати духтур бошад ва ҳангоми пеш омадани  хавфи иллатнокии кӯдак ҳомиладорӣ қатъ карда шавад”, -пешниҳод намуд роҳбари маркази “Насл”. 
Ҷобир Ғозиев низ таклиф дорад ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон  ба шуъбаҳои ақди никоҳ  ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад. Шояд яке аз омилҳои маъюбшавии кӯдакон бо ҳамин роҳ кам гардад. Дар пояи тадқиқоте,  ки дар вилояти Суғд гузаронида  шуд, маълум гардидааст, ки то 80 фоизи кӯдакони маъюб дар хонаводаҳое ба дунё омадаанд, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд ва 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф халок гаштаанд, низ аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд. Тибқи ин таҳқиқот бештари никоҳи хешутаборӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Исфара ва Истаравшан ба мушоҳида расидааст. 
Дар давлатҳои хориҷӣ хусусан дар Аврупо чунин омил хеле кам ба чашм мерасад. «Як факултаи Донишгоҳи тиббии шаҳри Новосибирски ФР барои гузаронидани тадқиқот доир ба бемориҳои ирсӣ ба мо муроҷиат намуд, то таҳлилҳои лаборатории оилаҳои гирифтори бемориҳои ирсиро ба онҳо фиристем.  Ба гуфтаи онҳо дар он ҷо чунин омилҳо хеле кам мебошанд»,-мегӯяд Ғозиев.
Намунаи бемориҳои ирсӣ хеле зиёд мебошад. Яке аз онҳо бемории меопатия, суст авҷ гирифтани мушакҳо мебошад. Ҳарчанд ҳангоми таввалуд ин беморӣ ягон нишона надорад ва танҳо дар синни 7-8  аён гашта,  дар синни 20-25 шахсро аз пои равон мемононад.  Бемории ирсии дигар ин бемориҳои рӯҳӣ мебошанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ хеле ташвишовар гаштааст. Сустақлӣ низ дар мавриди никоҳи хешутаборӣ метавонад ба назар расад. Дар оилаҳои хешу табор инчунин кӯдакони гирифтори бемории кару лоли модарзодӣ низ зиёд ба чашм мерасад. Номгӯи чунин бемориҳо хеле зиёданд, бинобар ин мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки ҷавонон пеш аз оиладоршавӣ  ба шуъбаҳои генетикӣ муроҷиат карда, омилҳои ирсиашонро муайян кунанд.
Ду ҷихати мустаҳаби никоҳи байни хешон
З. Розиқ низ далел овард, ки  баъзе аз уламои мазоҳиби аҳли суннат издивоҷ бо зани бегонаеро, ки аслан робитаи хешутаборӣ надошта бошад, аз ду ҷиҳат мустаҳаб хондаанд: Яке ба хотири он ки аз зану шавҳаре, ки миёни онҳо қаробати хешу таборӣ вуҷуд надорад, фарзандони  зираку солим ба дунё меоянд ва дуввум, дар сурати ҷудоӣ миёни зану шавҳар, агар хешу табор бошанд, эҳтимол дорад боиси қатъи пайванди хешовандӣ шавад, дар ҳоле ки дар бегона ин мушкил вуҷуд надорад. 
“Ҳамчунин Имом Муҳаммади Ғаззолӣ сифатҳоеро, ки ҳангоми хонадоршавӣ мард бояд ба назар гирад, баён карда ва дар баёни сифати ҳаштум мегўяд: “… аз хешовандони наздик набувад. Дар хабар аст, ки фарзанд аз он заиф ояд…”. Бояд гуфт, тадқиқоти илмии олимон исбот намудаанд, ки бемориҳои ирсӣ дар ҷомеаҳое, ки никоҳи хешу таборӣ мамнуъ нест, аз ҷомеаҳое, ки дар онҳо мамнуъ аст, ҳудуди 2-3 дарсад бештар мебошад”,- зикр намуд мусоҳиб.
Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ин масъаларо зимни  суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон баррасӣ менамоянд. “Ин проблема на танҳо тавлиди кӯдаки маъюб, балки яке аз сабабҳои вайроншавии оилаҳои тоҷик аст. Масъалаи никоҳи хешутаборӣ масъалаи баҳснок мебошад. Илм  собит намудааст, ки таҳдиди таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳҳои хешутаборӣ вучуд дорад ва ба фикри ман таваккал кардан дар ин масъала ҷоиз нест, зеро вақте гап сари бунёди оила, тақдири ду шахс меравад, бояд дурандеш буд ва хамаи таҳлилҳоро ба инобат гирифт.  Таваккал кардан дар ин масъала  хуб нест»,-мегӯяд раиси кумита. 
Кормандони кумита нақша доранд, ки ин масъаларо дар ҳамаи мулоқотҳои  имсола равшану возеҳ ба мардум фаҳмонанд.  Кумита аллакай сари ин масъала кор бурда, бо гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳову шаҳрҳо бо мардум вохӯриҳо гузаронида истодааст. 
Кӣ «назоратчӣ»-и никоҳи байни хешон мешавад?
Музаффари 28-сола, сокини пойтахт қабули ин қонунро боиси зиёдшавии мушкилии иҷтимоӣ ва ришвахорӣ дар мақомоти тафтишотӣ ва милитсия медонад. «Чун дар дигар мавридҳо мардуми имкондор бо додани пораю тағо ба мақсади худ хоҳанд расид. Боз як масъалаи дигар-ин  механизми дар амал татбиқ шудани ин қонунро тасаввур кунед. Ба идораи ақди никоҳ навхонадорон маълумотнома меоранд, ки бо ҳамдигар хешӣ надоранд ва ин маълумотномаро кӣ медиҳад, падару модар ё ҳамсояҳо, ё сохторҳои қудратӣ ҳар шаҳрвандро тафтиш мекунанд, то хешутабориашонро пинҳон карда натавонанд? Агар дар ҳоле ки навхонадорон хешии худро пинҳон карда, оиладор шаванд, дар ин сурат нисбат ба онҳо  чӣ амале пеш гирифта мешавад? Онҳоро ба бекор кардани ақди никоҳ водор мекунанд ё ҳардуро аз озодӣ маҳрум мекунанд? Монанди ин суолҳо хеле зиёданд»,-мегӯяд  Музаффар.
Дар айни замон нисбат ба ин масъала ягон қонуни амиқ қабул нашудааст. Вале ҳар шахс бе қабулу маҷбуран бор кардан, бояд худ дарк намояд, ки барои ояндаи оилааш ва фарзандонаш чӣ корро метавонад анҷом диҳад. Вазифаи падару модар на танҳо тавлид ва тарбияи фарзанд, балки тавлиди фарзанди солим мебошад. Бояд ҳар як шахс пеш аз фарзанддор шудан дарк намояд, ки ҳангоми тавлиди фарзанди маъюб на танхо худаш, балки бештар аз ҳама кӯдаки маъюбаш азоб хоҳад кашид. Ҳарчанд волидайн кӯдаки маъюбро на кам аз солим дӯст дошта, ӯро нигоҳубин мекунанд, вале дар оянда ин кӯдак дар ҷомеа мавқеи худро ҳамчун шахси комил ёфта наметавонад. Падару модар масъули ҳар як кӯдаки ба дунё овардаашон мебошанд. 

Февраль 19, 2015 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Темурмалик 101 тарбиятгиранда ба таълим фаро гирифта шудааст
Дар шаҳри Кӯлоб мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва селпартоҳо идома дорад
БОРЖОМИ. Ин шаҳри курортӣ ва дорои чашмаи шифобахш дар Гурҷистон аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод офатҳои табиӣ бартараф карда мешаванд
Дар шаҳри Конибодом ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
«БАРОИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ оғоз гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бахшида ба он дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фестивалҳои футбол доир мешаванд
Имрӯз бори нахуст Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияиҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони бошиддат дар назар аст
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид