Модар яктост, Тоҷикистон яктост

Февраль 24, 2015 15:42

        Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тоҷикистон  дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ қарор гирифтааст ва ин шабу рӯз намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои мустақил бо пешниҳод намудани барномаҳои пешазинтихоботии худ талош доранд таваҷҷуҳи ҷомеаи кишварро ҷалб кунанд. Интихобот ба Парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷамоатҳо ин бор дар шароите доир мегардад, ки авзои минтақа ва дар умум ҷаҳон рӯ ба бесомонӣ гузошта ва метавонад ба ҳар кишваре таъсири номатлуб гузорад. Аз ин ҷост, ки сокинони Тоҷикистон талош доранд бо ҳифзи суботу ваҳдати миллӣ, интихоботи қарибулвуқӯъро баргузор намуда, ояндаи хубтару гуворотари кишварро таъмин созанд. Ҳамзабонони бурунмарзӣ низ ба ин мавзӯъ аҳамият дода, рушду шукуфоии пурдавоми Тоҷикистонро барои сарнавишти тоҷикони бурунмарзӣ бо аҳамият қаламдод мекунанд. Қодиршои Мурувват-муовини раиси  Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, самуҳаррири рӯзномаи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» дидгоҳи худ ва созмонашро дар ин росто  баён кардааст, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
          «Ҳамзабонони бурунмарзӣ, аз ҷумла тоҷикони Қирғизистон ба диёри таърихии худ бо қадрдонӣ нигариста, Тоҷикистонро хонаи умед меҳисобанд. Онҳо ба ин боваранд, ки сулҳу субот, пешрафт ва муваффақиятҳои рӯзафзуни Тоҷикистон дар сарнавишти ҳамзабонон, ки  дар мамлакатҳои дигар кору зиндагӣ доранд, таъсири мусбат дорад. Ҳар чи қадар Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақш ва ҷойгоҳи худро тақвият бахшад, ба ҳамон андоза обрӯву иззати тоҷиктаборон дар хориҷа бештару беҳтар мегардад.
          Ёдам меояд, ки  солҳои навадуми асри гузашта дар Қирғизистон теъдоди зиёди ҳамватанон дар ҳоли оварагиву сарсонӣ ва изтироб ба сар мебурданд. Онҳоро бесомониҳои он айёми сахт водор намуд ҷилои Ватан созанд. Ман ба чашмони сар медидам, ки ҳар касу нокас ба иззати нафсамон нохун мезад ва дар ҷавоб ёрои посух додан надоштем. Чанд сол бад-ин минвол сипарӣ шуд. Хушбахтона, хиради азалии миллати куҳанбунёдамон ғалаба кард ва дар таърихи 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ба имзо расид. Ба дунболи ин ҳодисаи сарнавиштсоз Тоҷикистон рӯ ба созандагӣ овард ва дар як вақт, мавзеъгирии ҷомеаи кишвари Қирғизистон, ниҳодҳои қудратии он нисбат ба тоҷикони таҳҷоӣ ва муҳоҷир тағйир пайдо намуд.
           Бояд зикр кард, ки дар кишвари Қирғизистон аз аҳди қадим тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва дар ҳоли ҳозир шумораи ҳамзабононамон ба 55 ҳазор мерасад. Дар соли 1993 бо ташаббуси як гурӯҳ ҳамзабонони фаъолу дилсӯз, дар ин ҷо Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон таъсис дода шуд. Мақсад аз ташкили ин созмони ҷамъиятӣ- ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳангу суннат ва анъанаҳои миллатамон дар ин кишвари ҳамсоя мебошад. Ҷои ифтихор аст, ки созмони тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ дар ин замина кору пайкор намуда, барои бақои мактабу маорифи тоҷикӣ дар ин диёр дастовардҳои мушаххасро соҳиб шудааст. Фаъолони созмон бо вазоҳат иброз медоранд, ки ин ҳама дастовардҳо дар партави рушду тараққиёти Тоҷикистон муяссар шудаанд, зеро доштани такягоҳ ва ҳомии дилсӯзу ғамхор дар симои Тоҷикистон ба ҳамзабонони бурунмарзӣ неруву тавонро ато намуда, онҳоро барои ҳифзу равнақи забону фарҳанги миллӣ раҳнамун месозад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки ба шарофати ғамхории бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари тоҷикони дунё ҳоло дар донишгоҳҳои муътабари Душанбе ва Хуҷанд 250 хатмкардаи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ба таври ройгон таҳсил мекунанд. Ин иқдоми ватани таърихӣ мояи ифтихору ғурури ҳамзабонҳо шуда, алоқаи онҳоро ба забони модарӣ даҳчанд кардааст.
                Дар ин росто устод Шарифҷони Учқурғонӣ, узви Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон борҳо зимни суҳбату суханрониҳо таъкид намуда, суботу ҳамбастагии мардумони Тоҷикистонро омили асосии сарбаландӣ ва сарфарозии тоҷикони бурунмарзӣ қаламдод мекунад. Ин пири хирад, ки ҳоло дар вилояти Бодканд, дар ҷануби Қирғизистон дар канори фарзандону наберагон даври пирӣ меронад, то кунун 5 маҷмӯаи ашъорашро ба забони тоҷикӣ ба нашр расонидааст.
             Бародарони русамон мақоле доранд, ки бозгӯи матлаби интихобкардаи ман мебошад ва ба забони тоҷикӣ ба ин шакл садо медиҳад: “Аз берун нишаста, хубтар метавон авзоъро мушоҳида намуд.” Дар Бишкек кору зиндагӣ намуда, бо табақаҳои мухталифи ҷомеа мусоҳиб мешавам. Хусусан қишри хабарнигорон ва соҳибназарони ин кишвар хеле фаъолу сертарадуд буда, ҳамвора авзои ҷории минтақаро ба риштаи таҳлилу таҳқиқ мекашанд. Дидгоҳ ва назари аксари онҳоро роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Тоҷикистони азизамон шунида, фараҳ ва шодӣ вуҷудамро пур менамояд.
             Эмилбек Момунов, як коршиноси масоили минтақавӣ изҳор медорад, ки рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон бамаротиб аз ҷумҳуриҳои минтақа болотар буда ва қобили омӯзишу пайравӣ мебошад. Барои ӯ мояи тааҷҷуб мебошад, ки Тоҷикистони мубтало ба даргириҳои мусаллаҳонаи дохилӣ тавонистааст дар як муддати на чандон тӯлонӣ ин ҷароҳатҳоро на танҳо даво намояд, балки дар ҷодаи эҳёи мамлакат қадамҳои устуворро бардорад. Дар посух ба фармудаи ин дӯсти қирғизам мегӯям, ки ин ҳама аз баракати сулҳу субот, ҳамдиливу ваҳдати сокинони Тоҷикистон ва кӯшишу талошҳои бевоситаи Сарвари он муяссар шудааст ва идомаи ин раванд ормону орзуи хурду бузург аст.
             Банда ин ҳарфҳоро на ба он хотир меоварам, ки пеши касе ҳисобот бидиҳам ва ё Худо нохоста, худро ба истилоҳ ширин созам, балки ба унвони фарде, ки талхиҳои ғурбатро ба серӣ чашидааст, аз қаъри дил баён месозам. Гузашта аз ин назар ва дидгоҳи тоҷикони Қирғизистон, ки борҳо дар маҷлису вохӯриҳо изҳор шудааст, аз ҳамин мавқеъ ҳикоят менамояд.
              Ман бовар дорам, ки миллати шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сиёсати ғамхоронаи давлат ва Ҳукумат ин маъракаи муҳими сиёсиро дар фазои ваҳдат баргузор намуда, ашхоси лоиқро ба ниҳоди қонунгузорӣ интихоб хоҳанд кард. Таърих ва таҷрибаи рӯзгор борҳо ин воқеиятро собит кардааст, ки дар сурати якпорча будани миллат ҳеч неруи хориҷӣ, дасти нотавонбин, қодир ба рахна задан дар суботи кишвар  ва дӯстии халқҳо намебошад.
             Шароити феълии минтақаамон ҳар фарди соҳибдилу соҳибфазилатро водор менамояд, бо намоиш додани зиракии сиёсӣ ва дарки авзоъ ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошанд.
            Мехоҳам гуфтаҳои худро бо байти зиндаёд устод Лоиқ хотима бахшам, ки баёнгари ормони ҳамаи тоҷикон аст:
 
  Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар мо
   Модар яктост, Тоҷикистон яктост!»
 
 

Февраль 24, 2015 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад