Найрангҳои Зебистон ошкор шуданд

Февраль 5, 2015 14:55

Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия як нафар зане, ки бо ҳар роҳу восита ва фиребу найранг ба боварии шаҳрвандон даромада, молу амвол ва пули онҳоро тасарруф менамудааст, дастгир гардид. 
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, ин зан гоҳҳо худро ҳамчун муаллимаи рақси ҳиндуӣ аз Ҷумҳурии Бангладеш ё намояндаи сафоратхона, гоҳҳо чун тоҷир ё роҳгумзадае муаррифӣ намуда, сипас бо мақсадҳои ғаразноки худ бо таҳдид ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ даст мезадааст. Ҳатто вақти боздошт бо лаҳҷаи суғдӣ ҳарф зада, кӯшиш мекард, ки кормандони милитсияро ба гумроҳӣ бурда, худро бо ному насаби «Ҷамила Давлатова аз шаҳри Панҷакент» муаррифӣ кунад.
Аммо зимни бурдани корҳои тафтишотӣ шахсияти ӯ муайян карда шуда, чанд далели тамаъҷӯӣ ва қаллобии ин шахс ошкор гардид.
Ин шаҳрванд Исломова Зебистон Саймуродовна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Рашт, ки қаблан бо моддаи 247 КҶ ҶТ суд шудааст, дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз моҳи ноябри соли 2014 инҷониб танҳо ва гоҳ бо шарики ҷиноияш Абдусалом Розиқов, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Душанбе ба қаллобӣ машғул будааст.
Ҳодисаи аввал: Тахминан моҳи ноябри соли 2014 З. Исломова худро роҳгумзада ва шабмонда нишон дода, барои қазои ҳоҷат вориди қаровулхонае дар ҳудуди Терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе («Автовокзал»), ки дар он ҷо шаҳрванд А.Раҳмонов, соли таваллудаш 1950 ба ҳайси  посбон фаъолият мекунад, бо роҳи фиреб ворид гардида, сипас бо сабаби нисфи шаб будан аз мавсуф илтимос мекунад, ки дар қаровулхона шабро рӯз кунад.
Ҳуди ҳамон шаб посбонро ба ҳамхобагӣ моил карда, рӯзи дигар, З. Исломова ҳамроҳи шарикаш Абдусалом Розиқов, соли таваллудаш 1959, сокини ш. Душанбе ба назди А. Раҳмонов омада, ба ӯ таҳдид мекунанд, ки агар ба онҳо маблағи пулӣ надиҳад, оид ба ҳодисаи шаби гузашта, яъне дастдарозӣ ба номус ӯро беобрӯ карда, сипас ба мақомоти корҳои дохилӣ арз хоҳанд кард.
Посбони фиребхӯрда 3000 сомонии талабкардаро ба онҳо медиҳад, аммо тамаъҷӯён ба ин қаноат накарда, мунтазам меҳмони ӯ шуда, аз номбурда боз маблағ талаб мекунанд. Ҳамин тариқ, ин қаллобон то моҳи феврали соли 2015 аз шаҳрванд А. Раҳмонов маблағи 14 ҳазору 100 сомонӣ талаб карда мегиранд.
Ҳодисаи дуввум: бо ҳамин усул З. Исломова сокини ноҳияи Ҳисор Ш. Шеров, соли таваллудаш 1971-ро таҳдид намуда, ба илова тӯҳмат мезанад, ки охирин гарданбанди тиллоии ӯро дуздидааст. Бо чунин роҳ ӯ аз шаҳрванд Ш. Шеров низ 4 ҳазору 500 сомонӣ пули нақдро тасарруф намудааст.
Ҳодисаи сеюм: З. Исломова дар дохили микроавтобуси шаҳрӣ бо шаҳрванд Д. Гулова, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ваҳдат шинос шуда, бо ӯ бо забони тоҷикӣ монанд ба ҳиндӣ гап зада, худро муаллимаи рақси ҳиндуӣ муаррифӣ мекунад ва ваъда медиҳад, ки агар ба ӯ ба маблағи 500 доллари амрикоӣ хонаи иҷора ёбад, ба Д. Гулова ва фарзандонаш бо нархи арзон рақси ҳиндуӣ меомӯзонад. Бар замми ин, З. Исломова илова мекунад, ки аз Ҷумҳурии Бангладеш буда, дар Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад ва забони тоҷикиро ба наздикӣ дар ҳамин ҷо ёд гирифтааст. Аз сабаби надонистани он, ки зимистони Тоҷикистон ин қадар хунук будааст, бо либоси тунук ба ин ҷо омадааст.
Бо ин мақсад ба боварии Д. Гулова даромада, палтои қимматноки ӯро соҳиб гардида, мебинад, ки дар ҳамёнаш пули зиёд дорад. Сипас 400 сомониашро гирифта, ваъда медиҳад, ки пулашро бо изофа бармегардонад.
Ҳодисаи чорум: З. Исломова бо ин қаноат накарда, орзуи дар шаҳри Душанбе шоҳона зиндагӣ намуданро мекунад. Ӯ худро шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ намуда, ба боварии К. Холов, соли таваллудаш 1977, сокини ш. Душанбе даромада, хонаи ӯро, ки пардохти маблағи иҷора 1000 доллари амрикоӣ буд, ба маблағи 1200 доллари амрикоӣ ба «иҷора» мегирад. Сипас, гӯё ҷобаҷогузории ҷиҳози хона ба ӯ маъқул набуда, аз К. Холов хоҳиш мекунад, ки хонаро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намояд. Шаҳрванд К. Холов барои ин миҷози олиҳиммати худ ҳуҷҷатҳои хонаашро ба гарав монда, аз бонк пули калон қарз гирифта, мебел ва дигар анҷомҳои қимматнок харида меорад, аммо аллакай қаҳрамони ҳодиса З. Исломова зери шубҳаи кормандони милитсия қарор гирифта буд. Баъди се рӯзи иҷора нишастанаш дар ин хонаи зебою барҳаво З. Исломова бо гумони тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ дар асоси шикояти шаҳрвандони мазкур дастгир гардид. Шаҳрванд К. Холов то ҳол бовар надорад, ки ин зани «хориҷӣ» ҳамзабони худамон — тоҷики муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дар айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва  нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
 
 

Февраль 5, 2015 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд