С. Фаттоҳзода: “Танҳо худам ва Худо медонад, ки ба кӣ овоз медиҳам”

Февраль 24, 2015 14:41

Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар»). — Суҳбати ихтисосӣ бо муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар атрофи интихоботи қарибулвуқуи парлумонӣ ва вижагиҳои баргузории он.
 
— Ширкати ҲХДТдар интихоботи парлумонӣ замоне рост омад, ки Шумо ба муовинати аввали Раиси ҳизб омадед. Ва табиист, ки асосан бо интихобот банд будед. Ҳизб дар ин ду моҳи “вазнин” чӣ кор кард? 
 
— Воқеан ҳам дар як марҳилаи пурташвиши омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вориди маъракаи интихоботӣ шудам. Дар Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии маро ба сифати муовини якуми Раиси ҲХДТ вакилон — аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб пазируфтанд ва интихоб намуданд. Аввал, ин як масъулияти бузургест, ки дар ин давра бар дӯши ман гузошта шуд. Дуюм, барои боварӣ ба мақомоти олии ҳизб, вакилон – аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ изҳори сипос менамоям.
 
Дар ин мудатдар баробари шиносоӣ бо кормандони масъули Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва комиҷроияҳои минтақавӣ барои амалӣ намудани қарорҳои Анҷуман, омода кардани маводҳои таблиғотии интихоботӣ, омӯхтани номзадҳои эҳтимолии ҳизб ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҳамчунин ба ҳалли дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ машғул шудем.
 
— ҲХДТ имсол аз кадом шеваҳои нави тарғибот кор гирифт? 
 
— Ин талаби замонаст, ки ба мафкураи инсон аз нигоҳу мавқеи тоза бархӯрд намуда, таъсир расонем. Ҳоло техника ва технологияҳои нави замонавӣ вориди зиндагии инсонҳо шудааст. Дигар ба мафкураи одамон бо тарзу услуби куҳна муносибат кардан таъсири муассир надорад. Масалан, дар айни замон мардум аз васоити ахбори оммаи электронӣ, шабакаҳои интернетӣ, сомонаҳои он ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳоло дар Тоҷикистон қариб чор миллион нафар аз интернет истифода мебаранд. Ман сари ин масъала андеша намуда, ба қароре омадам, ки барои чӣ аз ин воситаи дастраси ҳамагонӣ истифода набарем.
 
Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки аввал, ягон маводи бунёдии ҳизбро аз тариқи васоити ахбори омма интишор намоем ва сипас, ба истифодаи васоити электронии ахбор гузарем. Мақолаи барномавии моро баъди чоп шудан дар нашрия ва сомонаи электронии ҳизбамон нашрияҳои зиёди матбуотӣ ва электронӣ бознашр карданд ва ё онро шарҳу эзоҳ доданд. Таваҷҷуҳ карда бошед, ду ҳафта боз ин мавод ва дигар матолиби ҳизбии мо фазои иттилоотии мамлакатро пурра гардондааст. Дар муқобили он ё дар баробари он дигар аҳзоби сиёсӣ матолиби ҷолибе интишор надоданд. Ақаллан барномаҳои худро шарҳу эзоҳ дода натавонистанд. Ин бурди мо шуд, ки вақту фазои хабарии ҷумҳурӣ ба манфиати мо кор кардан дорад.
 
Агар ба маводҳои таблиғотиамон баҳо диҳем, он тамоми бозори иттилоотиро фаро гирифт. То имрӯз беш аз 1,5 миллион маводи таблиғотӣ, ба шумули буклету тақвиму варақаҳо, мусаввараю шиору овезаҳо интишор дода, ба мардум тақсим карда шудааст. Ин корро мо боз идома медиҳем. Нашрияи ранга ва ҷолибу зубдаи «Элита» як шумораро пурра барои таблиғи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва барномаҳои номзадҳои мо ихтисосдод.
 
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба интишори паёмак-СМС-ҳо аз тариқи шабакаҳои мобилӣ машғул шуд, ки таъсири мусбати худро ба маъракаи пешазинтихоботӣ гузошта истодааст. Дар ин паёмакҳо мо гапи зиёд интишор намедиҳем, балки бо як шиор ё даъват ба интихобот ва ҷонибдорӣ аз ҲХДТ ба муштариён ахбор медиҳем. Дар ин маврид ман башабакаҳои мобилие, ки моро фаҳмиданду ба истиқболи мо рафтанд, сипосгузорӣ мекунам.
 
Ба замми ин мо аз вақти ройгон ҷудонамудаи Комиссияи марказиии нтихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар шабакаҳоителевизионӣ самаранок истифода бурда истодаем. Дар ин маврид ҳам мо аз ҳарифони сиёсии худ пеш гузаштем. Ба андешаи ман, барнома ва намоишҳои мо хеле ҷолиб ва диданӣ буданд. Дар ин бобат ман назари мардум ва мутахассисонро низ баён карда истодаам. Гузашта аз ин, ҳазорҳо нусха ролик – дискҳои таблиғотии ҳизбро нусхабардорӣ намуда дар миёни интихобкунандаҳо паҳн кардем.
 
Бо интихобкунандаҳо садҳо мулоқоту вохӯриҳо гузаронда, аз усулҳои санҷидашудаи таблиғоти «кӯча ба кӯча» ва «хона ба хона» ба таври самаранок истифода карда истодаем. Дар баробари ин якчанд чорабиниҳои оммавӣ, иқдомҳои ҷолиб, ба монанди иншои озод, маҳфилҳои саволу ҷавоб ва озмуну мусобиқаҳои фарҳангию варзишӣ доир намуда истодаем. Ҳамаи ин тадбирҳо барои нуфузи бештар пайдо намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни мардум мусоидат хоҳад намуд.
 
— Ба ин ҳарфҳо, ки мегӯянд, ҲХДТ ба обрӯи Президент Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад ва дастгоҳаш заиф аст, чӣ мегӯед? 
 
— Мусаллам аст, ки фаъолияти ҳар кадом ҳизб дар пояи кору амал, донишу малака, маҳорат ва неруи сафарбаркунандаи пешвоёнаш устувор мебошад. Мо алоқамандони ҳизб аз он ифтихор дорем, ки сарварии ташкилоти сиёсии моро сиёсатмадоре чун Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш доранд. Ин ҳақи қонунии Ҷаноби Олӣ мебошад, ки ҳизби таъсисдодаи худро раҳбарию раҳнамоӣ мекунад.
 
Лекин дар мавриди корношоям ва заиф будани Дастгоҳи ҳизби мо мухолифон хато мекунанд. Ҳамаи кормандон, ба истиснои ду-се нафар ҷавонони нав ба кор омада, дар фаъолиятҳои ҳизбӣ таҷрибаи кофӣ доранд. Ғайр аз ин, дар ду моҳи гузашта мо Дастгоҳи ҳизбро бо кормандони ҳирфаӣ ва соҳибистеъдоду ташаббускор такмил додем. Барои ман тафовут надорад, ки кадом корманд аз куҷост, балки аввалтар аз ҳама ба сифатҳои кордонӣ ва маҳорату истеъдодаш баҳо медиҳам. Гумон мекунам, дар интихоби худ нисбати кадрҳо то имрӯз хато накардаем.
 
Мо як команда ҳастем, ки дар раъси он Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Бинобар ин, обрӯ ва нуфузи Раҳбари ҳизб ба пешрафти фаъолиятҳои мо ва дар маҷмуъ барои пешрафти ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон бояд хотирнишон намуд, ки Раҳбари кишвару пешвои ҳизби мо ба хотири фароҳам овардани шароити баробари фаъолияту таблиғот барои ҳамаи аҳзоб таъкид менамоянд, ки аз ному мақоми ӯ сӯистифода накунанд.
 
— Устод, умуман ин заруратро мебинед, ки ҲХДТ, манзур аъзои ҳизб, ақидаҳои ҳизб бояд сиёсатҳоро муайян кунанд, на роҳбаронаш, ё афроди алоҳида? 
 
— Ташаккули назару ақидаи як ташкилоти сиёсӣ марбут ба иқдому ташаббуси кулли аъзои ҳизб мебошад. Аз ин ҷо ҳадс задан лозим аст, ки идеологияи ҳизбро маҷмуи афкору андешаи аъзоёнаш муайян мекунанд. Пас ғояи ташкилоти сиёсӣ маҳсули назарҳои шахсияҳои алоҳида мебошад. Яъне, сиёсатмадорон барои он пешсафи ҷомеа ҳастанд, ки онҳо гузаштаю имрӯз ва фардоро баҳогузорӣ карда ва тасмими саривақтию дуруст гирифта метавонанд. Барои ҳамин онҳо бо номи “лидери сиёсӣ” ёд мешаванд. Вақте ки онҳоро гӯш мекунанду ба гапашон амал мекунанд, пас онҳо сиёсатҳоро низ муайян ва мушаххас мекунанд.
 
Аммо дар шароити кунунӣ аҳзоби сиёсӣ бояд дар заминаи меъёрҳои демократӣ фаъолият дошта бошанд. Ҳамзамон дар ҳалли масъалаҳои мубрам бояд назари дигарон ба эътибор гирифта шуда, қарори дастҷамъона қабул гардад.
 
— Мухолифони Шумо ин интиқодро мекунанд, ки рақибони ҲХДТ –ро мақомоти қудратӣ таҳти фишор гирифтаанд ва КМИР барои ҲХДТ кор мекунад. Ин даъвоҳо дурустанд? 
 
— Не, ин иддаоҳо билкулл ғалатанд. Дар ин бобат мо ҳам мешунавем, лекин, ба қавли шумо, мухолифони мо далелу арқоми қотеъ манзур карда наметавонанд. Вақте ки мақомоти интизомӣ як узви ҳизбро (тафовут надорад, ки аъзои кадом ҳизб аст), барои аъмоли зиддиқонунӣ ё умуман риоя накардани қонун ба муҷозот мекашанд, ин бояд маънои онро надошта бошад, ки ба ҳизб фишор оварда шудааст. Марҳамат, мақомот ва сохторҳои дахлдор ҳастанд, дар сурати қонуншиканӣ ва ё чуноне мегӯянд, «фишороварӣ» муроҷиат кунанд. Онҳо мебинанд, месанҷанд ва хулоса мебароранд.
 
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ тибқи қонун нисбати ҳамаи ҳизбҳо хайрхоҳ аст ва муносибати баробар дорад. Ин вазифаи ниҳоди мазкур аст, ки тибқи талаботи қонун санадҳоро санҷида бинад ва сипас қабул кунад. Агар барои нодурустии ягон ҳуҷҷат шахсеро гардонда бошад, ин маънои онро надорад, ки нисбати ҳизб дар маҷмуъ мушкилот дорад.
 
— Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, Фейсбук, эҳсос мешавад, ки ба матолиби ҲХДТ ва аъзои он кам таваҷҷуҳ мешавад, агар инро нагӯем, ки қариб умуман намешавад. Сабаби инро дар чӣ мебинед? 
 
— Ман ба ин фикр розӣ шуда наметавонам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ба матолиби марбути Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кам эътибор дода мешавад. Мо аз ин саҳифа ба таври густурда истифода мебарем. Мо дар интернет чанд саҳифа ё худ сомона дорем. Сомонаи мо бо номи «ТрибунТҷ», «Созандагони Ватан» ва сомонаҳои минтақавии мо дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат фаъол мебошанд.
 
Воқеияти дигареро набояд фаромӯш кард, ки аъзо ва ҷонибдорони мо намояндагони табақаҳои мухталифи ҷомеа мебошанд ва аксаран дар музофотҳо умр ба сар мебаранд. Онҳо асосан аз васоити ахбори омма, радио ва телевизион, нашрияҳои ҳизбӣ ахбор дастрас мекунанд. Аммо истифодабарандагони саҳифаҳои интернетӣ асосан ҷавонони шаҳрнишин ҳастанд. Зимнан, бояд гуфт, ки дар маъракаи ахири таблиғотии интихоботӣ ҷонибдорону алоқамандони мо низ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ истифода бурда истодаанд.
 
— Инро зиёд мешунавем, ки интихобот шаффоф намешавад ва дар интихобот пирӯзии комилро ҳизби ҳоким – ҲХДТ ба даст меорад. Ба ин фикр розӣ ҳастед? 
 
— Аввал ин ки фикри мазкур гапи нав нест. Дар ҳар интихобот мо ба чунин назарҳо дучор мешавем. Воқеияти дигар ин аст, ки дар мавриди баҳогузорӣ ба интихобот мо ба хулосаҳои мухталиф рӯ ба рӯ мешавем. Иддае аз нозирони интихоботӣ ба шумули Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва дигар ташкилотҳои мустақил ба интихоботи мо баҳои мусбат мегузоранд ва онро озоду шаффофу демократӣ арзёбӣ мекунанд.
 
Аммо Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва ниҳодҳои марбут ба он ба интихоботҳои мо эродҳои ҷузъӣ гирифта, онҳоро ғайришаффоф баҳо медиҳанд. Ба фикри ман, чунин баҳогузорӣ марбут ба меъёрҳо ва стандартҳои аврупоии баргузории интихобот мебошад. Лекин дар зимни чунин баҳогузорӣ далелҳои қотеъ намеоранд. Арқоми овардаашон ҳамагӣ ҷузъӣ мебошанд. Масалан, иддао мекунанд, ки як нафар ба ҷои ду ё се узви оилааш овоз додааст. Вале дар ин маврид мисоли мушаххас оварда наметавонанд.
 
Ин далел ё худ воқеият, ки ҳизби мо дар интихоботҳо ба пирӯзӣ мерасад, ба иродаи сиёсӣ ва раъйи додаи мардум иртибот мегирад. Масалан, ман вориди ғурфаи интихоботӣ шуда, танҳо худам ва Худо медонад, ки ба кадом номзад овоз медиҳам. Дар ин маврид ҷои шакку шубҳа набояд бошад. Кулли электорат ҳамин ҳуқуқро дорад. Аз ҷониби дигар он чи ки дар интихоботҳо мо ба пирӯзӣ мерасем ва аксарияти курсиҳоро соҳиб мешавем, ба обрӯ ва нуфузи фарогири Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар миёни мардум ва барномаҳои созандаи он вобаста аст, ки интихобкунанда онҳоро мепазирад ва ба ҷонибдориаш овоз медиҳад.
 
— Ҳар ҳизб як пешбиние аз натиҷаҳои интихобот дорад. Чӣ фикр мекунед, ҲХДТ чанд ҷой дар парлумони оянда хоҳад дошт? 
 
— Ҳизби мо бонуфузтарин ташкилоти сиёсии кишвар мебошад. Ҳам аз нигоҳи обрӯ, шумораи аъзо ва ҳам нақшаю ҳадафу барномаҳояш дар ҷомеа пешсаф аст. Бар замми он, садҳо ҳазори дигар ҷонибдору алоқаманд дорем. Сохторҳои ҳизбии мо дар саросари мамлакат ба таври доимӣ фаъолият мекунанд. Бо мардум пайваста мулоқоту вохӯриҳо мегузаронем, мушкилоту ниёзмандиҳои онҳоро баррасӣ ва ҳаллу фасл мекунем. Аммо ин ки чӣ қадар курсиро соҳиб мешавем, ба иродаи худи интихобкунанда вобаста аст.
 
— Ҳизбҳои мухолиф – наҳзати исломӣ, сотсиал–демократ, сотсиалисту дигарон, ҲХДТ–ро рақиби аслии худ мешуморанд. ҲХДТ кадом ҳизбро рақиби асосӣ меҳисобад? 
 
— Дар саҳнаи сиёсии кишвар бо эътимоди комил гуфтан мумкин аст, ки мо ҳанӯз ҳарифи қудратманд надорем. Аммо бисёр мехоҳем, ки дар баробари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аҳзоби мухталифи сиёсии бонуфуз бошанд ва муштаракан ин Ватани азизро ободу зебо гардонем. Зиндагии мардумро арзанда ва шоиста намоем. Ин рисолати ҳар кадом ҳизби сиёсӣ бояд бошад. Дар баробари талош намудан барои манфиатҳои ҳизбию гурӯҳӣ бояд манофеи умумимиллиро дар мадди аввал гузоранд.
 
Дар ин маврид назари мо бо масъулини ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамсон аст. Дар як мулоқоте, ки ба наздикӣ бо коршиноси интихоботии САҲА доштам, низ мавсуф бо таассуф изҳор дошт, ки аҳзоби дигари сиёсии Тоҷикистондар ҳоле, ки имрӯз “гармӣ” –и маъракаи интихоботӣ аст, фаъол нестанд. Пас чӣ ҷои рақиби қудратмандро ҷустан?
 
— Дар мулоқоти раҳбарону намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ саволи аз ҳама зиёдро ба раҳбари ҲНИТ – Муҳиддин Кабирӣ медиҳанд. Ин ҳол ин андешаро ба вуҷуд намеорад, ки ин ҳизб барои ҲХДТ рақиби асосӣ дар интихобот хоҳад буд?
 
— Не, ман фикр мекунам, ки сабаби инро дар дигар ҷо бояд ҷуст. Аввал ин, ки мардуми бофарҳанги мо аллакай дида ва санҷидааст, ки ин ҳизби исломӣ дар давоми фаъолияти тӯлониаш барои ободию осудагии Тоҷикистон хидмати қобили мулоҳизаеро анҷом надодааст. Ва “саволборони”  оғои Кабирӣ дар мулоқоту вохӯриҳо асосан дар атрофи ҳамин масоил чарх мезанад. Дуввум, мардум дарк намуд, ки дар ҷомеаи мусулмонӣ онҳо ба як ҳизби сиёсии ба ном боз исломӣ эҳтиёҷ надоранд.
 
Чуноне ки медонед, дар Муроҷиатномаи ба наздикӣ интишордодаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба таври возеҳ таъкид шудааст, ки “мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон, сарфи назар аз ҳамаи огоҳкуниҳои мазкур чӣ бисёранд ҳизбу ҷунбишҳо, гурӯҳу дастаҳое, ки ба худ унвони исломиро часпонидаю шиорҳои исломиро боло карда, ин дини поку бегазандро ба арсаи муборизаҳои сиёсӣ миёни қувваҳои мухталиф мекашонанд. Ҳамагон бояд бидонанд, ки ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад. Ислом дар табиати худ фарогирандаи тамоми мусулмонон аст.
 
Дигар чӣ лозим ҷудоӣ ва тафриқа андохтан дар миёни мусулмонони як мамлакат? Дар моварои таърих мо чунин мухолифату зиддиятҳо ва оқибатҳои ногувори онро борҳо дидаем…
 
Бознашр аз tojnews.tj

Февраль 24, 2015 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад