Оқибати носипосӣ ва ифротгароӣ чӣ хоҳад буд?

Март 3, 2015 15:33

Душанбе, 03.03.2015 (АМИТ “Ховар”).-Ман ба кишварҳои зиёде сафар кардаам, бо намояндагони миллатҳои гуногун ва табақаҳои мухталиф ҳамсуҳбат шудаам. Аммо ҳар куҷое ки нарафтам, новобаста аз сатҳи тараққиёти он зеботар, оромтар  аз Тоҷикистон кишваре надидам.
 Афсӯс, ки на ҳама ин нафосату ободии Тоҷикистонро қабул доранд. Ва ин ҳам табиист. Барои зебоию ободии онро дидан дили пок ва пур аз меҳру муҳаббати Ватан бояд дошт. Агар бо чашми каҷу қалби пурғараз ҳатто ба осмони пурситора нигоҳ кунӣ, он ситораҳо дар назарат тира метобанд.
 Манзури ман чист? Ман шоир ё нависанда нестам. Аммо чун дигар мардум гуфтаниҳое дорам, ки агар онро нагӯям, шояд рӯзе пушаймон шавам.  Ман ошкор мегӯям: Зидди хусумату бадбинӣ ва тафриқаандозию ифротгароиям. Медонам, ки ин суханҳои умумианд, ки шояд ҳар рӯз аз тариқи рӯзномаю маҷалла хонед ва ё аз садою симо шунавед. Аммо дарди ман дигар аст.
Маро он бародарону хоҳарони ман, ки дар зери ливои «хизмат ба ислом» ба  ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, сахт ба ташвиш меоваранд. Аксари ин ҷавонон, шояд аз оддитарин меъёрҳои дини мубини ислом хабар надошта бошанд, шояд ҳатто дуруст намоз хондану рӯза гирифтанро надонанд, шояд ба гуфти гузаштагон “алиф”-ро аз «бе» фарқ карда натавонанд, вале чунон ба таассуб ғӯтавар шудаанд, ки агар сари вақт аз ин ботлоқ берун наоянд, шояд ба гирдоби ҳалокат гирифтор шаванд.
Онҳо ҳатто намедонанд,ки ислом чун дини умумибашарӣ дур аз ҳар гуна ифроту таассуб аст. Ислом дини созанда ва ба ҳам оваранда аст.
 Ман суханони сафири давлати Сурия дар Маскав доктор Риада Ҳаддадро  дар як  конфронс мисол меорам.  Сафир дар ин чорабинӣ баён дошт: “Таҳқиқи амиқи ифротгароӣ ва алоқамандии он бо ислом моро водор  месозад, ки бар сарчашмаҳои пайдоиши он назар кунем. Мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ, ифротгароӣ аз асри 18 оғоз ёфтааст. Он замон хадамоти махсуси  Британия ҷосусони худро ба Константинопол барои таҳқиқи ҷамъияти Хилофати усмонӣ бо мақсади  барҳам задани сохти давлатҳое, ки тобеи ин хилофат буданд, фиристоданд. Яке аз ин ҷосусон бо номи Сэр Хемпфор ба Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб, ки таъсисдиҳандаи равияи ваҳҳобия буд,  наздик мешавад. Равияи ваҳҳобия усулҳои бунёдии дини мубини исломро доир ба сабру таҳаммул таҳриф месохт. Қадами дигар- ин  истифодаи дин ва давлат буд. Дар асоси манфиатҳои сиёсии Британия, ки дар заминаи  саъю талошҳои Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб,  талоши Муҳаммад Саъуд барои расидан ба ҳокимияту низоми тоталитарӣ ва саъю талоши Британия  барои сохтани давлати динӣ, ки бар асоси куштору террор сурат гирад, бояд амалӣ мешуд. Аз ҳамон замон инҷониб, хадамоти махсуси Ғарб барои сиёсӣ кардани дин ва минбаъд истифода намудани он барои манфиатҳои колониалӣ мубориза мебаранд. Масалан, созмони «»Ихвон-ул-муслимин» ҳамчун  ташкилоти динӣ бевосита аз  пуштибонии      хадамоти махсуси Британия бархурдор буд ва баъдтар вазифаи пуштибониро хадамоти Амрико ба уҳда гирифтанд”.
 Яъне, ҳар як ҷараёну равия ва ҳизбу ҳаракате, ки имрӯз бо номи ислом ва бо истифода аз номи он таъсис меёбад, аз пуштибонии хадамоти ҷосусии хориҷӣ бебаҳра нест. Ғарбиён тавонистанд бо истифода аз сатҳи пасти ҷаҳонбинии динию дунявии кишварҳои мусалмоннишин, тавсиаи ҷаҳолату хурофот ва таассуб, ки аз сарчашмаҳои дини мубини ислом фарсаҳҳо дуранд, ифротгароиро чун як падидаи динӣ нишон дода, давлатҳои зиёдеро ба харобазор табдил диҳанд. Давлати бузургу пешрафтае чун Либия дар натиҷаи манфиатхоҳию ҷудоиандозии гурӯҳҳо ва хиёнату пойбанди хадамоти махсуси хориҷӣ шудани гурӯҳҳои ифротгаро  ба хоку хун оғӯшта шуда, низоми давлатдории он пурра аз байн рафт. 
 Барои мисол чанд намунае меорам аз ҳаёти пеш аз ҷангии Либия, то худ қазоват кунед:
 То замони ҷанг мардуми Либия аз қувваи барқ, маорифу хизмати тиббӣ бепул истифода мебурл. Хӯрокворӣ низ қариб ройгон буд. Масалан, 40 дона нон ҳамагӣ $0.15 қиммат дошт. Либия на танҳо қарзи берунӣ надошт, балки захираҳои он беш аз 150 миллиардро ташкил мекард, ки имрӯз дигарон аз он баҳраманд ҳастанд. Навхонадорон 50 000 доллар аз давлат кумаки бебозгашт мегирифтанд.  Аммо носипосию таассуб ва кӯрнамакии бархе аз шаҳрвандони ин кишвар боиси он шуд, ки акнун ба як нони бо сад миннат медодаи хориҷиён муҳтоҷанд. Хориҷиён аз ин бенизомиҳои кишвар истифода бурда, ҳарчӣ бештар ғаниматҳои онро ба давлатҳои худ интиқол медиҳанд, духтарони маҳаллиро бо мақсадҳои шаҳвонӣ истисмор мекунанд ва мардуми бумиро бар ивази маблағи ночизе шабонарӯз кор мефармоянд.
 Магар бӯи хунҳои рехтаи солҳои навадум дар Тоҷикистон аз димоғҳо рафтааст? Магар осон буд як кишвари қариб аз байн рафтаро аз нав барқарор кардан?! Мардуми чун душмани ашаддӣ бо ҳам барангехтаро якҷо ҷамъ овардан?! Чӣ қадар кӯдак аз падар ҷудо шуду чӣ қадар духтари покдоман беномус?! 
Магар бас нест боз баҳона кофтану фитна барангехтан?
Онҳое ки бо истеҳзою ришханд ин сатрҳоро мехонанд ва боз барои амалӣ сохтани нақшаҳои сиёҳи худ ҷавонони гумроҳу соддаро ба доми фиреб меафкананд, бояд донанд, ки замоне худ дар ин гирдоб ҳалок хоҳанд шуд. 
 
 
 
Қодир Шарифӣ
сокини шаҳри Душанбе
 
 

Март 3, 2015 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд