Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!

Март 21, 2015 09:32

Аз шукӯҳи як баҳор, аз аҳди пешин ёдгор,
Ёдгори беназире аз ниёгон мондааст.
Ёдгори беназире з-оташи Зардушти ман,
Ёдгори наслҳо аз аҳди Сосон мондааст.

Душанбе,  21.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Боиси ифтихор аст, ки бо иқдоми Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат соли 2010 яке аз идҳои миллии халқи тоҷик -Наврӯз бо Қарори ЮНЕСКО мақоми чаҳонӣ гирифт. 
Иди Наврӯз аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шуҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21–22-уми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, шарҳ дода шудааст.
Ҳамин тариқ, Наврӯз ва ойинҳои куҳанбунёди он ҳамагӣ асотир ва ормону фарҳанг ва таъриху адаби ҳазорсолаи мардуми форсу тоҷикро  якҷо дар худ фароҳам овардааст ва соле як бор онро дар пайванду паймони розомези фарҳангиашон ба ибтидои сароғозҳо ва сарчашмаи сарчашмаҳо мебарад, то тану ҷон дар оби покӣ ва ростӣ бишӯянд ва паймон нав кунанд, ки  ҳамвора некандеш, некгуфтор ва неккирдору навхоҳ, навҷӯ ва навгардон бимонанд ва то ҳастанд, озода ва сарафроз бошанд. Имрӯз низ аксари халқияту миллатҳо, аз ҷумла озариҳо, афғонҳо, балуҷҳо, тоҷикон, туркҳо, курдҳо, ҳиндиён ва ғайра, ҳамчунин, пайравони дини ислом, баҳоӣ, зардуштӣ, насронӣ, калимӣ (яҳудӣ)- ҳама ин ҷашнро бо шукўҳи ҳарчи бештар ҷашн мегиранд. Наврӯз дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мешавад. Умуман,  дар кишварҳои мухталиф бо баргузории ҷашнҳо ва ойинҳои мухталиф ва маросимҳои мазҳабӣ бар тақвияти шинохти миллӣ ва мазҳабӣ таъкид мекунанд ва ҳамаи афроди ҷомеаро ба фарогирии ин суннатҳо ва одобу русум ташвиқ ва тарғиб мекунад. Ҷашни Наврӯз маросими суннатии мардумӣ буда, бахше аз ҳувияти фардӣ- иҷтимоӣ ва миллии моро ташкил медиҳад, бинобар ин,  ҳар гуна бетавваҷуҳӣ ба он, бетавваҷуҳӣ ба ҳуввияти фарди иҷтимоӣ ва миллии мо хоҳад буд. Ғайр аз ин,  баргузории ҷашни Наврӯз муҳтарам шуморидани суннатҳо, одоб ва русуми гузаштагон, ёде аз онҳо ва ҳадафҳои миллӣ ва меҳании онҳо аст. Иштирок дар ҷашни Наврӯз боиси пайдоиши иртиботи наздик байни афрод ва эҷоди ҳисси ҳамдилӣ, дӯстӣ ва рафоқат гашта, доираи иртиботи афроди ҷомеаро бузург ва маҳдудаи мушкилоти онҳоро кӯчак мекунад. Дар сатҳи баланд ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистон боиси ваҳдати миллӣ ва адолати иҷтимоӣ мешавад ва ҳувияти миллиро тақвият мебахшад.Ҷашни Наврӯз дар маҷмӯъ, дорои ҳадафҳои муҳиме ҳаст, ки бояд дар шинохти он кӯшиш намуд. Аммо муҳим он аст, ки интиқоли  фарҳанги пешвозгирӣ ва ҷашнгирии Наврӯз ва одобу русуми он сабаби зинда мондани онҳо ва дарси зиндагӣ дар байни афроди ҷомеа дар оянда мегардад. 
Наврӯз мубориза аст, ope муборизаи қувваи некӣ ба бадӣ, равшанӣ ба торикӣ, зебоӣ ба зиштӣ, сафедӣ ба сиёҳӣ, сулҳ ба ҷанг, шодӣ ба ғаму андӯҳ. Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст, чунки ин ҷашн аз қадимулайём рамзи оғози нек буда, мардумро ба зиндадилӣ, кӯшишу ғайрат ва дӯст доштани табиату зиндагӣ водор менамояд.
Дар маъхазҳои қадимаи «Авасто», алалхусус «Занд Авасто» гуфта шудааст, ки мабдаи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо–Ҳурмузд баъди 3000 соли подшоҳиаш аз тарафи мабдаи ҷаҳолат ва торикӣ — Аҳриман бо лашкариёнаш ҳуҷум cap кард. Мабдаи тозагӣ ва равшанӣ Ҳурмузд барои несту нобуд сохтани Аҳриман равшаниро эҳдо намуд ва ба муқобили душманаш равона намуд. Ҳамин рӯзи пайдоиши равшании аввалин гӯё «Наврӯз» мебошад.
 Зардуштиёни қадим вуҷуд доштани дунёро ба таври зерин тасаввур мекарданд, мувофиқи ақидаи онҳо Худои хубӣ ва нур Ҳурмузд ба равшанӣ фармонфармоӣ мекардааст. Аз рӯйи тасаввуроти онҳо дар маркази мавҷудот Офтоб воқеъ гардидааст, ки вуҷуд доштани дунё ба он вобаста мебошад. Зардуштиён ҳаёту маргро ба Офтоб вобаста медонистаанд.
Гузаштагони мо аз рӯи ҳолати офтоб фаслҳои солро муайян мекарданд. Наврӯз ҳамон вақт дохил мешуд, ки гӯё равшанӣ торикиро маҳв месохту ҳаёт аз болои марг ғалаба мекард ва офтоб бо тантана ба олам ҳукмронӣ менамуд. Азбаски ҷашни Наврӯз айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат ва оғози мавсими киштукори баҳории деҳқонӣ аст, нисбат ба дигар ҷашнҳо эътибори бештаре дошт.
Тақвими авестоӣ дар давраи Сосониён низ мавҷуд буд, мувофиқи ин тақвим рӯзи аввали моҳро Ҳурмузд меномиданд. Рӯзи аввали моҳи фарвардин оғози соли нав ҳисоб мешуд. Бунёди ҷашнгирии Наврӯзро сарчашмаҳои бостонӣ ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Олим ва файласуф Абурайҳони Берунӣ сабаби Наврӯз номида шудани рӯзи аввали моҳи фарвардинро чунин шарҳ медиҳад: «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ба ҷину шайтон ҳамла кард. Ba ба як рӯз ба кӯҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шудаанд ва ин рӯзро ид гирифтанд».
Ибни Балхӣ низ дар «Форснома» сабаби аз тарафи Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯзро  чунин  баён намудааст. Мувофиқи гуфтаи Балхӣ, Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Аз рӯи ин ривоят Ҷамшед 717 сол умр дида, ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзонидааст, шаҳр барпо намуда, номи онро Истаҳр номидааст, ва онро пойтахт қарор медиҳад. Мардум ӯро ба тахти шоҳӣ шинонида, ба сараш тоҷ мениҳанд. Ба ин муносибат ҷашне баргузор мегрдад, ки онро «Наврӯз» меноманд.
Дар сарчашмаҳои бостонии порсизабон роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашни Наврӯз маълумоти зиёде дода шудааст. Яке аз манбаъҳои муҳим «Наврӯзнома»-и Ҳаким Иброҳим Умари Хайёми  Нишопурӣ ба шумор меравад. Сабаби ном гузоштани Наврӯз он будааст, ки мегӯяд муаллиф, «чун бидонистанд, офтобро ду давр бувад. Яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷрӯзу рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамл боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бадин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард».
Хайём аз сесаду шасту панҷ шабонарӯз иборат будани ду даври офтобро нишон додаст.  Ин ду даври офтоб, ки ба охир расид, сол поён ёфта, аввалин дақиқаҳои моҳи ҳамал фасли баҳор оғоз меёбад. Айёми нав, рӯзу соли тоза дохил мешавад. Олами наботот, табиат аз сари нав зинда мешавад. Муаллиф пайдоиши Наврӯзро сифр аз нуқтаи назари илми нуҷум ва табиатшиносӣ шарҳу тавзеҳ додаст. Аз ин рисола маълум мегардад, ки гузаштагони мо аз замонҳои қадим тақвими моҳу солро тибқи улуми дақиқи ситорашиносӣ ва риёзӣ сохта, маҳз аз назари илмӣ дар рӯзи баробар гардидани шабу рӯзи сол, ки мутобиқ ба 21-22-уми моҳи март аст, Наврӯзро чун оғози соли нави ориёӣ ҷашн мегирифтаанд.
Димишқӣ низ дар китоби «Наҳбат-уд-даҳр» маросими Наврӯзро дар замони Сосониён тасвир карда, изҳор намудааст, ки Наврӯз аз айёме, ки чархи гардун ба гардиш омадааст, яъне аз он давре, ки чамъияти инсонӣ пайдо шудааст, ҷашн гирифта мешавад.
Дар бораи чанд рӯз таҷлил намудани Наврӯз то имрӯз маълумоти мухталиф вуҷуд дорад. Абурайҳони Берунӣ дар аҳди Сосониён шаш рӯз ҷашн гирифтани Наврӯзро дар «Осор-ул-бақия» қайд намудааст.
Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ дар аҳди шоҳони Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст: панҷрӯзи аввалро подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рӯзи дуюмро ба бахшидани ҳадяҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хизматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷрӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст.   Аз ин бармеояд, ки моҳ ба рӯзҳои муайян тақсим карда мешудаст, зеро ҳар рӯз хоси гурӯҳи мардуми муайян буд. Агар ба таърихи зиндагии мардум нигоҳ кунем чандин шаклҳо ва навъҳои гуногуни ҳисоботи солшумориро дидан мумкин аст, ки дар натиҷаи таҷрибаи зиндагии мардум пайдо ва татбиқ карда мешаванд. Инро мо дар мисоли иди Наврӯз дида метавонем. Мувофиқи тартиби рафти сол иди Наврӯз пас аз иди Сада, яъне баъди панҷоҳ шабу рӯзи он ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.  Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманди исломии қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-бақия»  маълумоти саҳеҳи илмӣ додааст.
Гузаштагони мо дар ҷашни Наврӯз хони наврӯзиро бо ҳафт чиз меоростанд, ки ҳарфи аввалини онҳо бо ҳамсадои «ш» cap мешуд. Он чизҳо аз шамъ, ширинӣ, шароб, шир, шарбат, шакар ва шонаву ширбиринҷ  иборат буданд.
Дар давраи ислом ба ҷойи ҳафт чизи номбаршуда, ҳафт чизи дигарро иҷозат доданд, ки номашон бо «син» cap мешавад, аз қабили сирко, сабзӣ, сирпиёз, сумок, санҷид, суманак ва сипанд буданд.
Дар сурфаи наврӯзӣ ҳама навъҳои хӯрокҳое, ки дар зиндагӣ мардум ба онҳо эҳтиёҷ доранд, гузошта мешаванд. Ин ҳафт навъи ғизоҳо рамзи пазироӣ ва эҳтиром ба фариштаҳо (рӯҳи даргузаштагон),  ки ба асоси эътиқод ва боварҳо аз рӯзи аввали Наврӯз ба хонаҳои худ аз осмон фуруд меоянд, мебошанд. Ҳамчунин дар хони наврӯзӣ шамъдон, китоби муқаддас, барсам ё шохаҳои анор, бед, анҷир ва дарахтони дигар ниҳода мешуд. Кӯзаи об ва нон рамзи фаровонӣ ва баракат буда, тибқи ривоятҳо дар дастархон ширу панир ва хурмо низ ҳатмӣ гузошта мешуд.
 
Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт муаттар,
Аз бӯйи гулу сабзаву райҳону санавбар.                                                           
 
 
 
                                                                 Ҳикматулло Хоҷаев 
 
 
 

Март 21, 2015 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт