Зани низомӣ на танҳо муҳофизи оила, балки ҳомии Ватан аст!

Март 5, 2015 14:48

 
Душанбе,  05.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар яке аз суханрониҳои хеш бахшида ба Рӯзи Модар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст: «Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан — Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият — мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд».
Дар воқеъ, бояд зикр намуд, ки дар баробари соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолияти занҳои соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар Тоҷикистон хеле назаррас аст, зеро дар ин вазифаи пуршараф баробари мардон хизмат намудан, барои занҳо иродаи матин ва шуҷоат лозим аст. Бинобарин хабарнигори «АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Модар ва бо сабаби аз наздик ошно шудан  бо фаъолияту зиндагии  масъули сомонаи ВКД дар дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, майори милитсия, Маҳбуба Гулова суҳбате  анҷом дод, ки фишурдаи онро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш мегардонем.
-Нахуст Шуморо бо Рӯзи  Модар  табрик мегӯем ва фаҳмиданием, ки бо шунидани номи бузурги Модар чӣ эҳсосе Шуморо фаро мегирад?
— Ташаккур, албатта, бо шунидани номи Модар ҳар як инсонро эҳсосоти наҷибу гуворое фаро мегирад. Вале, агар росташро гӯям, ман ҳар вақте, ки номи бузурги Модарро мешунавам, дар чашмонам ашк ҳалқа мезанад. Меҳру муҳаббат ва эҳсосоти ман нисбат ба Модар тасвирнопазираст, зеро модарон муқаддас ва биҳиштианд ва чӣ тавре  ки бузургон фармудаанд: 
 
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.   
 
-Вақте зани тоҷик касби пуршарафи ҳомии ҳифзи ҳуқуқ буданро интихоб менамояд,  аз  занони оддӣ бо чӣ фарқ мекунад?
-Пеш аз ҳама бо ҷасорат ва ирода. Сипас, зан-корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афсар буда, либоси низомӣ мепӯшад ва рутбаи ҳарбӣ дорад. Кормандзанони милитсия иродаи матин дошта, ҳамаи мушкилиҳо ва пастию баландии зиндагиро сарбаландона паси сар менамоянд. Дар баробари ин занони милитсионер дар ҷомеа рисолати тарбиятгарӣ низ доранд. Як чизи дигарро бояд таъкид намоям, ки агар зан-модар муҳофизи оилаи хеш бошад, занҳои низомӣ ҳам муҳофизи оилаи худ ва ҳам ҳомии Ватан дар маҷмӯъ мебошанд.
Бояд зикр кард, ки ҳангоми муроҷиати занони оддӣ ва касбу кори гуногун ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ занон-милитсионерон ба дарки мушкилии ҷабрдидаҳо амиқтар сарфаҳм мераванд, чунки онҳо ҳамчун зан дар назди зан худро роҳат эҳсос карда, мушкилиҳои хешро озодона баён месозанд.Чунин тарзи пешбарии кор имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ мушкилоти ҷойдоштаи занон ҳалли худро ёбанд.
 
-Барои Шумо ҳамчун як зани тоҷик дар баробари мардҳо дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ кор кардан душвор нест?
— Ростӣ ман касби пуршарафи милитсияро интихоб намуда, ифтихор аз он мекунам, ки дар қатори родмардони шуҷои Ватан фаъолияти хизматиамро пеш бурда, аз он сарфароз ҳастам, ки дар амнияту субот, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншиканиҳо заррае ҳам бошад, саҳми худро мегузорам. 
Баъдан гуфтан мехоҳам, ки албатта, душвор аст, вале сабру таҳаммул, матонат, ҷасорат ва хизмат ба Ватан ба ман неруву тавони тоза мебахшад. Инчунин роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба занон-кормандони милитсия таваҷҷуҳу ғамхории хосса зоҳир намуда, тамоми шароити мусоидро фароҳам овардаанд. Ногуфта намонад, ки занону духтарони мақомоти корҳои дохилӣ аз имтиёзҳои зиёде бархурдоранд, ки ин ҷараёни хизматро сабук ва ба занон рӯҳу илҳом мебахшад.     
 
-Тавре ки ба мо маълум аст, Шумо ҳамарӯза дар сомонаи ВКД ҶТ хабарҳои ҷиноиро ҷой мекунед. Оё ҳолатҳое шудаанд, ки Шумо   аз ҷониби гумонбарони  ҷиноятҳо таҳти фишор қарор гирифта бошед?
 
— Вазифаи мо ҳамарӯза дар сомонаи ВКД ҷой додани хабару ҳодисаҳои ҷиноӣ ва фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, зеро ки сомонаи ВКД таъҷилан тамоми рӯйдодҳои ҷиноии  кишвар, чорабиниҳои пешгирикунанда ва дигар ҳодисаҳои муҳимро пахш намуда, ба ин васила дигар сомонаҳо, васоити ахбори омма ва шаҳрвандон аз ин имконияти мусоид пурсамар истифода мебаранд. 
Албатта, муштариёни сомонаи ВКД хеле зиёданд. Роҷеъ ба фишор овардани гумонбарони ҷиноятҳо ҳаминро зикр карданӣ ҳастам, ки хушбахтона, бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ нашудаам ва танҳо ҳолатҳое буданд, ки баъзе аз гумонбарони ин ё он ҷиноят намехостанд, ки ному насаби онҳо дар сомона дарҷ гардад.
 
-Ҳангоми бори аввал ба ҷои ҳодиса рафтан худро дар кадом ҳолат эҳсос кардед?
— Ҳар як корманди милитсия дар фаъолияти хизматии хеш ба ҳодисаҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад. Ман низ дар қатори дигар кормандон борҳо ба ҷойи ҳодиса рафта, бо гумонбарони ҷиноятҳо суҳбат намудаам. Албатта, бори аввал ба ҷойи ҳодиса рафтан вуҷуди инсонро эҳсосоте фаро мегирад, гумон накунед, ки ин эҳсоси тарсу ҳарос аст, балки саволҳое пайдо мешаванд, ки онҳо пурмуаммоанд, яъне ин ё он ҷинояткор мисли дигар афроди ҷомеа оила, фарзанд ва хешу ақрабо дорад. Чунин андешаҳо хаёли маро ба он мебаранд, ки чаро баъзе аз инсонҳо даст ба ҷиноят зада, ҳаёти худро доғдор ва наздикони худро бадбахт месозанд?
 
-Яъне, Шумо ба ҳар ҳол чун ҳамаи занҳо дар дил раҳми занона доред?
-Бале.
 
-Чанд сухан дар бораи оилаи худ мегуфтед. Хонаводаи Шумо ба касби интихоб кардаатон зид нестанд? 
— Ман дар як деҳаи зебои дурдасти ноҳияи Рашт, ки Ниширён ном дорад, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам. Бояд зикр намоям, ки ман аз ин деҳа ягона нафаре ҳастам, ки касби пуршарафи милитсионерӣ насибам гардидааст ва барои наздикону пайвандон ва тамоми деҳа мояи ифтихор аст, ки ман дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият менамоям. Касе аз хонаводаи ман ба касби интихоб кардаи ман зид нест ва баръакс, ҳамеша маро дастгирӣ намуда, дар ҳама ҳолат ёру мададгор ва такягоҳам ҳастанд. 
Писарчаам Анушервон, ки ҳамагӣ нӯҳ сол дорад, аллакай шефтаи ин касб аст ва ман умед дорам, ки ӯ дар оянда касби маро интихоб намуда, ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат ба халқу Ватан содиқона хизмат хоҳад кард. 
 
-Таманниёти Шумо ба модарон, хоҳарон ва тамоми занҳои Тоҷикистон.
— Таманниёти ман ба занон, модарон ва хоҳарони арҷманд — ин пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, осудагии рӯзгор, хушбахтӣ дар оила, меҳру муҳаббат ва осмони софу беғубори Тоҷикистон аст! 
 
Ташаккур!
 
Таҳияи Муқаддас Темурзода

Март 5, 2015 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд