Зуҳуроти ифротгароӣ ва паёмади он

Март 17, 2015 13:41

 
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ноамнӣ ва бесуботии Ховари Миёна боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст. Cолҳои охир тибқи маълумоти мақомоти қудратии кишвар ҳолатҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротгаро зиёд шуда истодаанд, ки иштироки онҳо ба муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ин ақидаро собит месозад. Шомилшавии ҷавонони тоҷик дар ҳизбу ҳаракатҳои исломи терористӣ дошта, ба монанди «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Салафия» ва ғайра.
Афрод ба хотири дарёфти козиби имонӣ ва исломӣ намедонанд, ки аллакай қурбонии бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидаанд.
Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири онҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани дониши кофии динӣ ва инчунин мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо асосан муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд  омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Чунин баҳсҳои иттилоотӣ метавонанд дар ҳама ҳолат таъсири худро ба ҷомеа расонанд. 
Маълум аст, ки вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва фарҳангии ҷомеаи ҳар як кишвар ба раванди таъмини дастовардҳои миллӣ ва амнияти сартосарии он таъсири амиқ дорад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мафкура ва вазъи равонии ҷомеа бо татбиқи барномаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ ба ҳадафҳои давлату миллат ҳамнаво бошад. Дар ин раванд, албатта, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишҳои ҳамаҷонибаи фарогирро ба харҷ медиҳад, то мушкилоти мавҷуда ҳалл  гарданд. 
Бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сатҳи донишу маърифати дунявии ҷавонон хеле поён рафтааст ва маърифати диниашон низ костагӣ дошта, онҳо дар бисёр маврид миёни одитарин масъалаҳои хурофоту дин, ақидаҳои ботилу воқеӣ фарқ гузошта наметавонанд.
Ин танҳо мушкилоти имрӯзаи кишвари мо набуда, балки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ гирифтори чунин мушкилотанд. Роҷеъ ба масъалаҳои хурофотпарастӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониҳои хеш ибрози ақида карда, онро сабаби аслии костани маърифати ҷомеа, бахусус, ҷавонон ва вабои аср арзёбӣ намудааст. 
Албатта, ин мушкилӣ дар маҷмӯъ боиси он мегардад, ки   гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз вазъияти ҷойдошта истифода мекунанд. Масалан, тибқи маълумотҳои расмии мақомоти қудратии кишвар беш аз 300 нафар ҷавонони тоҷик дар кишварҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд, ки аз онҳо аллакай зиёда аз 80 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҷой доштани чунин падида аз сатҳи пасти маърифати динию мазҳабии ҷавонони кишвар ва суст ба роҳ мондани мубориза алайҳи ифротгароӣ шаҳодат медиҳад. 
Бояд гуфт, ки дар Осиёи Марказӣ ифротгароӣ ба тадриҷ дар байни занон низ ривоҷ пайдо карда истодааст. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, соли равон теъдоди занон дар гурӯҳҳои тундрави исломӣ 23 дарсад афзоиш ёфтааст. Соли ҷорӣ даҳҳо зан аз ҷануби Қирғизистон ба ҷанги Сурия рафтаанд. Баъзе занҳои тоҷикро низ шавҳаронашон маҷбуран ба Сурия ва Ироқ бурдаанд, ки ин боиси ташвиш ва нигаронист. Агар як сабаби иштироки занон фақру бенавоӣ бошад, таблиғоти ифротгароӣ низ дар миёни онҳо хеле авҷ гирифта, тафаккури онҳоро сайди доми худ кардааст. Имрӯз ғояҳои таблиғӣ ва иртиҷоии ба ном «Давлати исломӣ», «ДИИШ» занони дорои тахассуси тиббиро ба сафҳои худ ҷалб мекунад. Ҳамчунин онҳо занҳои норозӣ ва ё озурда аз зиндагӣ ё азияткашида аз мақомоти кишварҳоеро, ки  дорои  муҳоҷиратанд, ба худ ҷалб менамоянд. Ва қобили тазаккур аст, ки имсол як гурӯҳ занони Қазоқистон ҳам барои иштирок ба ҷанги Сурия рафтаанд, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки онҳо барои ба ватан баргардонидани шавҳарҳояшон  аз кишвари арабӣ роҳи ҷустуҷӯро пеш гирифтаанд. Чанд зани тоҷик низ  аз вилояти Суғд бо баҳонаи овардани шавҳарҳояшон ба Сурия рафтаанд.
Аз рӯи баъзе маълумотҳо вақтҳои охир ҳузури «Давлати исломӣ» дар водии Фарғона  ба назар мерасад. Насб шудани парчами  «ДИИШ» дар яке аз кӯпрукҳои шаҳри Тошканд дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (якуми сентябри соли 2014) тамоми мақомоти ин кишварро нигарон намуд.
      Давлати Тоҷикистон барои пешгирии ифротгароӣ  роҳи дигарро пеш гирифт. Масалан, барои рӯҳониёне, ки вазифаи имом-хатибии масҷидҳои ҷомеъро доранд,  аз ҳисоби буҷаи давлатӣ  маош таъйин гардид, то ходимони дин  барои  пешгирӣ намудани ин гуна ҷараёнҳо кумаки имонӣ ва виҷдонӣ расонанд ва барои бардавом фаъол будани сулҳ ва субот хидматҳои арзандаро дареғ надоранд. Ин далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои осоиштагӣ ва оромии мардум тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодааст. Вале гурӯҳҳои дорои ақидаи ифротӣ низ барои аз паси худ бурдани гурӯҳе аз ҷомеаи шаҳрвандӣ  муваффақ шуда истодаанд. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба ин масъала диққати махсус дода иброз дошт:  «Бо назардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Бинобар ин, давлат ба хотири таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоят аз сиҳатии шаҳрвандон ва дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон метавонад чораҳои зарурӣ ва ҷиддиро ба кор гирад. Талошу кӯшишҳои таҳти назорат қарор додани раванди ифротгароии динию мазҳабӣ боиси эътирозҳои баъзе рӯҳониён мегарданд, дар ҳолате ки бояд решаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии онро пайдо намуд ва бартараф кард. Инчунин бештари мусалмонон бовар доранд, ки гурӯҳҳое чун «ДИИШ» аз сӯйи душманони ислом ба хотири бадномсозии ин дини мубин таъсис дода шудаанд. Ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки ифротгароии динӣ ва терроризм аз душманони асосии суботу амният дар ин кишварҳост ва бояд бо он ҳаматарафа мубориза бурд. 
Ислом низ сулҳу субот ва оромиро ташвиқ намуда, рӯ овардан ба ифроту тундравиро манъ мекунад. Дар  ояти 9-10-уми сураи «Нисо» омадааст: «Муъмин бародари муъмин ва хуни муъмин резонидан гуноҳи азим аст». 
Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ва ҳушманд ифтихор ва сармояи хушбахтию саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва  ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт. Бояд зикр намуд, ки масъалаи тунгароӣ дар ҷомеаи мо бисёр муҳим буда, диққати махсусро талаб менамояд  ва пеш аз ҳама ҷавононро лозим меояд, ки дар ин масъала эҳтиёткор буда, аз ҳамроҳшавӣ ба чунин гурӯҳҳо  худдорӣ  намоянд. 

Ҳикматулло Хоҷаев,
коршиноси масоили сиёсӣ

Март 17, 2015 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад