Олимони ҷавон соҳаи тибро ба арсаи ҷаҳонӣ мебароранд

Апрель 24, 2015 14:39

 
Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон 10-умин конфронси солонаи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  бо иштироки намояндагони хориҷӣ дар мавзӯи «Татбиқи дастовардҳои илми тиб дар тибби амалӣ» баргузор гашта истодааст. 
Ин ҳамоиш чун занҷирае миёни олимони баркамоли соҳа ва насли нави он аст, ки бо мақсади тарбияи мутахассисони баландтаҷрибаи соҳаи тиб ва пешрафти ин навъи илм бо ҳам табодули таҷриба ва робитаи босамар менамоянд.  Конфронси мазкур чун майдони фарохи таҷриба аст, ки ба олимони ҷавон дар заминаи омӯзишу таҳлили таҷриба ва дастовардҳои ҳамдигар кумак намуда, имкон медиҳад, ки онҳо пайваста машғули корҳои илмиву тадқиқотӣ ва илмиву таҷрибавӣ бошанд. 
Мақсад аз баргузории чунин ҳамоишҳо дастгирии ҷавонон, олимони боистеъдоду мутахассисони арзанда ва пешниҳоди имконоту шароит барои омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар аст.  Конфронс дар чорчӯби амалҳои илмиву амалии олимони донишгоҳ, ки натиҷаи таҳлилу баррасӣ ва хулосабарориҳои амиқи мутахассисони соҳаро дар бар мегирад,  ҳар сол бо мақсади омӯзиши имконоту таҷриба гузаронида мешавад. 
Бино ба гуфтаи Хайём Маҳмудов, раиси ҷамъияти илмии ҷавонони ДДТТ чорабинии имрӯза чорабинии ҷашнӣ буда, аз соли 2006 инҷониб он чун анъана гузаронида мешавад. «Нишондодҳои конфронс аз он шаҳодат медиҳад, ки олимони ҷавон ва донишҷӯён бештар ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғул шуда, шумораашон давра ба давра меафзояд.  Лозим ба ёдоварист, ки имсол маҷмӯаи маводи конфронс 670 фишурдаро ташкил медиҳад, ки аз рӯи 8 самти муҳими илми тиб гурӯҳбандӣ шуда (терапия, педиатрия, ҷарроҳӣ, тиббӣ- назариявӣ, стомотология), дар шакли маҷмӯаи илмӣ бо сифати баланд ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, 240 фишурда аз муассисаҳои олии Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Украина, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ба чоп дода шудааст. Дар кори конфронс 250 маърӯзаи илмӣ шунида мешавад»,-гуфт Хайём Маҳмудов.. 
Дар конфронси  мазкур олимону донишҷуён аз кишварҳои хориҷӣ низ иштирок намуда, маърӯзаҳои илмӣ мекунанд. 
  «Агар қиёс кунем,  дар соли 2010 шумораи маърӯзаҳои илмӣ 49 ададро ташкил дода, имрӯз он ба 250 адад расидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки донишҷӯён ба ҳалли мушкилоти мубрами соҳаи тандурустӣ машғул буда, рағбат пайдо кардаанд»,-афзуд раиси ҷамъияти илмии ҷавонони ДДТТ.
Искандар Камолов орденатори клиникии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз иштирокчиёни конфронс  буда, дар соҳаи урология маърӯза мехонад. «Маърӯзаи ман дар оянда хеле натиҷаи назаррас хоҳад дод. Яъне ман дар маърӯзаи худ бобати муқоисаи ду навъи ҷароҳӣ сухан карда, роҳҳои беҳтару осони ҷарроҳиро нишон хоҳам дод, ки на танҳо барои табиб, балки барои бемор низ муфид мебошад. Яъне дар чунин навъи ҷарроҳӣ  бемор хунравӣ нашуда, тӯлонӣ бистарӣ намешавад ва барои ҳар як бемор чунин усул  дастрас мебошад»,-баён дошт И.Камолов.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб ӯ 2 сол  аст, ки дар  сари ин мавзӯъ кор бурда, ҳатто амалан чунин ҷарроҳиро гузаронидааст.  Дар 4-5 моҳи охир 5-6 беморро бо ҳамин усул ҷарроҳӣ кардаанд, ки он натиҷаҳои хуб додааст. 
Дар конфронс инчунин намояндагон аз Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок доранд. Ҳадаф аз конфронс ҷалби олимони ҷавон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, дарёфти донишҷӯёни болаёқат мебошад. 
Дар доираи баргузории конфронс озмуни маърӯзаҳои беҳтарин   баргузор мегардад, ки аз соли 2011 инҷониб,  пас аз эҳёи нави ҷамъияти  илмии олимони ҷавон оғоз гардида,  он  барои олимони ҷавон, ки маърӯзаи беҳтарин пешниҳод мекунанд диплом, ифтихорнома,  китоб ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мешаванд. 
Ба гуфтаи Хайём Маҳмудов  дар чор соли охир беш аз 50 нафар донишҷӯи ДДТТ дар чорабиниҳои илмӣ дар хориҷи кишвар иштирок намуда, маърӯзаҳои беҳтаринро пешниҳод намуданд.  Яъне муҳимияти маърӯзаҳои онҳо аз ҷониби олимони хориҷа низ барои илми тибби муосир  эътироф гардидаанд. Олимони ҷавони мо ба талаботи имрӯза рақобатпазир мебошанд. 
Имрӯз дар ДДТТ ҳамаи шароит барои бурдани корҳои илмӣ мавҷуд буда, ҳамасола беш аз 15-20 рисолаи илмӣ дифоъ мешавад.    
Дар конфронс аз ҷумла, маърӯзаҳо дар мавзӯи «Никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он аз нуқтаи назари биологияи тиббӣ», «Омилҳои хатарноки инкишофи нуқсони модарзодии дил дар кӯдакони Тоҷикистон», «Мукаммалсозии норасоии инкишофи модарзодии панҷа»,  «Хусусиятҳои амалиёти протезгузорӣ ҳангоми тағйирёбии модарзодии мавқеи устухони кос» ва ғайра шунида хоҳанд шуд. 
 
 
 

Апрель 24, 2015 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд