Об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад

Май 16, 2015 08:39

Душанбе, 16.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Яке аз сарватҳои муҳимтарине, ки на танҳо заминаи тавозуни экологӣ, балки заминаи муҳимтарини зиндагии шоистаи иқтисодӣ мебошад, ин захираи об дар тамоми сайёра ба шумор меравад. Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳоло дар ҷаҳон беш аз 1 млрд аҳолии сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашад, ки ин боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Ин аст, ки масъалаи об яке аз масоили муҳими ҷаҳонӣ арзёбӣ гашта, кишварҳои сайёраро барои ҳамкорӣ дар ин самт водор намудааст. Бештар аз 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳо ва обҳои зеризаминии Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 54%-и захираҳои Осиёи Миёнаро ташкил дода, дар ИДМ ҷои сеюмро ишғол менамояд. Захираҳои обию энергетикӣ имкон медиҳанд, ки кишвар 300 млрд.кВт/соат мутаносибан дар як сол қувваи барқи арзонро истеҳсол намояд. Ин на фақат барои пурра таъмин намудани аҳолии кишвар бо барқи доимӣ, балки барои содирот ва таъмини кишварҳои ҳамсоя бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза низ кифоя аст.Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин кишварҳоест, ки барои ҳалли масъалаи об ташаббусҳои зиёди созанда нишон дода, ба маҷмааи умумии СММ оид ба ин масъала пешниҳодҳо ироа намуд. Ҳамин тавр, бо дастгирии СММ соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015-«Даҳсолаи амалиёти байналмилалии об барои ҳаёт» ва соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гашт, ки ҳадафи он наҷоти баҳри Арал, таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар кишвар хоҳад буд.Тавре ки зикр шуд, таъмини истилолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки сарчашмаи он захираҳои обӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки асоси захираҳои обии Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон 8492 пирях мавҷуд аст, ки 6% масоҳати Чумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Тавассути қаламрави кишвар 947 дарё ҷорӣ мешавад, ки дарозии умумии онҳо беш аз 28 500 км аст. Теъдоди умумии кӯлҳои Тоҷикистон 1300 адад буда, 43,3 км3 об доранд. Иқтидори захираҳои умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. кВт/соат дар як сол арзёбӣ мегардад, ки се маротиба аз истеъмоли имрӯзаи қувваи барқ аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд аст. Истифодаи муосири захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон барои тавлиди тақрибан 17 млрд. кВт/с дар як сол, ки қариб 3% аз иқтидори мавҷударо ташкил медиҳад, мусоидат мекунад. Захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон комилан метавонанд асоси рушди устувор ва катализатори равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошанд. “Об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад”. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории минтақавӣ ва байналмиллалӣ дар соҳаи об буд, ҳаст ва мемонад. Яке аз шартҳои асосии кишвар дар равандҳои ҷаҳонӣ- ин таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ аст. Дар назди Тоҷикистон мақсади якҷояшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ пеш гузошта шудааст, ки он мавқеи намоёнро дар иерархияи иқтисоди ҷаҳон ишғол намуда, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ мусоидат мекунад. Ин мақсад яке аз унсурҳои муҳими таркибёфтаи стратегияи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва иқтисоди миллӣ масъалаи таъмини рақобатпазирӣ дар иқтисоди миллӣ мавқеи муҳимро пайдо намуда, дар маҷмӯъ, стратегияи рушди иқтисодиёти кишварро соҳиб гаштааст. Масъалаи таъмини рақобатпазирии иқтисод дар шароити ҷаҳонишавӣ, кишварҳои рақиб дар иқтисоди ҷаҳонӣ бо масъалаи таъмини амнияти миллӣ зич алоқаманданд. Аз нуқтаи назари шароит ва омилҳои нақдӣ рақобатпазирии Тоҷикистон имкони кофии рақобатпазириро дорост. Тавре ки маълум аст, Тоҷикистон яке аз кишварҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ буда, ҳудуди онро релеф, иқлим, захираҳои табиӣ, обӣ ва дигар сарватҳои табиӣ ташкил медиҳад. Қаъри замин аз захираҳои минералӣ, махсусан нуқра, симоб, сурма ва дигар металҳо бой аст. Вале аз ҳама бойгарии кишвар ин захираҳои обии ташкилдиҳандаи иқтидори гидроэнергетикии кишвар мебошад.Аз рӯи захираҳои эҳтимолии умумии гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Қисмати гидроэнергетика дар тавозуни энергетикии кишвар беш аз 98%-ро ташкил медиҳад. Дар давоми даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ неругоҳҳои хурду миёна, аз ҷумла неругоҳҳои хурд бо иқтидори зиёда аз 1000 МВТ ба истифода супорида шуданд.Имрӯз низ таваҷҷуҳи асосии давлат ба бунёду барқарорсозии неругоҳҳои барқи обӣ равона гардидааст. Ҳоло ҳукумат барои барқарор намудани иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ ва сохтмони иншооти нави соҳа, инчунин ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ҳамаи корҳои заруриро анҷом медиҳад. Вақти он расидааст, ки бо ҳамаи роҳу усулҳои имконпазир сарфи беҳуда ва талафоти неруи барқ, гази табиӣ, гармӣ ва обро пешгирӣ намоем, зеро таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад.Аз рӯйи дурнамои расмии оморӣ, тараққиёти иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2015 истеҳсоли қувваи барқ дар кишвар наздик ба 30 млрд. кВт-соат расонида мешавад, истихроҷи нафт аз 18,4 ҳазор тоннаи соли 2000 то 400 ҳазор тонна, гази табиӣ –аз 39,9 млн. м3 то 500 млн. м3, истихроҷи ангишт бениҳоят босуръат афзуда, ба 815 ҳазор тонна, яъне нисбат ба соли 2000 зиёда аз 40 маротиба меафзояд, ки ҳамаи ин боиси таъмини амнияти энергетикии кишвар мегардад.Бо захираҳои сӯзишворию энергетикӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ вазифаи муҳимтарини сиёсати иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Аҳамияти ин масъаларо дарк намуда, роҳбарияти давлат дар бораи аз бӯҳрон баровардани комплекси сӯзишворию энергетикӣ тадбирҳо меандешад. Ҳоло дар мамлакат 21 ширкати ватаниву хориҷӣ ба иктишофу истихроҷи нафту газ машғул мебошад, ки ин барои дар оянда таъмин намудани кишвар бо нафту гази худӣ замина мегузорад. Имкониятҳои таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии энергетикии Тоҷикистон ба захираҳои мавҷуда асос меёбад. Дарёҳои калонтарини мамлакат ба монанди Панҷ, Вахш, Сирдарё, Амударё, Оби Хингоб, Сурхоб иқтидорҳои калони гидроэнергетикӣ доранд. Аз рӯи иқтидорҳои барқӣ Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад.Ҳоло як қисми хурди неругоҳҳои энергетикии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дорад.Дар сурати пурра амалӣ шудани фаъолияти неругоҳҳои барқии обии Роғун, Шӯроб, Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда –1, Сангтӯда –2, Сарбанд, Шаршар, ва НБО-и Марказӣ истифодаи неруи барқ дар кишвар зиёд гардида, аҳолӣ пурра бо барқи доимӣ таъмин мегардад.Аз имкониятҳои истифодаи иқтидори энергетикии дарёҳои Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб ва аз ҷиҳати техникӣ асоснок мебошанд, чунин лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ шаҳодат медиҳанд: Аз ҷумла дар давоми сол дар дарёҳои Хингоб имкони сохтани 5 неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 712 мВт; дар дарёи Сурхоб 4 неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 1077 мВт; ва дар дарёҳои Кофарниҳон, Варзоб, Зарафшон, Фондарё, Мастчоҳ, Ғунд, Бартанг неругоҳҳои зиёд бо иқтидори умумии гуногун мавҷуданд. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо худ, балки кишварҳои ҳамсоя- Афғонистону Покистонро, ки ба қувваи барқ эҳтиёҷи зиёд доранд, таъмин созад. Ҳамзамон Тоҷикистон дар оянда ба яке аз содиркунандагони бузурги захираҳои гидроэнергетикӣ табдил хоҳад ёфт.Анҷоми сохтмони неругоҳи «Роғун» ва ҳарчи зудтар амалисозии лоиҳаи CASA-1000 аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. «Амалисозии ин лоиҳаҳо имкон медиҳанд, ки на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа низ мушкилоти худро дар таъминоти устувор бо неруи барқ ҳал намоянд». Дар таъмини бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ нақши бузургтарин нерўгоҳи барқии Тоҷикистон — НБО-и Норак, ки дар дарёи Вахш сохта шудааст, бениҳоят калон аст. Иқтидори ин неругох 3000 мВт буда, соле 11,2 млрд. кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Мутобиқи «Стратегияи миллии рушди соҳаи энергетика» истеҳсоли қувваи барқ дар соли 2015 ба 35 млрд. кВт-соат мерасад. Дурнамои энергетикии Тоҷикистон то соли 2025 ба 80 млрд. кВт-соат неруи барқ пешбинӣ мегардад. Тавре ки Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуд, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми кишвар, балки ба нафъи кишварҳои минтақа низ хоҳад буд. Дар давоми даҳ соли охир дар натиҷаи бунёди неругоҳҳои хурду миёна ва таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда иқтидори энергетикаи мамлакат қариб ҳазор мегаватт зиёд шуд. Аз ин лиҳоз, мо бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар мешуморем. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди сӯзишворию энергетикӣ мебошад. Қисми асосии захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон (53%) ташаккул меёбад. Дар тавозуни сӯзишворию энергетикии ҷумҳурӣ захираҳои гидроэнергетикӣ зиёда аз 90%-ро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди ангишт мебошад, ки воқеан дар маҳалҳои душворгузари кӯҳӣ ҷой гирифтаанд ва коркарди он маблағи зиёдро талаб менамояд. Аз ин рӯ дар навбати аввал ба истифода додани неругоҳҳои барқи обӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошанд, яке аз ҳадафҳои сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки гидроэнергетикӣ ва дар ин замина истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ имкон медиҳад, ки то соли 2016 амнияти энергетики кишвар таъмин гардида, барои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор гузошта шавад.Дурнамои энергетикӣ имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ҳалли маҷмӯии чорабиниҳо дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи сазоворро ишғол карда, дар ояндаи наздик на танҳо таъмини истиқлолияти пурраи энергетикиро ба даст меорад, балки яке аз содиркунандагони бузурги захираҳои гидроэнергетикӣ дар минтақа мегардад. Таҳияи Маҳинаи Собир

Май 16, 2015 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд