Заминаҳои пайдоиши тундгароии исломӣ дар Тоҷикистон

Май 25, 2015 11:12

Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ  «Ховар»).-Дар шароити имрўза сиёсисозии ислом ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала бисёр кишварҳоро водор ба он намудааст, ки дар қонунгузории амалкунандаи худ санадҳое қабул намоянд, ки фаъолияти созмонҳои тундгарои исломиро дар қаламрави худ манъ кунанд. Воқеияти тоза ба вуҷудомада тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот, заминаҳои пайдоиш ва сабабҳои фаъол гардидани онҳо омўхта шавад. Бояд гуфт, ки падидаи тундгароии исломӣ дар муҳити пасошўравӣ хусусият¬ҳои фарқкунандаи худро дорад. Пайдоиши он ҳамчун ниҳоди муташаккили сиёсӣ ба охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд ва бо пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ тавъам аст. Ин раванд бо болоравии андешарониҳои динӣ оғоз гардида, тадри¬ҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурўҳҳои исломии тундгаро оварда расонид. Ҳамчунин бояд гуфта шавад, ки дар ибтидои солҳои 90-ум на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни мўътақидо¬ни дину кон¬фессияҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шўравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи ҷаҳонбинии динӣ боло гирифт. Иллати ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба фурўпошии пояҳои идеологии як давлати абарқудрат вобаста буд. Дар шароити ба вуҷуд омадани холигии идеологӣ як гурўҳи муайяни мардум барои пайдо кардани ҷаҳонбинии нав ба дин ва арзишҳои динӣ муроҷиат карданд. Бо гузашти айём ва андўхти таҷрибаи рўзгор дар фаъолияти бисёре аз созмонҳои исломӣ вижагиҳои сиёсӣ тақвият гирифта, ислом мавқеъгирии сиёсию динӣ ба даст овард. 
Бояд эътироф намуд, ки ташкили ниҳодҳои «исломи расмӣ» дар Иттиҳоди Шўравӣ ҳам барои аз байн бурдани роҳу усулҳои суннатии интихоби роҳбарони мазҳабӣ ва пешвоёни маънавӣ ҳеҷ коре карда натавонист. Баръакс, дар тўли даҳсолаҳо ин вазъият дар баробари мавҷуд будани ниҳодҳои давлатии назорати ҳаёти динӣ боиси таъсис ва амали як миқдор масҷидҳои ғайрирасмӣ гардид. Тибқи ҳисоботи оморӣ теъдоди масҷидҳои ғайрирасмӣ нисбат ба масҷидҳои расмӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна дар оғози солҳои 90-ум 20 баробар зиёд будааст, ки ин аз интиқоли «исломи ғайрирасмӣ» ба ҳолати қонунӣ ва ошкорои фаъолият дарак медиҳад. Маҳз як миқдор намояндагони ба истилоҳ «исломи ғайрирасмӣ» дар оянда муассисони ҳизбу созмонҳои исломӣ гардиданд. Ва бештари созмонҳои ҷамъиятию сиёсии мусулмонӣ равияҳои тундгароиро дунболагирӣ намуданд. Аз ин ҷиҳат хусусияти муҳимтарини тундгароии исломӣ волоияти арзишҳои динӣ не, балки дар мадди аввал ташаккули платформаи сиёсии худ ба ҳисоб мерафт. Мақса¬ди асосии ин падида аз истифода бурдани роҳу усулҳои мубориза аз ҷониби созмонҳои мухталифи исломист, ки он ба талаботи муқарраро¬ти ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқат намекунад. Дар нуфуз пайдо кардан ва решадор шудани сиғаи тундгароёнаи ислом дар оғози истиқлолияти давлатии кишвари мо ҳамчунин омилҳое, ба мисли набудани низоми мукаммали сохтории омўзиши дини ислом, паст будани сатҳи тахассусӣ ва фасодзадагии намояндагони исломи расмии ҳукуматӣ, саъю талошҳои як идда пешвоёни рўҳонӣ ва ҳизбӣ барои шомилшавӣ ба созмонҳои байналмилалии мусулмонӣ ба хотири ба даст овардани ёриҳои молиявию пулӣ аз ҷониби давлатҳои сарватманди арабӣ заминаи номат¬луб гузоштанд. 
Аз ҷониби дигар, барҳам хўрдани низоми идоракунии фарогир, сар задани нооромии сиёсӣ, афзоиши бекорию камбизоатии аҳолӣ ва коста шудани сатҳи таълиму тарбия ба он оварда расонид, ки як зумра ҷавонон фирефта ва шефтаи таблиғоти фаъолони созмонҳои динӣ шаванд. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои динию мазҳабӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоии зиндагии онҳо пазируфта шавад. Ҳаммарзии тўлонӣ бо кишва¬ри Афғонистон низ барои осон интиқол ёфтани ақоиди санҷидашудаи ҳизбу ҷараёнҳои сиёсию исломӣ тўли солҳои ҷанг бо неруҳои шўравӣ ба шиддат гирифтани баҳсҳои хушунатомези динию мазҳабӣ бе таъсир намонд.  Бояд гуфта шавад, ки муваффақияти ҳама гуна ҳизбҳои навбаро¬мад, ки баъд аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави ҷумҳури¬ҳои иттифоқӣ таъсис ёфтанд ва гароиши сиёсию динӣ, миллию қавмӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, ислоҳотӣ ва демократӣ доштанд, ба имкониятҳои пулии онҳо сахт вобаста буд. Ҳизбҳои исломгаро низ барои иштирок дар фаъолияти созмонҳояшон ба фаъолон маблағҳои хуб пардохт мекарданд. Пуле, ки онҳо медоданд, аз музди меҳнатии воқеии онвақтаи мардум зиёдтар буд ва ҷавонон асосан ба хотири пул рўёнидан  шомили ин қабил аҳзоб мешуданд, на аз рўйи бовару эътиқод ва эҳтироми дину мазҳаб. 
Ҳамин тариқ, тундгароии исломӣ дар шароити нав дар дасти як гурўҳи муайян ба як воситаи муҳими таъсиррасонӣ табдил ёфт, ки онҳо аслан ҳадафҳои динию мазҳабиро пайгирӣ намекарданд. Фаъолияти ин қабил созмонҳои тундгаро якбора дар аксари кишварҳои Осиёи Марка¬зӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таври бесобиқа қавӣ гардид ва ҳавохоҳону пайравони зиёд ҳам пайдо кард. Ана ҳамин андешаи ботили асримиё¬на¬гӣ, ки маҳз тава¬с¬сути бунёди давлати исломӣ дар асоси муқаррароти шариат тамоми мушкилоти иҷтимоиро ҳал кардан имконпазир аст, баъд¬тар боиси афзоиши хостаҳо, иродаҳо ва ҷасоратҳои нав ба нав ва ба таас¬су¬бу ҷаҳолат ғўтавар гардидани ҷавонон шуд. Ҳарчанд матлаби ошко¬рои ин созмонҳо таъсиси як давлати исломӣ бо номи шартии Хило¬фати Мовароуннаҳр бошад ҳам, вале мақсадҳои ниҳонии пуштибонони бурунмарзии онҳо, нахуст, ҳузур пайдо кардан дар ин минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ қулай, сониян, роҳ ёфтан ба коркард ва истифодаи захираҳои фаровони нафту газ, тилло, уран, дигар маъданҳои фоиданок ва ниҳоят, сармояи инсонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Ўзбе¬кис¬тон, Қазоқистон ва Туркманистон будааст ва хоҳад буд. Ҳамчу¬нин набояд фаромўш кард, ки дар қаламрави васеи кишварҳои Осиёи Миё¬наи пасошўравӣ яке аз минтақаҳои сераҳоли-тарини кураи Замин — водии Фарғона ҷойгир аст, ки сокинони он тақрибан тўли бештар аз бист сол бо шеваи мухолифат изҳор намудан ба ҳама гуна ҳокимияти сиёсӣ маш¬ҳур гаштаанд. Сўиистифода аз камтарин проблема¬ҳои иҷтимо¬ию иқ¬ти¬содӣ, ба мисли бекорӣ ва камбизоатӣ аз ҷониби неруҳои манфи¬ат¬дор дар ин минтақа ҳар лаҳза метавонад боиси шиддат гирифтани андеша¬ҳои тундгароёна дар заминаи эҳсосоти миллӣ ва динӣ байни миллат¬ҳои ўз¬бек, қирғиз ва тоҷик гардад. Бадбахтона, кишвари хурди Тоҷикистон, ки аз нигоҳи иқтидори иқтисодӣ ва захираҳои ашёи хом ҷаззобияти казо¬ие надошт, дар ибтидои солҳои 90-ум дар ин кашмакашу муборизаҳои шади¬ди сиёсӣ ҳамчун майдони озмоишгоҳ ба бозиҳои ғараз¬но¬ки сиёсию маз¬ҳа-бӣ кашида шуд. Падидаи номатлубе, ки баъди расидан ба истиқло-лия¬ти давлатӣ дар миёни мардуми тоҷик ба вуҷуд ома¬дବаст, ин бетафо¬ву¬тӣ зоҳир намудан нисбат ба арзишҳои волои мил¬лию динӣ, ба тиҷорат гу¬зош¬тани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рў овардан ба дину маз¬ҳаб¬ҳои бегона мебошад, ки дар натиҷа як муддат ваҳдати миллӣ ва бун¬ёди давлатдории онҳоро сахт зери хатар монд. Ҳамчунин аст сиёсати давлатҳои абарқудрат: як кишвари хурдро ба гирдоби бало¬ҳо кашонида, масъала¬ҳои бузурги минтақавии худро роҳан¬до¬зӣ мекунанд.  
Маъмулан рукуд ва нокомии фарҳанги исломиро дар Осиёи Миёна дар ибтидои асри ХХ ба Инқилоби Октябр ва бунёди ҳокимияти шўравӣ мансуб медонанд. Чунин хулосабарорӣ роҳи осони ҳалли масъала аст, ки тавассути ба сари русҳо ва болшевикон бор кардани тамоми бадбахтиҳо гўиё аз мушкилоти сарпечида раҳоӣ меёбем. Вале бояд сабаби масъаларо андаке барвақттар дар муҳити бўҳронии зиёиёни мусулмони Осиёи Миёна ҷустуҷў кард. Ин раванд аз ибтидои асри ХIХ оғоз гардида, дар заминаи таъсири беруна зиёиёни бофарҳанги минтақаро ба гурўҳҳои ба ҳам мухолиф ҷудо кард. Дар миёни онҳо масъалаи ифодаи муносибати танқидӣ ба фарҳанги қадимаи худӣ ва зарурати худдорӣ ё таҷдиди назар кардан аз як идда принсипҳо ва арзишҳое, ки тўли асрҳои зиёд бетағйир монда буданд, ташаккул ёфтан гирифт. Далели аслии шикасти фарҳангӣ бархўрди ошкоро бо дастовардҳо ва арзишҳои тамаддуни Аврупо дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX буд. Таъсири ин тамаддун ҳам тавассути манфиатҳои сиёсию иқтисодии Русияи подшоҳӣ ҳамчун тарзи нави ҳаёт вориди фазои фарҳангии минтақа гардид ва ҳам аз тариқи сафарҳои тоҷирону зиёиён ба кишварҳои Аврупо ва Шарқи мусулмонӣ тарғиб мешуд. Далелҳои дигар низ мавҷуданд, ки яке аз онҳо аз нигоҳи назариявӣ ва техникӣ омода набудани исломи расмии Осиёи Миё¬на ба таҳоҷуми фарҳангии беруна буд. Шигифтовар нест, ки ин му¬ҳи¬ти фарҳангӣ ба чолишҳои тамаддуни Аврупо посухи саривақтии таҳ¬ли¬лӣ дода натавонист, зеро аз охирҳои асри XVIII Осиёи Миёна ба коста шудани андешаи назариявии исломӣ мувоҷеҳ гардида буд. Дар Бухоро вазъи ислом ва тамоми ниҳодҳои марбутаи он (тарзи ҳаёти рўхониён ва уламои дин, бадахлоқӣ ва каммаърифатии онҳо, муносибати иртиҷоии ҳокимон) мавриди танқиди шадиди фақеҳони исломӣ ва маорифпарва¬ро¬ни мусулмони Русия қарор гирифта буд. Баъдтар аз дохил садои пешвои маорифпарварони тоҷик Аҳмади Дониш ва пайравонаш баланд шуд. Ақидаҳои пешқадам дар асарҳои «Наводир ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Ҳаким Сироҷ ва таълифоти дигарон равшану возеҳ баён гардиданд. Дар ниҳояти кор, ду неруи асосии исломӣ дар минтақа фаъол шуданд: исломи расмӣ ва исломи фикрӣ (интелектуалӣ). Дар байни ин ду нерў ихтилофот мавҷуд буданд, вале дар масъалаи ояндаи рушди фарҳангӣ ва таъсири мутабодили онҳо байнашон умумият низ вуҷуд дошт. Инчунин дар заминаи таассуби динию мазҳабӣ дар ибтидои асри ХХ миёни намояндагони рўҳоният раванди дигари бархўрд ва ихтилофот — гароиш ба пантуркизм ва панэронизм шиддат гирифт. Мутаас¬сифона, ҳаракатҳои пешқадами илмӣ ва маърифатӣ, ки дар саросари олами ислом бо номҳои таҷаддуд, наҳзат ва морифпарварӣ паҳн гардида буд, ба анҷоми мантиқӣ ва нуқтаи «таммат билхайр»-и худ нарасиданд. Инқи¬лоб¬ҳои гуногун ва ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ дар кишварҳо садди роҳи он шуданд. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷики¬с¬тон ҳамаи масъалаҳои ҳалношуда ба зери сояи чатри сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ даромаданд ва баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ дар шаклу муҳтавои тоза аз худ дарак доданд, ки дарёфти роҳҳои ҳалли дурусти он аз мутахассисон таҳияи барномаи фарогиреро тақозо менамояд.
 
Файзулло Баротзода      — директори Маркази исломшиносӣ дар 
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Май 25, 2015 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад