Маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар 7 соли оянда то ба як млрд. сомонӣ расонида мешаванд

Декабрь 29, 2015 18:05

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Соли 2015-ум аз ҳар нигоҳ бо рӯйдоду воқеот ва ҳаводиси хотирмони худ дар саҳифаи китоби таърих ба ёдгор боқӣ мемонад. Соҳаҳои зиёде, ки дар ҷомеа арзи ҳастӣ доранд, ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардиданд, новобаста аз он таҳдиду омилҳои берунӣ ва ҳамзамон арзи ҳастӣ доштани бӯҳронҳои шадиди молиявӣ соҳаи иқтисоди Тоҷикистон низ ба як зумра пешрафтҳои назаррас ноил гардида, инчунин дар самтҳои гуногуни бахши иқтисод муваффақиятҳо ба назар мерасиданд. Вобаста ба дастовардҳои муҳими соҳаи иқтисод бо коршиноси масоили иқтисодӣ ва ҳамзамон ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ҳамсуҳбат гардидем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

 

«Ховар»: Аз нигоҳи Шумо дар соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ ба кадом пешрафту дастовардҳо ноил гардид?

      

А. Солеҳзода: Ба ҳамагон маълум аст, ки оғози бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ солҳои 2008-2009 ҳамаи кишварҳои ҳам мутараққӣ ва рӯ ба инкишофро водор намуда буд, ки таъсири омилҳои манфии беруниро ба иқтисодиёти кишварашон камтар кунанд, аз ҷумла дар ҳамон вақт дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд шуда буд:   «Ба Ҳукумати ҶТ зарур аст, ки таъсири омилҳои манфии берунаро ба иқтисодиёти хурди Тоҷикистон камтар намуда, чораандешӣ намоянд ва барномаи зиддибӯҳронӣ низ таҳия намоянд». Албатта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт барои кам кардани таъсири омилҳои манфии беруна, ки махсусан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гардиши тиҷорати берунӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ расида метавонист, тадбирҳои мушаххас андешид. Аз ҷумла тадбирҳо нисбат ба диверсификатсияи истеҳсолот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва ноил гардидан ба сатҳи муайяни рушди иқтисодӣ асоси барномаи зиддибӯҳрониро ташкил намуд.

Дар соли 2015, албатта, иқтисоди ҷаҳон бо шадидшавии ин бӯҳрон ворид гардид ва бинобар ин ҳам барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадбирҳои зиддибӯҳронии амиқ зарур буд, чунки дар соли 2014 назар ба соли 2013 суръати рушди иқтисодӣ ба 0,7 фисад камтар шуда буд. Гарчанде, ки рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,7 фисадро ташкил намуд, дар соли 2014 ба нақша гирифта шуда буд, ки дар соли 2015 низ рушди иқтисодӣ дар ҳамин самт, яъне 6,5 фисад то 7 фисад нигоҳ дошта шавад ва аз ҷумла сатҳи таваррум то 7,4 фисад нигоҳ дошта шавад. Аллакай нимсолаи аввали соли 2015, ҷамъбасти нуҳмоҳа низ нишон дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,5 фисад афзоиш ёфтааст, аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ 14,2 фисад ва маҳсулоти умумии кишоварзӣ 6,9 фисад рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна дар сохтори ММД ҳиссаи саноат 13,8 фисадро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2014 1,2 фоиз зиёдтар аст, яъне сармоягузориҳо ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти зиёд намудани истеҳсолоти саноатиро фароҳам овардаанд ва аз ҷумла, бо қиёс ба ҳамин давра фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, 1,6 баробар ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ 36,2 фисад зиёдтар гаштааст. Бояд дар назар дошт, ки дар худи ҳамин соли 2015 рушди воқеӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва махсусан кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ назар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле кам буд. Мисол, дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамагӣ 4,4 фисад. дар Федератсияи Русия ҳатто пастравии иқтисодӣ, яъне 0,3 фисадро ташкил додааст ва аз ҷумла, бо таъсири омилҳои берунаи манфӣ қурби асъори кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ниҳоят паст рафт ва назар ба кишварҳои дигар дар ҶТ пастшавии чунин қурб камтар ба назар расид, ҳол он ки дар Федератсия Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳатто ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Қирғизистон ва дигар кишварҳо аз 60 то 100 фисад қурби асъорашон пастар гардидааст.   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пастшавӣ камтар ба назар расид ва танҳо дар нуҳмоҳаи соли 2015 қурби расмии асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон- сомонӣ нисбат ба доллар тақрибан то 22 % камтар гардид. Тавассути сармоягузорӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати воридивазкунанда хуб ба роҳ монда шуда истодааст ва яке аз мисолҳои намоёне, ки барои соли 2015 хос аст, ин қариб, ки пурра воридивазнамоии семент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо   бунёди корхонаҳо истеҳсоли умумии семент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардонида шуд ва умуман иқтидори умумии онҳо 2,5 млн тоннаро дар як сол ташкил медиҳад ва аллакай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти семент то чанд карате кам гаштааст ва қариб, ки қатъ шуда истодааст.

«Ховар»: Соҳибкориро муҳаррики иқтисод меноманд. Рушди ин соҳа дар соли равон чӣ гуна ба мушоҳида расид?

А. Солеҳзода: Дар баробари ин ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна давом ёфт ва дар доираи ин ислоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра системаи равзанаи ягона ҳам барои соҳибкорон ва ҳам барои системаи гумрук ворид гардид ва дар баробари ин миқдори соҳибкорони субъектҳои соҳибкории ба қайд гирифташуда назар ба солҳои гузашта 10 % зиёд гардид. Дар баробари ин ислоҳот дар самти такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар таҳрири нав барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон равона шудааст. Дар баробари ин, аз фонди умумии дастгирии соҳибкорие, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   татбиқ менамояд, агар дар соли 2014 63 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, дар соли 2015 130 млн сомонӣ ҷудо карда шуд ва дар давоми 7 соли оянда маблағҳои умумии ин фонд то як млрд. сомонӣ расонида мешавад ва аз аввали фаъолияти ҳамин фонд қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат ба 117 субъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми зиёда аз 95 млн сомонӣ ба 47 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст ва дар баробари гузаронидани ислоҳот албатта, эътимоднокии гузаронидани ислоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардид ва аз ҷумла, яке аз нишондиҳандаҳое, ки дар соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардид ин нишондиҳандаи Бонки умумиҷаҳонӣ буд, дар доираи пешбурди бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2015 бо сертификати кишвари беҳтарини ислоҳотро татбиқ кунанда соҳиб гашт ва аз ҷумла дар пешбурди бизнеси соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 138 ҷой ба 132 ҷой боло рафт, аз байни 189 кишвар, ки ин нишондиҳандаи нисбатан хубтар аст ва аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии бизнес ба 24 ҷой боло рафт.

«Ховар»: Тавре медонем, лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ дар Тоҷикистон мавриди амалишавӣ қарор доранд, вале таъсири омилҳои берунӣ низ дар ин раванд мушоҳида мешаванд. Шумо дар ин маврид чӣ андеша доред?

А. Солеҳзода: Дар ҳақиқат, лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ мавриди таҳқиқу амалишавӣ қарор доранд, ки дар самти татбиқи лоиҳаҳои бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди соли 2015- ин дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ лоиҳаи CASA-1000 ба ҳисоб меравад ва албатта? бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтушунид бо созмонҳои байналмиллалии молиявӣ ва махсусан Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо созишномаҳо оид ба маблағгузории лоиҳаи CASA-1000 баста шуданд ва имрӯзҳо 6-лоиҳаи созишнома оид ба маблағгузории ин лоиҳа ба Маҷлиси намояндагон барои ратификатсия пешниҳод шудаанд. Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки таъсири омилҳои манфии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба кам шудани гардиши тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   оварда расонид. Дар маҷмӯъ, гардиши тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ- ноябри ҳамин сол 3,9 миллард долларро ташкил кард, ки 18,2 фисад назар ба соли гузашта камтар ва тавозуни тиҷорат дар ҳамин давра манфӣ шуда, тарози он 2,3 миллиард долларро ташкил намуд. Содироти молҳо дар ҳамин давра 9,5 % яъне 84 млн доллар камтар шудааст ва ҳамагӣ 83 млн доллар ва воридот 3,1 млрд-ро ташкил кард. Умуман дар маҷмӯъ 20,2 % камтар гардид, яъне бо сабаби таъсири омилҳои манфии беруна ва кам шудани талабот ба молҳо дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот ба кишвар назар ба соли гузашта хеле кам гардид, ки ин ба кам шудани манфии тарози тиҷорати берунӣ оварда мерасонад. Махсусан талабот ба молҳои дарозмуҳлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар гардидааст. Махсусан воридоти воситаҳои нақлиёт 54 фисад кам шудааст. Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки талабот ба молҳои истеъмолашон дарозмуҳлат   дар ҶТ нисбатан кам шудааст. Валекин тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи шарикони эътимоднок давом дорад ва дар соли 2015 бо 87 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманди тиҷоратии иқтисодӣ намудааст. Валекин аз байни ин кишварҳо, пеш аз ҳама, шарикони асосӣ Федератсия Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қазоқистон мебошанд, яъне мутаносибан онҳо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро дар гардиши тиҷорати берунии Тоҷикистон гирифтаанд.

 

«Ховар»: Сатҳи таваррум   соли 2015 дар Тоҷикистон чӣ гуна буд?

А. Солеҳзода: Сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба соли гузашта нисбатан аз рӯи нишондиҳандаҳои моҳҳои охир камтар аст. Махсусан бояд қайд намуд, ки дар моҳи ноябри соли 2015 сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,6 фисадро ташкил кард, ки ин назар ба нишондиҳандаи моҳи ноябри соли 2014, 0,1 фисад камтар аст.   Дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки сатҳи таваррум то 7,4 фисад нигоҳ дошта шавад, ҳоло дар нишондиҳандаҳои 11 моҳ мушоҳида шудааст, ки сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,7 фисадро ташкил намуд ва тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон назар ба моҳҳои ҳамин давраҳои соли гузашта, ин нисбатан кам буда, нишондиҳандаи хуб мебошад. Албатта, дар баробари он, ки дар соли 2015 омилҳои манфии беруна, махсусан бо паст шудани нархи ҷаҳонии алюминийи аввала, инчунин нахи пахта ба содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарба расонид ва кам шудани интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ   ҳам ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳам ба бонкҳо таъсири манфӣ гузошт, валекин назар ба дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ин гуна омилҳои манфӣ ба фисади муайян камтар ба назар мерасад.

«Ховар»: Кадом дастоварди иқтисодии соли 2015-умро бештар муҳим мешуморед, ки ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири мусбат расонидааст?

А. Солеҳзода: Яке аз омилҳои муҳиме, ки   ба ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад, ин саноатикунонии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Воридшавии сармоягузорони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, имсол ва солҳои минбаъда таъсири худро ба рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад.

«Ховар»:  Дар охир   таманниёти Шумо баҳри мардуми кишвар ва   хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар»

А. Солеҳзода: Пеш аз ҳама, ман аз номи худ ва устодону шогирдони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фарорасии соли 2016-умро барои хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» табрик намуда, ба аҳли оилаи онҳо муваффақияту пешравиҳо дар фаъолияташон хоҳонам. Бояд ҳама якҷоя камар баста, барои ояндаи неки Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро нақшаҳои бузург дар соли нав моро интизоранд, ки ин ҳамаро бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷоя ва якдилона амалӣ хоҳем кард.

«Хавар»: Ташаккури зиёд устод барои як суҳбати хуб ба шумо низ дар соли нави мелодии 2016 барору комёбӣ ва муваффақияту сарбаландӣ, дар   ҷодаи кориатон дастовардҳои назаррасро таманно дорем !!!

А. Солеҳзода: Сиҳатманд бошед!

Мусоҳиб   Абдураҳим Ҷабборов.

 

 

 

Декабрь 29, 2015 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд