Пешвои миллат ғамхори ятимону маъюбону бепарасторон аст

Декабрь 29, 2015 14:27

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камол расонидан ва ба ҳаёти мустақил гусел карданашон ҳамеша роҳнамоӣ  менамояд»,-гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо тарбиятгирандагони 9 мактаб-интернат барои маъюбон ва ятимони кишвар, ки  дар Муассисаи байналмилаии президентӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ муҳассилини 9 мактаб-интернати шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, инчунин мактаб- интернатҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Ба ҳамаи онҳо аз номи Сарвари давлат либоси зимистона ва  шириниҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
Хонандаи мактаб-интернати кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор Моишабону Ҷумъахонзода,  хурсандии хешро чунин баён дошт: «Мо аз кумакҳои падаронаи Ҷаноби олӣ шоду сипосгузор ҳастем, чунки пайваста кумаку дастгирии падаронаи он касро эҳсос мекунем.  Мо шукрона аз он мекунем, ки дар чунин сарзамини ободу зебо умр ба сар мебарем ва чунин Сарвари оқилу донову ғамхор  моро раҳбару сарвар аст. Чун имрӯз Ҷаноби олӣ кумаки беғаразонаи хешро ба ятимону  бепарасторону маъюбон, умуман ба ҳамин табақаи ҷомеа мерасонанд, ман  аз номи худам ва ҷамъи муҳассилини Мактаб- интернати кӯдакони нобино ва сустбин дар ноҳияи Ҳисор минатдории хешро аз самими қалб баён мекунам».
Саттор Қувватов, муовини директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони  ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ  мегӯяд, ки ҳарчанд кӯдакони мактаби мо сухан гуфта наметавонанд, вале имрӯз  хурсанданд,  ки  бо Сарвари давлат вохӯрӣ доранд. «Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доимо ғамхорӣ ва самимияти худро нисбат ба кӯдакон  зоҳир мекунад.   Президенти кишвар борҳо аз мактаб- интернати мо дидан намуда, ба кӯдакони мо таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки ин шаҳодат аз меҳрубонӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони маъюб аст. Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат шароити Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво беҳтар гардида,  ин кӯдакон бо таҳсил пурра фаро гирифта шудаанд. Дар интернати мо кӯдакон аз тамоми манотиқи кишвар ҷамъ омада, таҳсил мекунанд.  Интернати  мо 315 дастпарвар дорад. Кӯдакони мо ҳарчанд сухан гуфта натавонанд ҳам, онҳо  бо имою ишора фикрашонро баён мекунанд. Хушбахтона, соли 2015 як китоби нав бо номи «Имою ишора» аз чоп баромад, ки  аз 1594 калима ва 23 мавзӯъ иборат мебошад. Ин китоб дастоварди соли 2015 барои мо маҳсуб мешавад ва ҳоло дастраси кӯдакон аст»,-илова намуд Саттор Қувватов.
Бино ба гуфтаи Саттор Қувватов, ду соли охир дастпарварони онҳо ба донишгоҳҳои олию муассисаҳои касбӣ ҷалб шуда истодаанд. Соли гузашта аз тариқи Маркази миллии тестӣ 8  кӯдаки ношунаво ба  донишгоҳҳои олӣ дохил шуданд.  «Иқдоми нави Ҳукумати кишвар ин таҳсили фарогир мебошад, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд  баробар бо кӯдакони солим ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.  Кӯдакони мо ба омӯхтани  касбҳои барномасозӣ,  рассомӣ, кулолгарӣ ва дигар касбҳо завқ дошта, дар ин ҷода мутахассиони беҳтарин мешаванд»,- баён дошт муовини директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони  ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ .
Изатулло, хонандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимону бепарасторони ноҳияи Шаҳринав  минатдории худро ба Президенти кишвар баён намуд.  «Имрӯз ба мо либос, пойафзол ва шириниҳо тақдим намуданд. Сарвари давлат моро доимо дастгирӣ намуда, ба мактаби мо кумак мерасонад.  Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Президентамон ваъда медиҳам, ки бо баҳои хубу аъло  хонда, дар оянда духтур мешавам ва фарзанди арзандаи ҷамъият мегардам»,-гуфт Изатулло.
«Президенти кишвар бо хонандагони мактаби мо зуд-зуд вохӯриҳо доир менамояд.  Бинои мактаб- интернати мо бо дастгирии Ҳукумати кишвар  пурра аз таъмир бароварда шуд ва бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардид. Инчунин Раёсати корҳои хориҷӣ моро таҳти сарпарастӣ гирифта, ба кӯдакони мо кумаки молиявӣ мерасонад.  Дар мактаб- интернати мо 333 нафар хонанда таҳсил мекунад, ки онҳо аз оилаҳои камбизоат ва бепарастор мебошанд. 47 омӯзгору мураббияи ботаҷриба муҳассилинро таълим медиҳанд»,-гуфт Сайидбаҳриддин Муъминов, директори мактаб-интернати рақами 4 Раёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Бояд гуфт, ки чунин муассисаҳо доимо таҳти назорат ва дастгириву ғамхории Президенти кишвар ва  Ҳукумати мамлакат мебошанд.  Имрӯз дар  кишварамон 12 муассиса барои кӯдакони синни томактабии имконияташон маҳдуд ва 74 мактаб-интернат, аз ҷумла 22 мактаб-интернат барои кӯдакони ятим фаъолият менамояд.

Декабрь 29, 2015 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд беш аз 100 намояндаи ВАО сабти ном гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид